Яке аз хусусиятҳои муҳимми ҷомеаи муосир густариши равандҳои ҷаҳонгароӣ ба шумор меравад, ки дар асри XXI тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро фаро гирифтааст. Ин падида муносибатҳои байни давлатҳо ва халқҳоро ба марҳилаи нав ворид намуда, ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангиро ба ниёзи воқеии ҷомеа табдил додааст. Дар чунин шароит омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи илмии миллатҳои гуногун барои рушди соҳаҳои илм, аз ҷумла забоншиносӣ ва фразеология, аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Имрӯз дастовардҳои илмие, ки инсоният дар тӯли асрҳо ҷамъ овардааст, ҳамчун заминаи муҳимми рушди илм ва маориф хизмат менамояд. Бо вуҷуди ин, сатҳи рушди илм ва низоми таълим дар кишварҳои гуногун яксон нест, ки ин ҳолат натиҷаи қонуниятҳои табиии рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, барои такмили сифати таҳсилот ва таҳқиқоти илмӣ истифодаи самараноки таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар зарур мебошад. Дар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба омӯзиш, ҳифз ва истифодаи дурусти забони давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Дар ин замина, таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни забоншиносӣ, бахусус фарҳангнигорӣ ва фразеология, аҳаммияти илмӣ ва амалӣ касб менамояд. Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар таърихи лексикографияи ҷаҳон мавқеи хос дошта, бо теъдоди зиёди фарҳангҳо ва гуногунии усулҳои тавзеҳи воҳидҳои луғавӣ фарқ мекунад. Дар сарчашмаҳои илмӣ шумораи фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ то ба 200 номгӯй расонида шудааст. Муҳаққиқон, аз ҷумла, Шаҳриёри Нақавӣ ва Саид Нафисӣ, кӯшиш намудаанд, ки миқдор ва хусусиятҳои луғатномаҳои классикиро муайян ва арзёбӣ намоянд.
Бо дарназардошти аҳаммияти таърихӣ ва илмии фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ, омӯзиши хусусиятҳои луғавӣ ва фразеологии ин осор барои рушди минбаъдаи забоншиносии тоҷик заминаи муҳим фароҳам меорад. Аз ин рӯ, таҳқиқи масъалаҳои марбут ба фарҳангнигорӣ ва нақши он дар рушди забони адабӣ яке аз вазифаҳои муҳими илмии замони муосир ба шумор меравад. Нахустин фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ, аз ҷумла «Луғати фурс», асосан ба шарҳи калимаҳо равона шуда буданд. Бо гузашти вақт дар фарҳангномаҳо баробари калимаҳо таркиб ва ибораҳои устувор низ ҷой гирифтанд. Дар асрҳои XVI-XIX фразеология тадриҷан ба яке аз бахшҳои муҳимми фарҳангнигорӣ табдил ёфт ва ҳатто фарҳангҳои махсуси фразеологӣ таълиф шуданд [3].
Аз ҷумла, фарҳанги «Мусталаҳот-уш-шуаро» яке аз намунаҳои барҷастаи чунин осор ба шумор меравад. Маҳз тавассути ин асар истилоҳи «мусталаҳот» ҳамчун мафҳуми фразеологӣ дар доираи забоншиносӣ маъмул гардид. Ҳамчунин «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷиддин Алихони Орзу, ки соли 1734 таълиф шудааст, яке аз аввалин фарҳангҳои махсуси фразеологии форсӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар зиёда аз ду ҳазор калима ва ибораро дар бар гирифта, дар асоси манбаъҳои адабӣ ва илмии сершумор таҳия шудааст. Аҳаммияти «Чароғи ҳидоят» на танҳо дар ҷамъоварии маводи фразеологӣ, балки дар усули шарҳу тавзеҳи ибораҳо низ зоҳир мегардад. Бо кӯшиши муҳаққиқ Амон Нуров ин фарҳанг бо хатти кириллӣ нашр гардида, барои доираи васеи хонандагон дастрас шуд. Умуман, аксари луғатномаҳои тоинқилобии тоҷикӣ хусусияти омехта дошта, ҳам воҳидҳои луғавӣ ва ҳам фразеологиро шарҳ медоданд.
Дар таърихи фразеографияи тоҷик се фарҳанги махсус – «Чароғи ҳидоят», «Мусталаҳот-уш-шуаро» ва «Баҳори аҷам» – ҳамчун намунаҳои муҳимми фарҳангҳои фразеологӣ эътироф гардидаанд. Дар давраи шӯравӣ бошад, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таъсири таҷрибаи лексикографияи рус барои ташаккули фарҳангнигории муосири тоҷик замина фароҳам овард.
Натиҷаи барҷастаи ин раванд таълифи «Фарҳанги ибораҳои рехта»-и Муллоҷон Фозилов мебошад, ки яке аз муҳимтарин фарҳангҳои фразеологии тоҷикӣ ба шумор меравад. Ин асар дар ду ҷилд зиёда аз ҳашт ҳазор воҳиди фразеологиро фаро гирифта, аз лиҳози фарогирии мавод ва усули таҳлил хусусияти академӣ дорад. Муаллиф дар баробари ҷамъоварии маводи забонӣ ба масъалаҳои назариявии фразеология низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст [5].
Муллоҷон Фозилов инчунин фарҳанги «Зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои форсӣ-тоҷикӣ»-ро дар се ҷилд таҳия намуд, ки дар он намунаҳои зиёди осори адабӣ, фолклорӣ ва илмӣ истифода шудаанд. Ин фарҳанг барои омӯзиши табиати маъноӣ ва услубии воҳидҳои фразеологӣ аҳамияти калон дорад [6].
Дар фразеографияи муосири тоҷик фарҳангҳои махсуси осори адибони ҷудогона низ ҷойгоҳи муҳим доранд. Аз ҷумла, «Фарҳанги мухтасари таъбироти назми Лоиқ Шералӣ», «Фарҳанги осори Ҷомӣ», «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ», «Фарҳанги мухтасари “Шоҳнома”» ва «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» аз ҷумлаи чунин осор мебошанд.
Фразеология ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими забоншиносӣ на танҳо захираи луғавии забонро ғанӣ мегардонад, балки ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва фарҳанги маънавии миллатро низ инъикос менамояд. Дар воҳидҳои фразеологӣ таҷрибаи таърихӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва муносибати мардум ба падидаҳои гуногуни зиндагӣ таҷассум меёбад. Аз ҳамин сабаб омӯзиши фразеология ва махсусан фразеография дар таҳқиқи фарҳанги миллӣ аҳамияти калон дорад.
Фразеологизмҳо аз дигар воҳидҳои забон бо образнокӣ, таъсирнокии маъно ва хусусияти услубии худ фарқ мекунанд. Онҳо нутқро рангину муассир намуда, барои ифодаи дақиқи фикр хизмат мерасонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши дурусти воҳидҳои фразеологӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сухан аҳамияти махсус дорад. Дар раванди таълим истифодаи фарҳангҳои фразеологӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки маъно, сохтор ва мавқеи истеъмолии ибораҳоро дуруст дарк намоянд.
Дар замони муосир масъалаи таҳқиқи муқоисавии фразеологияи забонҳои гуногун низ хеле муҳим мебошад. Муқоисаи воҳидҳои фразеологии забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ нишон медиҳад, ки байни онҳо ҳам монандӣ ва ҳам тафовутҳои маъноӣ ва сохторӣ вуҷуд дорад. Чунин таҳқиқот барои муайян намудани хусусиятҳои миллӣ ва умумизабонии фразеологизмҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон, омӯзиши муқоисавӣ дар раванди тарҷума ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ нақши муассир дорад.
Фразеография ҳамчун бахши амалии фразеология имрӯз бо истифода аз технологияҳои муосир марҳилаи нави рушдро аз сар мегузаронад. Дар бисёр кишварҳо фарҳангҳои электронии фразеологӣ ва пойгоҳҳои рақамии луғавӣ таҳия мешаванд, ки дастрасӣ ба воҳидҳои фразеологиро осон мегардонанд. Дар забоншиносии тоҷик низ зарурати таҳияи фарҳангҳои электронии фразеологӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи муосири таълим ба миён омадааст.
Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар фразеография метавонад ба таҳқиқи амиқтари воҳидҳои фразеологӣ ва такмили усулҳои таълим мусоидат намояд. Тавассути луғатномаҳои электронӣ омӯзгорон ва донишҷӯён метавонанд ба осонӣ маъно, хусусиятҳои услубӣ ва намунаҳои корбурди фразеологизмҳоро дастрас намоянд. Ин раванд барои рушди тафаккури забонӣ ва густариши фарҳанги нутқ заминаи мусоид фароҳам меорад [4].
Ҳамин тавр, омӯзиш ва таҳлили фарҳангҳои фразеологӣ имконият медиҳад, ки хусусиятҳои маъноӣ, услубӣ ва сохтории воҳидҳои фразеологӣ амиқтар таҳқиқ карда шаванд. Истифодаи таҷрибаи фразеографияи тоҷик дар раванди таълим ва таҳқиқоти муқоисавии забонҳо метавонад ба такмили омӯзиши фразеология ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои забоншиносӣ мусоидат намояд.
.png&w=384&q=75)
.png&w=640&q=75)