Таълими забони хориҷӣ, ба хусус забони англисӣ, ҳатто дар факултетҳои забонӣ ҳам як раванди мураккаб ва заҳматталаб мебошад. Дар ин факултетҳо қаблан аз забони хориҷӣ имтиҳон гирифта мешавад ва танҳо донишҷӯёне, ки роҷеъ ба забони хориҷии интихоб кардаашон пешакӣ маълумот доранд, ба донишгоҳ қабул карда мешаванд. Инчунин, дар чунин донишгоҳҳо дар як ҳафта барои омӯзиши забони хориҷӣ то 20 соат ҷудо карда мешавад. Дар факултетҳои ғайритахассуӣ бошад омӯзиши забони хориҷӣ мушкилиҳои зиёде дорад. Аввалан он, ки вақти ҷудошуда кам буда, имконияти ба сатҳи баланд тайёр кардани мутахассиси дорои салоҳияти коммуникативии забони англисӣ доштаро маҳдуд мекунад. Тибқи нақшаи таълимӣ соатҳои кам ҷудо карда мешаванд ва ҳамчунин аз ин фан имтиҳонҳо ба нақша гирифта намешаванд. Аз ин ҷост, ки аксари донишҷӯён аз фанни забони хориҷӣ дониши паст ва ҳатто ба сифр баробарро доро мебошанд. Баъдан он, ки сатҳи пасти дониш, малака ва маҳорати дохилшавандагон барои омӯзиши самаранок ва босифати забон минбаъд монеа эҷод менамояд. Омӯзгоронро лозим меояд, ки таълими забони англисиро барои донишҷӯёни ақибмонда аз ибтидо оғоз намоянд. Аммо имрӯз аксарият бар он ақидаанд, ки сатҳи дониши донишҷӯёни донишгоҳҳои забонӣ ва ғайритахассусӣ баробар карда шавад. Тадқиқотҳои педагогӣ ва психологӣ собит мекунанд, ки натиҷабахшии таълим бевосита аз мақсаднокии таълим вобаста аст. Ба андешаи мо, ба омӯзиши забони хориҷӣ ҳавасманд гаштани донишҷӯ шарти асосии муваффақият мебошад. Аз мушоҳидаҳои солҳои охири мо бармеояд, ки имрӯз донишҷӯёни донишгоҳҳои ғайритахассусӣ дар омӯзиши забони хориҷӣ, ба хусус забони англисӣ шавқу рағбати нисбатан кам зоҳир менамоянд. Сабаби ин дар он аст, ки забони хориҷӣ фанни душвор буда, омӯзиши он нерӯи зиёд, заҳмат, вақт, бардоштро талаб менамояд. Шубҳа доштан ба он ки, бартараф кардани монеаҳо ғайриимкон аст, нобоварӣ ба нерӯи худ, баъзан нахостани бартараф кардани душвориҳо боиси паст гаштани шавқу рағбат нисбати омӯзиши забони англисӣ мегардад.
Бинобар ин вазифаи аз ҳама муҳим барои омӯзгор бедор кардани иқтидори эҷодии донишҷӯён, ҷустуҷӯи воситаҳои махсуси дидактикие, ки онҳоро ба фаъолияти тафаккурӣ водор менамояд, мебошад. Ин албатта шавқу рағбати донишҷӯро нисбати омӯзиши забони англисӣ зиёд менамояд. Аксаран, барои бештари донишҷӯён мақсади омӯзиш забони англисӣ на аз худ кардани забон, балки гирифтани баҳои санҷишӣ мебошад. Аз ин ру, ҳавасманд кардани донишҷӯ дар омӯзиши забони англисӣ шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад [2, с. 44].
Имрӯз муҳаққиқон методҳои нави фаъолро дар омӯзиши забони англисӣ ҷустуҷӯ карда истодаанд, то ки шавқу рағбати маърифатии шахсро нисбати омӯзиши забони англисӣ зиёд намояд. Яке аз роҳҳои муҳим ин муносибати дифференсионалӣ нисбати донишҷӯ ва ба назар гирифтани имкониятҳои ӯ мебошад. Яъне, вобаста ба мазмуни таълими забони англисӣ бояд маводҳое дар мазмуни таълим ҷой дода шаванд, ки урфу анъана ва фарҳанги худӣ ва англисзабонҳоро дар худ ҷой дода, ин маводҳоро мавриди муқоиса қарор диҳанд. Яке аз лаҳзаҳои муҳим ин на танҳо дар истифодаи донишҳои тайёр маҳдуд шудан мебошад, балки донишҷӯро ҳамеша ба фикрронӣ шавқманд намуда, ӯро ба ҷустуҷӯи иттилооти бештар, хулосабарорӣ ва ҷамъбасткунӣ роҳнамоӣ кардан аст.
Омӯзгор дар вақти интихоби методи таълим бояд дарк кунад, ки мақсади асосии таълим ин ташаккули дониш, маҳорат, малака, ҳамчунон тарбия ва рушди донишҷӯ мебошад. Интихоби метод аз як қатор шароитҳо, хусусиятҳои мазмуни маводи таълимӣ, вақти таълим, мавҷудияти воситаҳои таълим вобаста аст. Натиҷаи қаноатбахш барои ташаккули маҳорати аналитикии донишҷӯён бевосита аз шароитҳои мавҷуда вобаста аст. Чунин шароитҳо дар раванди таълим тибқи татбиқи методҳои гуногун муҳим шуморида мешаванд.
Чунончи:
- муносибати инфиродӣ нисбати донишҷӯ;
- таъсиси (фароҳам овардани) шароити мувофиқи психологие, ки донишҷӯ тавонад қудрати эҷодиашро бедор намояд;
- ба таври ҷиддӣ интихоб намудани маводи таълим, ки мақбули шавқу рағбати донишҷӯён бошад;
- истифодаи технологияи нав дар омӯзиши забони англисӣ. [3, с. 30].
Аксари муҳаққиқон қайд мекунанд, ки маҳорати аналитикии донишҷӯён дар натиҷаи машқҳои маърифатию таҳқиқотӣ, машқҳои бозиҳои вазъиятӣ, вазъияти проблемавӣ, озмунҳои гуногун, нақшофарӣ инкишоф меёбад. Ҳамаи ин ба фаъол гардонидани фаъолияти донишҷӯён мусоидат менамоянд, алалхусус маҳорати муқоиса намудан, хулосаву ҷамъбаст карданро ташаккул медиҳад.
Бояд хотирнишон сохт, ки методҳои фаъол ба таъсиси заминаҳои эмотсионалӣ ва майлу рағбати донишҷӯён дар дарсҳои забони англисӣ оварда мерасонад ва шавқи донишҷӯёнро барои аз худ кардани забон бештар менамояд, тафаккури аналитикии донишҷӯёнро ташаккул медиҳад, фаъолияти фикрронии донишҷӯёнро инкишоф дода, истеъдоди эҷодии онҳоро бедор месозад. Дигар омили асосии омӯзиши забони англисӣ дар факултетҳои ғайритахассусӣ, ки мушкилоти воқеиро пеш меорад, ин ворид намудани донишҷӯ ба фаъолияти коммуникативӣ ва муайян кардани сифати ин фаъолият мебошад. Дар зери мафҳуми ташаккул додани салоҳияти коммуникативӣ дар донишҷӯёни донишгоҳҳои ғаризабонӣ ташаккул додани нутқ, ҳамчунон психотехника, яъне машқҳои ба фикрронӣ, ҳиссиёт, тасаввурот иртиботдошта фаҳмида мешавад. Таҷриба, ба он равона карда мешавад, ки аз тарафи донишҷӯ машқҳои треннингии коммуникативӣ иҷро мегарданд ва дар ин ҷараён дониши назариявии донишҷӯён (психо-педагогӣ, фаннӣ, дониши муоширати забонӣ) инкишоф ёфта ба воситаи он малакаи коммуникативии донишҷӯён ташаккул меёбад. Барои ин муҳайё сохтани фазои мусбати ҳамкориҳои дутарафа, фароҳам овардани сӯҳбатҳо, гуфтушунидҳо ва машваратҳои қаноатбахш ҳамчун заминаи асосӣ барои ташаккули салоҳиятҳои коммуникативӣ лозим аст. Ба ақидаи муҳаққиқ Елухина Н.В. сабти садоӣ аз як тараф таҳлил ва синтези воситаҳои маводии забон буда, аз тарафи дигар натиҷаи таҳлил ва синтези мазмуни маъногии ин маводҳо мебошад [4, с. 10].
Сабти садоӣ дар ҳолати идеалӣ ин таълими дарккунӣ ва фаҳмидани нутқи табии бегоназабон мебошад, аммо дар шароити ғайризабонӣ онро амалӣ кардан як қатор мушкилиҳо эҷод менамояд. Бинобар ин пеши педагогҳо масъалаи чӣ тавр донишҷӯёнро барои қабули садои нутқи бегоназабон тайёр кардан кундаланг меистад. Умуман, дар шунидани матни садоӣ интихоби манбаъи иттилоот тибқи қобилиятҳои донишҷӯён хеле муҳим аст. Алалхусус истифодаи филмҳои тасвирии видеоӣ хеле натиҷабахш мебошанд, зеро онҳо тасаввуроти муоширати табииро муҳайё месозанд. Дар тамошои филмҳои тасвирии видеоӣ донишҷӯён макон ва замони рӯйдодҳои ҳодисаҳоро тамошо мекунанд, мақсадҳои иҷтимоиро пайхас намуда, рафторҳои нутқӣ ва ғайринутқиро осон муайян месозанд, инчунин таъсири бузурги эмотсионалиро бархӯрдор мегарданд.
Қобил ба такрор аст, ки курси таълими забони хориҷӣ дар факултетҳои ғайризабонӣ хусусияти коммуникативӣ ва равияи касбӣ дошта, мақсади асосии он инкишоф додани қобилиятҳои донишҷӯён барои мубодилаи афкор дар фаъолияти касбӣ мебошад. Дар зери мафҳуми салоҳияти коммуникативӣ сатҳи баланди соҳиб будани хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо шаклҳои муайяни фаъолияти нутқии забони хориҷӣ: хондан, навиштан, шунидан, гуфтугӯ бо мақсади муоширати касбӣ дар назар дошта мешавад.
Дар амал татбиқ намудани омӯзиши забони англисӣ дар факултетҳои ғайризабонӣ дар навбати аввал бо мақсадҳои зерин ба роҳ монда мешавад: омӯзонидани забони англисӣ дар сатҳи лозима бо мақсади шунидан ва дарк кардани нутқи шифоҳӣ; инкишоф додани маҳорати донишҷӯён дар истифодаи забони омӯхташаванда зимни сӯҳбатҳо дар шакли муколамавӣ ва монологӣ; барои хондан ва тарҷумаи матнҳои техникии гуногун.
Қобили зикр аст, ки “озодона самт гирифтан дар муҳити забони ғайр ва маҳорати ба таври адекватӣ мутобиқ шудан ба ҳамагуна вазъиятҳо, яъне муоширати комил ба забони англисӣ аз донишҷӯён мунтазам васеъ кардани таркиби луғавӣ, аз бар кардани идиомаҳои забони англисӣ, истифодаи дурусти шаклу таркибҳои грамматикӣ дар ҷараёни иҷроиши машқҳо, фаъолиятҳои таълимӣ, тибқи маводи азхуднамуда, истифода бурдани нутқи шифоҳӣ зимни ҳалли масоили марбути муносибатҳои коммуникативӣ дар вазъиятҳои муайянро талаб менамояд [4, с. 210]. Чунончи:
- суолро фаҳмида ба он ҷавоб додан;
- ба ҳамсӯҳбат чизе хабар додан;
- матни махсусро хонда, аз он иттилооти муҳимро (далел ақидаҳоро) барои худ интихоб намуда шарҳ додан;
- матнҳоро навиштан бо мақсади беҳтар аз худ кардани маводи таълимӣ ва рушду такмил додани нутқи шифоҳӣ, қироат ва тарҷума.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати тадқиқи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар факултетҳои ғайритахассусӣ асарҳои зиёде ба нашр расидаанд. Муҳаққиқон қайд менамоянд, ки барои донишҷӯёни таҳсилоти соҳаи касбӣ-техникӣ омӯзиши фанҳои гуманитарӣ душвор аст, чунки онҳо аз ҷиҳати “тарзи тафаккури техникӣ ва набудани қобилияти дарки забон, ки бе он махсусиятҳои забониро дарк кардан мушкил аст”, фарқ мекунанд. [2, с.73]. Муҳим аст, ки омузиши забони англисӣ мувофиқи мақсад, самаранок, аҳамиятнок ва оқилона бошад, зеро вазифаи асосии таълими забони хориҷӣ дуруст, босаводона тартиб додани моделҳои шифоҳӣ,моҳирона истифода бурдани забон ва муошират карданро ёд додан аст. Боиси таассуф аст, ки на ҳамаи омӯзгорон зарурияти муносибат кардан бо технологияҳои гуногунро ба эътибор мегиранд. Ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё методика илм набуда, он санъат, таҷрибаи умумӣ, амалияест, ки омӯзгор онро дар ҷараёни фаъолияти педагогии худ осон ва ба таври сода соҳиб мегардад. Албатта таҷриба муҳим аст, вале танҳо бо доштани таҷриба қаноатбахш шудан лозим нест, ин таҷрибаро маърифат карда, барои сайқал додани он кӯшиш ба харҷ додан лозим аст. Ҳолатҳое мешавад, ки омӯзгор дар вақти истифода бурдани ин ё он усул фаҳмонида наметавонад, ки чаро ӯ ин корро мекунад, кадом малакаро ба таври конкретӣ дар донишҷӯён ташаккул доданӣ ҳаст. Масалан, барои омӯзиши аудированӣ (шунавоӣ), усули кории ба таги дил хондан (қироати хомӯшона), тартиб додани анотатсия (шарҳи мухтасар) ё иҷрои ягон кори дигари хаттӣ, истифода аз луғатҳо ё маълумотномаҳои грамматикӣ ва ғайра (вақте ки ҳамаи донишҷӯён ҳамон як корро иҷро менамоянд), шакли кори оммавӣ тавсия дода мешавад. Омӯзгор, ҳар вақте ки барояш ба донишҷӯён нишон додани усулҳои оқилонаи кор лозим бошад, ба шакли кори оммавӣ рӯ меорад. Дар зери роҳбарии ӯ донишҷӯён ин усулҳоро аз худ мекунанд. Бояд иқрор шуд, ки ин шакли кор бо донишҷӯён на ҳама вақт самараи якхела медиҳад. Агар омӯзгор аз донишҷӯ талаб кунад, ки танҳо матнеро хонад ё машқеро иҷро кунад, он гоҳ ӯ вақти барои машғулият ҷудошударо оқилона истифода намебарад. Агар ӯ чӣ тавр кор кардан, ба чӣ диққат доданро мақсади худ шуморад, он гоҳ ин бешубҳа ба донишҷӯён манфиат меорад. Шакли кори гурӯҳӣ имкон медиҳад, ки аз як тараф, машқкунӣ зери назорати гурӯҳи масъул барои иҷроиши машқҳо қарор дода шавад, аз тарафи дигар барои муошират шароит муҳайё гардад, яъне ҳар як гурӯҳ ба ҳамгурӯҳҳои худ роҷеъ ба ягон чизи нав итилоот медиҳад ва дар ин шакл вақт хеле оқилона истифода мешавад.
Дар замони муосир навовариҳои илмию техникӣ дар таълими забони англисӣ дар факултетҳои ғайризабонӣ низ таҷассуми худро ёфтааст. Дар навбати худ, “муоширати касбӣ бо забони бегона барои фаъолона истифода кардан аз дастовардҳои илмию техникии ҷаҳонӣ ва ба даст овардани донишҳои нави касбию техникӣ мусоидат менамояд” [1, с. 101]. Омӯзгори забони англисӣ дар ихтиёри худ воситаҳои зиёди таълимро дорад, ки метавонад аз онҳо зимни амалӣ кардани методи шиносоӣ, таҷрибаҳои омӯзишӣ ва назорат истифода барад. Ба он ҳам воситаҳои техникӣ ва ҳам ғайритехникӣ дохил мешаванд. Чунончи, воситаҳои техникии таълим компютер, магнитофон, проектор, тахтаи электронӣ, инчунин дар маҷмуъ бо онҳо намунаҳои тестии машқҳо, маводи таълимӣ ва слайдҳо маҳсуб меёбанд. Ҳамаи ин воситаҳо бояд барои ҳар як гурӯҳи алоҳидаи донишҷӯён истифода бурда шаванд. Дар акси ҳол, агар маҷмуи воситаҳои методию таълимӣ ба таври пурра истифода бурда нашаванд, пас технологияи таълим вайрон мешавад. Воситаҳои ғайритехникии таълим дастурҳои таълимию методӣ, хрестоматия барои хониш (матнҳо), маҷалла ва рӯзномаҳо ба забони хориҷӣ, маълумотномаҳо, луғатҳо, варақаҳо, тестҳо мебошанд [3, с. 77].
Ба ҳамин тариқ, таълими забони хориҷӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои Ғайризабонӣ ҳамчун қисмати таркибии барномаи таълимии гуманитарикунонии муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб ёфта, раванди тайёр кардани мутахассисони баландихтисосеро, ки забони хориҷиро ҳамчун воситаи муоширати байналмилалӣ ҳам бо мақсади манфиатҳои касбӣ ва ҳам муоширати иҷтимоӣ фаъолона аз худ менамоянд, дар бар мегирад.

