Забон лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Бо ёрии забон одам метавонад андешаҳои худро ба дигарон расонад, дониш ва таҷрибаҳоро мубодила кунад. Забон тақрибан 100-200 ҳазор сол пеш бо пайдоиши инсонҳои ақлдор ба вуҷуд омадааст. Имруз бошад дар ҷаҳон беш аз 7000 забон мавҷуд аст. Ҳар як забон дорои таърих, хусусиятҳои лингвистӣ ва арзишҳои фарҳангии хоси худ мебошад, ки тавассути он тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва анъанаҳои халқҳо инъикос меёбанд. Дар ин замина, забони форсӣ ва забони фаронсавӣ ҳамчун ду забони зебо, ғанӣ ва дорои мавқеи муҳим дар фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ шинохта мешаванд [1].
Забони форсӣ яке аз забонҳои қадимаи ҷаҳон буда, таърихи пайдоиш, фарҳангу адабиёти ин забонро дар ин мақола таҳлил карда мебинем.Забони форсӣ яке аз қадимтарин ва ғанитарин забонҳои оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ба шумор меравад. Пайдоиши он ба ҳазораҳои қадим, ба давраи давлатдории эрониёни бостон рабт дорад. Забони форсӣ дар раванди таърих чанд марҳилаи асосии рушдро аз сар гузаронидааст: форсии бостон, форсии миёна ва форсии нав. Форсии бостон забони давлати Ҳахоманишиён (қарнҳои VI-IV то милод) буд. Осори ин давра асосан дар катибаҳо ва навиштаҷоти шоҳони ҳахоманишӣ, мисли катибаи Бесутун, ҳифз шудааст. Ин марҳила асоси ташаккули минбаъдаи забони форсӣ гардид. Форсии миёна дар давраи давлатдории Сосониён (қарнҳои III-VII милодӣ) рушд кард. Дар ин давра забон бештар ҳамчун забони расмӣ, динӣ ва илмӣ истифода мешуд. Матнҳои зиёди динӣ, фалсафӣ ва адабӣ бо хатти паҳлавӣ навишта шудаанд. Форсии нав пас аз густариши ислом ва таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар минтақа ташаккул ёфт. Ин марҳила аз асрҳои IX-X оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Забони форсии нав бо таъсири забони арабӣ ғанӣ гардид ва ба забони адабии пурқувват табдил ёфт. Дар ин давра шоирону донишмандон, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон, ба рушди забон саҳми бузург гузоштанд. Имрӯз забони форсӣ дар кишварҳое чун Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон Ӯзбекистон, Покистон ва ғайра бо шаклҳои гуногун истифода мешавад ва ҳамчун забони фарҳанг, илм ва адабиёт аҳамияти ҷаҳонӣ дорад [2; 3].
Агар чанде асоси ин адабиёт дар ватани аслии тоҷикон Мовароуннаҳр гузошта шуда, аввалин осораш ба забони мардуми маҳаллии ин сарзамин – дарӣ ё порсии дарӣ ба вуҷуд омадааст ва шоирони даризабони инҷо дар рушди баъдинаи он саҳми намоён гузоштаанд, танҳо ба мардуми эрони имрӯза мансуб дониста мешуд. Вале аз сабаби он ки дар равнақи адабиёти асрҳои X-XV тоҷикон, форсҳо (эрониён) ва мардуми форсизабони Афғонистону Ҳиндустон саҳм гузоштаанд, Садриддин Айнӣ ва мураттибону муҳаррирони «Намунаи адабиёти тоҷик», ба таври ҳаққонӣ барои адабиёти ин давра истилоҳи Адабиёти форс-тоҷикро пешниҳод кардаанд. Истилоҳи адабиёти форс-тоҷик дар адабиётшиносии даврони шӯравӣ зуд мавқеъ пайдо карда буд, вале дар Ғарб маротибаи аввал консепсияи Адабиёти форс-тоҷик дар асари шарқшиноси чех Ян Рипка «Таърихи адабиёти форс-тоҷик» амалӣ шуд. Азбаски адабиёти форс-тоҷик ба истиснои давраи қадим ва марҳалаи оғози ташаккули он дар асрҳои миёна, дигар дар ҳамаи давраҳои баъдӣ ба забони форсии нав – форсии дарӣ навишта шудааст, онро маъмулан бо номҳои «адабиёти форсӣ» ё «адабиёти форсии дарӣ» ё «адабиёти форсии тоҷикӣ» ё «адабиёти тоҷик» зикр менамоянд. Бинобар ин адабиёти форс-тоҷикро имрӯз бештар «адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» меноманд [4].
Дар он давра бисёр шоирон ва нависандагон зиёд буданд. Давлатшоҳи Самарқандӣ мегуяд: «Ҳар ҷо гуш кунӣ, замзамаи шоирист ва ҳар ҷо назар кунӣ, латифию зарифию назарист». Дар ин давраи тиллоӣ боз яке аз шоири машҳури форс Абуабдуллоҳи Рудакӣ буд,ки ӯро «падари шеъри форсӣ» мегуфтанд. Яке аз шеъри машҳури ӯ:
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву бо дуруштиҳои ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ин шеър муҳаббати амиқи шоир ба Ватан ва ёди дӯстону наздиконро нишон медиҳад ва яке аз намунаҳои зебои адабиёти форсӣ ба ҳисоб меравад.
Адабиёти форсӣ таърихи хеле бой дорад ва дар рушди фарҳанг, ахлоқ ва ҷаҳонбинии мардум нақши муҳим бозидааст. Осори шоирону нависандагони форсӣ то имрӯз дар ҷаҳон хонда ва қадр карда мешаванд.
Забони фаронсавӣ (фр. le français, la langue française) – забони фаронсавиҳо (забони расмии Фаронса). Яке аз забонҳои расмии аҳоли фаронсавии Белгия, Швейтсария (асосан дар Романдия) ва Канада (асосан дар Квебек) мебошад. Забони фаронсавиро бисёри қисми аҳолии кишварҳои Африқо, ҳавзаи Қариб (Гаитӣ ва ғайра), Гвианаи Фаронса ҳамчун забони расмӣ ва муошират истифода мебаранд. Ин забон тақрибан дар асрҳои IX-X ба вуҷуд омадааст. Асоси он аз забони лотинӣ аст, ки дар давраи Империяи Рим дар минтақаи ҳозираи Фаронса паҳн шуда буд. Яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои хаттии ин забон Страсбург (842 сол) мебошад. Ин нишон медиҳад, ки дар ҳамин давра забони фаронсавӣ аллакай ташаккул ёфта буд . Яке аз забонҳои расмии СММ ва ЮНЕСКО мебошад. Забони фаронсавӣ – забони расмии бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва яке аз серомӯзандатарин, чун забони хориҷӣ мебошад Шиори миллии Фаронса чунин аст «Liberté, Égalité, Fraternité (Озодӣ, Баробарӣ, Бародарӣ)». Дар замони Инқилоби фаронса (1789) хеле машҳур гардид ва то имрӯз рамзи асосии давлат мебошад. Ин шиор маънои онро дорад, ки дар ҷомеа бояд ҳама одамон озод бошанд, дар назди қонун баробар бошанд, бо ҳамдигар бародарона ва дӯстона зиндагӣ кунанд.
Адабиёти фаронсавӣ маҷмӯи осори бойи бадеиест, ки якчанд нависандагони бузург доранд, ки яке аз онҳо; Виктор Гюго – муаллифи романи машҳури «Бечорагон» ва «Нотр-Дам де Пари».
Александр Дюма – нависандаи романҳои саргузаштӣ, муаллифи «Се мушкетёр» ва «Граф Монте-Кристо». Жюл Верн – нависандаи машҳури фантастикӣ, муаллифи «Саёҳат ба маркази Замин» ва «Ду ҳазор лье зери баҳр» [5].
Оноре де Бальзак – нависандаи бузурги реализми фаронсавӣ.
Молйер – драматурги машҳур, муаллифи бисёр асарҳои саҳнавӣ.
Альбер Камю – нависанда ва файласуфи асри XX, муаллифи «Бегона».
Адабиёти фаронсавӣ бо мазмуни амиқ ва қаҳрамонҳои ҷолибаш маро хеле ба худ ҷалб намуд. Яке аз романҳои фаронсавии Жюл Верн «Саёҳат ба маркази замин», аст, ки маро бисёр ба ҷаҳони фантазия ва илм бурд. Мавзӯи асосӣ – саёҳат, кашфиёт ва ҷасорати инсон мебошад. Роман нишон медиҳад, ки инсон бо дониш ва далерӣ метавонад ба ҷойҳои номаълум ворид шавад [6].
Ҳар ду забон фаронсавӣ ва форсӣ дорои хислату хусусияти хос мебошанд.
1. Пайдоиш
Забони форсӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад ва аз забонҳои қадимаи эронӣ пайдо шудааст.
Забони фаронсавӣ ба гурӯҳи забонҳои романӣ дохил мешавад ва аз Забони лотинӣ ба вуҷуд омадааст.
2. Хат (алифбо)
Забони форсӣ бо алифбои арабӣ-форсӣ навишта мешавад.
Забони фаронсавӣ бо алифбои лотинӣ навишта мешавад.
3. Минтақаи истифода
Забони форсӣ дар кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон истифода мешавад.
Забони фаронсавӣ асосан дар Фаронса, инчунин дар Канада, Белгия ва дигар давлатҳо истифода мешавад.
4. Сохтори грамматикӣ
Дар забони форсӣ грамматика нисбатан соддатар аст ва тағйири калимаҳо камтар мебошад.
Дар забони фаронсавӣ феълҳо ва калимаҳо бештар тағйир меёбанд ва қоидаҳои грамматикӣ мураккабтаранд.
5. Талаффуз
Талаффузи забони форсӣ равшантар ва соддатар аст.
Дар забони фаронсавӣ бисёр ҳарфҳо навишта мешаванд, вале дар талаффуз хонда намешаванд. Дар ҳарду забон калом бо эҳсос нафосат ва пур аз муҳаббат аст. Бо лаҳни нарм ва маънои амиқаш дилҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Фаронсавӣ зебоии Ғарбро таҷассум менамояд Форсӣ бошад зебоии Шарқро.
Забонҳои фаронсавӣ ва форсӣ мисли ду гул аз боғи фарҳанги ҷаҳонианд, яке бо нозуки худ дигаре боҳикмати руҳоро равшан месозад. Ин ду забон яке аз забонҳои зеботарини ҷаҳон ҳисобида шуда бо таърихи қадима бо лаҳну таллафузи зебо ба дили ҳар як шахс муҳаббат ба ин забон мебахшад. Омӯзиши ин забонҳо на танҳо дониши забонӣ, балки фаҳмиши амиқи фарҳанг ва тафаккури халқҳоро низ фароҳам меорад.

