Главная
Конференции
Универсальные знания: интеграция естественных, технических и социальных наук
Таъсири таълиму тарбияи фардии Саййиди Сирдон дар ташаккулёбии шахсият ва ҷаҳонб...

Таъсири таълиму тарбияи фардии Саййиди Сирдон дар ташаккулёбии шахсият ва ҷаҳонбинии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Цитирование

Зарипов С. А. Таъсири таълиму тарбияи фардии Саййиди Сирдон дар ташаккулёбии шахсият ва ҷаҳонбинии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ // Универсальные знания: интеграция естественных, технических и социальных наук : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 11 июня 2026г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2026. URL: https://apni.ru/article/15507-tausiri-taulimu-tarbiyai-fardii-sajjidi-sirdon-dar-tashakkulyobii-shahsiyat-va-aonbinii-mavlono-aloluddini-balh

Аннотация статьи

Мақола оид ба омӯзиши таъсири таълиму тарбияи фардии Саййиди Сирдон дар ташаккулёбии шахсият ва ҷаҳонбинии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бахшида шудааст.

Текст статьи

Дар илми педагогика ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки муҳити зист, хусусан афроди барҷаста ба ташаккулёбии шахсияти инсон таъсири басазое гузошта, сарнавишти ояндаи ӯро низ то андозае пешбинӣ ҳам карда метавонад. Ташаккулёбии шахсияти нобиғагони фарҳанги миллиамон далели равшани чунин ҳақиқатанд. Барои мисол рӯзгори Абӯалӣ ибни Синоро намуна меорем. Падари вай аз хурдӣ барои таълиму тарбияи писараш донишмандони соҳаҳои гуногунро ҷалб мекард, яъне усули инфиродии таълимро бартар аз усули оммавии таълим медонист. Ҳамчунин, вай ҳамчун падари бофазлу дониш аз нубуғи зотии фарзандаш хабардор, ки буд, писарашро на фақат ба назди аҳли илм мебурд, балки олимону муҳаққиқони барҷастаро ба хонаи худ меовард, то дар хона ба омӯзондани фарзандаш машғул шаванд. Ба хона ҷалб кардани як донишманд ин дар ихтиёри худ қарор додани як мактаб ё як мадраса ба ҳисоб мерафт. Таъсири мусбати чунин муҳити зист ва шахсиятҳои бонуфузи ҷомеаи замонаш буд, ки Сино ҳамчун як нобиғаи оламшумул барои башар хизматҳои ҷовидонаву мондагор тавонист анҷом диҳад. Айни чунин таъсиррасониву таъсирпазирӣ дар зиндагиву эҷодиёти шоири ориф, мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар ин мақола, ки маҳз ба масъалаи таъсири тарбияи фардии Саййиди Сирдон дар ташаккулёбии шахсияти Мавлоно нигаронида шудааст, ба ҷуз муҳимтарин сарчашмаҳои шинохти шахсияти ин мутафаккири барҷаста асарҳот “Ҷалолуддин Румӣ”и нависандаву тарҷумони рус Радий Фиш ва “Пилла пилла то мулоқоти Худо”-и доктор Абдулҳусайни Зарринкӯб маъхази асосӣ ба ҳисоб меравад. Чунки дар ин ду асар ҷузъитарин масоили зиндагиву эҷод, шахсияту ҷаҳонбинии Мавлоно Ҷалолуддин аз тарафи муаллифон бо сабки илмиву адабии хос ба қалам омада, симои таърихии нисбатан комили ӯро дар назари хонандагон ба ҷилва меорад. Дар ин бора яке аз онҳо, доктор А. Зарринкӯб чунин гуфтааст: “Дар ин навишта  барои он ки симои Мавлоно он гуна, ки дар назди ёрону муридонаш ба назар мерасид ва он гуна, ки тасвири он дар азҳони онон даруни ҳолае аз қудс ҷилва мекард, ҳамчунон нуронӣ, дурахшон ва белакка ҷилвагар бимонад, аз нигоҳи онхо ба Мавлоно нигариста шуд”.

Шахсият ва таълимоти Саййиди Сирдон. Дар бораи ному шуҳрат ва ягона асари вай “Маорифи Муҳаққиқи Тирмизӣ” мавлавишиносони ватаниву хориҷӣ маълумот дода, чеҳраи ӯро бар асоси маводи сарчашмаҳои куҳантарину муътамадтарин тасвир карда, шуморае аз онҳо, зимнан, то чи андоза дар ташаккулёбии дунёнигариши писари Султонулуламо асаргузор будани шахсияташро муқаррар намудаанд. Дар ин миён беҳтарин таҳқиқро мавлавипажӯҳи барҷастаи Эрон Бадеуззамон Фурӯзонфар анҷом додааст, ки дигарон онро тасҳеҳу такмил додаанд. Номбурда “Маорифи Муҳаққиқи Тирмизӣ”-и ӯро омода ба нашр карда, бар он пешгуфторе навишта, дар он ба “инкорнопазир будани таъсири суҳбати Саййид Бурҳонуддин дар Мавлоно” [5] алоҳида таъкид мекунад. Ин ҷо лозим ба назар мерасад, ки мафҳуми ирфонии “суҳбат” аз нигоҳи педагогии миллӣ шарҳу баррасӣ карда шавад. Суҳбат услуби таълимиест, ки бо ёрии саволу ҷавобҳо маводи таълим аз худ кунонида мешавад. Муаллим савол мегузорад, хонанда чавоб мегӯяд ва бо ҳамин минвол таълим пеш меравад [7, c. 110]. Аз ин таъриф бармеояд, ки “суҳбат”‐е, ки байни устод – Саййид Сирдон ва шогирд – Ҷалолуддин Муҳаммад доир мешудааст, айни чунин хусусиятро дошта бошад ҳам, бештар хусусияти инфиродӣ ба худ касб кардааст.

Номи аслии Саййиди Сирдон дар сарчашмаҳо ба тариқи зайл муаррифӣ шудааст: Саййид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ. Ин орифу донишманди замон соли 1165‐1166 дар шаҳри Тирмиз таваллуд шудааст. Ӯ дар ҷавонӣ ба ҳалқаи шогирдони мактаби ирфонии Султонулуламо Баҳоуддин Валад – падари Ҷалолуддин Муҳаммад шомил мешавад. Дар иҷрои расмиёти шариатӣ ва тариқатӣ, ки муршидаш мефармуд, пайваста муваффақу комгор буд. Аз ин рӯ, дар андак муддат ба яке аз беҳтарин шогирдони устоди худ бадал гардид. Ҳатто, ин пешравиву такомули маънавияшро ба инобат гирифта, устодаш варо ба ҷонишинӣ баргузид. Ҷонишини шайх, ки онро ба истилоҳи худи сӯфиён халифа мегуфтанд, вазифаи сарҳалқа, яъне сардории ҳамаи муридонро дар набудани пир ё баъд аз марги пир ба уҳда мегирад. Ин мақоми маънавӣ дар педагогикаи миллии мо то ҷое ба вазифаи сардори синф мувофиқ меояд. Фақат фарқ дар он аст, ки шогирд – сардори синф, то соҳиби маълумоти олии педагогӣ нашавад, ҷойии устодашро гирифта наметавонад.

Маҳз дар ҳамин солҳои авҷи такомули маънавӣ Саййиди Сирдон ба амри Султонулуламо тарбияи фарзанди ӯ Ҷалолуддин Муҳаммадро ба уҳда гирифт [1, c. 38]. Вай тахминан аз соли 1210 то соли 1217‐1218, яъне як сол пеш аз Балхро ба қасди зиёрати Хонаи Худо тарк кардани устодаш ба зодгоҳаш Тирмиз баргаштану он ҷо ба таълиму тарбияи ҳамдиёрон шуғл варзидан масъули тарбияи Мавлонои хурдсол буд. Саййиди Сирдон дар сафари тӯлонии устодаш Султонулуламо ва шогирдаш Ҷалолуддин Муҳаммади дувоздаҳсола ҳамроҳ набуд. Ин буд, ки Ҷалолуддин Муҳаммади шогирдаш муддати 12 сол аз суҳбат –тарбия ва таълими устодаш Саййиди Сирдон дур монд. Ӯ соли 1231 вақте хабари марги устодаш Султонуламоро шунид, ба ҷониби Қуния ҳаракат кард ва ҳамон сол аз нав ба ҳалқаи шогирдони устодаш пайваст ва ҳамчун халифа роҳбарии ҳалқаро ба уҳда гирифт.

Саййиди Сирдон писари устодашро, ки соҳиби минбари падараш шуда буд, боз ҳафт соли дигар устодӣ кард. Ин дафъа ҳамчун устод Мавлоноро ба Димишқу Ҳалаб фиристод, то дар улуми мутаводили расмии замон ба табаҳҳури лозим расад ва дар риёзату машаққати орифона таҷрибаи комил ба даст оварад. Робитаи Саййиди Сирдон бо Мавлоно тақрибан соли 1238‐1239 қатъ гардид. Саййиди Сирдон пас аз бозгашти Мавлоно ба Қуния ним сол ё каму беш аз ним сол ӯро ҳамроҳӣ кард ва ба исрори шогирдаш таваҷҷуҳ накарда, ба Қайсария баргашт ва то охири умр дар он ҷо зист. Вай дар шаҳри Қайсарияи Рум хонақоҳе дошт, ки барояш вазири Султон Ғиёсуддин Кайхусрави дувум – Соҳиб Шамсуддин Муҳаммади Исфаҳонӣ бунёд карда буд [1, c. 94]. Марги вай соли 1240 рух дод. Аз вай асаре ба номи “Маориф”, ки маҷмуаи мавоизу калимот мебошад, боқӣ мондааст. Ин асар дар радифи асарҳои таълимии намояндагони барҷастаи тариқати мавлавия, аз ҷумла “Маорифи Баҳоувалад”, “Мақолоти Шамси Табрезӣ”, “Маҷолиси сабъа” ва “Фиҳи мо фиҳи”и Мавлоно, “Маорифи Султон Валад” ёд мешавад.

Таълимоти ирфонии Саййиди Сирдон бар таҷрибаҳои назариявию амалии шахсии худи вай асос доштааст. Аз таҳқиқи Франклин Луис бармеояд, ки вай аз воизони дигар бо амалгароияш фарқ мекард, яъне ба гуфтаҳои худ, чи дар доираи шариат ва чи дар маҳдудаи тариқат, амал мекард [3, c. 130]. Саййиди Сирдон назди Мавлоно на фақат як устоди сахтгир ва дар айни ҳол меҳрубон, балки тимсоли як инсони комил ба ҳисоб мерафт. Ба қавли мавлавишиноси тоҷик Тоҷибой Султонӣ дурустии ин нуктаро ду байти зерин аз “Маснавии маънавӣ” тақвият дода метавонад:

Пухта гарду аз тағаййур дур шав,

Рав, чу Бурҳони Муҳаққиқ нур шав.

Чун зи худ растӣ, ҳама бурҳон шудӣ,

Чунки банда нест шуд, султон шудӣ [4, с. 62].

Таъбири ирфонии “аз тағаййур дур шудан” маънои он дорад, ки донишманди тирмизӣ аз зумраи олимону муаллимони якрӯву якроҳ ба шумор мерафт ва вай ҳаргиз дугӯйиву дурӯйиро, ки хислатҳои бади инсонӣ асту дар ҷараёни таълиму тарбия коҳишдиҳандаи арзиши шахсияти муаллиму мураббӣ ба ҳисоб меравад, мисли баъзе воизони минбарӣ, ки ба муаллимони риёкор монанданд, пешаи худ намесохт. Ин донишманд ҳамчун як омӯзгори замони худ бо таълимоти ирфонияш дар шаклгирии шахсияту ҷаҳонбинии Мавлоно саҳми назаррас гузоштааст.

Суҳбати пиру мурид ё суҳбати шогирду устод. Аз тадқиқоти мавлавишиносон маълум мешавад, ки дар рӯзгори шоири ориф ва мутафаккир Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ суҳбат ҳамчун усули таълиму тарбия ҷойгоҳи баланду намоён дорад. Мавлоно нахуст аз суҳбати падараш Султонулуламо Баҳоуддин Валад баҳравар гашт, баъдан чандин сол бо дастури падар дар суҳбати Саййиди Сирдон буд, баъд аз даргузашти Саййиди Сирдон дар суҳбати Шамси Табрезӣ қарор гирифт. Чун Шамси Табрезӣ ғайричашмдошт суҳбати Мавлоноро дубора тарк кард, яъне якбора бе ҳеч хатту хабар аз Қуния берун шуда, нопайдо гашт, Мавлоно ба суҳбати Салоҳуддин Заркӯб ном як заргар пайваст. Чун ин ҳамсуҳбаташ, ки ӯро, бо вуҷуди бебаҳрагӣ аз илмҳои расмии замон, сарҳалқаи муридони худ меҳисобид, аз олам даргузашт, Ҳусомуддин Чалабиро ҳамсуҳбат интихоб кард ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёт таҳти таъсири суҳбати ин ҷавони ухувватпеша қарор дошт. Далели барҷастаи ин таъсиррасониву таъсирпазирӣ эҷоди шоҳкори дидактикиву фалсафии “Маснавии маънавӣ” бо хоҳиши Ҳусомуддини Чалабӣ мебошад [6, c. 15].

Дар таълимоти ирфонӣ суҳбат усули фардиву оммавии таъсиррасоние ба ҳисоб меравад, ки дар он пир – устод ба мурид ё муридон – шогирд ё шогирдон тариқи вазъу гуфтугӯ, нақли ривоёту ҳикоёт, пурсу посух муносибати таълимӣ барқарор мекунад. Дар бораи тарзи суҳбат, яъне баёни Саййиди Сирдон доктор А.Зарринкӯб чунин гуфтааст: “Лаҳни баёни муташарреонааш ӯро, ки дар хона як орифи дар ҳоли истиғроқ ва як сӯфии аҳли муроқаба буд, дар хориҷи хона як мударрис ва як фақеҳи муташарреъ, аммо фориғ аз ҷоҳу ҳашмати уламову фақеҳони аср нишон медод” [2, с. 43]. Ин гуфта собит менамояд, ки устоди Мавлоно як донишманди соҳибусуле дар таълиму тарбия ба шумор мерафтааст, ки дар таъсиррасонӣ ба шогирдон равиши хосеро пеш мегирифтааст ва дар он равиши баён аз назарияву амалияи шариату тариқат баробар ба кор мегирифтааст. Пеш гирифтани чунин равиши баён дар суҳбат бо шогирдон таъсири сухани тарбиявиву таълимиро даҳчандон меафзуд.

Суҳбати устод – воситаи ташвиқу тарғиби шогирд ба мутолиаи китоб. Вақте Ҷалолуддин Муҳаммад соли 1207 дар Балх дар оилаи зиёии он замон ба дунё омад, шуҳрати падари хатибу воиз ва фақеҳи тавонояш Баҳоувалад Султонулуламо, ки муаллиму мураббии сахтгири ҷомеа ба ҳисоб мерафт, дар Тирмизу Вахш Самарқанду Хоразм ва шаҳрҳои дигари Хуросону Мовароуннаҳр шоеъ гашта буд. Падари Ҷалолуддин Муҳаммад ба ҳар шаҳре сафар мекард, алоқамандону тарафдорони зиёдеро, ки ташнаи илму маърифат ва худшиносиву худошиносӣ буданд, гирди худ ҷамъ мекард. Шуморе аз шогирдони вафодори ин марди донишвару бинишманд, ки барои касби илму дониш ва таҷрибаи руҳонӣ кӯшиш мекарданд ҳамвора аз ҳузури вай баҳравар шаванд, ҳалқаи дарсу ваъзашро тарк намегуфтанд. Ончунон ки Радий Фиш тасвир мекунад, Мавлоно дар кӯдакӣ гоҳе аз дунболи Саййид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ вориди китобхонаи падараш мешавад [6, c. 2], ё ончунон ки Абдулҳусайни Зарринкӯб ба қалам медиҳад, савори гардани ин лолои хирадманд ба олами руъёҳои маънавӣ меравад [2, c. 31]. Аз ин рӯ, дар сарчашмаҳо, ба ҷуз он ки нахустин устоду раҳнамо ва шахси таъсиргузор ба ҳаёти Ҷалолуддин Муҳаммади кӯчак падари донишмандаш ба шумор мерафт, шогирди сарсупурдаи вай Саййид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ аввалин мураббиву муаллими писари зираку боҳуши устоди худ эътироф шудааст. Ин донишманди тирмизӣ “бо ҳавсала ва дилсӯзии тамом Ҷалолуддин Муҳаммадро дар мутолиаи китобҳои муносиб кӯмак ва дар муҷоҳидаи рӯҳонии хеш иршод мекард” [2, c. 67].

Вақте корвони падараш дар шаҳри Нишопур фуруд меояд, Мавлоно баъд аз он ки “Асрорнома”ро аз дасти худи Фаридуддини Аттор ба ҳадя мегирад, ба қавли Радий Фиш, ҳамроҳи ҳамсолонаш барои ҷустуҷӯйи яке аз китобҳои тафсир вориди яке аз китобхонаҳои ин шаҳр мешаванд ва онро пайдо намекунанд [6, c. 19]. Ин майлу иштиёқи рӯзафзун ба китобхонӣ заминаи мусоиде барои ҳифзи матолиби фаровони илмиву адабӣ ва ташаккулёбии ҳофизаи бисёр қавию ҷаҳонбинии густардаи Мавлоно гардад. Мавлоно дар мутолиаи китобҳои роҷеъ ба давлатдорӣ, яъне сиёсатшиносӣ низ дар кӯдакӣ шавқ дошта, “Сиёсатнома”и Низомулмулки вазири маъруфи Салҷуқиёнро низ хондаву матолиби онро ҳифз кардааст, баъдҳо ба хотир овардааст [6, c. 43].

Ин майлу алоқа ба китоб ва мутолиаи асарҳои назму насри бадеӣ ва илмӣ дар вуҷуди Мавлоно то ҳангоми бархӯрд бо Шамс боқӣ монд ва ӯро пайваста дар роҳи касби илмҳои расмӣ устувор нигоҳ медошт. Вақте Мавлоно бо Шамс вохӯрду ҳамсуҳбат гашт, новобаста аз он ки вай ба дараҷаи як олиму воизи барҷастае мисли падараш Султонулуламо шудаву дар минтақаи Осиёи Сағир ному овоза ба даст оварда буду дигар ниёзе ба такмили дониши расмӣ надошт, маҷбур шуд, ки илми ваъзу баёнро, муддате ҳам бошад, тарк кунад ва пас аз ғайбати Шамс ба шеъру шоирӣ рӯ оварад. Бояд таъкид кард, ки дар ин солҳо Мавлоно ба дараҷаи нубуғи илмӣ расида буд ва бо он ки аз мутолиаи китоб ва ваъзу андарз дур шуда буд, ҳамчун фақеҳ ба саволҳои аҳли ниёз аз рӯйи вазифаю масъулияте, ки бар дӯш дошт, ҷавоб мегуфт ва ё посух навишта ирсол мекард. Аз он ки майл ба мутолиаи китоб ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии маънавияш гашта буд, гоҳ гоҳ аз рӯйи одати пешин ба хониши асарҳо иштиғол меварзид. Маҳз ҳамин таъсири мусбати устодаш буд, ки Мавлоно дар заминаи мутолиаи пайвастаи осори манзуму мансур худ ба тақриру имлои асарҳое нодири назму наср ноил гашт.

Суҳбати устод – василаи талқину такрор ва ҳифзи осори манзуму мансур. Дар педагогии миллии асримиёнагӣ талқину такрор аз усулҳои самарабахши аз худ кардани маводу матолиби гуногунҳаҷму гуногунмазмун дар мадрасаҳо ба ҳисоб мерафт. Ин ҳақиқатро Шайх Саъдӣ дар байти аввали яке аз ҳикоёти боби ҳафтуми “Бӯстон”, ки, “Дар олами тарбият” ном дорад, хеле равшан баён кардааст:

Маро дар Низомия идрор буд,

Шабу рӯз талқину такрор буд [8].

Такрор ҳамчун як методи таълим имрӯз низ ҳамон моҳияти худро ҳифз карда омадааст. Дар педагогика имрӯз низ такрор яке аз усулҳое шинохта шудааст, ки бо мадади он донишҳоро барқарор ва мустаҳкам месозанд. Хонанда вақти такрор медонад, ки чиҳоро фаромӯш кардааст ва чиҳо дар хотираш ҳастанд [7, c. 83]. Чунончи аз тарафи мазкур маълум мешавад, истилоҳи ҷуфтистеъмоли “такрор ва талқин”-и мадрасаҳои асримиёнагӣ бо мафҳуми “такрор”-и педагогикаи муосир аз лиҳози ифодаи матлаби илмӣ баробарқувва мебошад.

Нақши осори ҳифзкарда дар шаклгирии ҷаҳонбинии Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ. Мутолиаи пайваста ва ҳифзи Қуръону аҳодис, насру назми шоирони форс -тоҷику араб сабаб шуд, ки Мавлоно инсонгароиро дар меҳвари осори мансуру манзуми худ қарор диҳад. Таваҷҷуҳ ба осори Саноӣ сабаб шуд, ки бо тавсияи Ҳусомуддини Чалабӣ, Мавлоно ба имлои “Маснавии маънавӣ” машғул гардад. Ин асари таълимии ирфонимеҳвар рашвантарин оинаи тафаккури Мавлоно Ҷалолуддин мебошад. Дар ин асар Мавлоно на фақат як шоир, балки як мутафаккири барҷаста ба ҳисоб меравад, ки дорои ҷаҳонбинии инсонмеҳварона ва инсондӯстона мебошад. Гуманизми Мавлоно, ба қавли Радий Фиш, бо вуҷуди ҳамашумул будан мавҳум нест. Дар ашъори вай инсони комил мавриди тамҷиду такрим қарор гирифтаву ин арҷгузориву накӯдошт аз эҳтироми шахсияти инсон ҷудо нест [6, c. 121]. Аз мазмуни сухани мазкур бармеояд, ки Мавлоно, новобаста аз андешаҳои динияш, барои инсон ҷойгоҳи ниҳоят баландро дар зиндагии дунявӣ қоил аст ва ҳамвора ӯро ба пешрафту рушди шахсият талқин менамояд.

Дар поён матолиби дар ин мақола матраҳ ва ҳатталимкон ҳаллуфаслшуда чунин натиҷагирӣ мешавад.

  1. Дар ташаккулёбии шахсияту ҷаҳонбинӣ, тағйирёбии орову андешаи ирфонӣ ва диди инсонгароёнаи Мавлоно афроде мисли падараш Султонулуламо Баҳоувалад, Саййид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, Шамси Табрезӣ, Салоҳуддини Заркӯб ва Ҳусомуддини Чалабӣ асаргузор будаанд, ки аз ин миён ду нафари аввал ба далели он ки дар даврони кӯдакиву ҷавонии Мавлоно бевосита масъулияти устодиву раҳнамоияшро бар уҳда гирифтаанд, саҳми бештар доранд. Аз байни ин ду нафар нуфузи бештар дар ташаккулёбии шахсияту орову афкори Мавлоно ба Саййиди Сирдон мутааллиқ аст, зеро вай дар ду марҳала аз зиндагии Мавлоно, яке даврони кӯдакӣ ва яке даврони ҷавонӣ, ки ҳар ду давра ҳам марҳалаҳои муҳимми шаклгирии ҷаҳони андешаи инсон ба ҳисоб меравад, ба Мавлоно ҳаққи устодӣ дошта, раҳнамоии писари Султонулуламои устодашро ба ҳайси шогирди вафодор уҳдадор будааст.
  2. Саййид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизии маъруф ба Саййиди Сирдон бо дастури пири худ масъулияти устодӣ, яъне таълиму тарбияи Мавлонои хурдсолро бо шавқи тамом ба уҳда гирифта, муддати 7-8 сол ӯро ончунон таҳти нуфузи педагогияш қарор дод, ки вақти сафари ногаҳонии хонавода ва ҳалқаи шогирдони Султонулуламо Баҳоувалад аз Балх то Қуния Мавлонои хурдсол пайваста ёди устод мекард ва барои он ки набудани лолояшро эҳсос накунад, асарҳои дӯстдоштаи вай, аз ҷумла “Ҳадиқа”и Саноиро зуд-зуд мурур мекард.
  3. Дар марҳалаи аввали нуфузу таъсиррасонӣ Саййиди Сирдон, ки ба даврони аз 3-солагӣ то 10-11-солагии Мавлоно рост меояд, бо усулҳои суҳбат, талқину такрор, ки дар мадрасаҳои асрҳои миёна байни мударрисону муаллимон бисёр роиҷ буд, ба ӯ илмҳои марбут ба Қуръону ҳадис ва дигар фанҳои маъмули он асрро омӯзонд. Маҳз бо усулҳои мазкур, ки дар педагогикаи миллии мо низ имрӯз, шаклан тағйир ёфта бошанд ҳам, чунин моҳияташонро гум накардаанд, устод шогирдашро ба олами худшиносиву худогоҳӣ ворид сохт, малакаи мутолиаи китобу дарёфти матолиби тозаро аз мундариҷаи асарҳои илмиву адабӣ ба дараҷаи завқи доимӣ баланд бардошт.
  4. Марҳалаи дуюми таъсиррасонии устод ба шогирд аз 24-солагии Мавлоно то 30-31-солагии вай идома кардааст. Саййиди Сирдон ба шогирдаш, ки ба ҷойгоҳи баланди падар нишаста буду вазифаи тарбияи маънавии ҷомеаи муҳити зиндагияшро ба уҳда дошт, фурӯтаниву хоксорӣ, яъне инсонгароиро омӯзонд, то вай ба минбару мансаби аз падар меросмонда нафахрад ва бо ҳамаи мардум яксон дар муносибату муомила бошад. Ин омӯзиши вай асосан бо усули дастурдиҳӣ ва назорат аз фосила сурат гирифт, чунки вай Мавлоно ба Димишқу Ҳалаб барои такмили дониш ва риёзатҳои пайваста фиристод.
  5. Яке аз авомили инсонмеҳварона будани ҷаҳонбинӣ ва орову афкори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таъсири таълиму тарбияи фардии Саййид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ мебошад. Таълимоти ирфони ин орифи сахтгир ва дар айни ҳол меҳрубону ғамхор оганда аз таҷрибаҳову риёзатҳое буд, ки худи вай дар тайи мароҳили сулук пушти сар карда буд ва иҷрои он барои шогирде мисли Мавлоно чандон душвор набуд.

Список литературы

  1. Баёнӣ, Ширин. Дамсози дусад кеш (дар бораи Мавлоно Ҷалолуддин). – Теҳрон: Ҷомӣ, 1384. – 356 с.
  2. Зарринкӯб, Абдулҳусайн. Пилла-пилла то мулоқоти Худо (Дар бораи зиндагӣ, андеша ва сулуки Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ). Таҳия ва тавзеҳи Анзурати Маликзод, Зулфия Исматова ва Овлоқул Хокироев. – Хуҷанд: Хуросон, 2022. – 442 с.
  3. Луис, Франклин. Мавлоно: дирӯз то имрӯз, шарқ то ғарб. Тарҷумаи Ҳасан Лоҳутӣ. – Теҳрон: Номак, 1384. – 1026 с.
  4. Султонзода, Тоҷибой Султонӣ. Зикри Саййид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ дар рисолаи Фаридуни Сипаҳсолор // Номаи донишгоҳ, №4 (69) 2021. – С. 58-63.
  5. Тирмизӣ, Муҳаққиқ. Маориф: маҷмӯаи мавоиз ва калимоти Саййид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ ба ҳамроҳи тафсири сураи Муҳаммад ва Фатҳ. Ба тасҳеҳу ҳавошии Бадеуззамон Фурӯзонфар. – Теҳрон: Маркази нашри донишгоҳӣ, 1377. – 235 с.
  6. Фиш, Радий. Джалалуддин Руми. Мосвка: Молодая гвардия, 1972.
  7. Юнусов Йӯлдошбой. Педагогика: Китоби дарсӣ барои коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои педагогӣ. – Хуҷанд: Меъроч, 2011. – 336 с.
  8. ganjoor.net (вебгоҳи сухансароёни порсигӯ ба хатти ниёгон).

Поделиться

5
Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#25 (311)

Прием материалов

13 июня - 19 июня

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

24 июня

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

8 июля