Мусиқӣ яке аз воситаҳои тавонои тарбияи эстетикии кӯдакон буда, воқеияти атрофро дар образҳои солим таҷассум менамояд. Тарбияи фарҳанги мусиқии кӯдакони синни томактабӣ ҳамзамон бо инкишофи қобилиятҳои мусиқии онҳо сурат мегирад, ки дар навбати худ аз тариқи фаъолияти мусиқӣ инкишоф меёбанд. Ин гуна фаъолиятҳо ҳар чи қадар гуногун бошанд, малакаву маҳорат ва қобилиятҳои кӯдакон ба ҳамон андоза рушд ва инкишоф меёбанд. Маҳз аз ҳамин хотир, истифодаи бозиҳои мусиқӣ-дидактикӣ барои расидан ба мақсадҳои таълимиву тарбиявӣ дар ҷараёни машғулиятҳои мусиқӣ амри зарурӣ маҳсуб меёбанд. Файласуфон, равоншиносон, педагогон, омӯзгорон, мусиқишиносон Б.В. Асафиев, Л.С. Виготский, Я.А. Коменский, А.Маслоу, К.Роҷерс, В.А. Сухомлинский, Б. Теплов, К Юнг, Б.С. Яворский ва дигарон ба нақши мусиқӣ дар инкишофи ҳамаҷонибаи инсон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Таҳлили адабиёти илмӣ-назариявӣ ва методӣ, вазъи таълими мусиқӣ дар муассисаҳои томактабӣ зимни бозиҳои мусиқӣ-дидактикӣ дар таҷрибаи чандинсолаи кори мусиқи шиносони тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки педагогикаи мусиқии ҳозиразамон бояд мазмун, шакл ва усулҳои таълими мусиқиро хуб дар бар гирад. Зеро нутқи кӯдакони синни томактабӣ тариқи бозиҳои мусиқӣ-дидактикӣ хуб ташаккул ва инкишоф меёбад. Муҳаққиқи рус Б.М. Теплов таъкид кардааст, ки: “Дар равандаи машғулиятҳои мусиқӣ зимни фаъолияти бозии мусиқӣ-дидактикӣ кӯдакон таҳлили мусиқӣ-бадеии асарро меомӯзанд ва ба фаъолиятҳои инфиродӣ ва коллективӣ ҷалб карда мешаванд” [8].
Хусусияти эҷодӣ ва роҳу усулҳои рушди нутқи кӯдакон тариқи бозиҳои мусиқӣ-дидактикӣ дар илми педагогика ба таври васеъ баррасӣ шудааст. Бозии мусиқӣ-дидактикии нақшбозӣ пеш аз ҳама, бо одат кардани кӯдак ба олами бадеии асарҳо хос аст. Қисмҳои ҳатмии он: сюжет, нақш, вазъияти хаёлӣ мебошад. Ин намуди бозиро ҳангоми иҷрои сурудҳои бачагона истифода бурдан мумкин аст, ки дар онҳо хусусиятҳои бадеии кӯдак равшан ифода ёфта, дар ҳар яки он нақшҳо таҳлилу аз ҷониби кӯдакон дарк карда шуда, ва тахайюли эҳсосот, ранги муассирии эҳсосот инкишоф меёбад, ки як ҳолатро аз тарафҳои гуногун аз сар мегузаронад, яъне, фаъолияти эҷодиро инкишоф медиҳад.
Бояд таъкид кард, ки педагогикаи муосир ба тавсеаи робитаи бозии мусиқӣ-дидактикӣ ва санъат дар раванди таълим, воридсозии фарҳанги мусиқӣ ба фаъолияти бадеи-эстетикӣ ва ташаккули нутқи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бозии мусиқӣ-дидактикии шифоҳӣ ба кӯдакони синни томактабӣ ба ташаккули нутқ ва маҳорати мусиқӣ хос аст. Дар ин давра кӯдакони синни томактабӣ бояд барои қонеъ гардондани талаботи афзудаи худ ба эҷодкорӣ кӯшиш кунанд. Дар методология бозиҳои мусиқӣ-дидактикии таълимӣ пешниҳод карда шудаанд, ки ба баланд гардидани дараҷаи ташаккули нутқи кӯдакон мусиқӣ ёрии калон мерасонад. Шакли бозикунии маводи мусиқӣ барои бедор намудани шавқу рағбати кӯдакон ба машғулият кумак мерасонад ва дар онҳо муносибати мусбати эҳсосотӣ ба фаъолияти мусиқиро ба вуҷуд меорад.
Айни замон дар илми педагогика як самти том – педагогикаи бозӣ пайдо шудааст, ки бозиро усули пешбарандаи тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабӣ зимни раванди машғулияти мусиқӣ дониста, дар ин маврид таваҷҷуҳ ба бозӣ бештар (фаъолияти бозӣ, шаклҳои бозӣ, техника) дода мешавад. Муҳимтарин метод, ин ҷалб намудани кӯдакони синни томактабӣ ба асбобҳои мусиқӣ мебошад, ки бо инроҳ завқ ва ҳаваси онҳоро ба мусиқӣ балан бардоштан ба маврид аст.
Оид ба нақши хуб доштани бозии мусиқӣ-дидактикӣ дар рушди кӯдак номзади илмҳои педагогӣ ва мутахасиси барҷастаи самти тарбияи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ Александр Владимировна Кенеман гуфтааст “... ин як раванди ташаккули кӯдакон буда, бо дарки фаъоли пурмазмуни мусиқӣ алоқаманд аст, ки ба рушди тахайюлот, эҳсосоти зебоипарастӣ ва ахлоқии онҳо бештар мусоидат мекунад” [3].
Имкониятҳои инкишофёбандаи бозӣ ҳамчун яке аз шаклҳои ҷолиби диққати ташаккули мусиқии бачагон дар асарҳои А. В. Кенеман, Хухлаева Д. В. ва Н. Ветлугина хуб инъикос ёфтааст. Аз ин рӯ, иҷрои бозиҳои мусиқӣ-дидактикиро аз ҷониби кӯдакон як падидаи фарҳангӣ ва таърихӣ мепиндорем. Бозиҳои мусиқӣ-дидактики ҳавасмандӣ ва фазои ҳамкорӣ эҷод мекунанд, ки ба кӯдакон имкон медиҳад, то донишҳои навро осонтар ёдгирифта малакаҳои хуби нутқро ташаккул диҳанд.
Омӯзишу таҳлили адабиёти педагогӣ нишон медиҳад, ки дар педагогикаи муосир бозиҳои мусиқӣ-дидактикӣ асосан дар ду ҳолат истифода бурда мешаванд. Якум, ҳолате ки аз ҳама бештар мавриди корбурд қарор мегирад, он аст, ки бозиҳои маълум ва дар таҷрибаи педагогӣ санҷидашуда бо дарназардошти мавзуи машғулият ва як ҷузъи он интихоб ва истифода бурда мешаванд. Самти дуюм – омодасозии барномаву усулҳои таълим бо истифода аз бозӣ дар ин самт мавзуъҳои мухталиф, нақшбозӣ, сужабозӣ, бозиҳои театрию драмавӣ истифода мебаранд.
Бинобар ин, вазифаи асосии мураббиён аз он иборат аст, ки раванди машғулиятҳои мусиқиро бо роҳу усулҳои гуногун ташкил карда, зимни истифодаи усулҳои гуногуни бозиҳои мусиқӣ-дидактикӣ нутқи кӯдакони синни томактабиро ташаккули диҳанд. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ба кӯдак таъсири комплексии намудҳои асосии фаъолияти мусиқӣ зарур аст. Аз ҷумла, ҳаракат зимни бозиҳои мусиқӣ- дидактикӣ, шунидани мусиқӣ, сурудхонӣ, навохтани созҳои мусиқии кӯдакона ва ғайра сурат мегирад.
Хулоса дар раванди машғулиятҳои таълимии муассисаҳои томактабӣ мурабби бояд ҳамавақт дар ҷараёни мусиқиҳои нав эҷодшуда ё асарҳои ба дили кӯдакон наздикро ҷутуҷӯ намуда онҳоро моҳирона ва эҷодкорона дар таълиму тарбияти кӯдакони синни томактабӣ мавриди истифода қарор диҳад.

