Главная
АИ #26 (312)
Статьи журнала АИ #26 (312)
Рушди нутқи образноки кӯдакони синни томактабӣ тавассути адабиёти бадеӣ

Рушди нутқи образноки кӯдакони синни томактабӣ тавассути адабиёти бадеӣ

Цитирование

Раззоқова Т. Р. Рушди нутқи образноки кӯдакони синни томактабӣ тавассути адабиёти бадеӣ // Актуальные исследования. 2026. №26 (312). URL: https://apni.ru/article/15636-rushdi-nutkhi-obraznoki-kdakoni-sinni-tomaktab-tavassuti-adabiyoti-bade

Аннотация статьи

Мақолаи мазкур ба масъалаи рушди нутқи образноки кӯдакони синни томактабӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар мақола тавсияҳо ва роҳҳои хуби рушди нутқи кӯдаконро нишон додааст, ки аз он волидайн, калонсолон ва мураббияҳо истифода намуда нутқи кӯдаконро рушд ва инкишоф диҳанд. 

Текст статьи

Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро пеш гирифта, сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро мақсад ва мароми худ қарор додаст. Дар ин раванд таълим ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи анъанаҳою маданияти миллӣ, арзишҳои педагогии халқи тоҷик бо назардошти ягонагии пешаҳои тамаддуни умумиҷаҳонӣ ва ташкили маориф дар асоси принсипҳои илмӣ, дунявӣ ва башардӯстӣ вазифаи аввалиндараҷа ва сиёсати асосии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон гардидааст.

Давраи кӯдаки марҳилаи аввали ҳаёти мебошад. Ин давра бо рушди босуръати ҷисмонӣ, равонӣ ва эмотсионалӣ тавсиф мешавад. Ҷанбаҳои муҳими рушди малакаҳо ва қобилиятҳои бунёдӣ, аз ҷумла малакаҳои моторӣ, нутқ ва иҷтимоӣ, инчунин оғози омӯхтани ҷаҳон ва муошират бо муҳити атрофро дар бар мегиранд. Давраи кӯдакӣ давраи ҳалкунанда барои инкишофи нутқ маҳсуб мешавад, зеро он барои инкишоф ва омӯзиши минбаъдаи кӯдак замина мегузорад. Ин марҳила бо хусусиятҳо ва ниёзҳои хоси кӯдакон тавсиф мешавад, ки нигоҳубини дақиқ, омӯзиш ва дастгирии волидон ва мураббиёнро талаб мекунад. Аз ин рӯ масъалаи инкишофи нутқи образноки кӯдакони синни томактабӣ хело муҳим аст, зеро нутқи инкишофёфта ба муоширати муассиртар ва омӯзиши муваффақ мусоидат мекунад. Он ба кӯдакон имкон медиҳад, ки фикрҳо ва эҳсосоти худро баён кунанд, ки барои фаҳмидани худ ва ҷаҳони атроф муҳим аст. Дар масъалаи инкишофи нутки бачагон бисёр педагогхои рус, аз кабили Л.С. Выготский, Н.К. Крупская, А.М. Леушина ва дигарон кор карда буданд. Л.С. Выготский масъалаи тафаккур ва нутқро омӯхтааст. Чуноне, ки Л.С. Выготский гуфтааст: “Робитаи фикр ва калом барои проблемаи тафаккур ва сухан аҳамияти ҳалкунанда дорад” [8, с. 7]. Таъсири рушди нутқи образнок дар синни томактабӣ дар ташаккули таҳсилоти оянда ва ҳаёти иҷтимоии кӯдакон нақши муҳим дорад. Захираи луғат ва қобилияти интихоби калимаҳо барои муошират барои рушди нутқ муҳим аст. Кӯдаки дорои захираи луғавии бой, қодир аст фикр, эҳсос ва ниёзҳои худро дақиқтар ва хубтар баён кунад. Аз ин лиҳоз барои рушд ва инкишофи нутқи кӯдакон адабиёти бадеӣ яке аз воситаҳои ғанӣ гардидани ҳофиза мебошад. Маҳз тавассути гирифтани ахбор ва мутолиаи адабиёти бадеӣ инсон дар бораи воқеа ва рўйдодҳои олам маълумот пайдо карда, доираи ҷаҳонбинии хешро васеъ мегардонад. Дар олам миллатҳое ҳастанд, ки аксари мутлақи афроди онҳо ба омӯзиши адабиёти бадеӣ машғул шуда, ин амали шоистаро ба фарзандон аз овони кўдакӣ меомўзонанд. Барои ин қабил миллатҳо адабиёти бадеӣ ғизои рўҳ, роҳати ҷон ва манбаи илҳом мебошад. Тоҷикон ба доираи ҳамин қабил халқу миллатҳо дохил шуда, аз қадим ба адабиёти бадеӣ арҷ мегузоранд ва хондани адабиёти бадеиро ба фарзандон тарғиб мекунанд. Гузаштагони мо адабиёти бадеиро муқаддас ва рафиқи мўнис медонистанд, бо меҳру муҳаббат муносибат намуда, онро ягона омили дарёфти дониш медонистанд ва дар осору ашъори пурмуҳтавои хеш арзиши баландиин дўсти беминнатро ситоиш мекарданд. Дар маҷмўъ гуфтан ба маврид аст, ки адабиёти бадеӣ барои насли наврас фонуси зиндагӣ ва чароғи ақл ба шумор меравад. Рушди нутқи образноки кӯдакони синни томактабӣ бе омӯзиши осори таърихиву адабӣ ва фалсафиву ахлоқӣ ба даст намеояд. Рушди нутқи образнок хеле мураккаб буда, ба доираи васеи омилҳои гуногун вобаста аст. Нутқи образнок – ин қобилияти баён кардани андеша ва эҳсос бо шаклҳои зебо, таъсирбахш ва пурмаъно мебошад. Аз ин рӯ, комилан фаҳмо аст, ки ин фаъолият дар кӯдак ва калонсолон яксон буда наметавонад, зеро ҳамаи ин омилҳо дар марҳилаҳои гуногуни кӯдакӣ шаклҳои гуногун мегиранд. Аз ин ҷост, ки дар хар давраи инкишофи кӯдак нутқи образнок ба таври нотакрор амал мекунад, ки хоси марҳилаи муайяни инкишофи кӯдак мебошад. Е.И. Тихеева таъкид кардааст, ки азхуд кардани тамоми намуд ва зухуроти нутқ азхуд кардани воситаи инкишофи равонии инсон аст. Ба ақидаи ӯ, дар муассисаҳои томактабӣ бояд барои дуруст ва фаъолона инкишоф додани нутқи кӯдакон муҳити махсуси педагогию дидактикӣ фароҳам оваранд. Асоси таълими нутқ ва забон барномаи таълимӣ мебошад, ки ба мураббия имкон медиҳад, ки бо кӯдакони ҳар як гурӯҳи синну сол пайваста ва мунтазам кор кунад [10, с. 23]. Барои кӯдакони синни томактабӣ нутқи образнок на танҳо воситаи гуфтор, балки омили рушди ҳисси зебоишиносӣ ва тафаккури мустақил аст. Кӯдаке, ки бо адабиёти бадеӣ ошно мешавад, қудрати тасаввур, ташбеҳ, муқоиса ва истифодаи калимаҳои пурмаънои забонро хуб дарк мекунад. Б.М. Теплов чунин мешуморад, ки “адабиёти бадеӣ дорои захираи бепоёни мавод аст, ки бидуни он психологияи илмӣ наметавонад фаъолият кунад” [11, с. 306-312]. Муносибати кӯдак ба муҳити атроф, ки бо мураккабӣ ё соддагии худ, анъанаҳо ва таъсираш ба раванди эҷодкорӣ ҳавасманд ва роҳнамоӣ мекунад, боз тамоман дигар аст. Барои инкишоф ва рушд ёфтани нутқи образноки кӯдакон, волидайнро зарур аст, ки бо кӯдакон аз овони хурдӣ ба омӯзиши адабиёти бадеӣ машғул шавад. Дар ин лиҳоз на танҳо илмҳои замонаашро аз худ мекунад, балки адабиётҳои зиёди гузаштагони худ ва осори тарҷумашударо аз забони дигар халқҳо меомӯзад ва ҷаҳонбиниашро васеъ месозад. Падару модароне, ки зиёд мехонанд ва ба мутолиа ҷиддӣ машғул мешавад, дар зиндагӣ ҳатман ба тарбияи фарзанд муваффақ мегарданд. Дар гузашта одамони босавод мисли имрўза бо қадру соҳибэҳтиром буданд, зеро қисми бештари умрашонро ба мутолиа сарф мекарданд. Дар гузашта падару модарон жанрҳои бадеиро бо завқи баланд ба фарзандони худ нақл мекарданд ва ба ин восита кӯдакон ба адабиёти бадеӣ маҳбубият пайдо менамуданд. Ин ҳама бузургиву тавоноӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки адабиёти бадеӣ чароғи фурӯзоне мебошад дар рушддодани нутқи образноки кӯдакони синни томактабӣ. Мутафакирони бузурги илму адаб ба хотири зинда гардонидану ҷовидона намудани гузаштаи халқи худ умрашонро ба мутолиаву ҷустуҷў бахшида буданд. Чунончи Абулқосими Фирдавсӣ даҳҳо сарчашмаҳои қадимиро дарёфт карда, садҳо луғату тафсирро варақ зада, маъхазҳои зиёди бостонӣ, аз ҷумла паҳлавиро омўхтааст. Дар баробари ин, қиссаву ривоят ва осори пешиниёнро ҷамъоварӣ намуда, баъди ба даст овардани ахбори фаровон достони безаволи “Шоҳнома”-ро таълиф кардааст. Дониши васеъ ба ў имкон дод, ки аз хеш чунин ҳамосаи бузургу безаволро ба мерос гузорад. Асарҳои таълифкардаи вай ҳар кадом дарахти пурбори гузаштаи мардуми ориёӣ буда, аз ҳар баргаш бўйи таърих меояд ва барои ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи халқ чун раҳнамои беҳтарин хидмат мекунад. Жанрҳои бадеӣ – афсона, чистон, зарбулмасал, шеър ва ҳикоя манбаи ғании забонӣ ва маънави мебошанд. Ба маънои дигар, адабиёти бадеӣ сарчашмеаест, ки инсон ба воситаи он иттилоъ мегирад, захираи луғавии худро бой месозад, аз дигаргуниҳои олам бохабар мешавад ва ба ҷаҳони мураккаби одамони дигар ошно шуда, неку бади дунёро мефаҳмад. Дар синни томактаби протсессҳои фикрии кӯдак ташаккул меёбад, аз ин лиҳоз ташаккул додани нутқи образноки кӯдакони синни томактабтӣ тариқи адабиёти бадеӣ хело бамаврид аст. Нутқ аз табиати кӯдак ба вуҷуд намеояд, балки дар раванди вуҷуди ӯ дар муҳити иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Пайдоиш ва рушди он бо ниёзҳои ҳаётии кӯдак алоқаманд аст. Зиддиятҳое, ки дар ҳаёти кӯдак ба миён меоянд, боиси пайдоиш ва рушди қобилиятҳои нутқи кӯдак мегарданд. Ин аз ҳисоби ҳамкории кӯдак бо калонсолон, ки бо назардошти синну сол ва қобилиятҳои кӯдак сохта шудааст, рух медиҳад. Калонсолон истифодаи нутқро ташвиқ мекунанд, кӯдакон танҳо дар вазъияти муоширатӣ ва танҳо бо дархости калонсолон ба сухан гуфтан шурӯъ мекунанд. Аз ин рӯ барои рушди нутқи образнок тавсия дода мешавад, ки бо кӯдакон ҳарчи бештар ва зуд-зуд сӯҳбат кунед, бештар шеър ва афсонаҳоеро, ки дорои тасвирҳои равшан мебошан омӯзонем. 

Омӯзиши адабиёти бадеӣ дониши кӯдакони синни томактабӣ ва тафаккури фикрии онҳоро инкишоф медиҳад, ки он ба нутқи адабӣ ва образнок алоқаманд мебошад. Омӯзиши адабиёти бадеӣ аз кӯдакон малакаю маҳорати фикрронӣ ва фаъолияти бо шууронаи зиёдеро талаб менамояд. Омӯзиши адабиёти бадеӣ дар кӯдакони синни томактабӣ мақсаднокӣ, устуворӣ, эҷодкорӣ, мустақилӣ, инсондӯстӣ, интизом ва нутқи образнокро ташаккул медиҳад. А.М. Леушина дар омӯзиши инкишофи нутқи кӯдакон саҳми арзанда гузоштааст. Вай пешнињод кардааст, ки љанбањои тавоної ва љанбањои мусбати нутќи кўдакон ошкор карда, иќтидори пурраи он азхуд карда шавад [4, с. 360].

Дар рафти машғулиятҳои таълимӣ мураббӣ метавонад дар машғулияти “Шиносои бо адабиёти бадеӣ” баҳри мустаҳкамкунии дониши кӯдакон аз рӯи афсонаҳои ролдор кӯдаконро барои нақшофари ҷалб намояд, то ин ки кӯдакони синни томактабӣ бе хасташави машғулияти таълимиро аз худ кунанд. Дар рафти машғулиятҳои амалӣ мо дар мавзуи “Рушди нутқ дар бачагони синни миёнаи томактабӣ” тадқиқот гузарондем. Мо усули зеринро ба кор бурдем: “Ин чист?”. Тадқиқот дар МТТ №25, ш. Хуҷанд гузаронида шуд. Ҳадафи асосии тадқиқот муайян кардани сатҳи инкишофи нутқи кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Мақсади он баҳодиҳии лексикаи ғайрифаъолонаи кӯдакон буд, ки ба мо имкон медиҳад муайян кунем, ки онҳо то чӣ андоза калимаҳоеро, ки дар расмҳо тасвир шудаанд, шинохта ва фаҳмида метавонанд. Ба сифати объектҳо расмҳо истифода мешуданд. Айёният ба панҷ гуруҳ тақсим карда шуд. Ба гурӯҳи аввал калимаҳое дохил мешуданд, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи кӯдакон зуд-зуд вомехӯранд. Масалан, меваҳо (себ, банан, нок ангур, зардолу, шафтолу,олу,анор,), сабзавотҳо (картошка,сабзӣ,пиёз, бодиринг,помидор, карам, шалғам), либос (ҷуроб, кулоҳ, курта, дастпӯшак, шим, шарф,), ҳайвоноти хонагӣ (саг, гурба, гӯсфанд, гов, асп) ва нақлиёт (мошин, трактор, автобус,велосипед) ва ғайра. Ҳар як саволнома дар алоҳидагӣ гузаронида шуд. Кӯдакон барои ҷавоби дуруст 1 хол ва барои ҷавоби нодуруст 0 хол гирифтанд.

Дар асоси натоиҷи ин усул мо муайян кардем, ки аксарияти кӯдакон сатҳи миёнаи луғавии ғайрифаъол (47% аз шумораи умумии интихоб) доранд, ки қобилияти шинохтан ва фаҳмидани калимаҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза нишон медиҳад, 26,7% дарсади кӯдакон дорои сатҳи баланди луғат буданд, ки ин аз қобилияти хуби шинохти ашё шаҳодат медиҳад, 26,7% боқимонда сатҳи паст доштанд, ки ин метавонад дониши маҳдуди объектҳоро дар расмҳо нишон диҳад. Дар асоси тадқиқоти мо, ба хулосае омадем, ки аксарияти кӯдакон сатҳи миёнаи луғат доранд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ки бо ҷаҳони атроф бомуваффақият муошират кунанд ва ниёзҳо ва эҳсосоти худро баён кунанд. Бо вуҷуди ин, баъзе кӯдакон захираи луғавии кам доранд, ки ин зарурати дастгирии иловагӣ ва равиши инфиродиро таъкид мекунад. Барои беҳтар намудани инкишофи нутқи кӯдакон тавсия медиҳем, ки калонсолон ба кӯдакон адабиёти бадеӣ мутолиа намоянд, бо онҳо бештар муошират кунанд. Бояд қайд кард, ки инкишофи нутқ дар давоми кӯдакӣ ва ҳатто дар синни балоғат идома меёбад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ба ин ҷиҳат аз хурдсолӣ тамаркуз карда шавад, то ба кӯдак заминаи мустаҳками забонӣ барои муоширати муваффақ ва худшиносии оянда фароҳам оварад. Нутқи кӯдаконро метавон тадриҷан, тавассути мушоҳидаи мунтазам рушд дод. Натиҷаҳои мушоҳидаро дар ҷадвалҳо пешниҳод карда ва баъдан таҳлили миқдорӣ ва сифатӣ анҷом диҳем. Ҳама мушҳидаҳо бояд сана дошта бошанд. Жанрҳои бадеиро ба қобилияти кӯдак нигоҳ карда омӯзонидан бамавридаст. Маълумоти бадастоварда ба дақиқ кардани ҳадафҳои кори оянда бо кӯдакони синни томактабӣ мусоидат мекунад. Мушоҳидаҳои дарозмуддат ва арзёбии минбаъдаи нутқи кӯдакон ба шумо имкон медиҳанд, ки тағйирот дар нутқи кӯдакони шумо ва самаранокии усулҳои рушди нутқеро, ки шумо интихоб кардаед, қайд кунед.

Хулоса нутқ як падидаи мураккаб ва бисёрҷанбаи ҳаёти инсон аст, ки ҳамзамон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: раванди гуфтугуи байни одамон; раванди иттилоот; восита ва шарти интиқол ва азхудкунии таҷрибаи иҷтимоӣ; муносибати одамон ба якдигар; раванди муоширати одамон бо якдигар; ҳамдардӣ, фаҳмиши мутақобилаи одамон мебошад. Ҳаминро гуфтан ба мавридаст,ки рушди нутқ равандест, ки вақт ва сабрро талаб мекунад. Ҳар як кӯдак бо суръати худ инкишоф меёбад ва хусусиятҳои инфиродии онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Дастгирии волидайн, хешовандон ва мураббияҳо дар рушди бомуваффақияти нутқи кӯдакон нақши ҳалкунанда дорад. Бозиҳо, муошират, мутолиаи китобҳо ва машқҳои гуногун ба ҳавасмандкунии инкишофи нутқ мусоидат мекунанд. Муҳим он аст, ки муҳити мусбӣ ва мусоид фароҳам оварда шавад, ки дар он кӯдак худро боварӣ ва ҳавасмандии омӯзиш ҳис кунад.

Список литературы

  1. Амонов Н.Қ. Асосҳои психологии муоширати педагогӣ. Душанбе, – 2013, 108 с.
  2. Амонов Р. Адабиёт ва бачагон. [Матн]/ Р. Амонов, – Душанбе: Ирфон –1981. – 244 с.
  3. Алимова Г. Психологические аспекты детско-родительских отношений // Человеческий фактор: Социальный психолог. – 2021. – №. 2. – С. 43-48.
  4. Леушина А.М. Развитие связной речи у дошкольника // Хрестоматия по теории и методике развития речи детей дошкольного возраста / Сост. М.М. Алексеева В.И. Яшина. – М.: Академия, 1999 с.
  5. Алексеева М.М., Яшина Б.И. Методика развития речи и обучения родному языку дошкольников. М., 2000.
  6. Абдуқодиров А. Асрори муошират [Матн]/ Абдуқодиров, А.: Хуҷанд. 2011, – 68 с.
  7. Бородич А.М. Методология развития детской речи [Текст]/ Бородич, А.М. Москува: Просвещение, 1981, – 256 с.
  8. Выготский Л.С. Мышление и речь. Изд. 5, испр. – Издательство Лабиринт, М., 1999. – 352 с.
  9. Леушина А.М. Развитие связной речи у дошкольника // Хрестоматия по теории и методике развития речи детей дошкольного возраста / Сост. М.М. Алексеева, В.И. Яшина. – М.: Академия, 1999.
  10. Тихеева Е. И. Развитие речи детей / Е. И. Тихеева. – Москва: Издательство Юрайт, 2023. – 161 с.
  11. Теплов Б.М. Заметки психолога при чтении художественно литературы: Учебное пособие / Б.М. Теплов / Избранные труды: в 2 т. – М.: Учпедгиз, 1950. – Т.2. – С. 306-312.
  12. Ушакова О.С. Гавриш Н.В. Знакомим дошкольников с литературой. М.: Цсфера, 2003.
  13. Ушакова О.С. Программа развития речи детей дошкольного возраста в детском саду. М., 1994 с.
  14. Методы речевого развития детей раннего возраста. [Электронный ресурс] // Детство-гид. URL: http://detstvogid.ru/metodyi-rechevogo-razvitiya-detey-rannego-vozrasta/.html?ysclid=lnbde9t9dr932308594 (дата обращения: 11.05.2026)
  15.  Стародубова Н.А. Теория и методика развития речи дошкольников [Текст] / Н.А. Стародубова. – М., 2007.

Поделиться

2
Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#27 (313)

Прием материалов

27 июня - 3 июля

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

8 июля

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

22 июля