Главная
Конференции
Человек, экономика, культура в эпоху глобальных трансформаций
Рушди салоҳияти иҷтимоии хонандагон тавассути корҳои беруназсинфӣ

Рушди салоҳияти иҷтимоии хонандагон тавассути корҳои беруназсинфӣ

19 октября 2026

Цитирование

Рустамзода Р.. Рушди салоҳияти иҷтимоии хонандагон тавассути корҳои беруназсинфӣ // Человек, экономика, культура в эпоху глобальных трансформаций : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 29 октября 2026г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2026. URL: https://apni.ru/article/16198-rushdi-saloiyati-itimoii-honandagon-tavassuti-koroi-berunazsinf

Аннотация статьи

Дар мақола рушди салоҳиятҳои иҷтимоии шахсияти хонандагон тавассути корҳои беруназсинфӣ таҳлил карда мешавад. Корҳои беруназсинфӣ ҳамчун ҷузъи муҳими раванди таълиму тарбия имкониятҳои васеъро барои фароҳам овардани муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва рушди малакаҳои хонандагон дар самти муошират, ҳамкорӣ, масъулиятшиносӣ, мустақилият, ташаббускорӣ ва худшиносӣ фароҳам меорад.

Текст статьи

Корҳои беруназсинфӣ дар ташаккул ва рушди салоҳияти иҷтимоӣ нақши пешбаранда мебозанд, зеро онҳо иштироки фаъолонаи хонандагонро дар раванди таълим тақвият дода, ҳамкории эҷодии омӯзгорону хонандагонро ташаккул медиҳанд, фазои озод аз баҳодиҳии берунаро фароҳам меоранд, хонандагонро ба ноил шудан ба муваффақият ташвиқ мекунанд, имкони истифодаи шаклҳо, усулҳо ва муҳитҳои гуногуни ташкилиро фароҳам месозанд ва арзишҳои умумибашариро инъикос менамоянд.

Таҳқиқотҳои педагогӣ нишон медиҳанд, ки фаъолияти беруназсинфӣ метавонад барои рушди иҷтимоии хонандагон муҳити мусоид фароҳам оварда, малакаҳои ҳамкорӣ, муошират, қабули қарор ва иштироки гурӯҳиро инкишоф диҳад. Аҳамияти масъала дар он ифода меёбад, ки шахсияти хонанда танҳо дар раванди дарсӣ ташаккул намеёбад. Муносибат бо ҳамсолон, омӯзгорон, аъзои оила ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ низ ба инкишофи шахсият таъсири калон мерасонад. Аз ин рӯ, фаъолияти беруназсинфӣ бояд ҳамчун қисми таркибии низоми ягонаи таълиму тарбия баррасӣ карда шавад.

Ба андешаи пажуҳишгари муосир Богачева Г.Г. корҳои беруназсинфӣ воситаи самараноки ташаккули салоҳияти иҷтимоӣ дар байни хонандагон мебошад; ӯ қайд мекунад, ки чунин фаъолият ба рушди малакаҳои муошират, ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ мусоидат менамояд. Григорев Д.В. таъкид мекунад, ки фаъолияти беруназсинфӣ барои тарбия ва иҷтимоишавии хонандагон шароити муҳим фароҳам меорад, зеро кори дастаҷамъӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки дар самти амали мустақилона ва инчунин муоширату ҳамкорӣ бо дигарон таҷриба андӯзанд. Муҳаққиқи тоҷик Сангинова М.Б. зарурати рушди мақсадноки салоҳияти иҷтимоӣ-фарҳангиро дар шароити махсуси педагогӣ таъкид менамояд. Дар ин замина, корҳои беруназсинфӣ метавонанд ҳамчун муҳити муассир барои ташаккули салоҳияти иҷтимоии хонандагон хизмат кунанд, зеро онҳо имкониятҳоро барои муошират, ҳамкорӣ, ташаббускорӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоӣ фароҳам меоранд.

Салоҳияти иҷтимоӣ яке аз хусусиятҳои муҳими шахсияти муосир ба ҳисоб меравад. Он қобилияти шахсро барои муносибати дуруст бо дигарон, мутобиқ шудан ба вазъиятҳои гуногуни иҷтимоӣ, ҳамкорӣ, муошират, ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва иҷро намудани нақшҳои гуногуни иҷтимоӣ ифода мекунад. Салоҳияти иҷтимоӣ танҳо маҷмӯи донишҳо нест. Он маҷмӯи дониш, малака, муносибат ва таҷрибаи амалии шахс мебошад. Хонанда метавонад қоидаҳои муоширатро назариявӣ донад, аммо агар ӯ дар вазъияти воқеӣ бо ҳамсинфаш ҳамкорӣ карда натавонад, ин дониш ҳанӯз ба салоҳияти воқеии иҷтимоӣ табдил наёфтааст.

Корҳои беруназсинфӣ маҷмӯи чорабиниҳо ва фаъолиятҳое мебошад, ки берун аз доираи дарси муқаррарӣ ташкил карда мешаванд ва барои рушди қобилиятҳо, шавқу ҳавас, муносибатҳои иҷтимоӣ ва сифатҳои шахсии хонандагон равона мегарданд. Ба чунин фаъолиятҳо маҳфилҳо, маҳфилҳои эҷодӣ, мусобиқаҳо, озмунҳо, вохӯриҳо, экскурсияҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, корҳои ҷамъиятӣ, лоиҳаҳои иҷтимоӣ, корҳои ихтиёрӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва дигар шаклҳои фаъолияти хонандагон дохил мешаванд.

Бартарии муҳими фаъолияти беруназсинфӣ дар он аст, ки имкониятҳои интихоби хонанда нисбатан васеъ мебошанд. Дар дарс аксаран мазмун, мақсад ва тартиби фаъолият аз ҷониби омӯзгор муайян карда мешавад. Дар фаъолияти беруназсинфӣ бошад, хонанда метавонад вобаста ба шавқу ҳавас ва қобилияти худ шакли фаъолиятро интихоб намояд. Масалан, хонандае, ки ба санъат шавқ дорад, метавонад дар маҳфили рассомӣ ё театрӣ иштирок кунад. Хонандаи дигар метавонад ба варзиш шавқ дошта бошад. Дигаре метавонад дар лоиҳаи экологӣ ё ҷамъиятӣ иштирок намояд. Ҳамин гуногунрангӣ барои рушди қобилиятҳои инфиродӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Имкониятҳои педагогии фаъолияти беруназсинфӣ хеле гуногун мебошанд. Пеш аз ҳама, он барои ташаккули муҳити мусоиди иҷтимоӣ имконият медиҳад. Дар раванди фаъолияти гурӯҳӣ хонандагон бо ҳамдигар робита барқарор мекунанд, вазифаҳоро тақсим менамоянд, андешаҳои гуногунро муҳокима мекунанд ва барои расидан ба натиҷаи умумӣ кӯшиш менамоянд. Чунин таҷриба барои рушди малакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад.

Муошират яке аз асосҳои фаъолияти иҷтимоии инсон мебошад. Хонанда ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ маҷбур мешавад бо ҳамсолон ва калонсолон муносибат кунад. Масалан, ҳангоми омода намудани чорабинии фарҳангӣ хонандагон бояд нақшҳоро тақсим кунанд, бо ҳам маслиҳат кунанд, фикрҳои худро пешниҳод намоянд ва ба фикри дигарон муносибати эҳтиромона дошта бошанд. Фаъолияти гуруҳӣ яке аз воситаҳои самараноки ташаккули ҳамкорӣ мебошад. Ҳангоми иҷрои як вазифаи умумӣ хонанда мефаҳмад, ки натиҷаи ниҳоӣ аз саҳми ҳар як иштирокчӣ вобаста аст.

Яке аз вазифаҳои муҳими тарбия омода намудани шахс барои фаъолияти мустақилона мебошад. Фаъолияти беруназсинфӣ метавонад барои ин шароити мусоид фароҳам созад. Агар омӯзгор тамоми фаъолияти хонандагонро пурра назорат кунад, имконияти ташаккули мустақилият маҳдуд мешавад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд ба хонандагон имконият диҳад, ки онҳо қисме аз қарорҳоро мустақилона қабул кунанд. Вақте ки хонанда вазифаи мушаххас мегирад, ӯ бояд иҷрои онро то охир ба анҷом расонад. Масалан, ҳангоми гузаронидани чорабинии мактабӣ як хонанда барои ороиши толор, дигаре барои омода намудани барнома, сеюмӣ барои муаррифӣ ва дигарон барои корҳои ташкилӣ масъул мешаванд.

Фаъолияти эҷодӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти беруназсинфӣ мебошад. Эҷодкорӣ ба хонанда имконият медиҳад, ки қобилиятҳои инфиродии худро нишон диҳад ва роҳи шахсии ифодаи фикру эҳсосоти худро пайдо кунад. Маҳфилҳои рассомӣ, мусиқӣ, театрӣ, адабӣ, техникӣ ва дигар намудҳои фаъолияти эҷодӣ метавонанд ба ташаккули эътимод ба худ мусоидат намоянд. Дар ҷараёни чунин фаъолият хонанда танҳо маҳсулоти эҷодӣ намесозад, балки меомӯзад, ки чӣ гуна идеяи худро ба дигарон пешниҳод кунад, ба танқид муносибати дуруст дошта бошад ва натиҷаи фаъолияти худро таҳлил намояд. Махсусан барои хонандагони дорои қобилиятҳои гуногун фароҳам овардани имкониятҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ муҳим аст. Зеро на ҳамаи хонандагон метавонанд дар фаъолияти таълимии анъанавӣ қобилиятҳои худро пурра нишон диҳанд.

Яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти беруназсинфӣ худидоракунии хонандагон мебошад. Иштирок дар фаъолияти худидоракунӣ метавонад ба хонанда таҷрибаи воқеии қабули қарор, банақшагирӣ ва масъулиятро диҳад. Масалан, дар синф ё мактаб метавон гурӯҳҳои масъул барои фарҳанг, варзиш, китобхонӣ, муҳити зист, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳо ташкил намуд. Дар чунин ҳолат хонандагон танҳо иштирокчии чорабинӣ нестанд, балки ташкилкунанда ва масъули як қисми он мебошанд. Ин шакли фаъолият барои рушди сифатҳои роҳбарӣ низ имконият фароҳам меорад. Аммо роҳбарӣ набояд ҳамчун ҳукмронӣ бар дигарон фаҳмида шавад. Роҳбари воқеӣ бояд қобилияти гӯш кардан, ҳамкорӣ кардан, масъулият гирифтан ва ба дигарон имконият доданро дошта бошад. Рушди иҷтимоии хонанда бе ташаккули арзишҳои ахлоқӣ имконнопазир аст. Эҳтиром ба дигарон, адолат, масъулият, меҳрубонӣ, ҳамдардӣ ва эҳтироми меҳнат бояд дар фаъолияти воқеии хонанда таҷассум ёбанд. Масалан, агар мактаб чорабинии хайриявӣ ташкил кунад, муҳим аст, ки хонандагон танҳо иштирокчии расмӣ набошанд. Онҳо бояд мақсади чорабиниро дарк кунанд, нақши худро муайян намоянд ва натиҷаи фаъолияти худро бубинанд. Ташаккули шахсияти иҷтимоӣ танҳо дар доираи мактаб сурат намегирад. Оила низ дар ин раванд нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҳамкории муассисаи таълимӣ бо падару модарон бояд хусусияти мунтазам дошта бошад.

Ҳамин тавр, фаъолияти беруназсинфӣ яке аз воситаҳои муҳими педагогии ташаккули салоҳиятҳои иҷтимоӣ ва рушди шахсияти хонандагон мебошад. Фаъолияти беруназсинфӣ танҳо дар ҳолате самаранок мегардад, ки он ба таври мақсаднок, мунтазам ва бо дарназардошти хусусиятҳои инфиродию синнусолии хонандагон ташкил карда шавад.

Список литературы

  1. Богачева Г.Г. Внеурочная деятельность как средство формирования социальной компетентности учащихся // Актуальные задачи педагогики: материалы V Международной научной конференции. – 2014.
  2. Григорьев Д.В., Степанов П.В. Внеурочная деятельность школьников. Методический конструктор: пособие для учителя. – 2-е изд. – Москва: Просвещение, 2011. – 223 с.
  3. Опарина Е.В. Формирование социальных навыков школьников во внеурочной проектной деятельности в разновозрастных группах // Педагогика. Вопросы теории и практики. – 2018. 
  4. Сластенин В.А., Исаев, И.Ф., Шиянов, Е.Н. Педагогика: учебник для студентов образовательных учреждений среднего профессионального образования, обучающихся по педагогическим специальностям. – 6-е изд., стер. – Москва: Академия, 2013. – 490 с.
  5. Прямикова Е.В. Социальная компетентность школьников: смыслы и практики / Социально-политический журнал. – 2009. – №7. – С. 126-132.
  6. Сангинова М.Б. Реализация системы формирования социокультурной компетентности у будущего учителя // Вестник Национального университета. – Душанбе, 2011. – № 1 (61). – С. 134-140.

Поделиться

1
Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#43 (329)

Прием материалов

17 октября - 23 октября

осталось 4 дня

Размещение PDF-версии журнала

28 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

11 ноября