Адабиёти даврони ҷадидия ҳанӯз аз солҳои 40-уми асри ХХ, яъне аз замони донишљўї, диққати адабиётшинос ва мунаќќид Соҳиб Табаровро ба худ ҷалб карда буд. Бо эҳсосу андешаи он ки пас аз таълими адабиёти даврони аввали маорифпарварӣ риштаи пайвасти даврањои адабиёти тољик гусаста шудааст, ин устоди мактаби олї баъдҳо масъалагузорӣ намуд, ки давраи дувуми ҷараёни маорифпарварӣ ё худ ањди ҷадидия ба тадриҷ ва муназзам пажӯҳиш, инчунин, барои мутахассисон, донишҷӯёни соҳаи филология омӯзонда шавад. Бо вуҷуди он ки сиёсати давлати Шуравӣ пажӯҳишу тадриси васеи онро монеъ мегардид, ӯ тавонист, ки дар муаррифии адабиёти ҷадидия, шахсиятҳои машҳури он зимни таълифи “Адабиёти муосири советї” (1984) саҳм бигирад.
С. Табаров ин давраи адабиётро, аз ҷумла, бе омӯзиши рӯзгору эҷодиёти Айнї, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Беҳбудӣ, Фитрат номукаммал ва номумкин меҳисобид. Ў чунин аќида дошт, ки танњо дар сурати омӯзишу пажӯҳиши дурусту мунсифона таърихи аслии адабиёти давраи мазкури тоҷикро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Аз љумла, яке аз адибони ањди љадидияи тољик, ки таваљљуњи Соњиб Табаровро хеле љиддї ба худ љалб кардааст, Абдуррауфи Фитрат (1886-1938) мебошад.
Абдуррауфи Фитрат, ки дар мадрасаи Мири Араби Бухоро ва солҳои 1910–1914 дар мадрасаи “Воизия”-и Истанбул таҳсил кардааст, “аз саромадон ва бунёдгузорони адабиёти нави љадидаи тољик дар ибтидои асри ХХ ба шумор меравад” [9, с. 288]. Аксар асарҳои насрию назмии Фитрат , аз љумла, “Мунозира”, “Баёноти Сайёҳи ҳиндӣ”, “Сайҳа”, “Мавлуди шариф ё худ Миръоти хайр-ул-башар”, “Мухтасари таърихи ислом”, “Оила ё худ вазоифи хонадорӣ”, “Раҳбари наҷот” намунаи асарҳои давраи аввали эљодиёти адиб ба шумор мераванд.
Оид ба рӯзгор ва фаъолияти эҷодии Фитрат муҳаққиқони соҳа С. Айнӣ, Р. Ҳодизода, Н. У. Ғаффоров, Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода, Ш. Ниёзӣ, Х. Отахонова, М. Шукуров, М. Имомзода, А. Сайфуллоев, О. Каримов, П. Гулмуродзода, А. Маҳмадаминов, М. Ҷалилова, М. Раҷабӣ ва дигарон назари худро баён доштаанд. Албатта, вобаста ба талаботи замон, сиёсати давр назарҳо якхела нестанд.
Намунаи ашъори ӯ дар “Тазкират-уш-шуаро”-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам ва “Намунаи адабиёти тоҷик”-и С. Айнӣ ҷой дода шудаанд. Дар “Тазкори ашъор” ном асараш Садри Зиё оид ба маҳорати адабӣ ва шахсияти Фитрат маълумот додааст. “Тавофи Ватан” маҷмуаи ашъори ӯ мебошад, ки бо саъю кӯшиш ва пешгуфтори муфассали муњаќќиќон М. Имомов ва М. Абдуллоев ба табъ расидааст. Тањиягарон менависанд: “Кори савоби Фитрат барои халќи тољик пеш аз њама осори адабї ва публитсистии ба забюони тољикї таълиф намудаи ў мебошад” [2, с. 5].
Инчунин, профессор А. Маҳмадаминов бо сарсухан, таҳия, танзим, тавзеҳ, шарҳи луғат ва феҳраст асари “Раҳбари наҷот”-и Фитратро чоп намуд. Тањиягар асарњои давраи аввали эљодиёти Фитратро номбар карда, чунин андеша меронад: “Њар яке аз асарњои зикршуда воќеан аз нигоњи фарогирии мавзуъ ва муаммоњои муњимми њаётї, арзишмандии мундариљаи ѓоявї ва барљастагиву волоияти мањорати нависандагї идома ва такмили якдигар буда, бо љаззобияту таъсирбахшии ба худ хос ќалбу шуури хонандаро тасхиру мафтун месозад” [3, с. 6]. Пештар аз ӯ ин асарро М. Ҷалилова таҳия ва дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба табъ расонда буд. Дигар асарҳои ӯ, аз қабили “Оила”, “Баёноти сайёҳи ҳиндӣ”, “Мунозара”-ро П. Гулмуродзода таҳия ва нашр кардааст.
Умуман, шуруъ аз соли 1979 баробари “Шўриши Восеъ. Фирдавсӣ”-и Фитрат дигар асарҳои ӯ низ дар Тоҷикистон таҳия ва нашр шудаанд. Дар замони истиқлолияти кишвар муњаќќиќ Соҳиб Табаров қариб тамоми асарҳои ин адиб, олим, маорифпарварро мавриди пажӯҳишу баррасӣ қарор додааст.
Нигоҳи Соҳиб Табаров ба осори насрии давраи аввали эҷодиёти Фитрат басо фарогир ва серпаҳлу мебошад. Соҳиб Табаров Фитратро ба хонанда беҳтару бештар шинос мекунад ва асарҳояшро шарҳу тавзеҳ дода, моҳияти онҳоро дар он рӯзгор ва имрӯз баён медорад. “Устод Соњиб Табаров, – ќайд кардааст академик Абдуљаббор Рањмонзода, – ба тањќиќи осори Абдуррауф Фитрат њусни таваљљуњ зоњир карда кўшиш намудаанд, ки пањлуњои норўшани њаёт ва эљодиёти ин адиби файласуфро баррасї гардонанд ва ба хонандаи имрўза ва ояндаи тољик аз сањифањои мураккаби аввали садаи ХХ њикоят кунанд” [4, с. 10].
С. Табаров бо такя ба мулоҳизаи устод Айнӣ (“ранги адабиёти нав гирифтани забони тоҷикӣ дар наср аз Абдуррауфи Фитрат оғоз меёбад” [1, с. 54]), ба таҳлилу таҳқиқи асарҳои илмиву адабии Фитрат ва шахсияти адиб рӯ меорад. Албатта, муҳаққиқ метавонист ин корро барвақттар шуруъ кунад, аммо сохти идеологии ҷомеаи шуравӣ ба ин монеъ гашта буд. Таҳқиқоти С.Табаров асосан оид ба асарҳои то соли 1915 эҷодшудаи Фитрат мебошанд. Жанри асарҳои дар ин давра эҷоднамудаи адибро, ба ғайр аз асари “Васфи Ватан дар ашъори Фитрат” муҳаққиқ эссеи илмӣ-таҳқиқотӣ ном бурдааст.
Нахустин эссеи тадқиқотии муҳаққиқ “Мунозира”-и Абдуррауфи Фитрат мебошад, ки онро солҳои 1990-1992 навиштааст. Соҳиб Табаров нахуст дар бораи зиндагинома ва эҷоду арзиши асарҳои адиб маълумот медиҳад. Ба андешаи ӯ, бе омӯхтани тарҷумаи ҳоли адиб ҳама гуна таҳқиқоту тадқиқот дар илми адабиётшиносӣ нопурра ва дар бисёр ҳолат нодуруст мебошад.
Ба таври пурра нахустин асари бадеии Фитрат “Мунозираи мударриси бухороӣ бо як нафар фарангӣ дар Ҳиндустон дар бораи макотиби ҷадидия” номгузорӣ шуда буд. Соли 1910 ин асар бо роҳи пинҳонӣ ба Бухоро ворид шуда, дар байни аҳолӣ паҳн гардидааст. Дар натиҷаи ин баҳс ё мунозира мударриси бухороӣ мулзам мегардад. Фитрат бо ин гуна ҷамъбаст ғояи бартарии иҷтимоии падидаи ҷадидро нисбат ба тафаккури иртиҷоии қадим талқин мекунад.
Худи Фитрат дар муқаддимаи асараш бо муроҷиат ба ҳамватанонаш сабаби бадбахтии мардум ва қафомондагии Аморати Бухороро чунин ба қалам додааст: “Ҳамватанони азизам, миллати наҷибаи Бухороро пӯшида нахоҳад буд, ки муддатест ихтилофи ҷадид ва қадим, ки манбааш ба ҷуз иштибоҳкорӣ ва фасодангезии баъзе хоинони миллат чизи дигаре нест, ватани муқаддаси моро фаро гирифта, ҷомеаи муттаҳидаи аҳолиро ба унвони ҷадид ва қадим ду фирқа ва ҳар кадомро нохушнудии он дигар намуда" [8, с. 7]. Ҳамин тавр, амали ҷадидон, маорифпарварони он давр барои пешрафти маориф, омӯзиши илмҳои замон ва тараққии кишвар буд. “Дар маркази ғоявию бадеии қиссаи “Мунозира”, – менависад Соҳиб Табаров, – ва тамоми мубоҳисаҳои фарангӣ ва мударрис ҳамаи ихтилофоти асосии ҷадид ва қадим мувофиқи фаҳмиши ғоявӣ ва сиёсиву иҷтимоии ҳаммаслакони Фитрат буд” [6, с. 15].
Соҳиб Табаров эссеи тадқиқотии дигарашро бо номи “Баёноти Сайёҳи ҳиндӣ”-и Абдуррауфи Фитрат” низ бо истинод аз суханони Садриддин Айнӣ оғоз мекунад: “Абдуррауфи Фитрат адибест, ки дар мактаби таҷаддуд ва инқилоб тарбия ёфтааст” [1, с. 307]. Ин нукта бозгӯи он аст, ки Фитрат дар аввал яке аз саркардагон ва фаъолони ҳаракати ҷадидия буда, дар адабиёти давраи нави тоҷик ҳисса гузоштааст.
Соҳиб Табаров бо таҳқиқу тадқиқ ва ташреҳу тавзеҳи асари дувуми Фитрат – “Баёноти Сайёҳи ҳиндӣ” такмили мундариҷавӣ ва ғоявии насри адибро таъкид мекунад. Ин асар дар баробари ислоҳоти мактабу маориф, масъалаи тарбияи ахлоқиро дар замони ҳукмронии аморати Бухоро ба миён мегузорад ва роҳи ислоҳи онҳоро нишон медиҳад. Адиб ин андешаро низ баён мекунад, ки халқҳои Мовароуннаҳр, хосса Бухоро, на танҳо аз мамолики мутамаддини Аврупо қафо мебошанд, балки аз халқҳои Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои мустамликавии Осиё низ дар тамоми соҳаҳо дар сатҳи поён қарор доранд. Ба андешаи С. Табаров, ин асари Фитрат бисёр дардҳои мардуму кишвари Бухороро ташреҳ мекунад.
С. Табаров бо шарҳи “азизон”-и мактабнадида ва аз қонунҳои ҳукуматдорӣ ва одобу русуми маъмурӣ дур хулосаи Фитратро аз асараш иқтибос мекунад: “Миллат чӣ сон тараққӣ мекунад, мамлакат чӣ гуна маъмур мегардад, хизонаи давлат чӣ тавр обод мешавад, аз хотирашон нагузашта, вазифаи як ҳокими биннасаб ба раият чист, ҳуқуқи раият ба ҳоким кадом аст, абадан нашунидаанд” [6, с. 92].
Дар ин навишта ва ташреҳи Соҳиб Табаров мақсаду мароми ҷадидон, маорифпарварони насли дувум, озодихоҳон ифода ёфтааст. Дар ин гуна мавридҳо муҳаққиқ руҷуи таърихӣ мекунад ва сабабҳои таъсису фаъолияти ин ҳаракату ҷараёнҳоро баён медорад, ки ин ба фаҳмиши дурусту амиқи асар мусоидат мекунад.
Танқиду мазаммати Фитрат аз уламои Бухоро яке аз масъалаҳои асосист, ки онро адиб ошкоро, бо ҷасорати том изҳор медорад. Уламои Бухоро на танҳо шогирдони худро аз корҳои шанеъ манъ намекунанд, балки худашон ба ин амалҳо даст мезананд ва аз оқибати бади онҳо намеандешанд.
Умуман, дар “Баёноти Сайёҳи ҳиндӣ” тамоми мушкилоти соҳаҳои гуногуни Бухоро баён мегардад ва ин дар навиштаҳои Соҳиб Табаров ҳамаҷониба шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Муҳаққиқ дар зимни таҳлили асар менависад, ки “бо сабаби харобии маданияти ақливу илмӣ ва пастии фаросату хиради аксари ҳокимону амалдорон, умаро дар Бухорои амирӣ њодисањои ќафо мондан ва футур рафтан садчанд зиёд будаанд” [6, с. 122].
С. Табаров “Баёноти Сайёҳи ҳиндӣ”-ро асари моҳияти инқилобидошта унвон мекунад. Он дар инқилоби фикрии авом ва ҷавонон таъсири мусбат мегузорад. Муҳаққиқ бо таҳлили асар масъалаҳои мавҷуди ҳаракати ҷадидияро бо моҳияти иљтимоияшон ба миён гузошта, дар фаҳмишу дарки онҳо ба хонандаи замони мо саҳми арзанда мегирад.
“Раҳбари наҷот”-и Абдуррауфи Фитрат – қомуси ҳаёт”-и Соҳиб Табаров асари нисбатан калон ва фарогири зиндагиву фаъолияти Фитрат, андешаву мулоҳизаи ӯ, инчунин, баёну тарғиби илмҳои замон барои шинохтани ҳақиқати зиндагӣ, сабабҳои қафомондагии Ватани нависанда – Бухорову мардуми Мовароуннаҳр мебошад. Ба андешаи муҳаққиқ, ин рисола “ҳамчун маромнома ва ҷамъбасти тақрибан тамоми муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, илмӣ, маданӣ, педагогӣ, ахлоқӣ, динӣ ва дигар соҳаҳои зиндагии мардуми тоҷик ҳисоб меёбад” [6, с. 201].
Муҳаққиқ ҳар мавзуи асарро ба тартиби муайян, тавре ки дар “Раҳбари наҷот” омадааст, тадқиқу таҳлил карда шарҳу тавзеҳ медиҳад. Он дар сурати мазкур, яъне бо овардани далелҳои муътамад, фактҳои таърихӣ, илмӣ, ки ҳам эътимодбахшанд, ба хонанда дар фаҳмиши дурусту васеи асар ёрӣ мерасонад.
Дар ин асараш низ Фитрат масъалаи ду давраи таърихии Бухоро – қадиму ҷадидро ҳамчун маорифпарвар ба миён мегузорад. Дар зимни таҳлилу баррасӣ сабабҳои пешрафти Бухорои қадим ва қафомондагии Бухорои навинро баён медорад. Ба зоҳир, агарчи сухан дар бораи фарогирии илмҳои замон ва моҳияти онҳо меравад, дар асл Фитрат ба ин васила сохти амирӣ, амирони манғит, баёни зулму истибдоди онҳо, дар фақру бемаърифатӣ гузоштани мардумро мавриди танќид ќарор медињад. Фитрат замони ҳукмронии амирони манғитро замони қафомондатарини аморати Бухоро медонад. Ба шарҳу тавзеҳи ин нукта муҳаққиқ ин давронро бо такя ба асари “Наводир-ул-воқеъ”-и Аҳмади Дониш, “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Шамсиддин Шоҳин, “Туҳафи аҳли Бухоро”-и мирзо Сироҷи Ҳаким, асарҳои Садриддин Айнӣ ва дигар сарчашмаҳову маъхазҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ мавриди таҳлилу тавзеҳу баррасӣ қарор медиҳад.
Муҳаққиқ, инчунин, менависад, ки Фитрат яке аз сарварони ҳаракати ҷадидия дар ин сарзамин, яъне Бухоро буд, агарчи ӯ дар мадрасаи “Воизия”-и Истанбул таҳсил мекард ва се асарашро дар ин макон эҷод кардааст, сарчашмаи асарҳои мазкур шаҳри Бухоро ва гирду атрофи он мебошад. Дар аксар мақолаҳо чопи “Мунозира”-ро 1909 навиштаанд. Соҳиб Табаров соли 1910 ба Истанбул сафар кардани Фитратро таъкид карда, соли чопи “Мунозира”-ро низ 1910 медонад ва басо мантиқан дуруст тахмин мекунад: “Сабаби бо чунин зудӣ чоп гардидани “Мунозира”-ро ба он алоқаманд кардан мумкин аст, ки Фитрат матни онро пештар ё ҳамроҳи ягон толибилми бухороӣ, ё ба воситаи эмиссарҳои (фиристодагон) махфии комитети пантуркистии “Иттиҳод ва тараққӣ” ва ё бо ягон роҳи дигар ба Истанбул расонда ва ё ирсол намудааст, ки он дар ҳамон соли дохил шуданаш ба мадрасаи олии динии “Воизия” дар матбааи исломияи “Ҳикмат” дар ҳаҷми 64 саҳифа аз тарафи худаш, бо хароҷоти шахсияш бо забони форсӣ (тоҷикӣ) дарҷ гардидааст” [5, с. 28].
Муҳаққиқ Соҳиб Табаров асарҳои бо забони модарӣ таълифкардаи Фитрат, аз ҷумла, “Мунозира”, “Сайёњи њиндї” ва “Рањбари наљот”-ро дар як қатор бо романи маорифпарвари машҳури Эрон Зайнулобидини Мароғаӣ – “Саёҳати Иброҳимбек” дониста, дар муддати кутоҳ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва туркии озарӣ тарҷума ва чоп гардидани онњоро таъкид мекунад.
Фитрат аз соли 1910, баъди ёздаҳ соли таҳсил дар Бухоро, дар синни 25-солагї барои давом додани илмомўзї ба Туркия сафар карда, дар Истанбул, дар мадрасаи олии динии “Воизия” ба таҳсил машғул мешавад. Савияи баланди донишҳои гуногун ва забондонии (забонҳои арабӣ, ӯзбекӣ, туркӣ, тоторӣ, озарӣ, русиро медонист) Фитрат “доираи назари намояндагони ҷамъияти пантуркистии “Иттиҳод ва тараққӣ”-ро ба худ љалб кард ва ин ҷамъият тавонист, ки Фитрат ва чанде дигар аз намояндагони адабиёти ҷадидияи тоҷикро ба доираи тасарруфи худ дароранд. Мулоҳизаҳои поёни Соҳиб Табаров оид ба Фитрат њаќиќати маҳз аст: “Гарчанде оғози фаъолияти адабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва педагогии Фитрат дар Бухоро бо ҳаракати ҷадидӣ, амалиёти маорифпарварӣ ва озодфикрӣ, пеш аз ҳама, баҳри мардуми ҳаммилату ҳамзабони худ – тоҷикони Осиёи Миёна ва Аморати Бухоро алоқаманд гардида бошад, пас аз таҳсилаш дар мадрасаи олии динии “Воизия” ва шиносоияш бо ғояҳои пантуркистӣ ва панисломӣ дар фикру ақида ва ҷаҳонбиниаш табаддулоти азиме ба вуҷуд омад ва рафта-рафта ӯро дар Осиёи Миёна яке аз сарварони пантуркизм эътироф намуданд” [7, c. 75].
Фитрат соли 1914 ба Бухоро баргашт ва то соли 1916 боз ду китоби дигари ӯ бо номҳои “Раҳбари наҷот” ва “Оила ва вазоифи хонадорӣ” ба забони модариаш рӯи чоп омаданд. Вале аз солҳои 1916-1917 ӯ аз адабиёти тоҷик қатъиян даст кашида, бо ташвиқи Файзулло Хоҷа ба адабиёти ӯзбек пайваст ва дар муддати 10 сол бо ғояи сиёсии пантуркистӣ ва ӯзбекпарастӣ ба муқобили миллати худ овоз баланд кард [10, с. 191]. Аз нимаи дуюми солҳои бистуми асри ХХ боз иштиёқи ба адабиёти адабиёти тоҷик баргаштан намуд, вале дигар халқи тоҷик ӯро эътироф накард.
Абдуррауфи Фитрат чун маорифпарвар ва яке аз сарварони ҳаракати ҷадидия дар бедории афкори мардум махсусан бо насри ҷавобгӯи талаботи давр саҳми арзанда гирифтааст. Муҳаққиқон оғози адабиёти навинро бо Фитрат ва нахустин қиссаи ӯ – “Мунозира” нисбат додаанд. Дар адабиёти давраи нави тоҷик Фитрат насри реалистиро асос гузошт. Инчунин, идомабахши анъанаҳои адабиёти пешин буд.
Пас аз он ки Фитратро 4 октябри соли 1938 ҳукми қатл медиҳанд ва ҳамон рӯз онро ба иҷро мерасонанд, мутолиа ва нашри осори ӯ мамнуъ мегардад. Соли 1957 Абдуррауфи Фитрат сафед мешавад. Бо вуҷуди ин, бар асари идеологияи давр, баҳои нодуруст додан ба ҳаракати ҷадидия, ҷамъияти ҷавонбухориён, омӯзишу тарғиби намояндагони аршади онро расман намепазируфтанд ва омӯзишу таҳқиқи асарҳои Фитрат ривоҷу густариш наёфт.
Воқеан, асарҳои давраи аввали эљодиёти Фитрат дар бедории афкори миллӣ саҳми арзанда гирифтанду мегиранд. Инчунин, онњо дар тарбияи ахлоқӣ, шинохти ҳақиқати як давраи басо муњимми таърихи халќи тољик таъсири мусбат гузоштаанду мегузоранд. Ҳамин аст, ки Соҳиб Табаров яке аз асарҳои пурарзиши ин адиб – “Раҳбари наҷот”-ро қомуси ҳаёт хондааст ва мунаќќид њалли баъзе масъалаҳои арзишманди омӯзиши зиндагинома ва осори ин адибро ба фитратшиносони оянда вогузор намуда, дар ин зимн таъкид менамояд, ки муњаќќиќони оянда бештар ба кадом ҷиҳатҳо аҳамияти махсус бидиҳанд. Умуман, омўзиш ва таҳқиқоти Соҳиб Табаров оид ба њаёт ва фаъолияти эҷодии Фитрат, махсусан насри давраи аввали эљодиёти нависанда, басо фарогир ва густурда буда, хонандаи мутахассисро ба роњи эљодї ва калавишњои сиёсии адиб шинос мекунад ва бо њамин муњаќќиќ дар тањќиќу баррасии як давраи камомўхтаи адабиёти муосири тољик – адатиёти љадидияи тољик сањми муносиб мегирад.

.png&w=640&q=75)