Муқаддима
Фразеология яке аз соҳаҳои муҳимми забоншиносӣ ба шумор рафта, дар омӯзиши хусусиятҳои маъноӣ, сохторӣ ва услубии забон мавқеи махсус дорад. Воҳидҳои фразеологӣ дар натиҷаи таҷрибаи тӯлонии ҳаёти иҷтимоӣ, мушоҳидаҳои рӯзмарра, муносибатҳои байни одамон ва тафаккури образноки халқ ташаккул ёфтаанд. Онҳо на танҳо воситаи ифодаи фикр, балки инъикосгари ҷаҳонбинӣ, анъана, урфу одат ва арзишҳои фарҳангии ҷомеа мебошанд. Дар низоми воҳидҳои фразеологии забони тоҷикӣ унсурҳои гуногуни луғавию грамматикӣ иштирок мекунанд. Яке аз чунин унсурҳо шумора мебошад, ки дар таркиби ибораҳои рехта вазифаи хоси маъноӣ ва образӣ пайдо мекунад. Шумора дар забон пеш аз ҳама миқдор ва тартиби предмету ҳодисаҳоро ифода менамояд. Аммо дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ вазифаи он аз доираи маънои аслии миқдор берун рафта, ба ташаккули маъноҳои маҷозӣ, рамзӣ ва арзёбӣ мусоидат мекунад. Масалан, дар ибораҳои «аз як даст садо намебарояд», «як мавизро чил кас хӯрдааст», «ба як мард чил ҳунар кам аст», «як дари баста, сад дари кушода» ва «якпула гап нею садпула ғавғо» шумораҳо танҳо миқдори ашё ё шахсонро нишон намедиҳанд. Онҳо барои ифодаи маъноҳои ҳамкорӣ, каму зиёдӣ, фаровонӣ, муқобилгузорӣ ва муболиға хизмат мекунанд. Мақсади асосии мақола муайян намудани хусусиятҳои сохторию маъноии воҳидҳои фразеологие мебошад, ки дар таркиби онҳо шумора ҳамчун ҷузъи таркибӣ истифода шудааст. Барои расидан ба ин мақсад вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд: муайян намудани нақши шумора дар ташаккули маънои маҷозӣ; таҳлили вазифаҳои маъноии шумора дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ; гурӯҳбандии ибораҳо аз рӯйи хусусиятҳои маъноӣ; ошкор намудани имкониятҳои образофарии шумора дар забони тоҷикӣ.
Шумора яке аз ҳиссаҳои мустақили нутқ буда, миқдор ва тартиби предмету ашёро ифода мекунад. Дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ бошад, он метавонад хусусияти маъноии нав пайдо намояд. Дар чунин ҳолат шумора на танҳо нишондиҳандаи миқдор, балки унсури муҳимми ташаккули маънои умумии ибора мегардад. Мушоҳидаи маводи таҳқиқ нишон медиҳад, ки дар воҳидҳои фразеологии интихобшуда шумораҳои «як», «ду», «чил», «сад», «ҳазор» ва шаклҳои дигари миқдорӣ истифода шудаанд. Дар байни онҳо шумораи «як» аз ҷиҳати басомади истифода мавқеи назаррас дорад. Ин ҳолатро бо имконияти васеи маъноии он шарҳ додан мумкин аст. Масалан, дар ибораи «Одам як бор ба дунё меояд» шумораи «як» хусусияти ягонагӣ ва нотакрории ҳаётро таъкид мекунад. Маънои умумии ибора аз мафҳуми миқдорӣ фаротар рафта, баёнгари зарурати далерӣ ва тарс надоштан дар роҳи расидан ба мақсад мебошад. Дар ибораи «Кӯр асояшро як бор гум мекунад» шумораи «як» маънои такрорнопазирӣ ва таҷрибаи ҳодисаи нохушро ифода мекунад. Дар ин ҷо он ба ташаккули маънои ҳушдордиҳанда мусоидат менамояд. Ҳамин гуна хусусиятро дар воҳиди фразеологии «Як бор ҷастӣ, малахак, ду бор ҷастӣ, малахак, охир ба дастӣ, малахак» низ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин ибора пайдарпайии шумораҳои «як» ва «ду» раванди такрори рафтори ношоистаро нишон дода, ба маънои ниҳоии ногузирии ҷазо замина мегузорад. Аз ин рӯ, шумора дар сохтори воҳидҳои фразеологӣ метавонад ҳам маънои миқдорӣ ва ҳам маънои арзёбӣ, ҳушдор ва хулосабарориро ифода намояд. Шумораҳои «як» ва «ду» дар маводи таҳқиқ бештар ба маъноҳои ягонагӣ, муқоиса, муқобилгузорӣ, такрор ва маҳдудияти имконият алоқаманд мебошанд.
Дар ибораи «Ду понздаҳ – як сӣ» муносибати баробарӣ ва яксонӣ ифода гардидааст. Маънои ибора ба набудани фарқият миёни ду ҳолат ишора мекунад. Дар ин маврид шумораҳо барои сохтани муқоисаи миқдорӣ истифода шуда, дар маҷмӯъ маънои баробарӣ ва якрангиро ба вуҷуд меоранд. Дар воҳиди фразеологии «Бо як гул баҳор намешавад» шумораи «як» маҳдудияти имкониятро нишон медиҳад. Маънои умумии ибора ба он ишора мекунад, ки як амали мусбат ё як шахси нек наметавонад далели мусбат будани тамоми ҷомеа бошад. Ибораи «Аз як даст садо намебарояд» бошад, яке аз намунаҳои равшани истифодаи шумора дар ифодаи муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ин ҷо муқобилгузории «як» ва «сад» барои нишон додани зарурати ҳамкорӣ ва муттаҳидӣ хизмат мекунад. Маънои умумии он чунин аст, ки фаъолияти самарабахш бе ҳамкории тарафҳо ба даст намеояд. Дар ибораи «Як каллаю сад хаёл» шумораи «як» бо «сад» дар муносибати муқобил гузошта шуда, сершумории андеша ва фикрҳои инсонро ифода менамояд. Ҳамин гуна хусусиятро дар ибораи «Як каллаю ду гӯш, хона бар дӯш» низ дидан мумкин аст, ки ҳолати зиндагии шахси танҳо ва мустақилро ба таври образнок нишон медиҳад.
Дар воҳиди «Гап ҳам якта, Худо ҳам якта» шумораи «як» маънои қатъият, ягонагии қавл ва устувории ваъдаро ифода мекунад. Дар ин ҷо ҷузъи шумора барои тақвияти маънои ахлоқии ибора истифода шудааст.
Хулоса
Ҳамин тариқ, шумораҳои «як» ва «ду» дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ вазифаҳои гуногун дошта, дар ташаккули маъноҳои ягонагӣ, муқоиса, маҳдудият, такрор ва устуворӣ саҳм мегузоранд. Маводи таҳқиқ собит менамояд, ки шумораҳои «як», «ду» дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ хусусиятҳои гуногуни маъноӣ пайдо мекунанд. Шумораи «як» бештар барои ифодаи ягонагӣ, маҳдудият ва нотакрорӣ, мебахшад, барои нишон додани фаровонӣ, муболиға ва дараҷаи баланди аломат истифода мешаванд. Дар баъзе ибораҳо муқобилгузории шумораҳо барои ташаккули маънои нав ва тақвияти таъсири услубӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, муайян гардид, ки воҳидҳои фразеологии дорои ҷузъи шумора таҷрибаи иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва хусусиятҳои тафаккури миллии тоҷиконро инъикос менамоянд. Онҳо дар шакли кӯтоҳ, образнок ва таъсирбахш муносибатҳои инсонӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва хулосаҳои иҷтимоии халқро таҷассум мекунанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷузъи шумора дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ барои муайян намудани имкониятҳои маъноофарии ҳиссаҳои нутқ, ошкор сохтани хусусиятҳои миллӣ-маъноии фразеология ва амиқтар дарк намудани робитаи забон бо тафаккури халқ аҳаммияти назариявию амалӣ дорад.

.png&w=640&q=75)