Главная
АИ #11 (90)
Статьи журнала АИ #11 (90)
Сравнение прилагательных «Истории Байхаки» с современными таджикскими диалектами

Сравнение прилагательных «Истории Байхаки» с современными таджикскими диалектами

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

прилагательное
простые
производные и сложные прилагательные
современные таджикские диалекты

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос сопоставления прилагательных из «Истории Байхаки» с современными таджикскими диалектами. Подчеркнуто, что ряд прилагательных «Истории Байхаки» полностью сохранился в своем употреблении и значении до настоящего времени.

Текст статьи

Муқоисаи забони “Таърихи Байҳақӣ” бо лаҳҷаҳои имрӯзаи тоҷикӣ нишон медиҳад, ки чанде аз калимаҳои марбут ба аломату хусусияти “умр”-и тӯлонидошта низ ба ҳамон шакли куҳан ва маъноҳои алоҳидаашон дар лафзи маҳаллӣ боқӣ мондаанд. Вожаи нав аз қабили ҳамин гуна унсурҳои луғавӣ аст, ки дар осори ниёгон ба ҷуз маънои зидди кӯҳнаро ифода намуданаш инчунин ба маъноҳои: 1) тару тоза; 2) корнакарда; 3) турфа; 4) ҷавон, тозасол; 5) тозакор; 6) ҳамчун истилоҳи низомӣ фармони такрори амале, ки қаблан иҷро нашудааст, ба кор мерафт [7, ҷ. 13, с. 20130-20131]. Абулфазли Байҳақӣ воҳиди луғавии номбурдаро ба маънои дуюм истифода кардааст: Ва Хоҷа ҳанӯз дар ин корҳо нав аст, магар рӯзгор барояд, маро некӯтар бишносад ва ҳарчанд чунин аст, фармони Хоҷаи бузургро дар ин боб ба ҳеч ҳол сабук надорам ва агар дар ин боб руқъате нависад, ба маҷлиси олӣ расонам ва агар пайғоме диҳад, низ бигӯям [5, с. 432].

Имрӯз «тоҷикони маҳалҳои гуногун» [1, 2, 3, 4] калимаи навро ғайр аз маънои маъмулаш инчунин дар ифодаи мафҳумҳои “ҳоло, ҳозир, акнун” ва “корнокарда, камтаҷриба” истифода мекунанд: Мън-ам нав хурда бъдъм, ки шъмо умаде. Нав йа хона-ра чордевол-ъш кардем, ҳоли' бонг-ъш ҳуй... [8, с. 472]. Ҳолӣ вай ин вазифа-ва кор каран-ба нав, таҷриба-ш нест.

Калимаи сахт, ки гузаштаи дур дорад [7, ҷ. 8, с. 11900], дар осори ниёгон дар ифодаи нӯҳ маъно, аз ҷумла “бисёр, ғоят, ниҳоят” мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар таърихномаи Абулфазли Байҳақӣ низ ба маънои “ниҳоят” ба кор рафтани сахт ба назар мерасад: Ва ҳаво сахт гарм истод ва меҳтарону бузургон сардобаҳо фармуданд қайлуларо [5, с. 179].

Ба маънои зикршуда истифодагардии вожаи номбурда дар лаҳҷаҳои шимолӣ ва ҷанубии тоҷикӣ дар шаклҳои сахт ва сах бисёр мушоҳида карда мешавад: Буҳоруйа адиро-ву барҳой куҳ сахт базеб меша-да. Тарафи Кулоб сах базев шидай. Хъдо-въ рости’, сах малол-ът кадъм, баройе ки бисйор беадаби’ кади. Хами бачоо сах нотарс бъданда-е рафиқ мáлим [8, с. 614]. Йоши-ш-анда сахт тарсидагӣ ин бача, дард-аш кӯна шудагӣ.

Аз таҳлили чанд мисол аён аст, ки чунин унсурҳои луғавӣ «дар матнҳои даврони» [1, 2, 3, 4] пешазмелодӣ ба як маънои мушаххас ва дар осори хаттии баъдӣ ба чанд маъно дучор омадан мумкин аст. Чунончи, калимаи покро ниёгон ба панҷ маъно, аз ҷумла дар ифодаи мафҳуми “бакуллӣ, пурра, тамоман” истифода намудаанд [9, ҷ. 2, с. 79]. Дар ин ҷумлаи «Таърихи Байҳақӣ» истифодаи покро ба маънои тазаккурёфта метавон дучор омад: Ва диг ар бародарону қавмашро ба ҷумла фурӯ гирифтанд ва ҳар чӣ доштанд, ҳама пок бистаданд [5, с. 139].

Ба чунин маъно истифодагардии покро таҳиягарони матн дар поварақи асар низ ишора кардаанд. Дар лаҳҷаҳои шимолӣ калимаи мавриди таҳлил ба ҷуз маънои маъмулаш, яъне “тоза, озода”инчунин дар ифодаи мафҳуми “бакуллӣ, тамоман” ба таври фаровон ба кор меравад: Набошад кори им бечорайа, пок расво шуда монда буд, ако [6, с. 47]. Дина мошин-мон пок чапа шида бъд-куйа. Дина бикин-ъм-да мъшт зад, пок мурдудум [8, с. 551].

Дар осори ниёгон баъзе унсурҳои луғавӣ ҳам дар шакли меъёрӣ, ҳам шифоҳӣ зиёд истифода шудаанд. Гоҳо чунин ҳам шудааст, ки корбурди гунаи шифоҳӣ назар ба шакли меъёрӣ бартарӣ пайдо кардааст. Чунин ҳолатро дар мисоли калимаи бадтар, ки муаллифони осори асримиёнагӣ онро ба гунаҳои баттар ва батар низ истифода намудаанд, мушоҳида намудан мумкин аст: Ва қисса беш накунам, ҳоли Ғозӣ бад-он ҷой расониданд, ки ҳар рӯз раъйи амир дар боби вай батар мекарданд [5, с. 289]. Ва аз они ман осон аст, ки бар ҷой дорам ва агар надораме, товон тавонаме дод ва он яксавора ва хурдаи мардум батар, ки бисёр гуфтору дарди сар бошад… [5, с. 312]. Панҷум он ки андешам, ки махлуқеро чун ман кор батар аз ин аст, шукр кунам [5, с. 379]. Шудан ба Омул ва омадан ин бало бор овард, ин рафтан ба Ҳиндустон баттар аз он аст [5, с. 563]. Бӯритагин бадтар аст аз туркмонон, ки фурсате ҷусту дартохт ва бештаре аз Хатлон ғорат кард ва агар мо пастар расидеме, вай он навоҳӣ хароб кардӣ [5, с. 592] …агар як лаҳза аз қабзаи таваккул берун ояд ва кибру батарро бар хештан роҳ диҳад, чизе бинад ба ҳеч хотире нагузашта ва авҳом бад-он норасида ва оҷиз монда ояд [5, с. 665].

Чунон ки дида мешавад, Абулфазли Байҳақӣ ҳар се шакли вожаи мавриди таҳлилро ба кор бурдааст. Профессор А. Ҳасанов ба қайду ишораҳои фарҳангнигорони асримиёнагӣ такя карда, ҷараёни аз шакли бадтар пайдо гардидани гунаи батарро чунин шарҳ додааст: ибтидо аз

бадтар дар натиҷаи ҳодисаи монандшавии овозҳо гунаи баттар ба вуҷуд омада, баъдан он ба шакли батар табдил ёфт [10, с. 177]. Имрӯз (шояд барвақттар) дар шакли батар истифодагардии бадтар на танҳо хусусияти лаҳҷавӣ, балки мақоми гуфтугӯӣ гирифтааст. Норасида дар қатори калимаҳое қарор дорад, ки дар гузашта дорои маъноҳои: 1) вориднашуда, восилнагардида; 2) нопухта; 3) тозасол; 4) навруста; 5) ноболиғ; 6) наврасида, навзод ва м. инҳо будааст [7, ҷ. 13, с. 19545].

Ба чунин маъноҳо ниёгон аз Фирдавсиву Хоқонӣ сар карда, то Сӯзанӣ онро ба кор бурдаанд. Дар ҷумлаҳои зерини Байҳақӣ ин калима дар ифодаи мафҳуми «ноболиғ» мавриди истифода қарор гирифтааст: Ва ин кӯдак норасида буд, то подшоҳӣ Бокалиҷор бигирад [5, с. 383]. Ду духтар буд амир Юсуфро: яке бузург шуда ва дигаре хурдтару норасида ва ин норасидаро ба номи амир Масъуд кард [5, с. 469].

Дар таърихномаи мазкур баъзе ифодаҳое истифода шудаанд, ки, ба назари мо, танҳо хоси забони ҳамин асар буда, онро аз осори аҳли адаби дигари асримиёнагӣ наметавон пайдо намуд. Рӯза ба даҳан аз ҷумлаи чунин унсури забонӣ мебошад: Ва дигар рӯз…кӯс бизаданд ва амир роҳи Марв гирифт, аммо мутаҳаййиру шикастадил мерафтанд,…гармое сахту тангии нафақа ва алаф ноёфту сутурон лоғар ва мардумон рӯза ба даҳан [5, с. 651]. Мардуми шимоли Тоҷикистон ин вожаро имрӯз дар шакли бо даҳони рӯза / ба даҳани рӯза бисёр ба кор мебаранд. Дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ низ ифодаи ба он монанд (даҳан / даан / дāни руза / рузан-8, с.223] дучор меояд, аммо он бо ибораи боло робита надошта, асли адабияш даҳони равзан ба маънои «ҷои вуруди рӯшноӣ» аст.

Аз таҳлили мисолҳои фавқ маълум мешавад, ки дар лаҳҷаҳои муосири шимолӣ ва ҷанубии тоҷикӣ на танҳо калимаҳои куҳане боқӣ мондаанд, ки хоси забони осори асри Х1 ҳастанд, балки баъзе унсурҳои луғавие маҳфуз мондаанд, ки фақат хоси забони таърихномаи Байҳақӣ мебошанд.

Список литературы

  1. Ашрапов, Б. П. Грамматические особенности личных местоимений в "Тухфат-ул- хони" Мухаммада Вафаи Карминаги / Б. П. Ашрапов // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук. – 2015. – № 2(63). – С. 109-119.
  2. Ашрапов, Б. П. Морфологические особенности и уровень употребления сложных арабских наречий в таджикском литературном языке XVIII-го века / Б. П. Ашрапов // Актуальные научные исследования в современном мире. – 2022. – № 1-7 (81). – С. 94-98.
  3. Ашрапов, Б. П. Таҳлили муқоисавии маънои пасванди -гоҳ дар забони адабии тоҷикии қарнҳои XVIII ва XX / Б. П. Ашрапов // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ. – 2021. – No 3(88). – P. 93-99.
  4. Ашрапов, Б. П. Уровень употребления предлога «ба=к» в таджикском литературном языке XVIII века / Б. П. Ашрапов // Актуальные научные исследования в современном мире. – 2022. – № 1-7 (81). – С. 99-102.
  5. Байҳақӣ, Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ / Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон. – Душанбе: Бухоро, 2014. - 774 с.
  6. Абдуллозода Р. Ибораҳои халқӣ / Абдуллозода Р. –Душанбе: Дониш, 1974. – 204 с.
  7. Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷ. 1, 1532 с.; ҷ. 2, 3068 с.; ҷ. 3, 4616 с.; ҷ. 4, 6170 с.; ҷ. 5, 7722 с.; ҷ. 6, 9274 с.; ҷ. 7, 10826 с.; ҷ. 8, 12378 с.; ҷ. 9, 13930 с.; ҷ. 10, 15482 с.; ҷ. 11, 17034 с.; ҷ. 12, 18586 с.; ҷ. 13, 20138 с.; ҷилди 14, 21149 / А. Деҳхудо. -Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1373.
  8. Маҳмудов М. Фарҳанги лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ / М. Маҳмудов, Ғ. Ҷӯраев, Б. Бердиев. -Душанбе, 2012. -946 с.
  9. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1, -949 с.; ҷ. 2, -951 с. / Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, А. Маъсумӣ. –М.: Советская энсиклопедия, 1969.
  10. Ҳасанов А. Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осори садаҳои XXIII дар лаҳҷаи шимолӣ (бахши Фарғонаи ғарбӣ). Монография / А. Ҳасанов. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2003. - 253 с.

Поделиться

816

Азимова У. А. Сравнение прилагательных «Истории Байхаки» с современными таджикскими диалектами // Актуальные исследования. 2022. №11 (90). С. 24-26. URL: https://apni.ru/article/3866-sravnenie-prilagatelnikh-istorii-bajkhaki

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

Остался последний день

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января