Главная
АИ #11 (90)
Статьи журнала АИ #11 (90)
Персидско-таджикские слова в арабоязычной поэзии XI-XII вв.

Персидско-таджикские слова в арабоязычной поэзии XI-XII вв.

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

Иран
Хорасан
Мавереннахр
Саманиды
Тугрои
Низамулмулк
нарцисс

Аннотация статьи

В данной статье обсуждается употребление персидско-таджикских слов в арабоязычной поэзии XI-XII вв. Подчеркивается, что большинство арабоязычных поэтов исследуемого столетия знали персидско-таджикский язык в совершенстве, так как он являлся их родным языком.

Текст статьи

Шуарои эрониасли арабизабон худ аз забони форсӣ баҳрамандии комил дошта, он барояшон забони модарӣ маҳсуб мешуд. Аз ин хотир, дар ашъори арабӣ калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ хеле зиёд ба кор рафта, дар назми арабизабони давраи мавриди таҳқиқ низ ҳамин вижагӣ барҷаста ба назар мерасад. Таъйиди ин гуфтаҳоро метавон дар нигоштаҳои Муҳаммад Алтунҷӣ  пайдо намуд: “Дар мавриди корбурди калимаҳои форсӣ сухан ба дарозо мекашад, зеро шоирони Машриқзамин ҷиҳати густариш додани он дар ҳамаи соҳаҳо кӯшиш мекарданд, чунки он забони диниву адабӣ баъди забони арабӣ маҳсуб меёфт. Қисме аз ин калимаҳо маъруфу муарраб гашта буданд, вале  қисмати дигар, ки бештари он калимаҳоро ташкил мекунад, қаблан ба кор гирифта нашудаанд. Ағлаби он шоирон асли форсӣ доштанду зуллисонайн буданд ва дар маърифати забони аслии хеш хеле забардаст маҳсуб меёфтанд” [3, 1, 2, 4, 8, 9, 11, 13].

Воқеан, корбурди калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар адабиёти араб решаи амиқи таърихӣ дошта, ҳанӯз дар адабиёти аҳди ҷоҳилӣ дучор мешаванд. Мисоли равшани он байти зерини муаллақаи Ҳорис ибни Ҳиллиза мебошад, ки калимаи “гуноҳ”-и тоҷикиро дар шакли муарраби он “ҷуноҳ” мавриди истифода қарор додааст:

أَ عَلَيْنَا جُناحُ كندة أن يَغْنَمَ           غَازِيهِمُ و مِنَّا الجزاءُ

[Оё агар ҷангҷӯёни Кинда бар шумо пирӯз шуда, ғаниматҳое ба даст оварда бошанд, мо бояд подоши гуноҳи онҳоро бидиҳем] [7, 156].

Дар назми давр низ истифодаи калимаи جناح  [5, 247] ба маънии “гуноҳ”  дида мешавад. Чунончи, дар дар байти зерини Имод ибни Шараф Ансории Исфаҳонӣ вожаи мазкур ба маънии гуноҳ корбаст гардидааст:

وَبَانَ لديَّ جُنْح اللَّيْلِ حَتَّى           تعدى السرّ؟ مقصوص الجناحِ

[Пеши ман зулмоти шаб зуҳур кард, то ин ки сирр фош гардид, гуноҳро бурида] [5, 257].

Дар эҷодиёти шоирони давраи мазкур истифодаи зиёди муарработи калимаҳои серистеъмоли форсӣ-тоҷикии ифодакунандаи маводи хушбӯикунанда ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, мушку анбар дар ашъори шоирон бисёр дучор мешаванд: مسك  [5, 46; 6, 334;],  عنبر [5, 197; 6, 346].

Чунончи, дар байти зайли Ато ибни Яъқуби Ғазнавӣ калимаи мушк мавриди истифода қарор гирифтааст:

كذاكَ دمُ الغزالِ يَصير مِسْكاً            بأَكْلِ الحَنْظَلِ المُرِّ المَذاقِ

[Ҳамонанди ин “хуни ғизол мушк гардад”, бо хӯриши ҳанзали тези обдор] [5, 155].

Дар байти мазкур як мисраъ шеъри Мутанаббӣ “فَإنَّ المسْكَ بَعْض دمِ الغِزالِ  Дарвоқеъ мушк аз хуни ғизол аст” [10, 268] тазмин гардидааст.

Дар байти зерини Абевардӣ ҳам мушк ва ҳам анбар ба кор гирифта шудаанд:

كَالمِسكِ في لَوْنٍ وَفي أَرَجٍ           يُمتارُ مِنْهُ العَنْبَرُ الشَّمِلُ

[Ранги пӯсташ ҳамчу мушк буда, анбар муаттариро аз ӯ бигрифта ва накҳати хуш паҳн бинмуда] [6, 346].

Дар ин байт ранги ҷавони сиёҳпӯст ба “мушк” ва бӯи хушаш ба анбар ташбеҳ карда шудааст.

Дар назми давр ҳамчунин корбурди хӯроку шириниҳои мухталиф, ба монанди сикбоҷ, қанду набот, шаҳд, фониз (оби набот), тарёк (позаҳр) ва ғ. дида мешаванд:  سكباج  [6, 114], طوطماج  [5, 135],  فانيذ  [6, 13],  قند  [6, 13],شهد  [6, 14], تِرْياق  [5, 259; 6, 117]. Чунончи, дар яке аз шеърҳои Қозӣ Ҳаравӣ чунин омадааст:

وشادنٍ حُلْوٍ أَحاديثه           كقندِ أَهوازٍ و فانيذهِ

[Ширинии гуфтори ҷавоне, ки оҳубарраро мемонад, ба монанди қанду оби наботи Аҳвоз аст] [6, 13].

Дар назми арабизабони давр вожаҳои марбут ба давлату давлатдорӣ, аз қабили шоҳ - شاه [5, 211; 6, 141], тоҷ –تاج  [5, 135; 6, 256], муарраби хусрав – كسرى  [5, 206; 6, 335], хусравӣ –  كسروي  [6, 280] бисёр дучор мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки шоирон танҳо бо корбурди вожаҳои шоҳу хусрав ва монанди инҳо иктифо наварзида, муфрадотро низ хеле зиёд ба кор бурдаанд. Одатан ин гуна калимаҳо  (аз қабили вазир, ҷаноб) хоси лақабҳои салотину вузаро буданд. Аз ҷумла, калимаи ҷаноб, ки решаи форсӣ-тоҷикӣ дорад, дар ашъори Туғроӣ зиёд истифода шудааст. Дар байти зайл Туғроӣ дар ситоиши Низомулмулк ҳамин калимаро ба кор гирифтааст:

جنابُ نظامِ الملك بحرٌ وردتُهُ           على ظَمأٍ منِّي و أنتَ له جسرُ

[Ҷаноби Низомулмулк баҳрест, ки баҳри шикастани ташнагии хеш воридаш гаштам,

Пас ту дар роҳи расидан бар он баҳр пули раҳгузар ҳастӣ] [12, 53].

Номи бештари маъдану сангҳои қиматбаҳо, ба монанди пӯлод, зумуррад, гавҳар ва ғ. аз вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ гирифта шуда, муарработи онҳо дар забони арабӣ васеъ истифода мегарданд. Дар назми давр низ чунин муарработ бисёр мушоҳида мешаванд: فولاذ [6, 29], زُمُرُّد  [5, 110; 6, 11,12],  جوهر  [5, 149],  جواهر  [5, 56], سبج  (исфируд) [5, 111; 6, 12], جَنْج  [5, 115], زرجون   [6, 362].

Қозӣ Ҳаравӣ дар байти зерин гавҳараки чашмро бо бадеияти хос васф намуда, калимаҳои форсии “зумуррад” ва “сабаҷ – шаддаи сиёҳи марворид”-ро мавриди истифода қарор додааст:

ولَمَّا التَقَى الياقوتُ و الدُّرُّ و السَّبَجْ          مِنَ الخَدِّ و الأَسْنانِ و الصّدْغِ ذي العَوجْ

أَتاحَ لَها الباري زُمُرُّدَ عيْنِها                  فَتَمَّ بِهِ عقدُ الملاحَةِ و ازدوجْ           

[Вақте ёқуту гавҳар ва шаддаи сиёҳи марворид бо рухсораву дандонҳову зулфи шикани маъшуқа  ба ҳам омаданд,

Худованд барои ӯ зумурради чашмонашро  ато бинмуд ва бо ин  гавҳари малоҳат комил гашт] [6, 11-12].

Дар шеъри болоӣ рухсора ба ёқут, дандонҳо ба дурдона ва зулф  ба шаддаи сиёҳи марворид, гавҳараки чашм ба зумуррад ташбеҳ дода шудаанд.

Яке аз вижагиҳои ҷолиби таваҷҷуҳ дар ашъори шоирони аҳди мазкур табдил додани калимаи форсӣ-тоҷикӣ ба феъл ва ё масдари арабӣ мебошад. Дар байти зерини Туғроӣ шоир аз калимаи “зар”-и форсӣ-тоҷикӣ масдари “مزرور  мазрур” ба маънии заррин, зарҳалин сохтааст:

لاحظتُهُ و البدرُ ليلة تمه              و قد لاح فوق قميصه المزرور.

[Шабонгаҳе моҳи тобонро наззора кардам, ки бар болои пироҳани заррини худ медурахшид] [12, 113-114].

  Ё худ дар байти зерини Абулмаолии Варконӣ аз ҳамин калима феъли “زُرِرْنَ  зурирна” сохта шудааст:

قَرْمٌ مَلابِسُهُ زُرِرْنَ عَلَى          بَدْرٍ عَلى بَحْرٍ عَلَى جَبَلِ

[Либоси меҳтаре заррин гардидаву бидурахшад, бар моҳу ҳам бар баҳру ҳам бар кӯҳ] [5, 191].

Бештари номҳои гулу растаниҳо низ муарраб гардида, дар адабиёти араб зиёд мавриди корбурд қарор гирифтаанд. Ҳамин гуна унвони гулу раёҳин дар назми давр низ бисёр ба чашм мерасанд: نيلوفر  [5, 110,111],  نرجس [5, 273; 6, 319],  بَنَفْسَج [6, 152]

Дар байти зерини Ато ибни Яъқуби Ғазнавӣ дар баробари санъати тазод муарраби калимаи бунафша  мавриди истифода қарор гирифтааст:

أَصْبَحْتُ مَغْمُوماً فَزادَ خَلائقي          طِيباً و مغْمومُ البَنَفْسَجِ أَطْيَبُ

[Гирифтори ғам гаштаму дар сириштам накӯӣ бештар гашт, ки бунафша дар андӯҳгинӣ бештар муаттар шавад] [6, 152].

Унвони ҷому қадаҳҳои шароб низ дар назми аҳд зиёд дучор мешаванд. Чунончи, калимаҳои جام [5, 248], كأس  [5, 260], كاسه  [6, 63],كاسات   [6, 118].

Дар радифи шоирони дигари давр Абдуллатиф ибни Муҳаммад ибни Абдуллатиф дар хамриёти худ калимаи ҷому косаро бисёр истифода бурдааст:

سكرانُ و لمْ يَذُقْ شَرَاباً        نَشْوان و ما أُدير جامُ

[Сармаст, вале ҳеҷ шаробе нанӯшида, махмур, вале ҳеҷ ҷоме нагардонида] [5, 246].

Дар ашъори шоирони давр, ҳамчунин, номи парандагон, аз қабили булбулу боз ва монанди инҳо низ истифода гардидаанд: بُلْبُل [5, 261, 263], بازى  [6, 114], باز [5, 193; 6, 103]. Аз ҷумла, дар байти зерини Имодуддини Исфаҳонӣ калимаи булбул дида мешавад:

إسمع ما قال عندليب الوَرْدِ          فالبُلْبُلُ في الرَّوضِ خطيب الوَرْدِ

[Бишнав, ки чӣ гуфт андалеби садбарг: булбул дар бустон хатиби  садбарг аст] [5, 263].

Дар ашъори баъзе аз шоирони давр муарработи камистеъмол, ба мисли абрешим, дебочӣ ва монанди инҳо низ ба назар мерасанд: [5, 201], إِبرِيسَمٌ  [5, 113],  ديباج [5, 144]. Чунончи, Туғроӣ дар шеъри худ афлесуни туршро ба абрешим шабоҳат додааст:

نَارنجنا في لونِهِ          وَشكلهِ المدَوَّرِ...

إِبْرِيسَمٌ لبَّتُهُ               مُبْلُولة لم تُعْصَرِ

[Афлесуни турш дар ранг ва дар шакл мудаввар аст,

Дохилаш ҳамонанди абрешим ва тар аст, лек ҷафида намешавад] [5, 113].

Калимаи дебо дар шеъри Муҳаззаб Исмоил ибни Абунаср ба маънии пироҳан ба кор гирифта шудааст:

شِيَمٌ كديباجِ الرِّياضِ نَوَاضِراً          أَضْحَى بها نادى النَّدى مُتَعَطِّرا

[Хислатҳои ӯ ҳамчу дебои бустон шукуфону ботароват аст ва накҳати муруввату бахшандагӣ аз ӯ муаттар гардидааст] [5, 144].

Дар байти зерини Имод ибни Шараф Ансории Исфаҳонӣ вожаи аҷамӣ ва тозӣ ба ҳам оварда шуда, “يُعْرِبْنَ” ва “مُعْرَباً”, “أَعاجمٌ” ва “أَعْجَم” таҷниси зоид гардидаанд:

و يُعْرِبْنَ عَنْ حالي و هُنَّ أَعاجمٌ      أَلأ هَلْ رَأَيْتُمْ مُعْرَباً و هو أَعْجَمُ

[Қисса кунанд аз ҳоли ману пас онон занҳои аҷамӣ бошанд,

Оё магар дидаед арабгуфтореро, ки худ аҷамӣ бошад] [5, 260].

Аз мисолҳои болоӣ бармеояд, ки вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар шакли муарработ дар назми арабизабони давр фаровон истеъмол шудаанд. Корбурди ин вожаҳо дар назми давр, аз як тараф, таҷассумгари таъсири муҳити Эронзамин ба шеъри арабизабон аст, аз ҷониби дигар, ин падида идомаи суннати корбурди вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар шеъри арабӣ аст, ки ҳанӯз аз давраи тоисломӣ оғоз гардида, дар шеъри давраи Аббосиён  ва дар ашъори шуарои арабисарои аҳди Сомониён ривоҷ дошт.

Список литературы

  1. Абдуллаев, И. Поэзия на арабском языке в Средней Азии и Хорасане X-начала XI вв / И. Абдуллаев. - Ташкент: Фан, 1984. - 294 с.
  2. Аззом, Абдулваҳҳоб. Ас-Силот байна-л-араб ва-л-фурс ва одобуҳумо фи-л-ҷоҳилияти ва-л-ислом / Абдулваҳҳоб Аззом. - ал-Қоҳира, 2013. - 66 с.
  3. Алтунҷӣ, Муҳаммад. Ҳаула-л-адаб фи-л-асри-с-Салҷуқӣ / Муҳаммад Алтунҷӣ. - Мактаба Қурино, 1974. - 292 с.
  4. Бертельс, Е.Э. История персидско-таджикской литературы // Избранные труды, том I / Е.Э. Бертельс. - Москва: Изд-во восточной литературы, 1960. - 556 с.
  5. Ал-Исфаҳонӣ, Имодуддин ал-Котиб. Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср фӣ зикр фузало аҳл Исфаҳон. Тақдим ва таҳқиқ ад-Дуктур Аднон Муҳаммад Ол Туъма / Имодуддин ал-Котиб ал-Исфаҳонӣ. - Теҳрон: Дафтари нашри мероси мактуб, Ойинаи мерос (Миръот-ут-турос), 1419/1999. - 366 с.
  6. Ал-Исфаҳонӣ, Имодуддин ал-Котиб. Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср фӣ зикр фузало аҳл Хуросон ва Ҳирот. Тақдим ва таҳқиқ ад-Дуктур Аднон Муҳаммад Ол Туъма / Имодуддин ал-Котиб ал-Исфаҳонӣ. - Теҳрон: Дафтари нашри мероси мактуб, Ойинаи мерос (Миръот-ут-турос), 1419/1999. - 406 с.
  7. Аз-Завзанӣ, Абуабдуллоҳ ал-Ҳусайн ибн Аҳмад. Шарҳ ал-Муаллақот-ус-сабъ / Абуабдуллоҳ ал-Ҳусайн ибн Аҳмад аз-Завзанӣ. - Байрут-Лубнон: Лаҷнат-ут-таҳқиқ фи-д-Дори-л-оламийя, 1413/1992. - 167 с.
  8. Зоҳидов, Н. Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX (давраи арабизабонӣ) / Н. Зоҳидов. - Душанбе: “Бухоро”, 2014. - 444 с.
  9. Мардони, Т.Н. Влияние арабской поэзии на творчество персидско-таджикских поэтов XI-XII вв / Т.Н. Мардони. – Душанбе: Дониш, 2020. - 380 с.
  10. Ал-Мутанаббӣ, Абутаййиб Аҳмад ибн ал-Ҳусайн. Дивон ал-Мутанаббӣ / Абутаййиб Аҳмад ибн ал-Ҳусайн ал-Мутанаббӣ. - Байрут: Дор Байрут ли-т-тибоъа ва-н-нашр, 1403/1983. - 583 с.
  11. Раҷабова М.Т. Тазкираи “Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср”-и Имодуддини Исфаҳонӣ ва аҳаммияти адабии он // М. Т. Раҷабова. Монография. - Душанбе, 2021 – 200 с.
  12. Ат-Туғроӣ, Абуисмоил. Дивон ат-Туғроӣ / Абуисмоил ат-Туғроӣ. - Матбаъа ал-Ҷавоиб би-л-Қустантиния, 1881/1300. - 145 с.
  13. Нигматов, Н. И. Арабские слова в «Диван»-е Алишера Навоиn / Н. И. Нигматов, Б. П. Ашрапов // Актуальные научные исследования в современном мире. – 2022. – № 2-6 (82). – С. 148-153.

Поделиться

665

Раджабова М. Т. Персидско-таджикские слова в арабоязычной поэзии XI-XII вв. // Актуальные исследования. 2022. №11 (90). С. 30-33. URL: https://apni.ru/article/3868-persidsko-tadzhikskie-slova-v-araboyazichnoj

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#49 (231)

Прием материалов

30 ноября - 6 декабря

осталось 4 дня

Размещение PDF-версии журнала

11 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

24 декабря