Категорияи тарзи фоил дар матнҳои илмӣ-техникӣ бисёр ҳам баҳспазиранд, инак дар бораи мушкилиҳои он дар ин намуди матнҳо дида мешаванд. Маънои ин муносибат ҳамин аст, ки дар як ҳолат мубтадо ба субъекти амал далолат менамояд, вале дар ҳолати дигар субъект на мубтадо, балки пуркунанда аст. Мисли ин мо метавонем, дар рафти мутолиа дарёбем, ки ҳамаи ин хусусиятҳои тарзи фоил дар матнҳои илмӣ техникӣ душвориҳои зиёдеро пайдо намоем. Ин душвориҳо барои мо муаамое аст, ки мо онро дар ин кори илмии худ барассӣ хоҳем, кард. Дар шакли фоил мо конструксияи зеринро мушоҳида кардем, ки он ҳам бе истифодаи феъли ёридиҳандаи “To be” сохта мешаванд. Мисол: Jeck London wrote M. Eaden=M. Eaden was written by Jeck London.
Ба тоҷикӣ чунин тарҷума мешавад. Ҷек Лондон М. Иденро навиштааст. М. Иден аз тарафи Ҷек Лондони навишта шудааст.
Дар ҳолати якум амали «wrote» навиштаастро мубтадо иҷро кардааст ва ҳамин шакли феъли ду забонро шакли фоилӣ мегӯянд. Дар ҳолати дигар амали «was written» - ро мубтадо иҷро мекунад, бо вуҷуди он ки ҳамин исм мубтадои ҷумла аст. Чунин шакли феълиро «was written»- навишта шудааст, шакли мафъулии феъл меноманд, чунон ки мебинем, шакли мафъулии феъли забони англисӣ азғ шаклҳои тасрифии «to be» (am, is, are, were, was, shall be, will be) ва P.II- и дигар феъли маънодор сохта мешавад. Дар забони тоҷикӣ бошад, шакли мафъулии феъл аз шаклҳои тасрифии феъли «шудан» ва сифати феълии қаблияти дигар феъли маънодор сохта мешавад.
На ҳамаи феълҳои ду забон шакли мафъулӣ доранд. Дар забони тоҷикӣ танҳо феълҳои шакли мафъулӣ дошта метавонанд, ки онҳо гузаранда бошанд. Феъли гузаранда чунин феълест, ки аз онҳо саволҳои киро, чиро, чӣ бармеояд, хондан- чиро хондан, дидан-киро дидан, ёфтан чиро ёфтан. Маҳз ҳамин навъ феълҳо шакли ҳам фоилӣ ва мафъулӣ дошта метовонанд.
Мисол: Ман романи «Дохунда»-ро хондам (фоил).
Романи «Дохунда» аз тарафи ман хонда шуд. (мафъул).
Вале нишастан, нигоҳ кардан, баргаштан ва амсоли онҳо мафъулӣ дошта метавонанд, зеро ба онҳо саволҳои навъи киро?, чиро?, кӣ?, чӣ? Гузоштан имконпазир аст, зеро онҳо феълҳои монда мебошанд. Феълҳои забони англисӣ бошад, дар вақти сохтани шакли мафъулии феъл онҳоро ба гузарандаю монда тақсим намекунанд, балкӣ феълҳоро ба объектӣ ва субъектӣ ҷудо мешаванд. Феълҳои объектӣ ононанд, ки пуркунанда қабул менамоянд. Ва аз онҳо саволҳои навъи киро? Чиро? Ба кӣ? Ба чӣ? Дар бораи кӣ? Дар бораи чӣ? анд. Феълҳои забони англисӣ бошад, дар вақти сохтани шакли мафъулии феъл онҳоро ба гузарандаю монда тақсим намекунанд, балкӣ феълҳоро ба объектӣ ва субъектӣ ҷудо мешаванд. Феълҳои объектӣ ононанд, ки пуркунанда қабул менамоянд. Ва аз онҳо саволҳои навъи киро? Чиро? Ба кӣ? Ба чӣ? Дар бораи кӣ? Дар бораи чӣ?
Феълҳои субъектӣ ва ғайриобъектӣ ононад, ки ягон пуркунанда ӣабул карда наметавонанд. Феълҳои навъи “to come”, “to live”, “to go” ягон пуркунанда қабул карда наметавонанд. Феълҳои ғайриобъектӣ шакли мафъулӣ дошта наметавонанд, алалхусус “I come home” - ро дар шакли мафъули “Whom was come by me” - гуфтан мумкин нест, ё худ “I errived in London” -ро In London was errived by me - гуфтан мумкин нест.
Роҳи дигари ифода кардани шакли мафъули феълҳои мондаи забони англисӣ ба забони тоҷикӣ мавҷуд аст, ки ин ҳам бошад, феъл дар шакли номуаяншахс гузошта мешаванд: Those people were looked after during the war. Дар давоми ҷанг ба ин одамон нигоҳубин кардаанд.
Таърихи тадқиқотҳои лингвистӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар системаи забонҳо чунин категорияҳо ва воҳидҳое, дучор мешаванд, ки ҳамаҷониба ва чуқур тадқиқ гаштаанд, лекин дар шарҳу эзоҳи он ақидаҳо мухталифанд. Проблемаи диатеза ва тарз аз зумраи ин гуна ҳодисаҳост [4, 5]. Он диқкати бисёр забоншиносонро ба худ ҷалб кардааст ва ҳатто равияи илмию тадқиқотии як гурӯҳи забоншиносон гаштааст [6, 7]. Аз байни ақидаҳои дар забоншиносии умумӣ изҳоршуда андешаҳои профессорон В.С. Храковский ва А.А. Холодович оид ба ин масъала ҷолиби диққат аст. Бинобар ин барои равшан сохтани масъалаҳои назарие, ки ба системаи категорияи тарз ва диатеза доир аст, ба хулосаҳои ин ду олими шинохтаи рус назаре меафканем [8, 9].
Категорияи тарз дар кори В.С. Храковский дар асоси омили ситуатсия (вазъият, лаҳза) баррасӣ шудааст. Ахбори асосии ситуатсия дар феъл - предикат, ки маркази ҷумла аст, маҳфуз аст. Калимаи предикат ба ёрии партисипантҳое (иштирокчиёни лаҳзаи тасвиршаванда) ки маънои конкретии субъект, объект, восита, олот инчунин сирконстантро дарбар мегиранд ва мақсад, натиҷа, сабаб макон ва дигар ҷузъиётро ифода мекунанд, маънидод карда мешавад. Шарти асосии он татбиқи парадигмаи ба худ хоси системаи ҷумлаҳо ва чанд созмонҳои синтаксисӣ мебошад, ки онхо ҳамаи як вазъиятро ифода мекунад; ғайр аз ин, яке аз созмонҳоро ки дар грамматика фоил меноманд, ҳамчун ибтидо қабул карда мешавад [8; 9].
Асосгузори грамматикаи илмии забони англисӣ Ҳенри Суит таҳти мафҳуми самти амал роҳҳои мухталифи ифодаи муносибати байни феъли гузаранда ва субъекту объекти онро фаҳмида, ду шакли категориалии онро ( Active and passive voice)-ро нишон додааст. Дар корҳои А.А. Холодович бошад, диатезаҳо дар асоси ангораи махсус, яъне таносуби байни ситуатсияи семантикӣ ва ифодаи морфологии он муайян карда мешавад, ки ин дар назариёти А.А. Холодович тавассути истилоҳҳои «раванди амал» ва «ҳадафи амал» номгирӣ шудаанд. ҳар ҷузъи ҷудогонаи «раванди амал» дар чузъиёти ҷудогонаи «ҳадафи амал» бояд ба иҷро расад. Омилҳои забонӣ бошанд, аз номутаносибияти ҷузъиятҳо шаҳодат медиҳад. Масалан: Ҷумлаҳоеро, ки дар онҳо феъл бо маънои умумии нафсӣ истифода мешавад [3].
Аз ин нуқтаи назар системаи категорияи тарзҳои феълии забони англисӣ ва тоҷикиро аз рӯи ангораи А.А. Холодович ва аз рӯи назариёти таҷзияи актуалӣ бояд шарҳу баён кард. Дар забони англисӣ системаи категорияи тарз асосан дорои ду шакли категориалист: тарзи фоилӣ (active voice) ва тарзи мафъулӣ (passive voice): Barbara and Basil planted trees in the garden after lunch [2, c.20]. The old preacher walked away and was soon swallowed by the night [1, c.120].
Категорияи тарз дар қатори шаклҳои тасрифии феъл шаклҳои ғайритасрифии онро низ дарбар мегирад. Алалхусус масдар, сифати феълии 1 ва герундий дорои ду шакли категориалии тарз аст. Масалан: We arranged to meet at 5 o`clock [1, c.150]. If somebody fell down he had to be dragged laboriously to his feet [2, c.200].