Главная
АИ #12 (91)
Статьи журнала АИ #12 (91)
Сравнительный анализ морфологических особенностей и уровня употребления полисуфф...

Сравнительный анализ морфологических особенностей и уровня употребления полисуффикса -боши в таджикском литературном языке XVIII и XX вв.

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

сопоставительный анализ
морфологические особенности
полисуффикс
таджикский литературный язык

Аннотация статьи

В статье рассматриваются вопросы сравнительного анализа морфологических особенностей и уровня употребления полисуффикса -боши в таджикском литературном языке XVIII и XX веков.

Текст статьи

Дар забони адабии муосири тоҷикӣ як гурӯҳ калимаҳои решагӣ ҳастанд‚ ки аз ҷиҳати вазифа ва ифодаи маънои луғавӣ ва сохти грамматикӣ ба аффиксҳо шабоҳат доранд [1, 5, 6]. Дар забоншиносӣ чунин морфемаҳоро «аффиксоид» ва ҳамчунин бо истилоҳҳои «вандгуна»‚ «пешвандгуна» ва «пасвандгуна» ном мебаранд [7; 8; 10‚ c.21]. Дар забони осори мавриди қиёс пасвандгунаҳои -ангез, -андоз, -боз, -гир, -деҳ, -дор(ӣ), -кор, -овар ва -омез ба гурӯҳи унсурҳои вожанигори сермаҳсул ба назар расида, аммо онҳо дар навбати худ пасвандгунаҳои муштарак мебошанд. Мо тасмим гирифтем, ки дар мақолаи хеш танҳо роҷеъ ба таҳлили қиёсии хусусиятҳои сарфӣ ва ваҷҳи корбурди пасвандгунаи -бош(ӣ) сухан гуфта бошем.

Бояд ишора намуд‚ ки дар таърихномаҳои мавриди қиёс вомвожаи туркии «бош+ пасванди нисбии -ӣ= бошӣ» (сардор‚ раис‚ сарвар‚ асосӣ – А.Б.) ба ҳайси пасвандгуна хизмат мекунад. Ба қавли Ю.А. Рубинчик: «пасвандгунаи бошӣ‚ ки вожаи туркӣ буда‚ он фақат исмҳои мураккаб месозад ва маъноҳои «калон‚ асасӣ‚ сардор‚ сарвар»-ро дорост: ҳакимбошӣ‚ тоҷирбошӣ‚ пешхидматбошӣ‚ қазоқбошӣ‚ ғуломбошӣ». Ю.А. Рубинчик таъкид мекунад, ки ин нимааффикс, одатан, ба исм ҳамроҳ шуда ҳамеша исми дигар месозад ва чунин калимаҳоро ба гурӯҳи калимаҳои кӯҳнашуда дохил мекунад [9; 11; 14‚ с.155]. Аммо таъкиди ӯ ба забони форсии муосир тааллуқ дора два дар давраҳои пешин ин пасвандгуна ба гурӯҳи морфемаҳои калимасози сермаҳсул дохил мешудааст.

Ҷоиз ба таъкид аст‚ ки бошӣ дар забони давраҳои муқоисашаванда яке аз пасвандгунаҳои маъмул ба ҳисоб рафта‚ муаллифони осори мавриди қиёс ҳам бо вожаҳои тоҷикӣ ва ҳам бо вожаҳои туркиасл бо истифода аз пасвандгунаи мазкур исмҳои мураккаб сохтаанд, минҷумла:

а) исмҳо ва сифатҳои туркӣ+ пасвандгунаи бошӣ: қӯшунбошӣ (саркарда‚ сарлашкар – А.Б.) [13, 266/530]; қизилбошӣ (кулоҳи сурхдор – А.Б) [13, 19/34‚ 23/42‚ 25/46‚ 27/50‚ 28/52‚ 49/94‚ 50/96‚ 53/102‚ 54/103‚ 61/117‚ 62/119‚ 66/127‚ 67/129‚ 79/155‚ 84/166‚ 85/167‚ 85/168‚ 87/171‚ 88/173‚ 89/175‚ 89/176‚ 91/180‚ 91/180‚ 92/181‚ 92/182‚ 94/186‚ 94/186‚ 95/187‚ 95/188‚ 96/189‚ 97/192‚ 98/193‚ 98/194‚ 99/195‚ 100/197‚ 101/199‚ 101/199‚ 102/201‚ 102/202‚ 103/203‚ 104/205‚ 104/205‚ 105/208‚ 105/208‚ 105/208‚ 105/208‚ 107/211‚ 107/211‚ 107/211‚ 107/212‚ 108/213‚ 110/217 111/219‚ 274/546‚ 276/550; 2, с.67, 24, 61]; ясовулбошӣ (меҳтар‚ раис – А.Б.) [13, 141/279‚ 145/287‚ 145/287‚ 150/297‚ 158/314‚ 188/373‚ 193/383‚ 193/383‚ 226/449‚ 236/470; 3, с.117, 118, 216, 220; 4, с.91, 167, 167, 167, 169]: Чун фиаи боғияи қизилбош ба атрофи қалъаи Қаршӣ муқорин шуданд… [13, 22/40]; Қушбегӣ кори дузд ва ҷинояткоронро ба Бобобек ном ясавулбошӣ супурда ва ба ҳар чӣ ки вай гӯяд [4, с.91], Дар пеши оғил як хуми кӯкбошдорро (сари ҷувории нимпухта, ки ҳанӯз сафед нашудааст – А.Б.) дида, ба он сари худро тиққонда кӯкбошҳоро хӯрдан гирифтааст [2, с.189, 189, 189].

б) шумораҳои миқдории тоҷикӣ ва туркӣ+ пасвандгунаи бош(ӣ): даҳабошӣ/даҳбошӣ [13, 248/493; 2, с.273, 273]; мингбошӣ (сарлашкаре‚ ки зиёда аз ҳазор афсар дорад – А.Б.) [13, 103/203‚ 107/212‚ 107/212‚ 113/224‚ 114/226‚ 120/237‚ 123/244‚ 124/246‚ 128/254‚ 141/279‚ 142/282‚ 151/299‚ 153/304‚ 153/304‚ 175/348‚ 185/368‚ 186/370‚ 188/373‚ 191/379‚ 199/395‚ 206/409‚ 208/414‚ 208/414‚ 209/416‚ 215/428‚ 236/470‚ 236/470‚ 256/510‚ 257/512‚ 263/524‚ 268/534‚ 268/534‚ 289/575]; юзбошӣ (сарлашкари зиёда аз сад афсари дастаи ҷангӣ – А.Б.) [13, 248/493; 2, с.237; 4, с.129]: …фавҷ-фавҷ аз назари анвари хоқони кишвар гузарониданд ва ба эшон мингбошӣ ва юзбошӣ ва даҳбошӣ таъин намуда, машмули иноёт сохтанд [13, 248/493]; …ҳар кадоми шумоён касонед, ки даҳбошӣ, чурағосӣ шуда нону намаки ҷаноби олиро хӯрда гаштаед… [2, с.272].

в) исмҳои сохтаи туркӣ+ пасвандгунаи бошӣ: тӯб(п)чибошӣ (фармондеҳи тӯпхона – А.Б.) [13, 123/244‚ 158/314‚ 159/315‚ 185/368‚ 236/470‚ 239/476‚ 249/496‚ 255/508‚ 265/528‚ 284/566; 3, с.220; 4, с.165]; қуруқчибошӣ (сардори посбонон – А.Б.) [12, 5524]; қӯрчибошӣ (сардори силоҳдорон – А.Б.) [12, 5542]: — Инро бурда, ба тӯпчибошӣ супоред [2, с.165], …ба мувофақати валади аршади хеш Муҳаммад Ҳакимбек қуруқчибошӣ ва ҷамоаи ҷалодати Кеш ҳавои хилофат ба муҷораба ва масофи… [12, 5524]; бино бар шадоиди изтирор дар ин новақт ба дарбор расидем, тӯбчибошӣ ҷавоб дод, ки калид дар ҷайби… [12, 5531а], Дар даҳлез бошад, «маҳрамони» бегҳои нав, яъне бачаҳои қурбошиҳо менишастанд [2, с.281, 282, 285, 294, 294, 295, 307, 309, 309, 309, 323, 323, 325, 325, 327, 331, 331, 331].

г) исмҳои мураккаби тоҷикӣ ва туркӣ + бошӣ: меҳмондорбошӣ (раиси меҳмондорон – А.Б.) [79/155]‚ эшикоқобошӣ (сардори дарвозабон – А.Б.) [13, 230/458‚ 265/528; 3, с.249; 2, с. 45, 45, 59, 59, 60, 62, 64, 65, 67], корвонбошӣ [3, с.196, 196, 196, 196, 196, 196, 196, 197, 197, 197, 197, 197, 197, 197, 197, 197, 198, 198, 198, 198, 199, 199, 199, 200, 2, 249; 2, с.96], фаррошбошӣ [3, с.216, 232, 233; 4, с.168, 181], мирохурбошӣ [4, с.89]: Сониян фармони ҷаҳонматоъ содир гардонид, ки Таҳмоси вакилуддавла бо меҳмондорбошӣ дувоздаҳ ҳазор муборизи ҷаррор интихоб намуда [13, 35/66]; …чеҳраи ақосиён ва эшикоқобошиён ба тақдим расониданд [13, 226/449]; Ба Абдурауф-корвонбошӣ мансаби эшикоғобошӣ, ба Ҷӯрабек амали тӯқсабоӣ эҳсон кард [4, с.189].

Хулоса, дар ин осор ҳам вожаҳои тоҷикӣ ва ҳам вожаҳои туркиасл бо пасвандгунаи -бош(ӣ) исмҳои мураккаб сохта мешавад‚ дар ҳоле, ки Ю.А. Рубинчик фақат аз вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ сохта шудани калимаҳои навро бо истифода аз -бош(ӣ) таъкид кардааст.

Список литературы

  1. Ashrapov, B. P. Comparative analysis of morphological peculiarities of self-emphasis pronouns in the Tajik literary language appertaining to the XVIII-th and XX-th centuries / B. P. Ashrapov // Заметки ученого. – 2022. – № 2. – С. 39-41.
  2. Айнӣ, С. Ғуломон. Монография / С. Айнӣ. Роман. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2019, - 488 с.
  3. Айнӣ, С. Таърихи амирони манғитияи Бухоро, Исёни Муқаннаъ. Монография / С. Айнӣ. Ҷ.10. – Душанбе: Ирфон, 1966. - 243 с.
  4. Айнӣ, С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. Монография / С. Айнӣ. Куллиёт. Ҷ.14. /Тартибдиҳанда К.С. Айнӣ. – Душанбе: Матбуот, 2005. – 270 с.
  5. Ашрапов, Б. П. Грамматические особенности личных местоимений в "Тухфат-ул- хони" Мухаммада Вафаи Карминаги / Б. П. Ашрапов // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук. – 2015. – № 2(63). – С. 109-119.
  6. Ашрапов, Б. П. Грамматические особенности числительных в таджикском литературном языке ХУIII в / Б. П. Ашрапов // Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук. – 2016. – № 4(49). – С. 194-200.
  7. Ашрапов, Б. П. Способы образования суффиксальных наречий в "Тухфат-ул-хони" Мухаммадвафо Карминаги / Б. П. Ашрапов // Вестник Таджикского национального университета. Серия филологических наук. – 2015. – № 4-2(163). – С. 80-84.
  8. Ашрапов, Б. П. Употребление производных арабских наречий в таджикском литературном языке XVIII-го века / Б. П. Ашрапов // Заметки ученого. – 2022. – № 2. – С. 42-45.
  9. Ашрапов, Б. П. Таҳлили муқоисавии маънои пасванди -гоҳ дар забони адабии тоҷикии қарнҳои XVIII ва XX / Б. П. Ашрапов // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ. – 2021. – No 3(88). – P. 93-99.
  10. Бобомуродов, М. Ҷамоли мард дар фасоҳати гуфтори ӯст. Монография / М. Бобомуродов. - Душанбе: Эр-граф‚ 2012. – 240 с.
  11. Ғиесов, Н. И. Вижагиҳои сарфӣ ва наҳвии пайвандакҳо дар забони адабии тоҷикии қарни XVIII (дар мисоли "Тӯҳфат-ул-хонӣ"-и Муҳаммадвафои Карминагӣ) / Н. И. Ғиесов, Б. П. Ашрапов // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. – 2020. – No 1(259). – P. 280-287.
  12. Карминагӣ‚ М. Тӯҳфаи хонӣ. / М. Карминагӣ. Нусхаи маркази фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода.
  13. Муҳаммадвафои Карминагӣ. Тӯҳфат-ул-хонӣ. Муқаддима, таҳияи матн, нусхабадал, таълиқот ва феҳрастҳои Ҷамшед Ҷӯразода ва Нурулло Ғиёсов / И.У. Раҳимов, Б.П. Ашрапов. – Хуҷанд: Ношир, 2018. – 390 с. + 586 саҳ. ф. = 976 с.
  14. Рубинчик, Ю.А. Грамматика современного персидского литературного языка. Монография / Ю.А. Рубинчик. – М.: Восточная литература, 2001. – 600 с.

Поделиться

1276

Ашрапов Б. П. Сравнительный анализ морфологических особенностей и уровня употребления полисуффикса -боши в таджикском литературном языке XVIII и XX вв. // Актуальные исследования. 2022. №12 (91). С. 38-40. URL: https://apni.ru/article/3912-sravnitelnij-analiz-morfologicheskikh-osoben

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января