Главная
АИ #13 (92)
Статьи журнала АИ #13 (92)
Сравнительный анализ структурных особенностей глаголов в таджикском и арабском я...

Сравнительный анализ структурных особенностей глаголов в таджикском и арабском языках

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

сравнительный анализ
структурные особенности
глаголы

Аннотация статьи

Статья посвящена проблеме сравнительного анализа структурных особенностей глаголов в таджикском и арабском языках. Подчеркивается, что исследуемая тема играет ключевую роль в дальнейших коррелятивных исследованиях.

Текст статьи

Солҳои охир дар ҷаҳон омӯзиши муқоисавии забонҳо рушд меёбад. Ин раванд имрӯз тамоми сатҳҳои сохтори забонҳоро фаро мегирад ва объекти афзалиятноки омӯзиши махсус аз нигоҳи муқоисавӣ-типологӣ маҳсуб мешавад. Олимони зиёди ватаниву хориҷӣ дар омӯзиши муқоисавӣ-типологии забонҳо, аз ҷумла забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар таҳқиқоти сершуморе анҷом додаанд, вале рушди илми забоншиносӣ нишон дод, ки илми забоншиносӣ ҳамеша дар дараҷаи рушдёбӣ қарор дорад ва ниёз ба таҳқиқотҳои навини ҷаҳонӣ дорад [1, 2, 3, 5]. Қиёси забонҳо, аниқтараш дар самти забоншиносии муқоисавӣ омӯхтани забонҳо аз ду ҷиҳат аҳамияти калон дорад: a) Аз нигоҳи назарияи забоншиносӣ, ки муқоисаи забонҳо барои ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои назариявӣ маводи хуб медиҳад; б) Аз назари амалия, чунин қиёс имконияти азхуд намудани забони мавриди тадқиқро фароҳам меоварад.

Феъл яке аз ҳиссаи мустақили нутқ буда, амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмонад ва дорои категорияҳои хоси худ мебошад. Дар феъл чун дар дигар ҳиссаҳои нутқи забони тоҷикӣ бо шаклҳои муқоисавӣ (таҳлилӣ) ифодаи шаклҳои грамматикӣ хоси мушоҳида мешавад [5, 6].

Мақсад аз муқаррар кардани сохти феълҳо ин муайян кардани шаклҳои феъл, тарзу воситаҳои калимасозӣ ва таркибсозии феълҳо мебошад, ки ифодаи маъниҳои феълӣ ба онҳо вобаста аст. Шакл қолиби ифодаи маъност. Дар ҳақиқат маънои феъли гирифтан дигар асту даргирифтан дигар аст. Монанди ҳамин, феълҳои зерин, ки аз ҷиҳати шаклу таркиб фарқ мекунанд, аз ҷиҳати маъно ва тобишҳои маъноӣ ҳам фарқ доранд. Мисол: гаштан – баргаштан – бозгаштан, истодан – бозистодан, хӯрдан – вохӯрдан, намудан – вонамудан, тезондан – тез кардан, ҳамчунин таркибҳои феълии устувор кардан – устувор шудан – устувор гардидан, омада мондан, монда рафтан, гуфта додан ва монанди инҳо.

Дар забони арабӣ низ ин тарзи феълҳо вуҷуд дорад ва он ба вазнҳои феълӣ вобаста аст. Забоншиносони араб вазнҳои феълиро аз қолаби решаи феъли فَعَلَ муайян кардаанд ва дар луғатҳо онҳоро бо тартиби афзоиши мураккабии поя, бидуни рақамгузорӣ ҷойгир кардаанд. Дар луғатҳои аврупоӣ бошад, вазнҳои феълиро бо рақамҳои римӣ рақамгузорӣ кардан қобили қабул аст. Дар забони арабӣ ҳамагӣ XV навъи вазнҳои феълӣ мавҷуданд, аммо аз онҳо даҳтояш хеле маъмул ва серистеъмол мебошад [4, с. 122].

Вазнҳои феълии забони арабӣ:

Вазни феъли замони гузашта

Вазни феъли замони оянда

Феъли замони гузашта

 Мисоли феъли замони оянда

I

فَعَلَ

يَفْعَلُ

عَلِمَ донистан -

يَعْلَمُ

II

فَعَّلَ

يُفَعِّلُ

عَلَّمَомӯзонидан

يُعَلِّمُ

III

فَاعَلَ

يُفاعِلُ

ذَاكَرَмуҳокима кардан

يُذَاكِرُ

IV

أفْعَلَ

يُفْعِلُ

أَدْخَلَдаровардан

يُدْخِلُ

V

تَفَعَّلَ

يَتَفَعَّلُ

تَعَلَّمَхондан -

يَتَعَلَّمُ

VI

تَفَاعَلَ

يَتَفَاعَلُ

تَعَاوَنَҳамкорӣ - кардан

يَتَعَاوَنُ

VII

انْفَعَلَ

يَنْفَعِلُ

انْقَلَبَ чаппа шудан

يَنْقَلِبُ

VIII

افْتَعَلَ

يَفْتَعِلُ،

انْتَصَرَғолиб омадан

يَنْتَصِرُ

IX

افْعَلَّ

يَفْعَلُّ

إحْمَرَّсурх шудан

يَحْمَرُّ

X

اسْتَفْعَلَ

يَسْتَفْعِلُ

اسْتَخْرِجُ баровардан

يَسْتَخْرِجُ

Ғайр аз ин, дар тарзу мавриди истеъмоли услубии ин гуна шаклу таркибҳои феълӣ ҳам каму беш фарқ дида мешавад. Яке дар ҳамаи услубҳои забони адабӣ серистеъмол, дигаре камистеъмол ё хоси яке аз услубҳо мебошад. Ҳамин тариқ, вобаста ба сохти феълҳо маъноҳои лозимаи луғавӣ, грамматикӣ ва тобишҳои услубии онҳо ифода меёбанд. Феълҳо аз ҷиҳати сохт гуногунанд, вале аз рӯи қоидаҳои муайян таркиб ёфта, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: феълҳои содда, феълҳои сохта, феълҳои таркибӣ [7, с. 227].

Феълҳои сода. Феълҳое, ки аз ҷиҳати сохти морфологӣ ба шакли холис (бе суффиксу префикси калимасоз) воқеъ шудаанд, феъли сода номида мешаванд. Масалан: афтидан, боридан, бурдан, гаштан, гузаштан, гуфтан.

Феълҳои омадан, овардан, андохтан, пазируфтан, пайвастан таърихан бо аффиксҳои о-, ан-, паз-, пай- сохта шудаанд, аммо бо мурури замон аз сабаби гум шудани тобиши маъноӣ ва ҳамчун калимаи рехта ба ҳам омехтани ҷузъҳо ба гурӯҳи феълҳои содда дохил шудаанд [7, с. 227].

Феълҳои сохта. Феълҳое, ки ба воситаи префикс ва суффиксҳои калимасозӣ феъл сохта шудаанд, феълҳои сохта ном доранд. Чунончи: бардоштан, даромадан, бозгаштан, вохӯрдан, талабидан, коллективонидан.

Аффиксҳои калимасоз на танҳо маънии луғавии феълҳоро тағйир медиҳанд, балки баъзе аз онҳо тобишҳои грамматикӣ низ ба вуҷуд меоваранд. Дар забони ҳозираи тоҷик бо префиксҳо сохта шудани феълҳо чандон сермаҳсул набошад ҳам, аҳамияти калимасозии онҳо зиёд аст.

Сохта шудани феълҳо бо префиксҳои калимасоз:

Префикси бар-: дамидан – бардамидан, доштан – бардоштан.

Префикси дар-: – даромадан, овардан – даровардан.

Префикси боз-: доштан – боздоштан, гаштан – бозгаштан.

Префикси во-: хӯрдан –вохӯрдан, намудан – вонамудан.

Префикси фур- (аз фурӯ ва фуруд): омадан – фуромадан, овардан.

Префикси фар- айнан тобиши маъноии префикси “фур”-ро дорад: фаромадан//фуромадан, фаровардан//фуровардан.

Суффиксҳои калимасози феъл назар ба префиксҳои ин ҳиссаи нутқ аз ҷиҳати адад зиёд набошанд ҳам, хеле серистеъмолу сермаҳсуланд. Дар ин бобат асосан суффиксҳои -ид ва -он ба назар мерасанд, ки калимасозӣ бо онҳо бо тобишҳои грамматикӣ омехта воқеъ мешавад.

Дар забони арабӣ суффиксҳои феълсоз мавҷуд нестанд, аммо онҳо ба воситаи пешванд ва миёнванд сохта мешаванд, ки ин навъи феълӣ низ бо вазнҳо ифода меёбад. Мисол, феъли جَمَّع – бисёр ҷамъ кардан. Ин дуюмин вазни феълӣ буда, он ба воситаи миёнванд ифода ёфтааст ва бо тобишҳои грамматикии худ маънои онро дигаргун месозад. Инчунин феъли اخْتَبَزَ – нон пухт; ба воситаи пешванди ا ва миёнванди ت сохта шудааст.

Як гурӯҳ феълҳо аз исм ва сифат бо иловаи суффиксҳои -ид ва -он (онид) ҳосил мешавад, ки ин гуна феълҳо феълҳои сохтаи номӣ мебошанд. Дар тарзи калимасозӣ бо ин суффиксҳо, бо вуҷуди умумияти асосҳои номӣ, фарқе дида мешавад.

а) аз исм ва сифатҳое, ки маънои луғавиашон андаке тобиши феълӣ ҳам дорад, бо иловаи суффикси –ид асоси замони гузаштаи феъл сохта шуда, бо суффикси –ан шакли масдарӣ мегирад. Чунин феълсозӣ бо исм сермаҳсултар, бо сифат каммаҳсул мебошад: завқ – завқид – завқидан [7, с. 229].

Дар забони арабӣ низ аз исм ва сифат сохтани феъл хеле маъмул аст, он ҳам вобаста вазнҳои феълӣ мебошад, масалан:

а) аз исм: хобنَوْم - ва феъли نامَ – хоб рафтан феъли аз исм сохташудаи نامَ ба замони гузашта далолат карда, боз дар вазнҳои II, IV, V, VI ва X меоянд.

б) аз сифат: бузург, калон – كَبير ва феъли كَبُرَ – калон будан

ин навъи феъл боз ба вазнҳои II, III, IV, V, VI ва X низ ифода меёбанд.

Дар забони арабӣ феълҳои таркибӣ мушоҳида карда намешаванд, аммо дар вақти тарҷумаи баъзе феълҳо онҳо ҳамчун феълҳои таркибӣ ифода меёбанд: Мисол: أبَرَ - дашном додан; ابَقَ - фирор кардан; ابَشَ – ҷамъ кардан; اثَرَ - иқтибос овардан.

Дар хусуси сохти феълҳо С.Сулаймонӣ дар китоби “Очерки сарф (морфология)-и забони арабӣ” [8, 46], чунин иброз медорад, ки сохти феълҳо дар забони арабӣ ду навъ мешавад:

1) феъли саҳеҳ ё дуруст (الفِعْلُ الصَّحيحُ) феълеро гӯянд, ки дар ҳарфҳои решагии он ҳарфҳои иллат (ا، و، ي) вуҷуд надоранд. Ин феълҳо дар навбати худ ба се бахш тақсим мешаванд: музаъъаф, маҳмуз (ҳамзадор), солим.

а) الفِعْلُ المُضَعَّفُ мисол:شَدَّ، رَدَّ، هَزَّ

Забоншиносон феълҳои муҷарради рубоиро, ки ҳарфи якум ва сеюми решагӣ ва ҳарфи дуюму чаҳоруми он якранг меояд, музаъъафи рубоӣ меноманд, мисол:غَرْغَرَ – صَرْصَرَ

б) الفِعْلُ المَهْمُوزُмисол:أخَذَ، سَأَلَ، قَرَأَ

в) الفِعْلُ السَّالِمُмисол:فَهِمَ، رَكَضَ، كَتَبَ

2) Феъли мӯътал (иллатдор, ноустувор, нодуруст) المُعْتَلُلُ الفِعْلُ. Феъли мӯътал (иллатдор) гуфта, он феълеро мегӯянд, ки дар ҳарфи решагӣ (аслӣ)-и он ҳарфҳои иллат (ا، و، ي) вуҷуд доранд. Феълҳои мӯътал дар навбати худ боз ба се қисм ҷудо карда мешаванд:

а) الفِعْلُ المِثالُ мисол: يَسَرَ، وَعَدَ، وَصَفَ

б) الفِعْلُ الأجْوَفُ мисол:باعَ، قالَ

в) الفِعْلُ النَّاقِصُ мисол:رَمَىَ، دَعا [8, с. 46].

Аз мушоҳидаҳои болоӣ маълум гардид, ки сохти феълҳо дар ҳар ду забони мавриди қиёс ва таҳқиқ қарордошта, гуногун мебошанд. Феълҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохт танҳо ба се қисм тақсим карда мешаванд, аммо феълҳои забони арабӣ ба воситаи вазнҳои феълӣ сохта мешаванд, ки маъноҳои феълҳои ҳар як вазн гуногун мебошанд.

Список литературы

  1. Ашрапов, Б. П. Таҳлили муқоисавии маънои пасванди -гоҳ дар забони адабии тоҷикии қарнҳои XVIII ва XX / Б. П. Ашрапов // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ. – 2021. – No 3(88). – P. 93-99.
  2. Ашрапов, Б. П. Корбурд ва вежагиҳои сарфии пешвандҳои сифатсоз дар забони адабии тоҷикии қарнҳои XVIII ва XX / Б. П. Ашрапов // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ. – 2015. – No 2(63). – P. 109-119.
  3. Ғиесов, Н. И. Вижагиҳои сарфӣ ва наҳвии пайвандакҳо дар забони адабии тоҷикии қарни XVIII (дар мисоли "Тӯҳфат-ул-хонӣ"-и Муҳаммадвафои Карминагӣ) / Н. И. Ғиесов, Б. П. Ашрапов // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. – 2020. – No 1(259). – P. 280-287.
  4. Гранде Б.М. Курс арабской грамматики в сравнительно-историческом освещении. – М:. Восточная литература, 2001. – 585 с.
  5. Кузиева, Н. М. Грамматическая категория рода имён существительных арабского языка и способы его выражения на таджикском языке / Н. М. Кузиева // Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук. – 2014. – № 2(39). – С. 11-17.
  6. Розенфельд А.З. Глагол. – Сталинобод: Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон 1954. – 80 c.
  7. Рустамов Ш., Ғаффоров Р. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Дониш 1985. – 356 с.
  8. Сулаймонов С. Очерки сарф (морфология)-и забони арабӣ (ислоҳшуда ва изофашуда). – Душанбе: ҶДММ-Хирадмандон, 2019. – 138 с.

Поделиться

1110

Юсупова Т.. Сравнительный анализ структурных особенностей глаголов в таджикском и арабском языках // Актуальные исследования. 2022. №13 (92). С. 14-17. URL: https://apni.ru/article/3938-sravnitelnij-analiz-strukturnikh-osobennostej

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января