Дар соҳаи забоншиносӣ наҳв низ хамвора бо сарф яке аз кисматҳои асосии маҳсуб ёфта, бо воҳидҳои калонтарини забон - ибора ва чумла робитаи ногусастаниро доро мебошад. Таркиб, сохт ин воҳидҳо, алоқаи маъноӣ ва грамматикии ҷузъхои онҳо, воситаҳои грамматикии алоқаи байни ҷузъҳо ва инчунин хелҳои ибораву чумларо меомӯзад. Масъалаи омӯзиш воситахои алокаи тобеи забонҳои точикӣ ва арабӣ ба самти навини таҳқиқоти забонҳои мукоисашаванда алокаманд мебошад. Ибора вохиди забон буда, аз калиммаю таркибхои маънодор бо алокахои тобеии изофй, вобастагй ва хамрохй созмон ёфта ва нисбат ба калима маънои пурра иффода мекунанд. Аз ин ақидаи академик В.В. Виноградов, ки яке аз асосгузорони иборашиносии Шуравй мебошад, хусусияти миллии забон махз дар колабхои пайваст шудани калимахо, дар сохтани хелхои мухталифи иборахо басо равшан намоён мешавад. Ахамияти омухтани иборахоро дар таҳқиқ ва таълими забон таҳқиқгарони ибораҳои забони точикй низ кайд кардаанд (). Нахустин шуда ба масоили назарии ибора забоншиноси рус Ф.Ф. Фортунатов бисёртар мароқ зоҳир карда, дар охири асри XX олими мазкур ба назарияи ибора акидаи худро баён намудааст [2, 6, 7].
Чун дар боло зикр кардем, барои возеҳ шарҳ додани алоқа саҳми ибора наззарас аст, ин навбат дар бораи ҷумлаи мураккаби тобеъ ду-се нуқтаро бояд, зикр кард. Дар мавзӯи алоқа тобеъ дар забони тоҷикӣ асосан дар ҷумлаи мураккаби тобеъ ба назар мерасад. Ҷумлаи мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳои мураккаби пайват бо кулли тафовут дорад. Вақте ки мо ба ҷумлаҳои мураккаби пайваст вомехӯрем, дар ҷумла ҷумлаҳои содда мустақии худро то ҳадде нигоҳ дошта метавонанд аммо дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бошад, ҷумлаҳои пайрав бо сарҷумла тобеъ гашта, асосан мустақии худро тамом карда, сарҷумлаҳоро аз ягон ҷиҳати мӯайян (замон, макон, сабаб, мақсад, шарт, натиҷа ва ғайра) шаҳру тавзеҳ медиҳад. Пайвандакҳои ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз пайвандакҳои ҷумлаҳои мураккаби пайваст фарқ мекунанд. Мо онҳоро ҳангоми аз назар гузаронидани хелҳои алоҳидаи ҷумлаҳои мураккаб тобеъ хоҳем дид.
Дар забони тоҷикӣ яке аз хусусиятҳои алоқаи тобеъ бо воситаи пайвандакҳо ва ҷумлаҳои пайрав ва сарҷумла ба усули ғайричида низ алоқаманд шуда, ифода мекунанд. Алоқаи ҷумлаҳои пайрави ғайричида ба сарҷумла бо ёрии воситаҳои гуногун ба амал меояд. Мобайни ҷумлаҳои пайрави ғайричидв ҳеҷ гуна муносибатҳои маъноӣ ва грамматикӣ дида намешавад.
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави ғайричидаи якхела бо ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаҳои пайрави чида танҳо аз як ҷиҳат монанд мебошанд: дар ҳар ду гурӯҳ ҳам ҷумлаҳои пайрав як хел мебошанд ва онҳо дорои қобилияти ба як савол ва ҷавоб низ доранд.
Аз ҷониби дар алоқаи тобеъ дар забони тоҷикӣ ва ё забонҳои муқоисашаванда ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба куллӣ фарқ мекунанд. Вақте ки мо ба ҷумлаҳои мураккаби пайваст назар мекунем, фаҳмидан мумкин аст, ки дар ин ҷумла ҷумлаҳои содда нисбатан баробарҳуқуқ мебошанд. Лекин ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як ҷумлаи содда ба ҷумлаи дигар тобеъ мебошад [1, 2, 3, 4, 13].
Аз хусусиятҳои ҷумлаи мураккаби тобеъ ин аст, ки панҷ намуди алоқа ба назар мерасад, ки ҷумлаи пайрав тавассути онҳо ба сарҷумла тобеъ мегарданд, мисол: пайвандакҳо; мутобиқати шаклҳои феълӣ; калима ва таркибҳо; оҳанг ва ҷои сарҷумлаю ҷумлаи пайрав.
Боз яке аз хусусияти ҷумлаи мураккаби тобеъ ин аст, ки муносибати грамматикӣ ва маъоӣ дар байни сарҷумлаю пайрав дида мешавад. Ҷумлаи мураккаби тобеъ аз сарҷумла ва аз як ё якчанд ҷумлаи пайрав иборат мебошад. Сарҷумла гуфта ҷумлаи тобеъкунанда – ҷумлаи асосии таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъро меноманд, ҷумлаи пайрав бошад, ҷумлаи тобеъшаванда аст. Ҷумлаи пайрав сарҷумларо аз ягон ҷиҳат шарҳу эзоҳ дода, пуррагии сохту маънои онро таъмин менамояд. Пайвандакҳои тобеъкунанда муносибатҳои гуногуни маъноии сарҷумлаву пайравро ифода менамояд. Пайвандакҳои тобеъкунанда мувофиқи маъно ва вазифаи наҳвиашон ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:
Пайвандакҳои замон инҳоянд: вақте ки, вақто ки, ҳар вақт ки, дар вақте ки, аз вақте ки, кадом вақте ки, баъд аз он ки, баъд ки, баъди ин ки....
Пайвандакҳои макон: ҷое ки, ба ҷое ки, дар ҷое ки, аз ҷое ки, то ҷое ки...
Пайвандакҳои тарз: ба тавре ки, ба тарзе ки, дар ҳолате ки....
Пайвандакҳои миқдору дараҷа: ба дараҷае ки, то ба дараҷае ки, ба андозае ки, ба ҳадде ки, ба қадри он ки...
Пайвандакҳои монандӣ: монанди он ки, монанди ин ки, мисли он ки...
Пайвандакҳои сабаб: азбаски, баски, чунки, зеро ки, модом ки, ба сабаби ин ки, ба сабаби он ки, аз ҷиҳати ин ки...
Пайвандакҳои мақсад: то, то ки, то ин ки, барои ин ки, барои он ки...
Пайвандакҳои шарт: агар (гар, ар), агар ки, гар ки, ба шарте ки...
Пайвандакҳои хилоф: ҳам, ҳарчанд, ҳарчанд ки, ҳар чанде ки, агарчанд..
Пайвандакҳои объектӣ: дар хусуси ин (он) ки, дар бораи ин (он) ки....
Пайвандакҳои ҳамроҳӣ, иловагӣ: ғайр аз ин (он) ки...[1, 2, 3, 4]
Дар ҷумлаи мураккаби тобеъ “Ҳар кас ки ба замин меафтид, ӯ кушташуда ҳисоб меёфт” низ ҷумлаи пайрави ҳар кас ки ба замин меафтид мубтадои сарҷумла, ки бо ҷонишини шахсии ӯ ифода ёфтааст, эзоҳ медиҳад. Ҷумлаҳои пайрави мубтадо бисёр вақт бо мубтадоҳои таркибии ҳар кас, ҳар чиз, ҳар ончӣ ва кадом кас сар мешаванд ва пайвандаки ки одатан пас аз онҳо меояд: Ҳар кас ки ба дасташ қалам гирифта чизе менависад ё дар пеши халқ баромада нутқ мекунад, вай бояд кӯшиш кунад, ки забони асари он ба хонандагон ё шунавандагон фаҳмо бошад [5].
Ин маълумоте, ки дар бораи алоқаи тобеъ ва ё ҷумлаи мураккаби тобеъ, ки дар боло дода шуд ва хусусиятҳои алоқаи тобеъ дарҷ гардид.Маврид ба зиқр аст, ки мақолаи мазкур дар меҳвари алоқаи тобеъ дар забонҳои муқоисашаванда фарогир мебошад. Ин навбат хусусият ва ё вежагиҳои алоқаи тобеъро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳем.
Дар забони арабӣ низ мисли забони тоҷикӣ алоқаи тобеъ мавҷуд аст ва фақат бо роҳу усулҳои гуногун ифода меёбад. Дар наҳви забони арабӣ ин мавзӯро “ҳиссачаҳои насбкунанда” ва “اداة النصب” ҳаллу фасл мекунанд.
Ҳиссачаҳои насбкунанда “اداة النصب” - дар воқеъ ба ва феъл ва ё ҷумлаи феъли дохил шуда, онро ба танзим медарорад. Ҳолат(эъроб)-и феъли музореъ (المضارع) насб мекунад. Феъли музореъ насб гашта бо адад ва аломатҳояш фарқ мекунад. Масалан, феъли музореъи саҳеҳ, ки охираш бо фатҳаи зоҳир насб мешавад, дар феъли музореъи муъталл низ бо фатҳа қобилияти насб шуданро дорад. Лекин феълҳои панҷгона ( يفعلان – تفعلان – يفعلون – تفعلون – تفعلين .) бо ҳазф шудани нун насб мешавад, зикр кардан ба маврид аст, ки ҳиссачаҳои ёридиҳанда (إن وأخواتها ) низ ба ҷумлаи исмӣ (الجمل الاسمية) дохил мешавад на ин, ки ба ҷумлаи феълии забони арабӣ ( الفعلية) ва мубтадоро насб мекунад ва ин ҳолат мубдато ба исми ҳиссачаҳои ёридиҳанда (إن وأخواتها ) табдил мешавад, аммо хабари ҳиссачаҳои ёридиҳанда эъробашон марфуъ (замма) боқӣ мемонад [8; 9; 1].
Ҳиссачаҳои насбкунанда “اداة النصب” , феълҳои насби музореъ ва маъноҳояшро дар зерин шарҳу тавзеҳ хоҳем дод.
Ҳиссачаҳои ёридиҳандаи “ان” اريد ان اذهبَ - (Ман мехоҳам, ки равам).
Ҳиссачаҳои ёридиҳандаи “لن” - لن أبرح اليوم مكاني (Ман инрӯз ин ҷоро тарк намекунам).
Ҳиссачаҳои ёридиҳандаи “كي” - أنا هنا كي أعطيكي الفرصة (Ман дар инҷо ҳастам то, ки ба ту имконият диҳам.)
Ҳиссачаҳои ёридиҳандаи “إذَنْ” - قال خالدٌ لمحمد: سأزورُك، فرد سالمٌ: إذَنْ أُكْرِمَكَ (Холид ба Маҳмуд гуфт: Туро ба дидорбинӣ меоям, Салим ҷавоб дод, пас туро гиромӣ медорам).
Ҳиссачаҳои ёридиҳандаи “حَتَّى” - يحب لأخيه ما يحب لنفسه لا يؤمن أحدكم حتى (Ҳеҷ яке аз Шумо, инсони комил нест, он чизе, ки барои худ дӯст дорад, барои дӯст дорад).
Ҳиссачаҳои ёридиҳандаи “الفاء” - خرج المدرس فالطلاب (Муаллим пас донишҷӯён бароманд)
Ҳиссачаҳои ёридиҳандаи الواو: - ذهب محمود وأحمد إلى المدرسة (Маҳмуд ва Аҳмад ба бозор рафтанд).
Ҳиссачаҳои ёридиҳандаи “أَوْ” - هل تحب البرتقال أو الموز (Афлесун дӯст медорӣ ё бананро?).
Зери ин гуфтаҳо қобили тазаккур аст, дар тамоми забонҳои муқоисашаванда ва муқоисакунанда ҳар унсур ва ё воҳиди забон дар қолаб ва ё маҳз худи унсури забон барин ифода намеёбад. Масалан, он унсуру воҳидҳои забони бо роҳҳои гуногун барои ба мақсад расидан, ифода меёбанд. Бояд таъкид кард, ки барои шарҳу тавзеҳи мавзӯи мазкур дар як мақола корро ба анҷом расонидан ғайри имкони аст. Дар мақолаи зерин кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки хусусият ва фарқиятҳои ва тарафҳои норӯшани алоқаи тобеъро дар забонҳои муқоисашаванда мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода бошем.