Главная
АИ #14 (93)
Статьи журнала АИ #14 (93)
Использование приемов изменения, дополнения и замены как основных средств перево...

Использование приемов изменения, дополнения и замены как основных средств перевода таджикских художественных текстов

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

изменение
приемы добавления и замены
перевод таджикских художественных текстов

Аннотация статьи

В статье рассматривается проблема, связанная с использованием приемов изменения, дополнения и замены как основных средств перевода таджикских художественных текстов. Отмечается, что исследуемая тема играет ключевую роль в сфере переводоведения.

Текст статьи

Чунончи Антоколский мегуяд, ки; «Тарҷума василаи олитарини дӯстии байни халқҳост»

Асарҳои маъруфи нависандагони англис ба монанди Шекспер, Марк Твен, Данейл Дефо, Ҷейн Остен, Чарлес Дикенс, Ҷонатан Свифт, Артур Конан Доил ба забонҳои ҷаҳон тарҷума шуда, инчунин дар китобхонаҳои кишвари азизамон низ бо шарофати мутарҷимони беназирамон, бо забони миллии худ, китобҳои дӯстдоштаи мардуми бофарҳанг гаштааст. Мутарҷимони шинохтаи тоҷик, ба монанди Ҳ.Аҳрорӣ, А.Деҳотӣ, Ӯ.Холиқов, Р.Ҳошим, М.Раҳимӣ, А.Эделман, В.Демидчик, Ҳ.Ирфон, Э.Мулоқандов, Искандарӣ, М.Азизмуроқов, С.Улуғзода, М.Шукуров, К.Айнӣ, Ш.Собир, Ҷ.Одина, Ш.Шараф, С.Салоҳ, А.Насимов ва дигарон аз рӯи асарҳои адибони англис кор карда, онҳоро то қадри имкон аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ баргардон намуда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки бо сатҳи баланди тарҷума ба ҷониби китобхонони нуфуси Ҷумҳуриамон расонанд ва шавқи онҳоро дар омӯзиши фарҳангу ҳаёти Инглистон бедор кунанд.

Бо сабаби гуногун будани қоидаҳои забонию фарҳангӣ, ҳангоми тарҷума намудан барои мутарҷим як қатор душвориҳоро омода месозад. Тарҷума ҳамчун як шохаи илми забон қонун ва қоида, шарт ва раванди кори худро дорост. Мутахассисони ин соҳа А.С. Бархударов, А.В. Фёдоров, А.Д. Швейтсар, В.Н. Комиссаров доир ба санъати тарҷума асарҳои пурқимати илмӣ офарида, назарияи онро аз ҳар ҷиҳат такомул додаанд.

Ҳангоми тарҷумаи осори бадеӣ баъзан доираи семантикии калимаҳо, воситаҳои грамматикии ифода, сохти синтаксисии ҷумлаҳо, терминалогия мувофиқат намекунанд. Калимаҳо ва ҷумлаҳо тарҷума нашуда, балки бо дигар маъно, бо роҳу усулҳои гуногун оварда мешаванд. Мутахассисони кори тарҷумонӣ Н.И. Солнтсева, А.С. Бархударов се усули тарҷумаро зикр кардаанд: талаф, илова ва бадал [5, с. 2].

Ҳ.Аҳрорӣ таъкид менамояд, ки дар назарияи тарҷумаи бадеӣ «талаф» ва «бадал» гуфтанӣ мафҳумҳо ҳаст, зеро баъзе унсурҳои ба худ хоси лексикиро айнан тарҷума кардан мумкин нест, барои он ки онҳо талаф ёбанд ва ё ба ҷойи онҳо калима ва ё ибораи дигар кор фармуда мешаванд. Аз ин рӯ, «талаф» ногузир аст, «бадал» ёрӣ мерасонад, ба шарте ки «талаф» ҷойи «бадал»-ро касб кунад ва ба рӯҳи асар халал нарасонад [7, с.101]. Мушоҳидаи осори англис нишон дод, ки бо мақсади пурраву амиқ додани маънои матни асл ба забони тарҷима мо хоҳ нохоҳ ба ин се усули тарҷума дучор меоем, минҷумла:

а) талаф, яъне аз байн рафтани калима, ибора, ҳатто ҷумлаҳо. Маънои аслиро гум накарда, мутарҷим метавонад баъзе қисматҳои ҷумларо бурида партояд. Чунин ҳолатро мо дар тарҷумаи Ҳаким Карим дида метавонем: Tom he made a sign to me – kind of a little noise with his mouth – and we went creeping away on our hands and knees. - Том оҳистакак ҳуштак кашид ва мо гаваккунон пеш рафтан гирифтем [8, с. 10].

Дар ин ҳолат калимаҳои «on our hands and knees» талаф ёфтааст ва якум қисмати ҷумла «made a sign to me – kind of a little noise with his mouth» ихтисор карда шудааст, ки агар ин ҷумларо ба пуррагӣ тарҷума кунем чунин ҳолат рӯҳ медиҳад: «Том ба ман бо овози паст ишора дод ва мо гаваккунон бо дасту зонуҳои худ рафтан гирифтем». Агар тарҷумаҳоро муқоиса кунем дар байни онҳо тафовут вуҷуд надорад. Яъне, чунин ибораҳои талафшуда ба бадеияти матн таъсири манфӣ намерасонад.

б) илова, яъне ҳангоми тарҷима аз як забон ба забони дигар бо мақсади пурра ва фаҳмо ифода кардани фикр ба мутарҷим лозим меояд, ки бо илова кардани калимаву ибораҳо матлабро то охир равшан фаҳмонда диҳад. Аз ҷумла, тарҷимонони тоҷик аз усули илова фаровон истифода бурда тавонистааст: The King thy father! Oh, my child! unsay these words that be freighted with death for thee... [14, с. 32]. - Подшоҳ падари ту! Э писарҷонам! Аз сарат гардам, ин гапҳоро дигар магӯ, ки худатро нобуд накун… [10, с. 52].

Вақте ба ҷумлаи аслӣ таваҷҷӯҳ кунем ибораи «аз сарат гардам» ба назар намерасад, ки ин ибора аз тарафи тарҷумон илова шуда, ҷумлаҳои зикршуда дар забони тарҷума бадеатан такмил ёфтааст, ки ин ба истеъдоди хуби мутарҷим вобастааст.

Дар воқеъ тарҷумаро соддаву фаҳмо карда борои хонанда таъсири эмотсионалӣ расонидан аст, ки мутаассирии матни асилро дар матни тарҷума бояд акс намояд: …it had a hundred thousand inhabitants some think double as many» [14, с. 2]. - ...нуфуси ин шаҳрро сад ҳазор ва баъзе касон дучанди ин, яъне дусад ҳазор сол тахмин мекарданд [10, с. 4].

Агар қисми якуми ҷумларо аз рӯи маънои лӯғавии калима тарҷума карда бошем, ин маъноро медиҳад: «Лондон понздаҳ сад сола буд». Чунончӣ, вақте, ки ин асар навишта шуда буд, ҳиссаҳои нутқ ва дигар қолабҳои забонии забони англисӣ мавқеи ҳозираи худро надошт. Дар натиҷа ин маънии на «понздаҳ сад», балки бо маънии «понздаҳ аср» зикр гардидааст. Бо вуҷуди ин дар ҷумлаи дувум ҳам шумораи тахминии артикли «а», дар маънои шумораи «one»-ро медиҳад оварда шудааст: «a hundred thousand». Боз калимаи «double as many» илова карда шудааст, ки дучанд бор зиёд будани ягон чизро ифода менамояд. Дар ин ҳолат тарҷумаи Чуковский дар забони русӣ шакли худро чунин дарёфт менамояд: Таҷумони тоҷик Р.Ҳошим дар ин ҳолат бо мақсади равшантар кушода додани маънии «double as many» (яъне, ду бора зиёдтар) «дучанди ин, яъне дусад ҳазор сол»-ро илова мекунад.

Ҳангоми тарҷумаи матнҳои бадеӣ барои мутарҷим яке аз мушкилотҳои дигар ҳастанд, ки дар тарҷума кушода додани маъно халал мерасонанд. Ин мушкилот гурӯҳи калимаҳо вуҷуд доранд, ки онҳо дар ҳастии воқеии як мардум таҷассум мегардад, дар дигараш нест, ки онҳо барои тарҷумапазирӣ халал мерасонанд.

в) усули бадал чунин роҳҳои худро дорад: табдили лексикӣ, табдили ҳиссаҳои нутқ, тағйирёбии сохти синтаксисӣ, табодули нуқтаи назар, компенсатсия ва ғайра. Дар раванди тарҷума табдилёбиҳо ногузир ба амал меоянд, зеро сохти грамматикии забонҳои мухталиф, таркиби луғавӣ, воситаҳои тасвирии забонҳо аз ҳам фарқи куллӣ доранд. Масалан, усули табдили лексикӣ дар тарҷумаи «Шохзода ва гадо» фаровон ба назар мерасад: Drunkenness, riot and brawling were the order, there, every night and nearly all night long [14, с. 3]. - Шаробнӯшӣ, ҷангу ҷидол, дастбагиребон шудан дар ин ҷо ба ҳукми одат даромада буд [10, с. 6].

Маълум, ки ибораҳои рехта тарҷума намешаванд. Дар ин ҷумла низ ҳамчун ибораи рехтаи фразеологӣ калимаи «дастбагиребон», яъне ду се шахс байни худ норозигӣ ва ба якдигар даст бардоштанро ба назар мегирад: The King hath said it. None may palter with the King's command, or fit it to his ease, where it doth chafe, with deft evasions. - Шоҳ чунин фармудаанд. Ҳеҷ кас ҷуръат надорад, ки аз фармоишоти шоҳ гардантобӣ кунад ва ё мисли либосе, ки ба бадан танг аст, онҳоро ба майли худ бурида дигаргун намояд.

Дар ин ҷумла бошад, ибораи рехтаи фразеологии «гардантобӣ кардан», яъне «канораҷӯйи кардан», «норозигӣ баён кардан» дар умум рад кардан мебошад. Дар ҳақиқат, дар забони англисӣ асосан феълҳои модалӣ ва феълҳои ёвар маънои васеъро ифода мекунанд, ки ҳангоми ба забони тоҷикӣ тарҷума кардан маънои онҳоро кушода додан лозим.

Дар натиҷаи таҳлили ҳаматарафа ба чунин хулосаи амиқ омадем, ки мутарҷимони хушсалиқаи тоҷик ба хубӣ дарк намудани мазмуни ғоявӣ, шаклу рӯҳи осори англисзабон ва услуби нависандагони англис муваффақ гаштааст, ки хонандаи тоҷик ба маданият, расму ойини халқи англис ва боигарии забони шевои он аз наздик шинос шавад.

Список литературы

  1. Александрова, О.А. Лексические трудности перевода с английского языка на русский: теория и практика / О.Л. Александрова. Лексическая семантика. - М.: Наука, 1974. - 345 c.
  2. Мамадназаров, А. Фарҳанги англисӣ-таҷикӣ / А.Мамадназаров – Душанбе, 2007. – 1016 с.
  3. Муллоджанова, З. Стиль оригинала и перевод / З. Муллоджанова. – Душанбе, 1977. – 136 с.
  4. Прошина, З.Г. Теория перевода (с английского языка на русский и с русского языка на английский): / З.Г. Прошина. Уч. на англ. яз. – Владивосток: Изд-во Дальневост. ун-та, 2008 (3-е изд., перераб.), 2002 (2-е изд., испр. и перераб.), 1999 (1-е изд.).
  5. Аҳрорӣ, Ҳ. Тӯйхӯрии мӯйсафедон / Ҳ. Аҳрорӣ // Маҷмӯи ҳикоя ва мақолаҳо. – Душанбе, 1984. – 160 с.
  6. Твен М. Саргузашти Геклберри Финн / М.Твен. – Сталинобод: Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1952. – 312 с.
  7. Твен М. Шоҳзода ва Гадо / М.Твен / Аз забони русӣ тарҷумаи Р.Ҳошим., - Душанбе: Ирфон, 1975. – 220 с.
  8. Ҳемингвей Э. Пирамард ва баҳр / Э. Ҳемингвей – Душанбе: Бухоро, 2014. – 167 с
  9. Hemingway E. The Old Man and the Sea / E.Hemingway. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 167 с.
  10. Twain M. The adventures of Huckleberry Finn / M.Twain. – M., 1973. – 303 р.
  11. Twain M. The Prince and the Pauper / M.Twain. – London, 1877. – 346 p.

Поделиться

870

Бойболаев Б. Э. Использование приемов изменения, дополнения и замены как основных средств перевода таджикских художественных текстов // Актуальные исследования. 2022. №14 (93). С. 13-15. URL: https://apni.ru/article/3959-ispolzovanie-priemov-izmeneniya-dopolneniya

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 5 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января