Главная
АИ #18 (97)
Статьи журнала АИ #18 (97)
Структура пассивного залога в перфектных временах

Структура пассивного залога в перфектных временах

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

страдательный залог
времена
группа времен совершенного вида
грамматические категории

Аннотация статьи

В статье рассматривается вопрос о структуре страдательного залога в перфектных временах. Отмечается, что исследуемая тема играет ключевую роль в совершенствовании научно-технических англоязычных текстов в процессе перевода.

Текст статьи

Категорияи тарзи фоил дар матнҳои илмӣ-техникӣ бисёр ҳам баҳспазиранд, инак дар бораи мушкилиҳои он дар ин намуди матнҳо дида мешаванд. Маънои ин муносибат ҳамин аст, ки дар як ҳолат мубтадо ба субъекти амал далолат менамояд, вале дар ҳолати дигар субъект на мубтадо, балки пуркунанда аст. Шакли мафъули Present Perfect тавассути се феъл сохта мешавад: have (has) + been+ Participle II-и феъли мустақилмаъно: I (we, they) have been given a present.-Ба ман (мо, онҳо) тӯҳфае доданд; You have been given a present. –Ба ӯ (вай) тӯҳфае доданд; He (she, it) has been given a present- Ба ӯ (вай) тӯҳфае доданд.

Дар ҷумлаи саволӣ феъли ёвари «have (has)» пеш аз мубтадо гузошта мешавад: Have I been given a present? –Yes, you have. Has she been given a present?- No, she has not.

Ҳангоми инкор кардани амали мафъул баъди «have (has)» ҳиссачаи «not» гузошта мешавад: They haven’t been given a present.

Passive Present Perfect амали ба мубтадо нигаронидашудаеро мефаҳмонад, ки дар ягон нуқтаи вақти гузашта оғоз шуда, пеш аз лаҳзаи нутқ ба охир расидааст: I have been thought how wars have been made about them (W. M. Thackeray). - Ман ба фикр ғӯта задам, ки чӣ тавр барои онҳо (ҷавоҳирот) шуда ин қадар ҷангҳо ба вуқӯъ омадаанд (гузаронида шудаанд); He has been judged the winner (E. Waugh). - Ӯ ғолиб ҳисобида шуд; My son has been injured in the foot (Ibid).-Писарам аз пояш ярадор карда шуд.

Шакли мафъули Past Perfect низ тавассути ду феъли ёвар (had ва been) ва Participle II-и феъли мустақилмаъно сохта машавад. Ин ду феъли ёвар тағйирнопазир мемонад: The journey had been spent in an ordindry third-class railway carridge (E. Waugh). - Cафар дар вагони муқаррарии дараҷаи сеюм гузаронида шуда буд.

Дар ҷумлаҳои саволӣ «had» пеш аз мубтадо ҷойгир мешавад: Had a nice modern house been taken for the summer?- Yes, it had (E. Waugh) –Магар барои гузаронидани тобистон як хонаи зебои замонавие ба иҷро гирифта шуда буд?- Ҳа.; Had their plans been laid years in advance? (E. Waugh) - Магар нақшаҳояшон чандҳо сол пеш таҳрезӣ шуда буданд?

Вақти инкор карадани амали мафъул баъди феъли ёвари «had» ҳиссачаи «not» гузошта мешавад: Miss Grifts hadn’t been recalled to the studio (E. Waugh). - Хонум Грифтс ба студия аз нав даъват карда нашуда буд.

Passive Past Perfect амали ба мубтадо нигаронадашудаеро ифода менамояд, ки дар ягон нуқтаи вақти гузашта оғоз гардидааст ва то нуқтаи дигар дар замони гузашта ба анҷом расидааст: By the end of the week the clothes had been sent with him from Blackstone (E. Voynich). - То охири ҳамон ҳафта либосҳо ҳамроҳи ӯ аз Блекстоун фиристода шуда буданд; His supper had already been served out to him (Ibid)- Хӯроки шоми ӯ аллакай ба ӯ дода шуда буд; He knew by that time that many arrests had been made in both Leghon and Pisa (E. Voynich). - То он дам ӯ медонист, ки ҳабсҳо ҳам дар Легорн ва ҳам Пиза гузаронида шуда буданд.

Passive Future Perfect аз чор феъл таркиб меёбад: феъли ёвари «shall» (барои шахси I танҳою ҷамъ) ё «will» (шахсу шумораҳои дигар) + have + been + Participle II- и феъли мустақилмаъно: shall have been sent there by that time. - То он вақт ман ба он ҷо фиристода хоҳам шуд.

Дар ҷумлаи саволӣ феъли ёвари «shall ё will » пеш аз мубтадо ҷойгир мешавад: Shall I have been sent there by that time?- No, I shall not. - Вақте ки инкори амал зарур мегардад, пас аз «shall ё will » ҳиссачаи «not» гузошта мешавад: shall not have been sent there by that time.

Шакли мафъули Future Perfect Tense амали ба мубтадо нигаронидашудаеро ифода менамояд, дар оянда пеш аз ягон нуқтаи вақти муайян ба анҷом мерасад: I’ll just have been honoured to let him attack again (E. Voynich). - Маро танҳо ба он мушарраф мегардонанд, ки онро (сагро) барои аз нав ҳамла кардан сар медиҳад; Nothing of the kind will have been done by the time you come back (Ibid) - То баргаштани ту ин хел ҳодиса ҳаргиз ба вуқӯъ нахоҳад омад. - It will have been already gathered from the conversation of these worthies (Ch.Dickens). - Ин маълумот аллакай аз сӯҳбати ин шӯҳратмандон гирд оварда хоҳад шуд.

Passive Future – in –the- Past- Perfect низ аз чор феъл бунёд меёбад: should (барои шахси I танҳо ва ҷамъ) ё would (барои дигар шахсу шумораҳо) +have +been + Participle II-и феъли мустақилмаъно: He said that a cheque would have been written to you to buy another copy (J. Galsworthy). Ӯ гуфт, ки барои харидани нусхаи дигаре ба ту чек навишта хоҳад шуд.

Азбаски ин шакли феълӣ асосан дар таркиби ҷумлаи пайрави пуркунанда ба назар мерасад, он шакли саволӣ надорад. Шакли инкорияш тавассути ҳиссачаи «not», ки баъди «should» ё «would» гузошта мешавад, созмон меёбад: We thought that we should’t have been forgiven by the time we return the money (J.Galsworthy). - Мо фикр мекардем, ки то баргардонидани моро пул нахоҳад бахшид.

Ин шакли феълӣ амали ба мубтадо нигаронидашудаеро ифода менамояд, ки дар гузашта пешбинӣ шудаасту то як нуқтаи вақти минбаъда анҷом мепазирад: The judge pointed out that they would have been justified by the end of the year (J. Galsworthy). - Судя қайд кард, ки то охири ҳамин сол онҳо бегуноҳ дониста хоҳанд шуд.

Категорияи тарз дар қатори шаклҳои тасрифии феъл шаклҳои ғайритасрифии онро низ дарбар мегирад. Алалхусус масдар, сифати феълии 1 ва герундий дорои ду шакли категориалии тарз аст. Масалан: We arranged to meet at 5 o`clock [1, c.150]. If somebody fell down he had to be dragged laboriously to his feet [2, c.200].

Список литературы

  1. Ашрапов, Б.П. Морфологические особенности и уровень употребления нумеративов и счётных слов в таджикском литературном языке XVIII века (на примере исторического произведения «Тухфат-уль-хони») / Б.П. Ашрапов // Вестник Таджикского национального университета. Серия филологических наук. – 2022. – № 5. – С. 98-105.
  2. Мирмухамедов О.Т. Некоторые соображения, связанные со словообразовательными элементами в литературном таджикском языке XVIII века (на примере глагольных приставок) / О.Т. Мирмухамедов, Б.П. Ашрапов // Вестник Таджикского национального университета. Серия филологических наук. – 2022. – № 4. – С. 59-67.
  3. Мирмухамедов, О.Т. Арабская форма образования множественного числа в литературном таджикском языке XVIII и XX (на примере арабской формы множественного числа) / О.Т. Мирмухамедов, Б.П. Ашрапов // Вестник Таджикского национального университета. Серия филологических наук. – 2021. – № 6. – С. 53-59.
  4. Раджабова, М.М. Структурно-семантические особенности коммуникативных фразеологических единиц в таджикском и английском языках. Автореферат диссертации. - Худжанд, 2010. - 27с.
  5. Рашидова, Д.А. Некоторые взгляды на жизнь и творение Абубакрия Хоразми / Д.А. Рашидова // Актуальные научные исследования в современном мире. – 2022. – № 2-6 (82). – С. 174-179.
  6. Рашидова, Д.А. Место Абульмузаффара Абеварди в формировании арабоязычной литературы эпохи сельджуков / Д.А. Рашидова, П.С. Ризоева // Актуальные научные исследования в современном мире. – 2022. – № 2-6 (82). – С. 180-184.
  7. Рашидова, Д.А. Взгляды на творческую деятельности поэзии "Бади-аз-заман Хамадони (на тадж.) / Д.А. Рашидова // Вестник Педагогического университета. – 2012. – № 4(47). – С. 5-10.
  8. Рашидова, Д. Влияние Корана на произведения современных поэтов / Д. Рашидова // Вестник Таджикского национального университета. Серия филологических наук. – 2015. – № 4-6(177). – С. 221-225.
  9. Рашидова, Д. Кратко о тематике и стиле писем Бадеуззамана Хамадани / Д. Рашидова // Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук. – 2011. – № 1(25). – С. 54.
  10. Усмонов К.У. Грамматикаи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Хуҷанд, 2017. – 379 с.
  11. Фозилов М. Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони тоҷикӣ. Ҷ.1 Душанбе, 1963. – 952 с.

Поделиться

763

Рашидова Д. А., Махмуджон М.. Структура пассивного залога в перфектных временах // Актуальные исследования. 2022. №18 (97). С. 43-45. URL: https://apni.ru/article/4043-struktura-passivnogo-zaloga-v-perfektnikh-vre

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#49 (231)

Прием материалов

30 ноября - 6 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

11 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

24 декабря