Главная
АИ #18 (97)
Статьи журнала АИ #18 (97)
Образ Юсуфа в газелях Мавлоно

Образ Юсуфа в газелях Мавлоно

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

таджикская литература
образ
газели
поэты
жанр

Аннотация статьи

Статья посвящена проблеме изучения образа Юсуфа в газелях Мавлоно. Подчеркивается, что исследуемая тема имеет большое значение для изучения теоретической литературы.

Текст статьи

Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, яке аз барҷастатарин шоирони порсигӯй аст, ки осори ӯ то ба имрӯз дар миёни мардуми кишварҳои Шарқ ва бисёре аз кишварҳои дигар ҷараёни фикрӣ меофарад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҳаввулоти куллие дар равиши ғазалсароии форсӣ-тоҷикӣ ворид кард. Зеро он дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, ифодагари ҷаҳоншиносии суханваранд, ки бо перояҳои бадеӣ тарҳандозӣ гардидаанд. Яке аз хусусиятҳои назарраси адабии ғазалиёти Мавлоно истифодаи санъатҳои бадеӣ, мисли ташбеҳ, тамсил, ирсоли масал, таҷоҳули ориф, муболиға, тазод ва амсоли инҳо мебошад. Мавлоно дар истифода аз санъати талмеҳ дасти воло дошта, ашъори ноби хешро басо ҷаззобу таъсирбахш гардонидааст.

Масалан,ҷое фармудааст:

Ку яке бурҳон, ки он аз рӯи ту равшантар аст,

Каф набуррад куфрҳо, з-ин Юсуфи Канъон чаро?

Дар ин байт Мавлоно мегӯяд, рӯи ту мисли рӯи пайғамбарон хуб асту ҳусни Худодод аст, пас чаро ман бо ин ҳама бурҳон, яъне далел ба ту имон наёварам, ин имон овардан ба Худо аст. Яке аз далелҳои бешак, ки аз рӯи ту равшантар аст, ин ҳусни бемисоли Юсуф аст, ки боиси имони ман аст. Пас аз ин, аз дастбурии занони ашрофзодаи Миср ёдовар мешавад, ки бо хости онҳо ва Зулайхо зиёфате ороста мешавад ва тамоми занони ашрофзода даъват карда мешаванд. Зулайхо бошад, аз Юсуф хоҳиш мекунад, ки як табақ меваҷотро гирифта ба ин зиёфат дарояд. Дар ин лаҳза, ки занони ашрофзода дар даст корд барои буридани меваи турунҷ шуғл доштанд, ҳангоми ворид шудани Юсуф, аз ҳусни беназири ӯ мадҳуш ва шайдо мешаванду ба ҷои мева дастони худро мебуранд. Мавлоно ба ҳамин лавҳаи қисса талмеҳ зада, маънии ҷолиберо ба ҳам овардааст. Чӣ гунае ки дар боло баён намудем, Мавлоно дар ғазалиёти хеш аз санъати талмеҳ ва анвои он фаровон истифода намуда, дар истифодаи он хело маҳорати олӣ зоҳир намудааст. Талмеҳоти ирфонӣ дар ғазалиёти Мавлоно бисёр истифода шуда, асосан ба қиссаҳои қуръонӣ, саргузашти паёмбарон, каромоти авлиё ва ғайра ишора менамоянд. Байни талмеҳоти ирфонии суханвар қиссаи Юсуф (а) басомади зиёд дорад. Қиссаи Юсуф паёмбар аввалан дар Қуръон зикр шудааст ва баъдан ба ашъори шоирони форсу тоҷик роҳ ёфтааст. Юсуф дар адабиёти мо тимсоли зебоӣ буда, аз ҳамаи хисоли разилаи инсонӣ дур мебошад ва ҳамеша дар мушкилиҳои худ танҳо назди Парвардигор илтиҷо менамояд.

Мавлоно дар ғазалиёташ аз ин образи ҷовидонии адабиёт фаровон истифода намудааст ва тавонистааст, ки бо истифода аз образи Юсуф ба ғазалиёташ ҳусни нав зам намояд. Дар зер намуна аз байтҳое меорем, ки бо истифода аз санъати талмеҳ тарҳрезӣ шуда, ба симои Юсуф ишора намудааст.

Ин абр чун Яъқуби ман в-он гул чу Юсуф дар чаман,

Бишкуфта рӯи Юсуфон аз ашкафшорони мо.

Дар ин байт абре, ки аз ӯ борон меборад, мисли гиряи Яъқуб ба қалам омадааст, яъне дидагони ӯро ба абр монанд намудааст, гули чаманро ба чеҳраи Юсуф тамсил задааст ва шоир мехоҳад баён созад, ки то чӣ андоза дар ҳаҷри маъшуқи худ гиряҳо мекунад ва дар мисраи дувум аз зебогии Юсуф ёдоварӣ намудаасту шукуфтани “рӯи Юсуфон” аз ашки Яъқуб мебошад, ки пас аз чандин соли фироқ дида ба дидор расиданро баён намуда, талмеҳ задааст.

Яъқубвор во асафоҳо ҳамезанам,

Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст.

Мавлоно мехоҳад орзуи хешро бо образи офарида ва дар тимсоли қиссаи бани Исроилӣ зебо баён менамояд, талмеҳан ба орзуи Яъқуб, ки дидани дидори писари зебоҷамолаш Юсуф буд, ёдоварӣ намудааст:

Чун ғарқи дарё мешавад, дарё-ш бар сар мешавад,

Чун Юсуфи чоҳӣ, ки ӯ аз чоҳ сӯи ҷоҳ шуд.

Мавлоно дар ин байт мехоҳад ҳикматеро ба мо расонад, яъне вақте ки инсон ба дарёи ғам ғарқ мешавад, набояд аз ин дилтангӣ кунад, зеро ин ҳама гузарандааст гӯён, боз ба ҳамон қиссаи Қуръонии Юсуф пайғамбар талмеҳан назар менамояд. Дар ин байт аз чоҳ озод шудани Юсуф ва аз ин чоҳ ба ҷоҳ расидан, яъне бо амру тақдири Худованд ба соҳибмулкӣ расидани ӯро ба мо баён намудааст.

Яъқубсифат, кӣ бувад, к-аз пираҳани Юсуф,

Ӯ бӯи писар ҷӯяд, худ нури басар ёбад.

Дар ин байт Мавлоно ба қиссаи Юсуфи бани Исроил талмеҳан назар карда, аз бино шудани чашми Яъқуб ёдовар мешавад. Ҳангоме ки Юсуф зиёда аз 30 сол аз падар дур буд ва бародаронаш вақте ба Миср мераванд аз Юсуф ҳамон пираҳане, ки аз бобояш ба падараш ва аз падар ба ӯ мерос монда буд, ба воситаи онон ба падараш мефиристонад ва аз иштимом кардани пираҳан чашмони падар бино мешаванд. Мавлоно бо ибораи “нури басар ёфтан”, яъне бино шудани чашмони Яъқубро дар назар дорад.

Шамси Табрезӣ, ба чоҳе рафтаӣ чун Юсуфе,

Ай ту оби зиндагонӣ, чун расан пинҳон шудӣ.

Дар ин байт Мавлоно дарди фироқи худро тасвир намуда, талмеҳан аз дӯст ва устоди деринааш Шамси Табрезӣ ёдовар шудааст ва ӯро оби зиндагонии худ ҳисобидааст ва чун тори “расан пинҳон шудаӣ”- гӯён киноя бар фироқи Шамс намудааст.

Навмед машав, эй ҷон, дар зулмати ин зиндон,

К-он шоҳ, ки Юсуфро аз ҳабс харид омад.

Мавлоно бо байти хеш ба мо ҳикматеро баён намуда, моро огоҳ менамояд, ки аз дори навмедӣ рӯ ба сӯи умед ниҳем ва аз ин “зулмати зиндон”, яъне ҷаҳони тангу торик навмед шуданро расониданист, ки бо талмеҳ задан ба қиссаи Юсуфи Канъон ва аз чоҳ бурун овардани шоҳ Юсуфро тасвир намуда, ин байтро шеърият бахшидааст.

Яъқуб бурун омад аз пардаи мастурӣ,

Юсуф, ки Зулайхоро парда бидарид, омад.

Дар ин байт бино шудани чашми Яъқуби канъонии падари Юсуф оварда шудааст, ки аз “парда бурун” омадан, яъне аз бӯи пираҳани Юсуф бино гаштани Яъқуб баён гардидааст. Дар мисраи дувум бошад, ҳамон воқеаи “... ба хилватгаҳ ба хонаи шахсии худ даъват намудани Зулайхо Юсуфро ва коми дил хостани ӯ ва ҳангоми норозигӣ баён кардани Юсуф, даронидани пираҳани Юсуф аз ҷонибаи Зулайхо ба василаи санъати талмеҳ ба тасвир кашида шудааст.

Ҳамин тавр, Мавлоно дар ғазалиёташ асосан дар мавзӯъоте, ки дар боло шарҳ додем, ишора ба симои Юсуф намудааст ва байтҳои дигарро мо бо шарҳи мухтасар ҳамчун намуна меорем.

Он гург бад-он зиштӣ, бо ҷаҳлу фаромуштӣ,

Нак, Юсуфи Канъон шуд, то бод, чунин бодо!

Ҷои дигар боз ба симои Юсуф ишора менамояд:

Омад баҳори ҷонҳо, ай шохи тар ба рақс о,

Чун Юсуф андаромад, Мисру шакар ба рақс о.

Тимсоли Юсуф дар ин байт барои ифодаи мазмуни ирфонӣ хизмат кардааст:

Дар ин чаҳӣ ту чу Юсуф, хаёли дӯст расон,

Расан туро ба фалакҳои бартарин кашадо.

Боз Мавлоно ёди Юсуф намудааст:

Ёри мо дилдори мо, олами асрори мо,

Юсуфи дидори мо, равнақи бозори мо.

Қиссаи дар бозор фурӯхта шудани Юсуф дар мадди назари шоир аст:

Хабар омад, ки Юсуф шуд бозор,

Ҳало, ку Юсуф, ар бозор ин аст.

Лавҳаи ба подшоҳи расидани Юсуф таваҷҷуҳи шоирро ба худ кашидааст:

Бас набувад Мисри маро ин шараф,

Ин ки шаҳаш Юсуфи Канъони мост.

Ҳамин тариқа, метавон натиҷа гирифт, ки Мавлоно дар корбурди воситаҳои тасвири бадеӣ, хосатан, талмеҳ маҳорати хуб нишон додааст. Дар байни талмеҳоти шоир симои Юсуф ҷойгоҳи хоса дошта, дар баёни мақоми ирфонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хизмати шоиста доранд.

Список литературы

  1. Абдулманони Насриддин. Ҷалолуддини Румӣ. Силсилаи “Садбарги ғазал. –Хуҷанд: Нури маърифат, 2007.
  2. Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор. Ҷилди 4. – Хуҷанд: Хуросон, 2013.
  3. Бадеъуззамони Фурӯзонфар. Шарҳи аҳвол ва осори Мавлоно. Бо кӯшиши Ҷаъфар Ранҷбар ва Масъуд Миршоҳ. –Душанбе: Ирфон, 2007.
  4. Зеҳнӣ, Тӯрақул. Санъати сухан. – Душанбе: Маориф, 1992.
  5. Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони Кабир (дар чаҳор ҷилд). – Душанбе: Дониш, 2007.
  6. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. - Душанбе: Адиб, 2007.
  7. Мирзозода Холиқ. Таърихи адабиёти тоҷик (асрҳои XII-XV), китоби 2. –Душанбе: Маориф, 1997.
  8. Ҷалолуддини Румӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: Адиб, 2013.

Поделиться

959

Урунова М. Р., Хакназаров Б.. Образ Юсуфа в газелях Мавлоно // Актуальные исследования. 2022. №18 (97). С. 49-51. URL: https://apni.ru/article/4044-obraz-yusufa-v-gazelyakh-mavlono

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января