Главная
АИ #46 (125)
Статьи журнала АИ #46 (125)
Sources of “Nafahat-ul-uns min hazarat-il-quds” by Abdurrahman Jomi

Sources of “Nafahat-ul-uns min hazarat-il-quds” by Abdurrahman Jomi

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

Abdurrahman Jomi
«Nafahat-ul-uns min hazarat-il-quds»
«Tabaqat-us-sufiya»
sufism

Аннотация статьи

The article under consideration dwells on is the study of sources of “Nafahot-ul-uns min hazarot-il-quds” by Abdurrahman Jomi. It is noted that the sources of the relevant work are considered to be one of the rare ones.

Текст статьи

Султони салтанати каломи бадеъ, шоири мутафаккир ва орифи тавоно, донишманди бузурги адабиёти форсу тоҷик Нуриддин Абдурраҳмон ибни Аҳмад, мутахаллис ба Ҷомӣ намоёнтарин симои маданияти асри ХV буда, дар фалсафа, таърих, адабиёт ва дигар улуми замони хеш маҳорати комил дошт. Ӯ шаҳиртарин устоди сухан баъд аз аҳди Ҳофиз буда, ба назари басе аз пажӯҳандагон, хотамушшуарои бузурги порсигӯй аст. Тахаллуси ӯ дар шеър «Ҷомӣ» аст ва ӯ худ гуфтааст, ки ин тахаллусро ба ду сабаб баргузидааст. Нахуст аз он рӯй, ки мавлиди ӯ Ҷом буд ва дуи дигар он ки рашаҳоти қаламаш аз ҷуръаи ҷоми Шайхулислом Аҳмади Ҷом, маъруф ба Жандапил сарчашма мегирифт:

Мавлидам Ҷому рашҳаи қаламам,
Ҷуръаи ҷоми Шайхулисломист.
Лоҷарам, дар ҷаридаи ашъор,
Ба ду маънӣ тахаллусам Ҷомист.

Дар бораи аҳвол ва осори ин устоди бузург суханони мурид ва шогирди ӯ Абдулғафури Лорӣ дар шарҳи «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс » далели боризи зиндагонии Шайхи Ҷоманд. Фаъолияти эҷодии Ҷомӣ барвақт авҷ гирифта буд. Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ овоза ва ҳурмат пайдо кардани ӯ, на танҳо дар ватани худ, балки дар бисёр мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик ҳам бо далелҳои бисёре исбот гардидааст. Дар васфи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ суханҳо бисёранд. Олимону мутаффакирон, забоншиносону адабиётшиносон дар васфи Ҷомӣ бисёр суханҳо гуфтаанд. Чунончи, адабиётшиноси маъруф, профессор Абдулманнони Насриддин дар «Куллиёти осор», ки ҳафт муҷаллад аст, дар ҷилди 7-уми он чунин қайд намудаанд: «Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс аз симоҳои шинохта ва аз зумраи адибони варзида маҳсуб мешавад. Номи ӯ дар таърихи тамаддуни миллати форсу тоҷик ҳамчун шоир, олим, мутафаккир, донишманду ҳаким сабт шудааст. Ҳануз муосиронаш истеъдоди фитрию мақоми волои ӯро дар шеъру шоирӣ эътироф намуда будаанд» [3, c. 604]. Беҳуда нест, ки ҳанӯз дар овони барҳаёт буданашон Мавлавиро ҳамзамононашон эҳтиромона ва сипосгузорона «Дарёи нур» ва «Устоди суханварони номӣ, Ҷодусухани замона Ҷомӣ», - номида, хишти нахустини кохи муҳташами шуҳрату азаматашонро қоиммақоми рӯзгори шарафманду осори дилписандашон фурӯгузорӣ намудаанд» [4, 5]. Абдурраҳмони Ҷомӣ бо мақсади ба ҳамзамонони хеш осон гардонидани матолиби умумии ирфонӣ, бавижа, ба шеваи тоза рӯнамо сохтани китоби «Табақот-ус-сӯфия»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва дигар манобеи тасаввуфро баррасӣ намуда, сипас шарҳи мухтасари зиндагиномаву ақволи машоихро бо сарчашмаҳои мухталифи ирфонӣ меҳвари аслии кори хеш қарор медиҳад [1, 1]. Дар таърихи тасаввуфи исломӣ китоби «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил қудс»-и Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ ба унвони яке аз сарчашмаҳои мӯътамаду мӯътабар шинохта шудааст. Арзиши китоби мазкур дар қиёс бо кутубу расоили дигар бо овардани шумори касири пешравони тасаввуф, зикру ташреҳи осору орои эшон ва вусъати ахбори машоихи мутасаввифа муайян мешвад. Китоби Ҷомиро метавон ба унвони намунаи равшани анъанаи нигоришоти сӯфиён ба забони форсӣ ном бурд, ки маҷмӯан дар заминаи «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирии Ғазнавӣ, «Шарҳи Таарруф»-и Абӯиброҳим Исмоили Мустамиллии Бухорӣ, «Табақот-ус-сӯфия»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомоти Шайх Абӯсаид»-и Муҳаммади Мунаввар, «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Аттори Нишопурӣ навишта шудааст. Осори ёдшударо, бе тардид, ба сифати манобеи кори Ҷомӣ дар таҳияи «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс» баршуморидан саҳеҳ аст. Тибқи ахборе, ки Ҳуҷвириву Ансорӣ ва Аттор доир ба манобеи мутааддиди ирфонӣ медиҳанд, шубҳае ҳам вуҷуд надорад, ки Ҷомӣ аз китобҳои «Қут-ул-қулуб»-и Абӯтолиби Маккӣ, «ал-Лумаъ»-и Абӯнасри Сарроҷи Тӯсӣ, «ат-Таарруф»-и Абӯбакри Калободӣ, «Китоби риоят»-и Абӯмуҳаммади Викол, «Дараҷот-ул-муқбилин»-и Аҳмади Хизравия, «Асмои машоихи Порс»-и Абӯабдуллоҳи Хафиф, «Бӯстон-ул-орифин» ва «ас-Санату фи-л-аъмол»-и Муҳаммад ибни Юсуфи Сӯфӣ, «Муҳаббат-уз-зарроф»-и Абӯамри Навқонӣ, «Одоби фақр»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдборӣ, «Рисола»-и Абулқосими Қушайрӣ, ки аксаран ба забони арабӣ навишта шудаанд, низ огаҳ будаву мустафид шуда. Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳанӯз аз бахшҳои назарии китоби худ ба «Кашф-ул-маҳҷуб» ҳамчун манбаи мӯътамад такя намуда, аз гуфтори Ҳуҷвирӣ иқтибос мекунад. Аҷиб он аст, ки баъзе аз фусули китоби «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс» бо суханони Ҳуҷвирӣ ифтитоҳ меёбанд. Мавлоно Ҷомӣ бо овардани як гузориши тӯлонии муаллифи «Кашф-ул-маҳҷуб» дар «ал-Қавлу фӣ аснофи арбоб-ул-вилоятиҳи, қаддасаллоҳу таоло асроруҳум» асолату вуҷуди анбиёву авлиёро равшан месозад. Иқтибосоти аз «Кашф-ул-маҳҷуб» (дар матн танҳо бо зикри унвони китоб- «соҳиби «Кашф-ул-маҳҷуб» ё «соҳиби китоби «Кашф-ул-маҳҷуб» 22 маротиба мебошад) овардаи Абдурраҳмони Ҷомӣ гоҳо ба вазъу ҳоли орифоне, ки бевосита сухан дар бораи онҳо меравад, иртибот дошта, баъзан зарурати ахзи онҳо дар шарҳи масоили ирфонӣ пеш омадааст [6, 7].

Бояд гуфт, ки Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ барои оммафаҳм гардидани китоби “Табақот-ус-сӯфия”-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва инчунин ба шеваи тоза рӯнамо сохтани он асари арзишманди худ, яъне «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс»-ро навиштаанд. Зикраш бамаврид аст, ки «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс» маҳз, бо пешниҳоди Амир Алишери Навоӣ нигошта шудааст (1476-1478). Ҷомӣ худ дар муқаддимаи китоб гуфта, ки қисмати бузурге аз матолибро аз «Табақот-ус-сӯфия»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ба забоне фасеҳтар иқтибос карда. Иттилооте, ки Шайх дар бораи мутааххирон ва машоихи муосир дар китоб оварда, аз ҷумлаи иттилооти дасти аввал маҳсуб мешаванд. Муаллиф дар ин рисола тақрибан аз ҳаёти 645 сӯфӣ нақлҳои аҷиб овардааст» [1, c.III]. Метавон аз ҳаёти яке аз онҳоро зикр намуд. Иброҳим ибни Саъд ал-Алавӣ ал-Ҳасанӣ, қаддасаллоҳу сирраҳу Кунияти ӯ Абӯисҳоқ аст. Шариф аст,аз қадимони машоих аст аз аҳли Бағдод, ба Шом рафт ва он ҷо мутаваттин шуд. Соҳиби каромоти зоҳир буд, назири Иброҳими Адҳам.

Шайхулислом гуфт, ки: Ҳазору дувисту анд шайх шиносам. Аз ин тоифа ду Алавӣ будаанд: яке Иброҳим ибни Саъд, дигаре Ҳамзаи Алавӣ соҳиби каромот [6, c. 70]. Дар китоби пурарзиши “Табақот-ус-сӯфия”-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ Чунин навишта шудааст: Мин-ал-мутақаддамин (Аз пешиниён), Иброҳим ибни Саъд ал-Алавӣ ал-Ҳусайнӣ (21) Кунияти ӯ Абӯисҳоқ, аз қадимони машоих аст аз аҳли Бағдод. Соҳиби каромоти зоҳир буд, назири Иброҳими Адҳам. Шайхулислом гуфт: ҳазору дувисту анд шайх шиносам аз ин тоифа. Дар ин тариқ ду Алавӣ шиносам аз машоих: яке Иброҳим Саъд ал-Алавӣ соҳиби сухану каромот ва дигар Ҳамзаи Алавӣ соҳиби каромот. Ин Иброҳим ибни Саъд устоди булҳориси Авлосӣ ояд. Сайид буда аз машоих. Шайхулислом гуфт, ки : Вақте Булҳориси Авлосӣ дар аввали иродат ва ибтидои кори худ ба хона хойгина хӯурда буд рустӣ бе ёрони худ. Ба Иброҳими Саъд рафт ва вай дар роҳ мерафт. Пой ниҳод дар об ва Булҳорисро гуфт: Даст биёр! Даст ба вай дод. Пойи вай дар об фурӯ шуд. Иброҳим гуфт: Пойи ту дар хойгина овехтааст, мутолибан биҳоза-л-амр (Ин корро талаб намуда). Гуфт: Ту толиб наӣ, рав аз халқ узлат гир ва фароғати дил ҷӯй ва гирди кирдор гард. Ва рафт бар об ва Булҳорисро гузошт [1, c. 75].

Метавон гуфт, ки асари мавриди назари мо воқеан, аз манбаъҳои судманди адабиёти ирфонии форсӣ буда, омӯзиши он дар улуми филологӣ ҷабҳаҳои нави таҳқиқро бозгӯ мекунад. Аз ҷумла, таҳти таҳқиқи ин мавзуъ сарчашмаҳои нодири дигаре зуҳур мекунанд, ки аксари онон то ҳол мавриди истифода дар улуми шарқшиносӣ набудаанд. «Нафаҳот-ул-унс» машҳуртарин асари мансурист, ки Ҷомӣ ба нигориш дароварда. Ин китоб шомили шарҳу ҳоли аксари орифони мусалмон аз Ҳинд то Ироқу Миср аст. Баъд аз «Нафаҳот-ул-унс» осори зиёде нигошта шуда, ки метавон гуфт, аксари онҳо бо таъсир аз ин китоб ба риштаи таҳрир даромадаанд. Умед аст, ки пажӯҳиши мо даричаҳои ҷолиби дигарро низ дар самти таҳқиқ боз хоҳад кард.

***

САРЧАШМАҲОИ «НАФАҲОТ-УЛ-УНС МИН ҲАЗАРОТ-ИЛ-ҚУДС»-И АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ

Аннотация. Мақолаи мазкур роҷеъ ба омӯзиши сарчашмаҳои «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки сарчашмаҳои ин асар яке аз манобеи нодир маҳсуб мешаванд.

Калидвожаҳо: Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Нафаҳат-ул-унс мин ҳазарат-ил-қудс», «Табақат-ус-суфия», тасаввуф.

Список литературы

  1. Ансорӣ, Хоҷа Абдуллоҳ. «Табақот-ус-сӯфия». Таҳиягарони матн, муаллифони муқаддима ва феҳрастҳо М.Оқилова, М.Очилова / Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ. –Хуҷанд: Ношир, 2014. – 435 с.
  2. Афсаҳзод, Аълохон. Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ – адиб ва мутафаккири номӣ/ Аълохон Афсаҳзод. – Душанбе: Адиб, 2014. – 464 с.
  3. Насриддинов, А. Куллиёти осор. Осор баргузида дар ҳафт ҷилд.Ҷилди шашум. / А.Насриддинов. – Хуҷанд: Ношир, 2013. – 764 с.
  4. Насриддинов, А. Куллиёти осор. Осор баргузида дар ҳафт ҷилд. Ҷилди ҳафтум. /А.Насриддинов.– Хуҷанд: Ношир, 2013. – 764 с.
  5. Оқилова, М. «Тазкират-ул-авлиё»-и шайх Аттор ва арзиши адабиву ирфонии он»/М.Оқилова. – Хуҷанд: Андеша, 2012. – 184 с.
  6. Ҷомӣ, Абдурраҳмон «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс». Таҳиягарони матн, муаллифони муқаддима ва феҳристҳо М. Оқилова, Б.Мирсаидов/ Абдурраҳмони Ҷомӣ. – Душанбе: Пайванд, 2013. – 865 с.
  7. Нигматов, Н.И. Арабские слова в «Диван»-е Алишера Навои / Н.И. Нигматов, Б.П. Ашрапов // Актуальные научные исследования в современном мире. – 2022. – № 2-6 (82). – С. 148-153.

Поделиться

609

Homidova M. M. Sources of “Nafahat-ul-uns min hazarat-il-quds” by Abdurrahman Jomi // Актуальные исследования. 2022. №46 (125). Ч.I.С. 42-44. URL: https://apni.ru/article/4942-sources-of-nafahat-ul-uns-min-hazarat-il-quds

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января