Главная
АИ #51 (130)
Статьи журнала АИ #51 (130)
Способы и приемы форм множественного числа существительных в арабском языке

Способы и приемы форм множественного числа существительных в арабском языке

Рубрика

Филологические науки

Ключевые слова

существительные
формы множественного числа
арабский язык
категория существительного
суффиксы

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается проблема, связанная с формами множественного числа существительных в арабском языке. Отмечается, что формы множественного числа существительных являются одной из видных грамматических категорий имен существительных.

Текст статьи

Дар ҳамаи забонҳои дунё шаклҳои шумора аз рӯйи табиати семантикии ин гуна вожаҳо мутааллиқ ба исманд, зеро категорияи шумора муносибати миқдорӣ ё ададии байни предметҳоро инъикос менамояд. Дар зери мафҳуми исмҳо тағйирёбии шумори исмҳоро дар нутқ зери таъсири омилҳои гуногуни беруна фаҳмида мешавад. Ба ин таснифот, пеш аз ҳама, усул ва воситаҳои сохта шудани исмҳои ҷамъ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ ва дар забони арабӣ, боз шумораи мусанно, яъне шумораи дугона дохил мешавад. Усулҳои сохта шудани исмҳои ҷамъ дар қиёс бо забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ воситаҳои гуногуни ифодаи хешро дорад, ки тадбиқи он дар муқоисаи забонҳо ба назар мерасад [1, 2, 3, 6, 9, 10].

Дар забони арабӣ тарзи ҷамъбандии исмҳо ба воситаи пасванди ҷамъбандии -от (ات барои ҷинси занона ) ва -ун ё -ина ( يِنَ- ونَ барои ҷинси мардона) сурат мегирад, ки ин намуди ҷамъбандиро дар забони арабӣ ҷамъи солим меноманд. Мисол: سَيَاراتٌ - мошинаҳо (ҷамъи занонаи солим), مُعلموُنَ- муаллимон (ҷамъи мардонаи солим) [1, 11, 16].

Дар забони тоҷикӣ аломати грамматикии шумораи ҷамъи исм пасвандҳои ҷамъбандии -ҳо, -он (-гон,-ён, -вон) мебошад, мисол: хонаҳо, китобҳо, оҳувон, бачагон ва ғ. Чӣ хеле ки маълум аст, дар забони арабӣ категорияи грамматикии ҷинсият ба назар мерасад ва ба кадом ҷинс тааллуқ доштани исм бо пасвандҳо муайян мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, шумораи исмро ба ҷамъи мардонаи солим ва ҷамъи занонаи солим ҷудо мекунанд. Ин тарзи ҷамъбандӣ, яъне ба воситаи пасвандҳо, дар ҳар дуи забони қиёсшаванда мушоҳида карда мешавад: وَ هَذِهِ السَياراتُ المَجنُونة ‘ وَ العابِرونَ، وَ الجَالِسونَ ‘ وَ البيوت وَ الدَكاكِينَ، وَ لآ شفة تفتر عن ابْتِسَامةٍ [13, 70] - Ин мошинҳое, ки девонавор роҳ мераванд ва роҳгузарону нишастагон ва хонаҳову дӯконҳо (ба назар метобанд), ки ҳеҷ лабе табассум намекунад; Бо умеди ин дуоро шунида «шифо ёфтан» беморон ва нимбеморон аз деҳоти атроф ҳар пагоҳ ба ин ҷо гирд меомаданд [5, 9]. Дар ин ҷумлаҳо исмҳо бо воситаи пасвандҳои -ونَ (-уна) -ات (-от) дар забони арабӣ ва бо пасвандҳои –он, ҳо дар забони тоҷикӣ шакли ҷамъ гирифтаанд. Пасванди –ун (-ونَ) дар забони арабӣ ва пасванди –он дар забони тоҷикӣ ва дар ҳар ду забон бештар бо исмҳои ҷондор меоянд, ба монанди: муаллимон, одамон, кӯдакон, писарон ва ғ. Пасванди –ин (-ينَ) –и забони арабӣ ҳолати мансубӣ ва маҷруриро мефаҳмонад: ماذا كان يعجبك في انشاد المنشدينَ - Ба шумо аз суруди сарояндаҳо чӣ маъқул аст? [7, 33]. Дар забони арабӣ ҷамъи мардонаи солим, ки бо пасванди –ун (-ونَ) ва –ин (-ينَсохта мешаванд, бо чунин исмҳо низ ифода меёбанд: а) номҳои хоси мардона, мисол: أحمدُ (Аҳмад) - أحمدونَ , زَيْدٌ (Зайд) - زَيْدونَ [7, ҷ.2 17]. Агар исмҳои хоси мардона то-и таънис (занона) дошта бошанд, чунин ҷамъбандӣ намешаванд, ба монанди حمزةٌ – Ҳамза, معاوية - Муовия; б) исмҳои фоиле, ки ифодакунандаи шахс мебошад: عارفٌ (донанда) – عارفونَ; مُنتظرٌ (мунтазир) – مُنْتَظِرُونَ; в) исмҳое, ки бар вазни فَعَّالٌ меоянду ба ҷинси мардона далолат мекунанд: خيّاطٌ (дӯзанда) – خَيّاطونَ (дӯзандаҳо); جزَّارٌ (қассоб) – جزَّارونَ (қассобҳо); г) исмҳои нисбие, ки бо –يّ (йо-и ташдид) ба охир мерасанд: مصريٌّ (мисрӣ) – مصريّونَ (мисриён); عبّاسيّ (аббосӣ) –عبّاسيّونَ (аббосиён); ғ) сифати дараҷаи олие, ки бар вазни أفْعَلُ меояд: أفضلُ (лоиқтарин) – أفضلُونَ (лоиқтаринҳо); أكبرُ (калонтарин) – أكبرونَ (калонтаринҳо) [12, 274].

Дар забони арабӣ исмҳое ҳастанд, ки ҳини бо пасванди – ун, -ин ( -ونَ، -ينَ) ҷамъ шудан, охири ҳарфи ин калимаҳо тағйир меёбанд: - агар исмҳои мақсур (алифи кӯтоҳкардашуда) ҷамъ шаванд, ҳарфи алиф (َى) аз охири ин гуна исмҳо ҳазф мешавад ва пеш аз пасванди ҷамбандии -вов (-واو) фатҳа (_َ_) гузошта мешавад: أُعلَى – أُعلَوْنَ، أُعلَيْنَ؛ مصطفى – مصطفَوْنَ، مُصطفَيْنَ؛ - агар исмҳои манқус (йо-и иллатдор) ҷамъ шаванд, ҳарфи йо ( ِى) аз охири ин гуна исмҳо ҳазф шуда, пеш аз пасванди ҷамбандии -вов (-واو) замма (_ُ_) гузошта мешавад: الباقِى – الباقُونَ، الباقِينَ؛ المحامى – المحامُونَ، المحامِينَ - агар исмҳои мамдуд (алифи дарозкардашуда) ҷамъ шаванд, ҳарфи охири он ду баробар дароз мешавад, яъне пасванди –ун ва ҳарфи решагии он паи ҳам меоянд: رفاءوُونَ ёرفَّاء – رفاءونَ [12, 25].

Пасванди -он ҳангоми ҷамъбандӣ хусусиятҳои хоси худро дорад, ки вобаста ба шакли калима пасвандҳои -гон, -ён, -вон қабул мекунад: -агар исм бо садоноки –а ба охир расад, пасванди -гон истифода мешавад. Муаллифони китоби “Забони ҳозираи тоҷик” қайд мекунанд, ки бо ёрии пасванди –гон исмҳои шахсу ҷондор, баъзе ҷирмҳои осмонӣ ва калимаҳои исмгардидаи далолаткунандаи шахс, ки бо садоноки “а” тамом шудаанд, ҷамъ баста мешаванд [14, 28]. Ин тарзи ҷамъбандӣ таърихи худро дорад, ки пасванди –а аз пасванди тоҷикии қадим –ака ба вуҷуд омада, он дар тоҷикии миёна ба –аγ ва дар тоҷикии нав ба –а табдил ёфтааст. Тахмин меравад, ки дар пасванди –гон истеъмол шудани ҳарфи г дубора барқарор шудани ҳамон ҳамсадои γ-и пасванди –аγ аст, ки дар забони ҳозира танҳо шакли –а боқӣ мондааст [14, 47-48]. Аммо дар оғози марҳилаи нави тараққиёти забони тоҷикӣ калимаҳое, ки бо о анҷом ёфтаанд, асосан бо шакли –он (на бо –ён) истеъмол мешудаанд [14, 45]. - агар дар охири исм садоноки –у бошад, шакли ҷамъ бо пасванди -вон сурат мегирад: Абрувони сермӯи пайваста бо ҳам ва мижгонҳои дарози сархам дошт, дастонаш то оринҷ ва пойҳояш то зону, ки бештарин вақт намуда меистоданд, пур аз мӯйҳои ҷингила буданд [5, ҷ.2, 198].

Пасванди –ҳо хусусияти умумӣ дорад ва барои ҳамаи исмҳо истифода бурда мешавад: Дар ҳамаи ин дарсҳо тахминан се сол вақт сарф мешуд [5, ҷ.2, 180]; Аммо бештарин талабаҳои қашшоқи саҳроӣ дар аввали таҳсил ба мадрасаҳо оянд ҳам, баъди “дарёфтани савоби сар шудани дарс” маҷбур буданд, ки ба саҳро баргарданд [5, ҷ.2, 182].

Мувофиқи шаклҳои морфологӣ ва мазмуни синтаксисии мисолҳои зикршуда, забоншинос О.Ҷ. Ҷалолов ин гуна калимаҳоро таҳлил намуда, ба чунин хулоса меояд, ки ин калимаҳо дар баробари маънии ҷамъро ифода намудан, ба шахси сеюм мансуб будани мазмунро мефаҳмонад. Инчунин дар ин гуна шакли ҷамъ ба кадом касе муносибат доштан ва ишорат шудани он мушоҳида мешавад. Дар грамматикаи забони арабӣ дар ин хусус ишорае нашудааст, аммо дар бораи пасвандҳои ҷамъ қабул намудани исмҳои хос мисолҳо оварда шудааст. Исмҳои хос ба монанди أحمد- أحمدونَ, خالدونَ- خالد , محمدونَ – محمد, مريم – مريمات , فاطمةُ – فاطمات ба воситаи пасвандҳои ҷамъбандии хос ба исмҳои ҷинси занона ҷамъ шудаанд.

Список литературы

  1. Ashrapov B.P. The Level of Usage of Particles in the historical work entitled as “Tuhfat-ul-khoni” by Muhammadvafoi Karminagi. // Филологический аспект. 2022. №3 (83). P.136-141.
  2. Ashrapov B.P. The level of usage of the suffix -он/-s/-es in the Tajik literary language referring to the XIX-th century. // Оригинальные исследования. 2022. Vol.12. №4. P.172-177.
  3. Ghiyosov N.I., Kuzieva N.M. The cases in the different structured languages. // Herald of the Pedagogical University. 2022. No 1(96). P.52-56.
  4. Kuzieva N.M., Ashrapov B.P. The Level of Usage of Arabic Preposition "maa=with, together" in the Tajik Literary Language Referring to the XIX-th Century. // Тенденции развития науки и образования. 2022. №85-5. P.66-68.
  5. Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷ.1 - 2. Душанбе: Адиб, 1990. 252 с.
  6. Ашрапов Б.П. Употребление производных арабских наречий в таджикском литературном языке XVIII-го века. // Заметки ученого. 2022. № 2. С.42-45.
  7. Ғалойинӣ, Мустафо. Ҷомеъу-д-дурусу-л-арабия. 3Ҷ. - Бейрут: Мактабату-л-асрия, 1993. - Ҷ.1.- 226 с., Ҷ.2. - 337 с., Ҷ.3. 291 с.
  8. Гранде Б.М. Курс арабской грамматики в сравнительно-историческим освещении. - М: Восточная литература РАН, 2001. 594 с.
  9. Кузиева Н.М., Низамиддинова З.А. Категория числа в арабском языке и средства её обозначения в таджикском языке. // Матрица научного познания. 2021. № 7-2. С.50-58.
  10. Кузиева, Н.М. Сопоставительный анализ категории числа имен существительных в таджикском и арабском языках // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. 2014. № 2(58). С.215-220.
  11. Қӯзиева Н.М. Роҷеъ ба таърихи пайдоиши падеж дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ. // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. 2022. №4. C.75-80.
  12. Муъин, Муҳаммад. Муфрад ва ҷамъ, маърифа ва накира. Теҳрон, 1958. 310с.
  13. Наҷиб, Маҳфуз. Ал-Лиссу ва-л-килобу. Бейрут: Дору-л-машриқ, 1973. 220 с.
  14. Сиёев Б. Аз таърихи ҷамъбандии исмҳо дар забони тоҷикӣ / Масъалаҳои забоншиносии тоҷик. Муҳаррир Ш.Рустамов. - Душанбе: Дониш, 1967. С.32-61.
  15. Ҷалолов О.Ҷ. Категорияи ҷамъ ва баъзе масъалаҳои забони ҳозираи тоҷик. - Сталинобод: АФ РСС Тоҷикистон, 1961. 190 с.
  16. Шодиходжаева М., Кузиева Н.М. Суффиксы лично-притяжательных местоимений в арабском и таджикском языках // Актуальные исследования. 2022. № 16(95). С.36-38.

Поделиться

831

Кузиева Н. М. Способы и приемы форм множественного числа существительных в арабском языке // Актуальные исследования. 2022. №51 (130). Ч.II.С. 23-25. URL: https://apni.ru/article/5257-sposobi-i-priem-form-mnozhestvennogo-chisla

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#47 (229)

Прием материалов

16 ноября - 22 ноября

Остался последний день

Размещение PDF-версии журнала

27 ноября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

10 декабря