Главная
АИ #51 (130)
Статьи журнала АИ #51 (130)
Сравнительный анализ употребления ломаного множественного числа в арабском и тад...

Сравнительный анализ употребления ломаного множественного числа в арабском и таджикском языках

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

существительные
формы множественного числа
арабский язык
категория существительного
суффиксы

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос сравнительного анализа употребления ломаного множественного числа в арабском и таджикском языках. Отмечено, что соответствующий суффикс является одним из самых продуктивных.

Текст статьи

Дар забони арабӣ ҷамъи шикастаро хеле васеъ истифода мебаранд, ки бо ёрии флексияи дохилӣ, яъне тағйирёбии шакли дохилии калима ба амал меояд. Ин тағйирёбӣ асосан бо садонокҳо рух медиҳад, онҳо ё кам мешаванд ё изофа, ё садонок бо ҳамсадо ҷойи худро тағйир медиҳад ва ё як садонокро дигар садонок метавонад иваз намояд: طُرُقٌ - طريقٌ  - роҳҳо; بُيوُتٌ – بَيْتٌ - хонаҳо;- كُتُبٌ - كِتابٌ  китобҳо; - أصدِقاءُ - صَدِيقُ дўстон; Ҷамъи шикаста бо зиёда аз 40 вазн сохта мешавад. Як исм метавонад бо ду ё якчанд вазнҳои шикаста шакли ҷамъ гирад ва баъзан ҷамъи солимро низ гирифта тавонад: بَحْرٌ –(баҳр) - баҳр - исми танҳо; أبحُرٌ (абҳур), بِحارٌ (биҳор), أبحار (абҳор) ваبُحُورٌ (буҳур) - исми ҷамъ [2; 5; 6; 12].

Дар забони тоҷикӣ низ ин ҳодиса ба назар мерасад, ки якчанд намуди ҷамъбандӣ истифода бурда мешаванд: хабар – ахбор – хабарҳо; шеър – ашъор – шеърҳо; узв – аъзо –узвҳо; зан – занон - занҳо. Дар осори хаттии асри X ҷамъҳои арабӣ хеле каманд ва калимаҳои арабӣ дар шакли ҷамъбандии арабӣ истеъмол шудаанд: баҳоим (ҷамъи баҳима – ҳайвон, чорпо), мулук (ҷамъи малик - подшоҳ), тасовир (ҷамъи тасвир). Дар осори хаттии он давра баъзан калимаҳои ҷамъи арабӣ боз бо суффикси тоҷикӣ ҷамъ баста шудаанд: мулукон, ахборҳо, аҷоибҳо, олотҳо, ниамҳо [10, 43]: ... ва ин ҳама ки гуфтем аз аҷоибҳо ва аз ахбори (он) замон аст... [3, 824].

Барои ин ё он ҷамъи шикаста қоидаи аниқ вуҷуд надорад ва аз ҳамин сабаб дар луғатҳо дар қатори шумораи танҳои исмҳо шумораи ҷамъи шикастаи онҳо низ оварда мешавад [6, 7, 13, 14, 15, 16]. Забоншиносони араб сохти калимаро аз рӯи вазни فعلَ (фа'ала) – кардан ифода мекунанд, ки дар асоси он дигар калимаҳо бо вазнҳои гуногун сохта мешаванд. Ин вазнҳо ба се гурӯҳ ҷудо карда мешавад: 1) вазнҳои сеҳарфа (сереша): أفعال, فُعلاء, فِعال, فُعّال , فُعَلَةَ, فِعالةٌ, أفْعِلة, فعول; راحت تملأ الأكوابَ – Вай косаро пур аз об кард [8, 121]; 2) вазнҳои чорҳарфа (чорреша): فواعل, فعائل, فعالل, مَفاعِل, مفاعيل , أفاعل, فعاليل, فعاليلة ;  كذلك اعجبتكَ الأنعام و الأناشيد – Ҳамин тавр ба ту оҳангҳо ва сурудҳо писанд омад [8, 129]; 3) вазнҳои панҷҳарфа (панҷреша): عنكبوت – عناكبُ ;  سَفَرْجَلٌ - سفارجُ

Дар баъзе маврид калимаҳои арабӣ дар шакли ҷамъи шикаста ба забони тоҷикӣ ворид шуда бошанд ҳам, онҳоро дар шакли танҳо истифода мебаранд ва ба он пасванди ҷамъбандии –ҳо ва -он (-ён) ё ин ки пасванди ҷамъбандии арабӣ –от-ро ҳамроҳ мекунанд ахборҳо, ахборот (ахбор – ҷамъи хабар); аъзоҳо, аъзоён (аъзо - ҷамъи узв); шароитҳо (шароит – ҷамъи шарита); ақоидҳо (ақоид – ҷамъи ақида) асбобҳо (асбоб – ҷамъи 1) сабаб, 2) предмет ); аҷдодҳо (аҷдод - ҷамъи ҷад - бобоён) ва ғайра [11, 29]. Масалан: Ҷамоаи ақоидхонҳо дар соати 8 ба дарс даромадашон лозим бошад, ҷамоаи дуюм маҷбур буд, ки дар соати 7-у ним ба пеши дарсхона ҳозир шавад... [9, 129]; Албатта, ман дар он вақт на харитаро медонистам, на кураро ва ба чӣ хизмат кардани ин асбобҳоро [1, ҷ.2, 238]. Ҳамин ҳолатро дар забони тоҷикӣ низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки он ҳам бо таъсири омилҳои беруна аст. Баъзе калимаҳои забони арабӣ, ки дар шакли ҷамъи шикаста дар забони тоҷикӣ истеъмол мешаванд, маънои ҷамъ буданро аз даст дода, маънои дигар пайдо кардаанд: айём (ҷамъи явм - рӯз) - замони муайян, рӯзгор; арбоб (ҷамъи раб – соҳиб, арбоби (оқсақоли) деҳа, аҳвол ( ҷамъи ҳол) [11, 28-29], мисол: Рӯзе ман барои дидани рафти кори ҳашар ба сари кор рафтам, чор ҳоким бо одамони худ ва арбобу аминони туман қариб дусад кас шуда дар ёбони васее чодир зада нишастаанд [1, ҷ.1, 69].

Вазнҳои маъмултарини ҷамъи шикастаи забони арабӣ, ки дар забони тоҷикӣ бештар истифода мебаранд, аз қабили инҳоанд: Афъолأفعال -  – ашхос, айём, атфол, амроз, асбоб, атроф, авлод, аҷдод, аҳвол, асрор, афрод, амвол, амлок ва монанди инҳо: Бештарини тоҷикон заминҳои амлок, яъне заминҳои подшоҳиро киштукор мекарданд ва бештарини урганҷиён майдабаққолӣ доштанд [1, ҷ.1, 9]; Пирак ба муносибати ҳаммадрасагӣ аз аҳволи вай хабардор шуда, дар ҳаваси омӯхтани забони русӣ афтода... [1, ҷ.2, 225]; Фуъало – فُعلاء - фуқаро, умаро, вузаро, шуаро, уламо, фузало ва ғ.: -Бояд, тоифае аз уламо ва фузало бошанд, - гуфт шоир, - вале маълум нест киҳоянд: эшон номҳошонро пинҳон медоранд [9, 67].

Калимаҳои арабӣ бар ин вазнҳо нисбат ба дигар вазнҳо дар забони тоҷикӣ бисёртар истеъмол мегарданд. Ҳатто баъзеи онҳо дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаи танҳо кор фармуда шуда, ба он боз пасвандҳои ҷамъбандиро пайваст мекунанд, то ки исми ҷамъ созанд. Фуъул – فعول – қулуб, ҳуқуқ, мулук, ҷунуд: Бо шуаро мушоара кардӣ, як номро аз таърихи мулук қофия сохтиву ғолиб шудӣ? Байт чӣ буд? – гӯянда ба Ақилӣ нигарист [9, 187]; Фуъул فُعُل- - кутуб –Дар замони пеш баъзе мадрасаҳо кутубхонаи махсус ҳам доштааст, ки бониҳо китобҳои даркориро дар он ҷо гузошта ба кутубхонадор ҳам аз вақфи мадраса саҳме таъин кардаанд [1, ҷ.2, 67]; Дар кутуби аҳли ҳадис ва уламои қубор ба ин нукта ишорат ҳаст [9, 39]. Фавоъил – فواعل - навоҳӣ, қавоид равобит, ҳаводис, хавотир, хавос(с): Чунки ман аз ҳамаи он корҳо чизеро намефаҳмидам ва ҳамаи ҳавасам ва хавосам ба нақоранавозии худ банд буд, ки вай сабаби ифтихори ман шуда буд, боз бояд бо ин кор акаҳои худро ҳам дар ҳайрат меандохтам. [1, ҷ.1, 18]; ... миёни воқеаҳо равобити ботиниашонро дарёбам ва барқарор созам, маъно ва мафҳуми онҳоро биҷӯям [9, 58]. Фаъоил – فعائل - ҳавоиҷ, васоит, расоил, ҷазоир, савоим ва ғ.: Аз хироҷу закот чӣ монд? – Закоти савоим, хироҷи боғҳо [9, 27]. Мафоъил –مَفاعِل мамолик, манотиқ, масоил, маориф, матолиб, мароҳил, манозил, манобеъ ва ғ.: Дар ҳуҷраҳои хӯҷаинҳои ман бошад, ғайр аз китобҳои дарсӣ, баъзе китобҳои маноқиби шайхҳо дигар чизе дида намешуд [1, ҷ.2, 67]; Аз Нишопур то Тус пиёдатайи мароҳилу манозил кардам то қасидаро ба ҳоким гузаронам... [9, 67]; Фаъолил فعالل- ҷавоҳир, кавокиб; Фиъол – فِعال – ҷибол, диёр, киром, сиём; Фуъол – فُعّال - ҳукком, куффор; Мафоъил - مفاعيل - макотиб, мавозин; Фуъала(т) – فُعَلَةَ – вулот, қузот; Фаъола(т) (Фиъола) – فَعالة، فِعالةٌ – саҳоба; Афъила(т) – أفْعِلة – аслиҳа, атъима; Афоъил – أفاعل – акобир; Фаъолил – فعاليل – салотин; Фаъолила(т) – فعاليلة – малоика.

Ҳамин тавр, гуфта метавонем, ки вазнҳои маъмули ҷамъи шикастаи забони арабӣ дар забони адабии тоҷикӣ низ фаровон истифода бурда мешаванд.

Список литературы

 

  1. Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷ.1 - 2. Душанбе: Адиб, 1990. 252 с.
  2. Ашрапов Б.П. Употребление производных арабских наречий в таджикском литературном языке XVIII-го века. // Заметки ученого. 2022. № 2. С.42-45.
  3. Балъамӣ, Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад. Таърихи Балъамӣ. Тасҳеҳи Маликушшуаро. Ҷ. 1 - 2. - Теҳрон: Тобиш, 1353. 1265 с.
  4. Ғалойинӣ, Мустафо. Ҷомеъу-д-дурусу-л-арабия. 3Ҷ. – Бейрут: Мактабату-л-асрия, 1993. – Ҷ.1. – 226 с., Ҷ.2. – 337 с., Ҷ.3. 291 с
  5. Кузиева Н.М., Низамиддинова З.А. Категория числа в арабском языке и средства её обозначения в таджикском языке. // Матрица научного познания. 2021. № 7-2. С.50-58.
  6. Кузиева, Н.М. Сопоставительный анализ категории числа имен существительных в таджикском и арабском языках. // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. 2014. № 2(58). С.215-220.
  7. Қӯзиева Н.М. Роҷеъ ба таърихи пайдоиши падеж дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ. // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. 2022. №4. C.75-80.
  8. Наҷиб, Маҳфуз. Ал-Лиссу ва-л-килобу. Бейрут: Дору-л-машриқ, 1973. 220 с.
  9. Улуғзода С. Фирдавсӣ. – Душанбе: Адиб, 1988. 272 с.
  10. Ҳалимов С. Таърихи забони адабии тоҷик (Асри X). – Душанбе: УДТ ба номи В.И. Ленин, 1979. 95 с.
  11. Ҳалимов С., Шукурова К. Забони ҳозираи тоҷик (ҳиссаҳои номии нутқ). Китоби дарсӣ. - Душанбе: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1988. 100 с.
  12. Шодиходжаева М., Кузиева Н.М. Суффиксы лично-притяжательных местоимений в арабском и таджикском языках // Актуальные исследования. 2022. № 16(95). С.36-38.
  13. Ashrapov B.P. The Level of Usage of Particles in the historical work entitled as “Tuhfat-ul-khoni” by Muhammadvafoi Karminagi. // Филологический аспект. 2022. №3 (83). P.136-141.
  14. Ashrapov B.P. The level of usage of the suffix -он/-s/-es in the Tajik literary language referring to the XIX-th century. // Оригинальные исследования. 2022. Vol.12. №4. P.172-177.
  15. Ghiyosov N.I., Kuzieva N.M. The cases in the different structured languages. // Herald of the Pedagogical University. 2022. No 1(96). P.52-56.
  16. Kuzieva N.M., Ashrapov B.P. The Level of Usage of Arabic Preposition "maa=with, together" in the Tajik Literary Language Referring to the XIX-th Century. // Тенденции развития науки и образования. 2022. №85-5. P.66-68.

Поделиться

604

Кузиева Н. М. Сравнительный анализ употребления ломаного множественного числа в арабском и таджикском языках // Актуальные исследования. 2022. №51 (130). Ч.II.С. 17-19. URL: https://apni.ru/article/5259-sravnitelnij-analiz-upotrebleniya-lomanogo-mn

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января