Главная
Конференции
Актуальные исследования и разработки в области естественных, технических, гуманитарных наук
Употребление фразеологических предложений с арабскими элементами в «Хамсе» Кирма...

Употребление фразеологических предложений с арабскими элементами в «Хамсе» Кирмани

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

фразеологические предложения
арабские элементы
«Хамса» Кирмони
таджикский язык
словосочетание

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос употребления фразеологических предложений с арабскими элементами в «Хамсе» Кирмони. Отмечено, что в таджикский язык очень много заимствовано арабских слов, и это сочетание слов таково, что иногда люди не различают, арабские они или таджикские.

Текст статьи

Дар «Хамса» дар баробари истифода аз ҷумлаи фразеологии тоҷикӣ, ҷумлаҳои фразеологие, ки бо истифода аз калима ва унсурҳои арабӣ сохта шудаанд, зиёд ба чашм мерасанд. Қайд шуд, ки ба забони тоҷикӣ вожаҳои арабӣ хеле зиёд иқтибос шуданд ва ин омезиши вожаҳо ба гунаест, ки баъзан мардум арабӣ ё тоҷикӣ будани онҳоро аз ҳам фарқ намекунанд. Зиёд будани вожагони арабӣ дар таркиби ҷумлаҳои фразеологӣ, ки воҳиди яклухти забон мебошанд, куҳан будани решаи ин пайвандро тақвият мебахшад. Масалан, ҷумлаи фразеологии «ваъда додӣ, вафо кун», ки дар таркибаш калимаи «ваъда»-и арабиро ҷой додааст ва миёни мардум хеле маъмул аст, дар «Хамса» ба таври вофир корбаст шудааст [6; 7; 8; 9; 10]. Асоси тасвири байти зерро ҷумлаи фразеологии «ваъда додӣ, вафо кун» ташкил медиҳад, ки бо санъати бадеии талмеҳ пероста шудааст:

Чу коми Хусрав аз Ширин раво гашт,

Зи Виса ваъдаи Ромин вафо гашт [2, c.733].

Гуфтан ба маврид аст, ки дар адабиёти мо бештар ҷумлаҳои фразеологии ташбеҳи маъмул ва серистеъмол мебошад ва воҳидҳои фразеологии талмеҳиро хеле кам пайдо кардан мумкин аст, ки намунаи он дар «Хамса» ба чашм расид. Дар байти дигар бо «вафо ба аҳду паймон», ки тобиши маънии иҷрои ҳатмии ваъда мебошад, баён шудааст:

Ки «шоҳо, бандаро ҳоҷат раво кун,

Кунун он аҳду паймонро вафо кун [2, c.761].

Дар байти зерин бошад, ҷумлаи фразеологии «умр вафо надорад» ба гунаи суолу ҷавоб дар назм иштирок дорад:

К-асл ҳаргиз хато кунад? Накунад,

Умр бо кас вафо кунад? Накунад [2, c.241].

Бо ҷумлаи фразеологии «қиёмат қоим шудан» - «барпо шудани ҷангу моҷаро», «қиёмат кардан»- «ҷангу хархаша кардан», «ба қаҳру ғазаб омадан» мебошад, намунаҳои зебои ифодаи фикрро мушоҳида кардан мумкин аст, ки каме бо иқтизои вазну қофия ва ё усули баён тағйир намудаанд. Масалан, ба ҷои «қиёмат қоим шудан» «қиёмат баромадан» ва ба ҷои «қиёмат шудан» «қиёмат намудор» омадааст:

Баромад қиёмат зи овои ной,

Магар сур буд он нафас ной-ной [2, c.528].

 «Сари таъзим фуруд овардан» инз, ки ифодакунандаи маънии итоату эҳтирому ихлосро аст, дар мавридҳо ва мавқеъҳои гуногун корбаст мегардад. Масалан, он дар шакли «аз сари таъзим хурдан» - дар байти / Назми бақо аз сари таъзим х(в)ард, Рӯи фано дар раҳи таслим кард / [2, c.141], «сари таъзим бар гардун расонидан» - дар байти / Чу ин ҳукми ҳумоюнро бихонанд, Сари таъзим бар гардун расонанд / [2, c.311], «сари таъзим задан» - дар байти / Зада гарданфарози ҳафт кишвар, Сари таъзим бар нуҳқасри шашдар / [2, c.853], «сари таъзим аз моҳ гузаронидан» - дар байти / Буд шайхе бузурге соҳибҷоҳ, Сари таъзим бигзаронда зи моҳ / [2, c.238] ва ғ. дар «Хамса» сабт мешавад.

Умуман истихдоми ҷумалоти фразеологӣ тавассути корбасти вожаи «сар», ки аз соматизмҳост ва чунонки гуфтем ин навъи вожагон дар истифодаи фразеологизмҳо пурбасомад аст, зиёд дида шуд. Дар байте ҷумлаи фразеологии «хок бар сар» бо ҷилваи тозаи шоирона омадааст:

Кунам аз дасти нафси кофаркеш

Бар сари хок, хок бар сари хеш [2, c.182].

Ҷумлаи фразеологии «хок бар сар кардан» дар ин мисра маънии эҳтирому арҷгузорӣ ва таассуф хурдан аз камзарфии худро ифода кардааст:

Хок бар фарқи он ки хок нашуд,

Мурдадил ҳар кӣ ӯ ҳалок нашуд [2, c.244].

Дар таркиби ҷумлаҳои фразеологии ҷузъиарабидори зерин:

Ҷумлаи фразеологии «қатра дону дарё бош»:

Хок шав дар тариқу бо мо бош,

Хешро қатра дону дарё бош [2, c.196].

Ба таъби касе рост наомадан:

Маро гар ту гӯӣ, ки сарве равост,

Валекин наёям ба табъи ту рост [2, c.461].

Ҷон ба лаб омадан:

Чу бигзашт посе аз он тирашаб,

Зи гардиш қадаҳ ҷонаш омад ба лаб [2, c.547].

Воқеан воситаҳои тасвири бадеӣ дар ҷумлаҳои фразеологии зиёд ба чашм мерасад ва асосан ин санъатҳои бадеие ҳастанд, ки бо маҷоз сару кор мегиранд, мисли ташбеҳ, ташхис ва ғайра. Т.Зеҳнӣ маҷозро яке аз муҳимтарин воситаи каломи бадеӣ унвон карда, қайд мекунад, ки маҷоз «натанҳо бо мухтасарбаёнӣ, инчунин барои пурра ва ҷозибаноктар тасвир намудани предмет» [1, c.34] хидмат мекунад. Санъатҳои бадеӣ дар офариниши воҳидҳои фразеологӣ, хосатан ҷумлаҳои фразеологӣ нақши муҳим доранд, зеро воҳидҳои фразеологӣ низ барои баёни яклухт буданашон ва маънои маҷозӣ доштанашон истифода мешаванд. Яъне воҳидҳои фразеологии ташбеҳӣ дар заминаи маҷоз ба вуҷуд омадаанд. Масалан, дар бунёди рехтаи фразеологии «монанди муши ба об афтида» санъати ташбеҳ ба кор рафтааст. Ташбеҳ монанд кардан аст ва монанди инҳо.

 Метавон гуфт, ки дар дохили воҳидҳои фразеологии забони адабии ҳозираи тоҷик санъатҳои гуногун хобидаанд, ки маъмултарин ва серитеъмолтарини он санъати ташбеҳ мебошад. Дар истифодаи воҳидҳои фразеологии «Хамса» навъи ҷумлаҳо фразеологии ташбеҳӣ хеле фаровон истифода шудаанд.

 Биларзид бар хештан шаҳриёр,

Биғуррид монанди абри баҳор [2, c.410].

Воқеан аз ин дидгоҳ ба баррасӣ кашидани воҳидҳои мазкур барои муҳаққиқон чанд вижаи онро боз мекунад. Чунончи образнок ифода кардани фикр дар вохидҳои фразеологӣ, махсусан ҷумлаҳо, ки шаклан нисбат ба ибораву таркиб имкони ғунҷоиши унсурҳои бештарро дорад, мавзӯи хубест, ки ба воситаи он шинохти қимати аслии сухани суханвар сурат мегирад. Воҳидҳои фразеологии «аланга гирифтан», «чун ҳезум оташ гирифтан», ки тобиши фразеологии «дар ғазаб шудан», «қаҳр кардан», «ба хащм омадан»-ро ифода мекунаду аз зумраи чунин воҳидҳо мебошад, дар «Хамса» чунин истифода шудааст:

Барорам дуд аз ин патёраи зишт,

Бисӯзам дар дамаш монанди ангишт [2, c.743].

Воҳиди фразеологии «дилтанг шудан» маънии «касеро ёд кардан», ба касае сахт пазмон шудан»-ро ифода мекунад. Дар «Хамса» бо ин ҷумлаи фразеологӣ, ки бо баёни адабӣ ифода шуда, дар таркиби он санъати ташбеҳ мушоҳида мешавад, тасвирҳои хотирмон эҷод шудааст. Мисраи «Дил шуда чун пардаи Ушшоқ танг»-и байти зеринро метавон ба унвони ҷумлаи фразеологии ташбеҳии китобӣ шинохт:

Пираму бо пушти дуто ҳамчу чанг,

Дил шуда чун пардаи Ушшоқ танг [2, c.96].

Дар «Хамса» монанди дигар осори назму насри классикӣ истифодаи вофир ҷумлаҳои фразеологӣ дида мешавад, ки дар бештарин маворид онхо аз калимоти аслии забон таркиб меёбад. Аммо бо ин ҳам гуфтан бамаврид аст, ки чунин воҳидҳо бо мурури солҳо ва вобаста аз густариши забону адабиёт шаклҳо ва навъҳои дигаре ҳам ба худ гирифтаанд ва баночор ифодаҳои арабиро дар худ роҳ додаанд. Чунин назариёт нишон медиҳад, ки нуфузи забон арабӣ дар тамоми соҳот ва қишрҳои забонӣ маҳсус аст. Дар ин замина ҷумлаҳои фразеологӣ низ истисно буда наметавонад ва ҷузъҳои арабӣ дар ин навъи ҷумлаҳо гоҳо маънои нав дода, гоҳи дигар ба ҷои муродифи форсии худ истихдом мешаванд.

Список литературы

  1. Зеҳнӣ, Тӯрақул. Санъати сухан. – Душанбе: Адиб, 2007. - 400 с.
  2. Кирмонӣ, Хоҷу. Хамса / Таҳия ва тавзеҳи Баҳром Раҳматов, Оқилбой Оқилов ва Шоира Олимова. – Хуҷанд: Хуросон, 2017. -880 с.
  3. Маҷидов Ҳ. Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Нашри УДТ. 1982. -104 с.
  4. Маҷидов Ҳ. Ҷумлаҳои фразеологӣ // Мактаби советӣ. -1978, - №5. – С. 15-19.
  5. Мирзоев А. Осори Рӯдакӣ. – Сталинобод, 1958. - 255 с.
  6. Додоходжаева П.И. Использование простых арабизмов в «Хамсе» Ходжу Кирмони (на примере наречия) // In Situ. 2022. № 12. С. 154-157.
  7. Ashrapov B.P. Morphological and Semantical Peculiarities and Level of Usage of Suffix -гоҳ/goh in “Tarjumai Ta᾿rikhi Yamini” by Jurfodiqoni // Stephanos. – 2022. – No 6(56). – P.52-58.
  8. Ashrapov B.P. The level of usage of some non-productive verbal prefixes in “Tuhfat-ul-khoni” by Muhammadvafo Karminagi // Рефлексия. №6 - 2021. – P.10-12.
  9. Giyosov N.I., Ashrapov B.P. Brief essay on copies of historical production entitled as “tuhfat-ul-khani” by Muhammadwafo Karminagi // Рефлексия. №5 -2021. – P.7-9.
  10. Norova G.I., Kuzieva N.M. Comparative analysis of grammatical peculiarities of subordinating conjunctions in Tajik, Arabic and English languages (on the example of causative and purpose conjunctions) // In Situ. – 2022. – No 12. – P.152-154.

Поделиться

422

Додоходжаева П. И. Употребление фразеологических предложений с арабскими элементами в «Хамсе» Кирмани // Актуальные исследования и разработки в области естественных, технических, гуманитарных наук : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 16 января 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 44-47. URL: https://apni.ru/article/5388-upotreblenie-frazeologicheskikh-predlozhenij

Актуальные исследования

#41 (223)

Прием материалов

5 октября - 11 октября

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

16 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

29 октября