Китайская мифология и ее особенности

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

особенности
первобытное общество
мифология
средства
миропонимание

Аннотация статьи

В статье рассматривается вопрос сравнительного анализа китайской мифологии и ее особенностей. Отмечается, что в первобытном обществе основным средством познания мира считалась мифология.

Текст статьи

Асотир ва ё истилоҳи миф (аз юнонӣ гирифта шуда, маънояш ривоят ва гуфтор мебошад). Одатан, таҳти мафҳуми асотир гуфторҳоро дар бораи худоён, қаҳрамонони қувваи илоҳидошта, дар бораи гузаштагони нахустин, ки дар давраҳои авали пайдоиши олам зиндагӣ кардаанду ҳамчун ҷузъи олам, ва ҷузъи табиат дониста мешаванд – фаҳмида мешавад. Мифология – маҷмуи нақлҳо дар бораи худоён, қаҳрамонон ва дар як вақт низоми тасаввурот дар бораи олам аст. Мифология гуфта, илмро дар бораи асотирҳо (мифҳо) мефаҳманд. Офаридани асотирҳо ҳамчун падидаи муҳим дар таърихи фарҳанги инсоният баррасӣ мегардад. Дар ҷомеаи ибтидоӣ мифология воситаи асосии дарккунии олам ба шумор мерафт, худи асотир бошад, эҳсос ва фаҳмишу ҷаҳонбинии давраи пайдоиши онро ифода мекард. Мантиқи асосии одамони ибтидоӣ дар он буд, ки онҳо худро як ҷузъи табиат медонистанд ва ҷомеаашонро аз табиат дур ҳисоб намекарданд. Дигар он, ки тафаккури онҳо аз ҳиссиёт вобастагӣ дошт. Натиҷа чунин гашт, ки ҳама чизро ба табиати инсонӣ мувофиқ гузоштан ба пайдо гаштани истиораҳо оварда расониданд. Объектҳои табиат хусусияти инсонӣ гирифтанд, ба онҳо ҷон бахшиданд, ақл доданд ва ҳатто ҳар падида ба одам монанд карда мешуданд. Гоҳо дар мифҳо чунон ҳам шудааст, ки пешгузаштагони одамият хусусияти табиатро ва ба хусус ҷонварон ва ё рустаниҳоро доранд.

Дар асотирҳо аксар вақт қувваҳои фавқулодда ҳамчун махлуқҳои бисёрчашма, сердаст, бисёрчашм тасвир мегаштанд. Дар асотирҳо чунин ҳам мешавад, ки намуди зоҳирии персонажҳои он шакливаҳшиёна мегиранду одамхур ва ё ба одамон зараррасон тасвир мешаванд. Кайҳон бошад, дарахти ҳаёт ва ё дарахти зиндагонӣ дониста мешавад. Гузаштагони қавм ва ё қабилаҳо бошанд, намуди зоҳирии трансформатсияшуда доранду намуди зооморфӣ ва ё антропоморфӣ доранд. Ин нишонаи он аст, ки дар тасаввуроти пешиниён хешигарии инсон ва гуруҳҳои иҷтимоӣ бо табиат таъкид мегардад.

Дар маҷмуъ дар асотирҳо тавсифи модели ҷаҳон ва нақлҳо дар бораи пайдоиши онҳо ва ё худ аломатҳои алоҳидаи онҳо, офаридаҳои табиат ва фарҳанг, фаъолияти худоён ва қаҳрамонон, ки ҳолати кунунии ӯро инъикос кардаанд, зикр мегардад ва баъдан бошад, дигар воқеаҳо ва тарҷумаи ҳоли қаҳрамонон оварда мешавад. Дар асотирҳо нақлҳо дар бораи пайдоиши олам, воситаи шарҳ додани ҳолатҳои гузашта ва тасвир кардани ҳолати кунунии он мебошад. Вазифаи асосии миф – таъин намудани вақт ва сохтани модел, намунаи олам мебошад. Давраи асотирии ҳар халқу миллат замони муттаҳидшавӣ ва ягонагии ҳар миллатро ифода мекунад. Мардумони ибтидоӣ инчунин ба рӯҳи ҷонварон ва рустаниҳо таъзим мекарданд. Яке аз давраҳои қадимтарини тамаддуни чинӣ низоми иҷтимоию динии ҷамоаи авлодӣ аст, ки дар чунин ҳолатҳо ба назар мерасад:

  1. Ҳамаи аъзои ҷомеа аз як ҷонвар аз як гузаштаи худ ба вуҷуд омадаанд ва ин дар ҳар як амали аъзои ҷомеа ба назар мерасад.
  2. Шикори баъзе ҷонварҳо таҳрик, яъне манъкунӣ гузошта шуда буд.

Дар ҳамин низом падидаи дигари динӣ “Шаманизм” ба вуҷуд омада буд. Дар “Шаманизм” чунин унсурҳо хос аст:

  1. Ҷаҳонбинии ҳаматарафа, яъне тақсим намудани ҳастӣ ба якчанд қисмҳо ба мисоли ҳаёти зеризаминӣ, ҳаёти рӯизаминӣ ва ҳаёт дар осмонҳо.
  2. Ҳаёти ба ҳам алоқаманд асоси зиндагӣ назокат ва ҳам ободии байни ду дунё ба ҳисоб меравад. Ғояи назокат дар меҳвари ҷаҳон ё ин ки дарахти ниҳон аст, ки инҳо аз ҳамаи дунёҳо ба вуҷуд омадаанд ва ин дунёҳои номбурдаро ҳифз мекунанд.
  3. Дар ҳар як олам яъне, дар ҳар як оламе, ки тасаввур мешавад, худоҳои худашон ҳаст, ин худоҳо ин худоҳо қувваҳои ниҳониро дар худ маҳфуз медоранд. Аз онҳо пантиони аввалин ба вуҷуд омадааст.
  4. Ҳаёти инсонӣ дар як вақт дар якчанд олам ба вуҷуд меояд. Ба ғайр аз ин инсон баъди оне, ки вафот мекунад метавонад, ки ба дигар дунё ба олами дигар сайругашт намояд.
  5. Мавҷуд будани қисмати коҳинон шаманҳо мебошанд, ки онҳо алақаи доимиро байни дунёҳо таъмин менамоянд.

Дар устураҳо мавзуи пайдоиши оламу одам, коинот, қаҳрамониҳои одамон мавқеи бузургро доро аст. Байни устураҳои чинӣ ва эронӣ бисёр наздикӣ ва монандиҳо ҷой доранд, ки бешубҳа хонанда ва донандаро ба тааҷҷуб водор мекунад. Саволе ба миён меояд, ки кадом устураро кадом халқ аз якдигар иқтибос кардааст.

Ин ҳолатро дар устураҳои Пангу ва Зарвон, дар устураи Ораши камонвар ва устураи 11 офтоб, устураи Шэн Нун ва Нйюва ва монади инҳо дидан мумкин аст. Олимони устурашинос таъкид ҳам кардаанд, ки аксарияти устураҳои қадимаи чинӣ решаашон берун аз мамлакати Чин мебошад. Дар устураи чинӣ дарахти шафтолу рамзи ҳаёти абадӣ, рӯзгори баъд аз марг аст. Аҷиб аст, ки агар вафот кардани касеро тоҷикон ифода карданӣ шаванд, “фалонӣ ба шафтолучинӣ рафт” мегӯянд. Ин сухан аз куҷо пайдо шудааст, оё он бо мифологияи чинӣ робитае дорад ва ё не? Ҳарчанд ки қонунияти устураҳо ба ҳамдигар монанданд, аммо фарқу ҳамоҳангӣ ҳам доранд. Аз ҳамин хотир дар назди худ мақсад гузоштем, ки доир ба устураҳои чини қадим ва эронӣ муқоиса гузаронем. Худи чиниҳо ба омӯзиши мифологияи кишварашон баъди солҳои бистуми асри ХХ шуруъ карданд. Дар чиншиносии русу аврупоӣ бошад, ба ин масъала пештар аҳамият дода буданд ва дар ҷаҳон бори аввал олими рус Василев В. доир ба мифологияи Чин таҳқиқот бурда буд.

Баъдан аз олимони рус Н.Т. Федоренко таҳқиқоти Василевро идома дода, асари худашро доир ба мифологияи чинӣ таълиф кард, ки асари ӯ бо номи “Темотические своеоброзование китийской мифологии” дар соли 1899 нашр гашт, ки доир ба мавзуи устураҳои чинӣ нақл мекунад. М.Кукарина бошад, доир ба устураҳои чинӣ фарҳангнома нашр кард, ки бо номи “Словарь китайской мифологии” чоп шудааст. Мақолаи Н.П. Мартиненко бошад, доир ба устураи Хуанди, ки то андозае ба Каюмарси эронӣ монандӣ дорад, таълиф кардааст. Дар масъалаи омӯзиши мифологияи чинӣ олимони рус ва аврупоӣ ҳиссаи назарраси худашонро гузоштаанд. Аз ин рӯ, барои таҳияи мақола мо аз китобу мақолаҳои олимони рус ба монанди В.Ежов, Н.Т. Федоренко, М.А. Кукарина, Э.М. Яншина, Н.П. Мартиненко, Л.Н. Жукова, И.А. Васильев, Т.С. Ведмеденко, С.Григоревский, В.Н. Топоров истифода кардем. Аз асарҳои олимони аврупоӣ бошад, осори Он Берл, Фитсджералд ва дигарон мавриди истифодабарии мо қарор гирифтанд.

Асари “Бундаҳишн”, пораҳо аз “Авасто”, қисмати аввали “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ барои муқоиса бо мифологияи чинӣ истифода гардидаанд. Бо мутолиаи асарҳои марбут ба мавзуъ ва кори пешгирифтаамон чунин хулосаҳоро метавонем, ки дар ин ҷо зикр кунем: а) асотир ҳамчун як навъи ҷаҳонбинӣ дар тамоми кишварҳои қадима ҳам дар Чин ва ҳам дар эрон мавҷуд буданд; б) дар ҳар ду кишвар устураҳо дар ибтидо муқаддасии худро доштанд ва мардум ба онҳо боварӣ мекарданд, ки ин ҳам нишонаи амал кардани устураҳои наздикмаъно дар фарҳанги миллатҳои гуногун мебошад; в) ҳарчанд ки устураҳои ду миллат шаклан гуногун бошанд ҳам монандӣ ва ҳамгунӣ доранд. Мисоли барҷастаи ин монандӣ достони Пангу бо Зарвон аст; г) дар низоми асотирии чинӣ устураҳое ҳам ҳастанд, ки хоси ҳамин фарҳанг мебошанд. Масалан, устура дар бораи олиҳаи кирмак ба ин мисол гашта метавонад; ғ) минбаъд раванди омӯзиши устураи эронӣ ва чиниро ҷиддан ба роҳ мондан мумкин аст. Омӯхтани инҳо имконият фароҳам меорад, ки робитаҳои адабии мардуми ориёӣ, чинӣ ва ҳиндуҳоро бештар дарк кунем.

Список литературы

  1. Айни К.С. Бист гуфтор аз маънавият. – Душанбе: Адиб, 2004. – 240 с.
  2. Бирелле Анна. Устураҳои чинӣ. – Теҳрон: Марказ, 1384. - 104 с.
  3. Виноградовой А.Н. Китайские боги и мифы. – Москва, 1914.- 66 с.
  4. Ежов В. Мифы древнего Китая. – Москва: Астрель, 2004. – 493 с.
  5. Жукова Н.Л. Древнекитайский и юкагирский мифы о сотворении человека // Северо-Восточный современный вестник, 2007 № 2. С.28-39.
  6. Кукарина А.М. Словарь китайской мифологии. – Москва, 2015. 102 с.
  7. Мероси хаттии бостон. Ҷ.1. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 478 с.
  8. Мирзозода Х. Таърихи адабиёти тоҷик (Аз давраи қадим то асри 13) – Душанбе, 1987.
  9. Топоров Н.В. Статьи для мифалогических энциклопедий. Том 1. – Москва, 2011. – 611 с.
  10. Федоренко А. Тематическое своеобразие китайской мифологии. stsrieknigi.info 66 с.
  11. Яншина М.Э. Формирование и развитие древнекитайской мифологии. – Москва: Наука, 1984. – 188 с.
  12. Ashrapov B.P. Morphological and Semantical Peculiarities and Level of Usage of Su x -гоҳ/goh in “Tarjumai Ta᾿rikhi Yamini” by Jurfodiqoni // Stephanos. – 2022. – No. 6(56). – P. 52-58.
  13. Giyosov, N.I. Brief essay on copies of historical production entitled as “Tuhfat-ul-khani” by Muhammadwafo Karminagi / N. I. Giyosov, B. P. Ashrapov // 2021. – No. 5. – P. 7-9. – EDN HXRDAX.

Поделиться

929

Хамробоева З. Г., Косимова М. Б. Китайская мифология и ее особенности // Приоритеты социально-гуманитарных наук в условиях глобализации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 февраля 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 12-15. URL: https://apni.ru/article/5740-kitajskaya-mifologiya-i-ee-osobennosti

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#50 (232)

Прием материалов

7 декабря - 13 декабря

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

18 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

31 декабря