Распространение персидской культуры в Китае

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

китайский язык
персидская культура
персидская литература
интересные материалы

Аннотация статьи

В статье рассматривается вопрос о причинах распространения персидской культуры в Китае. Отмечается, что изучение персидской литературы на территории Китая и влияние персидско-таджикской литературы на китайскую литературу отражают статус дари-таджикского языка и положение персидской литературы интересными материалами.

Текст статьи

Интишор, таъсир ва ҳуввияти адабиёти форсӣ дар ҷаҳон бебаҳс аст. Дар тасдиқу таъкиди ин ақида на фақат муҳаққиқони форсизабон, балки эроншиносону мусташриқони дунё афкори ҷолибу мудаллал пешниҳод кардаанд. Сол ба сол домани таҳқиқи ин мавзуъ фаротар рафта, донишмандон боз ҳам маводи ҷолиберо мавриди таҳқиқ ва мутолиа қарор медиҳанд, ки боиси густариши шинохти манзалати адабиёти форсӣ дар офоқ аст. Таҳқиқи адабиёти форсӣ дар қаламрави Чин ва нуфузи адабиёти форсу тоҷик дар адабиёти Чин бо асноди ҳайратовар ва маводи ҷолиб қудрати забони дарию тоҷикӣ ва манзалати адабиёти форсиро таҷассум менамоянд. Дар ин мақола муаррифии сарчашмаҳои адабиёти Чин, дарёфти манҳаҷу марҷаи майли суханварони Туркистони Шарқӣ ба адабиёти форсизабон, муайян кардани сабабҳои убур ва интишори адабиёти форсу тоҷик дар сарзамини Чин, анъанаҳо ва муштаракоти адабӣ, бақои забон ва адабиёти форсӣ дар адабиёти Чин дар назар аст. Чун сухан аз тавсиаи забон ва адабиёти форсу тоҷик дар яке аз гӯшаҳои олам меравад, сараввал заминаҳои таърихии онро, ки бевосита ба таърихи этникӣ, яъне ташаккулёбии халқи тоҷик ва Чин мансуб аст, бояд ёдовар шуд.

Дар ин бобат ба чанд назарияҳои мавҷуд метавон ишора кард. Аммо ҳадафи мавзӯи ҳозир муқоисаи ин тадқиқот набуда, интихоби андешаи дақиқтар ва санҷида дар ин маврид мебошад. «Далелҳои сершумори таърихӣ, археологӣ ва этнографӣ тасдиқ менамоянд, ки дар замонҳои қадимтарин, аниқтараш, ҳазорсолаҳои сеюм ва дуюми то милод аҷдоди тоҷикҳо – тоифаҳои эронинажод ва эронизабон сарзамини паҳноварро аз Аврупои Ҷанубӣ-Шарқӣ, яъне соҳилҳои шимоли баҳри Сиёҳ ва даштҳои Авруосиё то Туркистони Шарқӣ (ноҳияи имрӯзаи Шинҷони Хитой) ва аз назди Урал то ҷануби Эрон фаро мегирифт. Бино ба мулоҳизаи устувор ва ба ҳақиқат наздик, аҷдоди тоифаҳои гуногуни бо ҳам хешутабори ҳиндуэронӣ то замони аз ҳам ҷудошавӣ дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамсарҳади он зиндагӣ карда, сипас як гурӯҳи онҳо ба Ҳиндустон, гурӯҳи дигараш дар Осиёи Сағир ва дар Эрони Fарбӣ маскан гирифтанд. Аз тоифаҳои эронии сарзамини имрӯзаи Осиёи Миёна: суғдҳо, бохтарҳо, хоразмиҳо, портҳо, марғиён, уструшаниҳо, фарғонагиҳо, сакоиҳо, массагетҳо ва қабилаҳои сершумори Туркистони Шарқӣ аҷдоди бевоситаи тоҷикҳо буданд» [11, 29]. Ин матлаб, ки хулосаи аксари донишмандон аст, аслан аз китоби куҳанбунёди Авесто сарчашма мегирад. Дар дафтари шашуми Вандидот, фаргарди якум ба суханони Аҳура Маздо мутаваҷҷеҳ мешавем, ки мегӯяд: «Нахустин сарзамину кишвари неке, ки ман – Аҳура Маздо офаридам, Эронвиҷ буд…» [11, 422]. Эронвиҷ ҳамон Аирянаваеҷа аст, ки ба маънии «сарзамини эрониён» ё «паноҳгоҳу пойгоҳи аслии эрониён» омада ва эрониёни куҳан аз оғоз дар он ҷо мезистаанд.

Авестошиноси маъруф Ҷалили Дӯстхоҳ бо дар назаргирии натиҷаи пажӯҳиши бостоншиносону эроншиносон мегӯяд, ки Эронвиҷе, ки Авесто ситоиш мекунад, ҳамоно заминҳои Осиёи Миёна ва ҳудуди Хоразм будааст. Ӯ андешаи худро аз ташаккули этникии мардумон чунин баён мекунад: «Сарзамини модар ва пойгоҳи аслии қабоили ҳиндуэронӣ ба эҳтимоли зиёд хиттаи Осиёи Миёна будааст. Тақсими ин қабоил ба шуъбаҳои ҳиндӣ ва эронӣ ношӣ аз кӯчҳои пайдарпаи онон буд. Нахустин бор гурӯҳе аз онҳо аз роҳи Афғонистони имрӯзӣ ба сӯи Ҳинд кӯч карданд (қабоили ҳиндӣ) ва пас аз онҳо қабоиле, ки дар Осиёи Миёна боқӣ монда буданд, ба сӯи сарзаминҳои Эрон ва Афғонистони кунунӣ кӯчиданд (қабоили эронӣ). Зистгоҳи ҷадиди қабоили эронӣ аз кӯҳҳои Қафқоз ва саҳроҳои Осиёи Миёна дар Шимол то каронаҳои дарёи Уммон ва Халиҷи Форс дар ҷануб ва аз Афғонистону бахше аз флоти Помир ва даҳанаи руди Синд дар ин шоҳасари туркӣ дар робита бо адаби форсу тоҷик муҳаббати уламои форсизабонро ба мардуми Чин таъкид ва баён медорад ва аз назари аҳамияти илмӣ бо асари Маҳмуд Чинӣ ҳамсанг аст. Муҳаққиқон ба он хулоса омадаанд, ки асар маълумоти тиббӣ ва фалсафиро тавассути кутуби Абуалии Сино тафсир кардааст. Аз дебочаи манзум, ки аз ҷониби котиб бар асар мулҳақ шудааст, метавон шуҳрати «Қутадғу билик»-ро дар он замон пай бурд. Чунончи омадааст: «Чиниҳо онро «Адаб-ул-мулк» хонанд, мочиниҳо «Оин-ул-мамлакат», аҳли машриқ «Зайн-ул-умаро» ва эрониҳо «Шоҳномаи туркӣ» гӯянд, бархе онро «Пандномаи мулук» низ шинохтаанд» [12, 144-145].

Аз ин пешгуфтор як нуктаи ҷолибе марбут ба адабиёти мо мушоҳида мешавад, ки он ҳам «Шоҳномаи туркӣ» ном гирифтани ин асари бузургҳаҷм аст. Шиносоӣ бо ин мероси хаттӣ маълум мекунад, ки Юсуф Хос Ҳоҷиб достонҳои тамсиливу таърихиро бо пайравӣ ба ҳамосаи Фирдавсӣ дар маснавии хеш ҷой додаааст. Е.Э. Бертелс дар тадқиқоти худ боби 21-уми ин маснавии чиниро таҳлил намуда, шабоҳати зиёди шикоят аз пирии Юсуф Хос Ҳоҷибро бо қасидаҳои Рудакӣ ва Кисоии Марвазӣ пайдо мекунад. Ҳақ ба ҷониби ӯст, ки дар сабку шеваи мураттаб кардани асар муаллиф аз руҳияи маърифати замони Сомониён хеле мутаассир будааст [12, 181-187]. Ин мусташриқи номвар муҳаққиқонро ба омӯзиши маъхазҳои наву нодир ва муайян кардани таъсири пурнуфузи адабиёти форсу тоҷик дар олам ва бахусус ба адабиёти Чини қадим даъват мекунад. Дар тақвияти андешаи мазкур метавон гуфт, ки бо вуҷуди виқори миллӣ аз забони хеш ва қатъи назар аз ҳолоти сиёсӣ-иҷтимоӣ, ки Қарахониён доштанд, лаҳни дарӣ ва гуфтори форсӣ дар қаламрави Чини асри ХI интишор ёфт ва ба идомаю рушди адаби форсу тоҷик мусоидат намуд [12, 392-393].

Чунин хулоса дар заминаи ёдоварӣ аз нуфузу нубуғи суханварон дар муқоиса бо даргоҳи Қарахониён ва доираи адабии Мовароуннаҳр бо Хуросон дар асрҳои XI-XII низ ба даст меояд. Ҳол он ки ҳар ду давлат – Fазнавиён ва Қарахониён дар як замон, аммо дар шароиту муҳити мутафовит аз ҳам зуҳур карданд ва маълум мешавад, ки пешрафту таназзули онҳо ба равобити сиёсию фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамҷавор, хосса бо фарҳанги эрониён иртибот доштааст. Дар ин масъала муаррихи форсизабон Р. Шаъбонӣ гӯяд: «Бо он ки ин давраро асри ғалабаи туркон ва муғулон ном мегузоранд, вале ба далели таваттуни онон дар маҳди фарҳанг ва тамаддуни фарҳанги исломӣ, ҳамагон ба мурур хӯи эронӣ гирифтанд ва дар ҷомеаи бузурги эрониён мустаҳил шуданд. Насли дувуми онҳо на танҳо дини исломро қабул карданд…, балки тамоми одобу русуми эрониро пазируфтанд ва ҷомаҳои эронӣ бар тан карданд» [12, 150-151]. Дар сарчашмаҳо теъдоди муайяни суханварони мовароуннаҳрӣ, ки ғолибан аз Самарқанду Бухоро буданд, вале дар мулки Қарахониён эҷоду зиндагӣ доштанд, зикр ёфтаанд. Чунончи: Алии Шатранҷии Самарқандӣ, Амъақи Бухороӣ, Рашиди Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Заҳири Самарқандӣ, Ҷавҳарии Бухороӣ, Луълуӣ, Гулобӣ ва дигарон аз ҳамин тоифа ҳастанд.

Яке аз омилҳои муҳими тақвият ёфтани равобити шуарову донишмандон сафари онҳо ба билоди мухталифи исломӣ арзёбӣ мегардад. Яъне, пас аз ҳамлаи муғул, баъдан дар замони Темуриҳо, сипас дар даврони салтанати Саидия дар Ёрканд ин кор идома пазируфт. Ба анъанаи зайл туҷҷору сайёҳон низ бо мароқи том иқтидо мекарданд ва ин одати марсум байни шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ ва хоса Чин дар асрҳои минбаъда рӯ ба афзунӣ ниҳод. Сарчашмаҳо баъзан адибонеро, ки аз манотиқи дигар кӯч баста, дар воҳаҳои Фарғона маскан гирифта буданд ва як зумра фозилонеро, ки аз Мовароуннаҳру Хуросон дар қаламрави Туркистони Шарқӣ мутаваттин шуданд, зикр мекунанд. Ҳаким Саноӣ ҳанӯз дар асри ХII бар ин ҳолат ишора карда, дар яке аз тавҳидоти хеш ҳиҷрати суханваронро ҷиҳати беҳбудии рӯзгор ба Балосоғун, ки ба қаламрави Қарахониҳо мутааллиқ буд, ёд меоварад. Чунончи, мисраи ӯ: «Якеро аз пайи ноне давонад то Балосоғун» фикри мазкурро собит менамояд.

Сафари аҳли адаб ба кишварҳои мухталиф дар рушди муносиботи фарҳангии байналхалқӣ ва интиқоли урфу одот ва анъанаҳои маданӣ ва таъсири мутақобилаи ҳавзаҳои илмӣ-адабӣ бешак, нақши ногусастанӣ мегузошт. Муҳоҷирати суханварон риштаи махсусеро дар адабиётшиносӣ ташкил кард, ки метавон онро ба унвони адабиёти муҳоҷират ёд кард.

Список литературы

  1. Авесто. Куҳантарин сурудҳо ва матнҳои эронӣ. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. Таҳиягар М. Диловар. – Душанбе: Қонуният, 2001. – 792 саҳ.
  2. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри ХVIII ва аввали асри ХIХ. Мураттибон У. Каримов ва диг. – Душанбе: Дониш, 1989. – 244 саҳ.
  3. Айнӣ К. Забони порсии дарии тоҷикии Вароруд ва Хуросон // Рудакӣ. Фаслномаи адабӣ-фарҳангӣ. - №26-27. - Душанбе, 2010
  4. Афсаҳзод А. Ҷомӣ – Адиб ва мутафаккир. – Душанбе: Ирфон, 1989. – 384 саҳ.
  5. Баёзи муноҷоту наът. Мураттиб ва муаллифи муқаддимаву феҳристу тавзеҳот Н. Муродӣ. – Ҷ.1. – Хуҷанд: Наргис, 2001. – 461 саҳ. – С.105
  6. Бобохонов М. Тоҷикони Чин // Таърихи тоҷикони ҷаҳон. –Душанбе: Маориф, 1999. – С. 337-360
  7. Fафуров Б. Тоҷикон. (Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна). – Китоби 1. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 704 саҳ.
  8. Зоиров Ҳ. Таърихи адабиёти тоҷик. (Адабиёти тасаввуф). – Хуҷанд: Нури маърифат, 2011. – 156 саҳ.
  9. Зоҳидов Н. Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IХ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2004. – 401 саҳ.
  10. Зоҳидов Н. Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IХ (давраи арабизабонӣ). – Душанбе: Бухоро, 2014. – 444 саҳ.
  11. Муродӣ Н. Адабиёти форсӣ дар Қошғар // Туҳфаи аҳбоб. – Хуҷанд: Ношир, 2012. – С.162-169
  12. Муродӣ Н. Адабиёти форсизабони Чин. – Ҷ.1. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 230 саҳ.

Поделиться

697

Эргашева М. М., Касимова М. Д. Распространение персидской культуры в Китае // Приоритеты социально-гуманитарных наук в условиях глобализации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 февраля 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 16-19. URL: https://apni.ru/article/5744-rasprostranenie-persidskoj-kulturi-v-kitae

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января