Секция

Филологические науки

Ключевые слова

китайский язык
персидская культура
персидская литература
интересные материалы

Аннотация статьи

В статье рассматривается вопрос о мире мыслей Конфутсий. Отмечается, что изучение персидской литературы на территории Китая и влияние персидско-таджикской литературы на китайскую литературу отражают статус дари-таджикского языка и положение персидской литературы интересными материалами.

Текст статьи

Ин шахсро рамзи тамаддуни Чин, устоди устодон мегўянд. Вақте ки номи ў ба забон оварда мешавад ба хотир фарҳанг ва фалсафаи чини бостонӣ убур мекунад. Ба муносибати ў, ба хотири бузургдошти ў дар бисёр кишварҳои Осиёи Шарқӣ муҷассамаҳо ва ҳайкалҳои ёдгорӣ гузошта шудааст. Ин шахс устоди бузург, донишманди тавоно, файласуфи шинохтаи Чини Бостонӣ - Конфутсий мебошад. Айни замон дар олами мо камтар касонеро ёфтан мумкин аст, ки доир ба Конфутсий ва таълимоти ў чизеро нашунида бошанд. Номи Конфутсий ба бисёр нафарон шинос мебошад. Конфутсий соли 551-и пеш аз мелод ба дунё омадааст ва соли 479-и пеш аз мелод оламро тарк кардааст. Номи ў ба забони чинӣ Кун Тси ё ин ки Кун Футсзий мебошад, ки маънояш “хирадманд” аст. Дар бисёр ҳолатҳо номи Конфутсийро чиниҳо таҳти иероглифи тзи мефаҳманд, маънои иероглифи тзи устод аст, яъне бо ин роҳ на шахси инфиродиро мефаҳманд,балки ин иероглиф иероглифи тзи ишорат мекунад ба Конфутсий. Вақте ки хонанда онро мебинад, ба зуддӣ дарк мекунад, ки сухан дар бораи як ҳодӣ дар бораи як нафар раҳнамои миллионҳо нафар меравад.

Файласуфон, сиёсатмадорони тамоми дунё гуфтаҳои Конфутсийро иқтибос меоранд. Иқтибосҳо аз китоби “Лун Юй” имрўз дар тамоми олам паҳн шудааст ва дар худи Чин бошад, ҳатто деҳқони камсавод ҳам аз ин китоб иқтибосҳоро ба хубӣ медонад. Таълимоти ахлоқии ў барои рушду нумўъ кардани наслҳои гуногуни мардуми Чин таъсири зиёд гузоштааст. Суҳбатҳои ў бо шогирдонаш ҳидоятҳои ў барои тарбияи марди наҷиб, алҳол ҳам аҳамияти худро дар рўи олам гум накардааст. Дар муқоиса бо дигар роҳнамоҳо ва ҳодиёни Чини Бостонӣ ба мисоли: Лао Тсзи ё Хуан-ди Конфутсий яке аз шахсиятҳое мебошад, ки доир ба рўзгораш доир ба ҳаёту фаъолияташ маълумоти воқеӣ, маълумоти аниқ мавҷуд аст. Худи Конфутсий дар яке аз ҳикматҳояш гуфта буд: “Роҳи ман ҳама чизро ягона эътироф намудан аст”. Имрўз дар назди бисёр олимон ё ин ки хонандагон чунин савол меистад, барои чӣ маҳз Конфутсий “устоди устодон” гардид ва ё ин ки маҳз ў рамзи Чин гардид? Ба нигоҳи аввал ин чиз муайян яъне ў хирад ва ҳикмати ҳаётиро дорад. Суханҳои ў аз ин дунё берун нест, ў мисли буддоиён худашро аз олами моддӣ ба канор намегирад. Гуфторҳояш ба мисоли гуфторҳорҳо Лао Тсзи дорои муъҷизаҳои даосӣ нест. Ў ба мисли ҳама инсон аст. Суханҳои ўро фаҳмидан хеле осон аст, ў ҳаргиз дар бораи масъалаҳои ирфонӣ, доир ба масъалаҳои динӣ ва мазҳабӣ сухан намекунад. Бо ҳамроҳии шогирдонаш, бо ҳамроҳии ҳокимон, ашрофон, ҳамроҳи шахсони оддӣ дар як сатҳ бо забони осон ва шево сухан мекунад.

Аз ин сабаб, суханҳои ўро ҳар кас новобаста аз он, ки ба кадом табақа тааллуқ дорад, ба хубӣ қабул мекунад. Аз гуфторҳои ин шахс маслиҳатҳои фаровон барои такмили рўҳонии инсон гирифтан мумкин аст. Гоҳо суханҳои ўро ба осонӣ фаҳмида наметавонем, сухани ў ба назар осон аст, аммо агар ба жарфи онҳо ба умқи онҳо назар кунем ба онҳо рамзҳо, ишораҳо ва тамсилҳои ин донишманди Чинӣ бо ҷузъиёти фаровон вуҷуд дорад. Худи Конфутсий аз шахсҳои машҳури олам ба шумор меравад. Дар яке аз тадқиқотҳои солҳои охир Конфутсийро ба қатори даҳ нафар шахсиятҳои машҳуртарини олам ҷой карданд. Таълимоти Конфутсий айни замон дар Чин пайравони зиёде дорад. Мактаби фалсафии ў хеле ҳам пешқадам аст. Имрўзҳо таълимоти Конфутсийро дар доираи илмҳои гуногун фалсафа, сиёсат, этнография, этнопсихология ба монанди инҳо меомўзанд.

Чунонки дар боло тазаккур кардем, дар муқоиса ба дигар донишмандон ва ҳидоятгарони Чини Қадим доир ба ҳаёту рўзгори Конфутсий бисёр чизҳо маълум аст, пеш аз ҳама тарҷумаи ҳоли ў аниқ аст, шогирдонаш, пайравонаш, санаҳои муҳими зиндагии ўро қайд карданд. Аз рўи навиштаҳои шогирдони Конфутсий хислати ўро ҳамчун инсони қавӣ, ҳамчун шахсияти ҷиддӣ дарк кардан мумкин аст. Маҳз чунин тасвирҳо симои Конфутсийро, ки қариб дуним ҳазор пеш зистааст ба хонанда кушода медиҳад. Худи зиндагии Конфутсий ҳам аз ҳодисаҳои гуногун иборат буд агар ба таври оддӣ гирем, ў хизматчӣ буд ва ба табақаи Шӣ дохил мешуд. Тибқи одати он замон он касе, ки дар мансаби Шӣ қарор дошт аз ҳисоби хонаводаҳои хурд буд, яъне он аз хонаводаи ашрофе ҳаст, ки ҳокимият ва боигарии зиёд надошт. Касе ки ҳаёти Конфутсийро нағз меомўзад, оид ба бисёр масъалаҳои зиндагӣ андешаҳои Конфутсийро ба хубӣ дарк мекунад. Худи Конфутсий дўст намедошт, ки дар бораи ҳаёти худаш нақл кунад, аммо баъзе ишораҳо дар китоби “Лун Юй” ҷой дорад, ки роҳи ҳаёти ўро муайян мекунад.

Масалан, дар яке аз гуфторҳояш ў мегўяд: “Дар понздаҳсолагӣ ман таваҷҷўҳамро барои омўхтани илм сарф кардам, дар сисолагӣ бошад ман мустақил гардидам, дар чиҳилсолагӣ тавонистам, ки аз шубҳаҳо тоза шавам, дар панҷоҳсолагӣ ман иродаи осмонро маърифат кардам, дар шастсолагӣ бошад, фарқ карда тавонистани ростро аз дурўғ ёд гирифтам, дар ҳафтодсолагӣ бошад мувофиқи хоҳиши дил амал карданро ёд гирифтам аммо ҳаргиз анъана ва маросимҳоро тарк накардам” [5, 23]. Аз ин гуфтаҳои Конфутсий бармеояд, ки ў ҳамчун инсон риоякунандаи анъанаву маросимҳо буд. Таълимоти Конфутсий бисёрқира, бисёркунҷа ва бисёрсоҳа аст. Дар таълимоти ў маҷмўи меъёрҳои маънавӣ ва иҷтимоӣ ҷой доранд, ки аз як насл ба насли дигар дар муддати зиёда аз дуним ҳазор сол интиқол мешавад. Қоидаҳое, ки Конфутсий бунёд гузоштаааст, ба тарбияи инсон, ба муайян намудани рафтори ў дар оила, дар хизмати давлатӣ ва дар ҷамъият дар бораи роҳҳои тафаккур нақл мекунад. То ин дам маҳз таълимоти Конфутсий ҳамчун сарчашмае хизмат мекунад, ки ба миқдори зиёд мардуми Чин пайрави он ҳастанд. Дар замони худ Конфутсий яке аз муаллимон, яке аз роҳнамоён буд. Аммо дар зиндагиаш ў бисёр азобҳоро, бисёр машаққатҳоро паси сар кард. Аммо Конфутсийро баъд аз вафоташ ба қадр кардан шурўъ карданд. Баъди вафоти Конфутсий дар ҷое, ки ў ба дунё омада буд, ибодатгоҳи хурд ва баъд аз чанд аср бошад ибодатгоҳи калон ва маҷмўӣ бунёд карданд.

Аввалин императори Чин дар он ҷое, ки ин ибодатгоҳ бунёд гашта буд, танҳо соли 195-и пеш аз мелод, яъне баъд аз сесад соли вафоти Конфутсий омада, сари таъзим фуруд овард. Дар соли сиву ҳафтуми мелодӣ бошад, бо фармони император ба ў бори аввал баъд аз вафоташ унвон ва мақоми баланди давлатиро доданд, яъне Конфутсий баъд аз вафоташ барои таълимоташ қадрдонӣ гардид ва унвон гирифт.

Соли панҷоҳу ҳашти мелодӣ императори сулолаи Хан Мин-ди фармон медиҳад, ки мактабҳои махсус ташкил карда шавад ва дар онҳо таълимотҳои Конфутсий, асарҳои Конфутсий омўзонида шавад ва баъд аз як сол бошад, ҳамин император супориш медиҳад, ки дар Чин ба хотири гиромӣ доштани ном ва рўҳи Конфутсий, ба хотири гиромӣ доштани мансабдор аз шоҳигарии Лу қурбонӣ ба ҷой оварда шавад. Минбаъд ин макон, ин ибодатгоҳ яке аз ҷойҳои серзиёраттарин, яке аз ҷойҳои тамошо ва маърифат дониста мешавад. Конфутсийро баъд аз вафоташ қадрдонӣ карданд. Масалан, соли 106-и мелодӣ ба ў унвони ҳукмраво (ҳоким)-ро доданд. Соли 1008–и мелодӣ бошад, император Жен Тзун маросими калон ва пурдабдабаи таъзим ба Конфутсийро ба ҷой овард ва баъд аз ду сол бошад, супориш медиҳад, ки ибодатгоҳи Конфутсий дар ҳамаи шаҳрҳо ва минтақаҳои Чин бунёд карда шавад.

Асарҳо дар бораи зиндагинома ва ҳолномаи ин устоди бузург хеле зиёд аст. Агар асарҳои доир ба ҳаёт ва зиндагии Конфутсий навишташударо дар тўли асрҳо ба назар гирем, миқдор онҳо садҳо ва ҳатто ҳазорҳо аст ва аксарияти онҳо бо ривоятҳо ва устураҳо омехта гаштаанд, бисёр саргузашти Конфуисий дар замони баъд аз вафоти ў таъриф гардиданд. Масалан, маҷмўаи гуфторҳо ва ҳикматҳои ў “Лун Юй” пас аз вафоти ў навитшта шудааст.

В.Малявин баъди бозгўи зиндагии Конфутсий ба таври хронологӣ лаҳзаҳои асосии зиндагии ин мутафаккири барҷастаи Чинро баён мекунад [13, с. 37].

Список литературы

  1. Авесто. Куҳантарин сурудҳо ва матнҳои эронӣ. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ, М. Диловар. Душанбе: Қонуният, 2001. 792 с.
  2.  Алии Сафӣ Фахриддин. Латоиф-ут-тавоиф. Таҳияи А.Абдусаттор ва Б. Сайфиддинов. Душанбе: Адиб, 2011. 336 с.
  3.  Бедил Абдулқодир. Муҳити аъзам // Эҷодиёт. Дар 8 ҷилд. Маснавӣ. – Ҷ.5. Душанбе: Адиб, 1993. – С.225-577.
  4.  Навоӣ Алишер. Хамсат-ул-мутаҳайирин. Мураттиб А.Маниёзов. Сталинобод, 1961. 84 с.
  5.  Наршахӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар. Таърихи Бухоро. Мураттибон F.Fоибов, К.Олимов, Н.Амиршоҳӣ. Душанбе, 2012. 546 с.
  6.  Низомӣ Ганҷавӣ. Куллиёт. Дар 5 ҷилд. Хусрав ва Ширин. Ба чоп ҳозиркунанда ва муаллифи сарсухан З. Аҳрорӣ. Ҷ.1. Душанбе: Ирфон, 1983. 464 с.
  7.  Степанянтс М.Т. Человек в традитсионном обществе Востока (Опыт компаративистского подхода) // Вопросы философии. № 3.1991. 145 с.
  8.  Фарҳанги забони тоҷикӣ. (аз асри Х то ибтидои асри ХХ) Иборат аз 2 ҷилд. Ҷ. 1. М.: Советская энсиклопедия, 1969. 665 с.
  9. Ashrapov B.P., Azimov E.A. Comparative analysis of morphological peculiarities of compound adverbs in Chinese and English languages. // Актуальные исследования. 2022. No. 11(90). P. 27-29.
  10. Ashrapov B.P. Comparative analysis of morphological peculiarities of approximative numerals in the Tajik literary language appertaining to the XVIII and ХХ centuries. // Herald of Daghestan Scientific Center. 2022. No. 85. P.35-40. – DOI 10.31029/vestdnc85/6.

Поделиться

653

Ахмедова М.., Касимова М. Д. Мир мыслей Конфутсий // Естествознание, технические и гуманитарные науки: перспективы, тенденции, результаты : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 марта 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 21-24. URL: https://apni.ru/article/5796-mir-mislej-konfutsij

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января