Главная
АИ #19 (149)
Статьи журнала АИ #19 (149)
Written Copies of “Rabe'ul-Abror” by Mahmud Zamakhshari

Written Copies of “Rabe'ul-Abror” by Mahmud Zamakhshari

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

Tajik literature
copies
“Rabe'ul-Abror” by Mahmud Zamakhshari

Аннотация статьи

The article dwells on the issue of the study of written copies of “Rabe'ul-Abror” by Mahmud Zamakhshari. It is noted that the theme explored is considered to be one of the actual ones in Tajik literature.

Текст статьи

Мутолиа дар сарчашмаҳои омӯзиши мероси Замахшарӣ ва бозингарӣ бо нусхашиносии осори вай бозгӯи он аст, ки то имрӯз аз «Рабеъ ул-аброр ва нусух ал-ахбор» «ربيع الابرا نصوص الاخبار» (Баҳори парҳезгорон ва баёни (наҳли) солномаҳо), номи дигари ин асар «Рабеъ ул-аброр фӣ мо йассурру ал-хавотир ва-л-афкор» (Баҳори парҳезгорон: оид ба он хотира ва фикрро хурсанд мекунад) нусхаҳои зиёде боқӣ мондааст: 1) Нусхаи хаттӣ чопи ва сангии “Рабеъ-ул-аброр”; 2) Нусхаи интиқодӣ ва чопи муосир. Нусхаҳои дастнависи ин асар дар китобхонаҳои шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Бағдод, Лейдин, Берлин, Истанбул, Париж, Лейпшик, Лондон, Манчестир, Машҳад ва Ромбур маҳфуз нигоҳ дошта омада истодааст. Дар китобхонаи вилояти Бухоро ба номи Абу Али Ибн Сино дар шуъбаи дастхатҳо нигоҳ дошта истоддааст.

Ёдовар бояд шуд, ки нусхаҳои хаттӣ ва чопии «Рабеъ-ул-аброр» дар тамоми қаламравии ҷаҳон маҳфуз аст. Бо таваҷҷӯҳ ба сайри таърихи нашри нусхаҳои «Рабеъ-ул-аброр» дар ҷаҳон нусхаҳои зерини ин китобро зикр намудан мумкин аст. Нусхаи аслии дастнависи «Рабеъ-ул-аброр» дар китобхонаи Бағдод таҳти рақами №934 мавҷуд буда, соли навишти ин асар номаълум аст. Дар бораи ҷилди китоб ва боби он дар ҳама сарчашмаҳо ва нусхаҳои он гуногун омадааст. Вале дар ин нусха асар аз панҷ ҷилД ва 98 боб иборат мебошад [6, с.6].

Яке аз латифтарин намунаи асар дар китобхонаҳо ва ганҷинаи намунаи дастхатҳои маъруфи ҷаҳон, ба мисли Оё сўфия (№3985), Музейи Бритониё (№1134, 1135), Фотеҳ (№3893-3896), Бонкипур (№ 2614-2616), .Музейи миллии Париж (№ 3499, 3500, 6742), Дор-ул-кутуби Қоҳира (№ 3/157).

Боз як нусхаи дастнависи «Рабеъ-ул-аброр», дар шуъбаи Санкт-Петербурги институти шарқшиносиии АИРусия ки санаи 1339 нусхабардорӣ шудааст, таҳти №676, маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Ин асар аз тарафи ким нусхабардорӣ шудааст номаълум мебошад. Дар ин нусхаи асар 98 боби асар маҳфуз мебошад. Дар китобхонаи Дор-ул-кутуб ва-л-адаби Миср таҳти №155 боз як нусхаи “Рабеъ-ул аброр” мавҷуд аст [9, с.87]. Нусхаи аслии дастнависи «Рабеъ-ул-аброр» дар китобхонаи Бағдод таҳти рақами №934 мавҷуд буда, соли 1976 ин асар аз тарафи муҳаққиқи араб Салим Наъамӣ нусхабардорӣ карда калимаҳои мушкил маънидод шуда ва дар зери ҳар як чор ҷузъ фарҳанг иншо шуда, ки дар он ҳамаи калимаҳои нофаҳмо бо маъниҳои зиёд баён шудааст Боз як нусхаи дигари дастнависи асар аз ҷониби олими ливанӣ Абдул Амир Муҳанна соли 1992 дар Бейрут иншо шудааст [8, с.3].

Ду нусхаи аслии «Рабеъ-ул-аброр» дар Ҷумҳурии Узбекистон маҳфуз мебошад, ки як нусхаи он дар, шуъбаи Тошканди институти шарқшиносиии ӮЗРФА Ӯзбекистон, ки таҳти рақами №2384 мавҷуд мебошад, ки дар он «Рабеъ-ул-аброр» аз панҷ ҷилд ва 77 боб иборат мебошад. («Рабеъ-ул-аброр») рақами тартибби он дар муқоваи китоб сабт шудааст. Китоби мазкур дар тӯли чандин асрҳо маҳфуз нигоҳ дошта истодааст. Нусхаи мазкур дар умум 371 варақро дар бар мегирад, яъне аз 742 саҳифа иборат мебошад. Дар ҳар як саҳифа 25 сатр бо ранги сиёҳи хати “насх” сабт шуда андозаи он 28x18см мебошад. Ҷилди китоб аз пӯст коркард шуда рангаш ҷигар мебошад. Дар ин нусха ҳамаги 77 боби асар маҳфуз мебошад. Дар асари дастнавис дар аввал аз тарафи котиб мундариҷа иншо шуда баъдан, бобҳои асар оғоз мешавад. Дар ин дастнависти асар аз боби الاوقات وذكر الدنيا والاخرة “Вақт дунё ва охират” оғоз шуда.охирон 77 боби он бо номи., والعال الامراض العاهات والطب, والدواء, و اليادة, ونحو ذلك, (дардҳои беморӣ, растаниҳо, табибон, давоҳо, беморхонаҳо) ба итмом расидааст [1, с.8].

Нусхаи дигари дастнависи “Рабеъ-ул-аброр»”дар китобхонаи идораи мусулмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳта рақами №1490 қарор дорад. Нусхаи мазкур то ба замони мо комилан маҳфуз нигоҳ дошта аст, ки аввали боби он لاوقات وذكر الدنيا والاخرة “Вақт дунё ва охират” оғоз шуда.охирон 98 боби он الحشرات والهوام ونحوها من دواب الارض “Ҳашаротҳо ва парандаҳои рӯи замин” ба итмом расидааст [5, с.3]. Ин нусха бо хатти настаълиқ бо забони арабӣ навишта шуда дар 402 варақ (1с-402а, 804 саҳифа) дастнавист шудааст. Муқоваи асар бо кардони сиёхи ғавс, ҳаҷми саҳифаҳо 26х17 см дар ҳар як саҳифа 22 сатр матн ҷой дода шудааст. Дар саҳифаи аввали дастнавист нишони шашкунҷа мавҷуд буда дар даруни он рақами 356 зери он . «ربيع الابرار » (Рабеъ ул-аброр) ва дар саҳифаи дуюм бо хатти арабӣ бо забони туркӣ (Муаллифи ин китоби муалиифи асари “Ал-Кашшоф” Маҳмуд Замахшарӣ мебошад ва ин асари “Рабеъ ул-аброр” яек аз асарҳои адиб мебошад) [2, с.4].

Аз муаллифи ношинохта нусхаи хаттие бо номи “Нафаҳоту азҳору Рабеъ-ул аброр” ки дар заҳираи дастхатҳои шаҳри Патна №1851 маҳфуз аст. Дар пайи корҳои тадқиқотӣ оид ба соли таълифи нусхаҳои асар маълум шуд, ки қадимтарин нусхаи дастнависи «Рабеъ-ул-аброр», дар шуъбаи Санкт-Петербурги институти шарқшиносиии АИРусия ки санаи 1339 нусхабардорӣ шудааст, таҳти №676, маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Ин асар аз тарафи ким нусхабардорӣ шудааст номаълум мебошад. Дар ин нусхаи асар 98 боби асар маҳфуз мебошад. Вале бидуни далелҳо мо аз ин ҳам қадимтарин нусхаи он ҳаст ё не маълумот дода наметавонем. Номи асар дар феҳристҳо, дастхатҳо ва тарҷумаҳо гуногун навишта шудааст. дар феҳристи дастхатҳои арбӣ осорхонаи Британия “ربيع الابرار” “Рабиъ ал-аброр” [11, с.714], дар феҳристи дастхатҳои китобхонаи Честер Битти “Rabi al-abrar fima yasurr al-khawatir wal-afkar” [10,16], дар фехристи дастхатҳои арабӣ китобхонаи Олмон “كتاب ربيع الابرار” “Китабу Рабиъ ал-аброр” [12, с.333] дар феҳристи дастхатҳои шуъбаи Тошканди институти шарқшиносии ӮЗРФА Ҷумҳурии Ӯзбекистон ” ربيع الابرار” (Рабиъ ал-аброр) сабт шудааст.

Аксари адибон қисмати аввали номи асарро “Рабеъ-ул аброр” ниҳодаанд. Тафовут дар қисмати дуюми он дида мешавад. Сабаби он нодуруст гузоштани нуқтаҳо ва хира шудани хатҳо мебошад. Фарқияти онҳо дар калимаи “фусус” (فصوص), “нусус” (نصوص) ҳуруфи “ف” ф, “ن” н ва дар калимаи “ахёр” (الاخيار), “ахбор” (الاخبار) ҳуруфи “й” ي , ва “б” ب мебошад. Паз аз гуфтаҳои боло комилтарин номи асарро «Рабеъ ул-аброр ва нусух ал-ахбор» «ربيع الابرار نصوص الاخبار» (Баҳори парҳезгорон ва баёни (наҳли) солномаҳо), ниҳодан ба мақсад мувофиқ мебошад. Асари “Рабеъ-ул аброр” аз 98 боб иборат мебошад. Дар бораи бобҳои он олимон фикру ақидаҳои гуногун доранд. Мисол Ҳоҷи Халифа дар асари “Кашф аз-зунун” аз 92 боб иборат будани“Рабеъ-ул аброр”-ро баён карда аст. Агар дар нусхаҳои аслии Дар Эрон, Туркия, Олмон ва Нидерландия назар андозим дар онҳо аср аз 98 боб иборат мебошад. Агар аз рӯи ҳисоби “абҷади” арабҳо ба номи Маҳмуд назар андозим чунин аст:

Мим- م 40 ҳо- ح мим-40- م вов-6- و дол-4- د= 98

Аз сабаби ҳаҷман калон будани асар ва маълуомтҳои он муҷмал буданаш ба хотири зудтар ба зеҳни хонандагонаш расиданш эҳтиёҷ ба таълифи мунтахаби асар дошт Аввалин мунтахаб аз ҷониби худи муаллиф Маҳмуд Заахшарӣ анҷом пазируфтааст. Шоистаи ёдоварист, ки талхиси мазкур аз ҷониби Ошиқӣ Чалапӣ (ваф.979/1571) ба туркӣ тарҷума ёфтааст [4, ҷ.1, с.494]. Мутарҷими мазкур худ талхиси ҷудогонае низ мураттаб сохта будааст.

Нусхаҳои хаттии ин мунтахаб дар Музейи Бритониё №729, Музейи миллии Париж №5038, ва дар китобхонаи Қилич Алӣ маҳфуз аст [7, ҷ.5, с.234].

Пас аз муаллиф зиёда аз 10 намуди мунтахаб аз ҷониби нависандагон иншо шуд ва ҳамаи ин мунтахаб монанди асари Рабеъ-ул аброр ба адабиёти арабу аҷам маъруф шуд. Аз ҳама маъмултарини он” روض الاخيارالمنتخب من ربيع الابرار » (Равз ал-ахёр ал-мунтахаб мин рабиъ ал-аброр” (беҳтарин фишурдаҳо аз баҳори хубон) мебошад.

Мунтахабҳое, ки нисбат ба «Рабеъ-ул-аброр» сурат гирифтааст, мақому арҷманди ин асарро такиди бештар мебахшад. Боз яке аз маъруфтарин мунтахаб аз ҷониби Муҳйиддин Муҳаммад ибни Хатиб бо номи “Равз-ул-ахбор” мусаммо сохта онро дар панҷоҳ равза мураттаб сохтааст [3, ҷ.1, с.161]. Мунтахаби дигар бо номи “Анвор-ур-Рабеъ” аз ҷониби Ҳоҷӣ Халифа ба табъ расидааст [3, ҷ.1, с.161].

Давоми корҳои тадқиқотӣ якчанд нусхаҳои дастнависи асар шинос шудем. Шумораи нусхаҳои чопии китоб аз 40 убур мекунад ва ин аз нуфузу маҳбубияти асар миёни мардуми арабу аҷам мужда медиҳад. Хулоса гуфтан мумкин аст, ки ин китоб ҳарчи зудтар ба забони тоҷикӣ тарҷума шавад ва дар байни илму адаби тоҷик мақоми арҷманд пайдо намояд.

Список литературы

  1. Абул Қосим Маҳмуд аз-Замахшарӣ. «ربيع الابرا نصوص الاخبار» қӯлёзма. Ӯзбекистон Фанлар академияси Шарқшинослик инистутиниг асосӣ фондидан.
  2. Абул Қосим Маҳмуд аз-Замахшарӣ. «ربيع الابرا نصوص الاخبار» қӯлёзма. Ӯзбекистон мусулмонлар идораси.
  3. Ёқути Ҳамавӣ. Мӯъҷам-ул-удабо.-Ҷ.7.-Бейрут: Муассиса ал-маориф, 1999.
  4. Заҳабӣ,Шамсиддин. Сияру аъломи-н-нубало. - Ҷ.15 - Қоҳира: Дор-ал ҳадис, 2006.
  5. Исмоилпошшо ибни Муҳаммадамини Бағдодӣ. Ҳадият-ул орифин. - Ҷ.2- Бейрут: Дор-ул кутуб ал-илмийя, 2008.
  6. Ибни Халликон. Вафийёт-ул-аъён. - Ҷ.4. - Бейрут: Дор-ул кутуб ал илмийя. 1998.
  7. Карл Броккелман. Торих-ул-адаб ал-арабӣ.-Ҷ.5.-Мактабат-уш-шомила, 2004.
  8. Рустамов А. Маҳмуд Замахшарӣ.-Т.:”Фан”,1971. 11 с.
  9. Ҳоҷӣ Халифа. Кашф-уз-зунун.Ҷ.1.-Бейрут: Дор-ул-кутуб ал-илмийя, 2008.
  10. Arthur J. Arberry. A Handlist of the Arabic Manuscripts.-Dublin, 1962. 16.
  11. Charles Rieu. Catalogus codicum manuscriptorum orientalium qui in Museo Britannico asservantur.-London, 1894. - 800p.
  12. Wilhelm Ahlwardt. Arabischen Handschriften. - Berlin, 1895. – 333.

Поделиться

577

Tuychieva M. O. Written Copies of “Rabe'ul-Abror” by Mahmud Zamakhshari // Актуальные исследования. 2023. №19 (149). Ч.I.С. 53-55. URL: https://apni.ru/article/6150-written-copies-of-rabeul-abror-by-mahmud-zama

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января