Главная
Конференции
Новая парадигма научного знания в цифровую эпоху
“Анҷум-ат-таворих” и Худоёрхонзода ҳамчун сарчашмаи хонигарии Қӯқанд

“Анҷум-ат-таворих” и Худоёрхонзода ҳамчун сарчашмаи хонигарии Қӯқанд

Секция

Исторические науки

Ключевые слова

«Анжумат-таварих»
история рода Хукандов
уникальные исторические
литературные
географические
этнографические данные

Аннотация статьи

Автор статьи отмечает, что произведение Худоярханзода «Анжумат-таварих» написано сыном последнего правителя Коканда Ибн Яминбеком, сыном Худоярхана, сыном Шералихана, в Ташкенте в начале ХХ века.

Текст статьи

Асари Худоёрхонзода “Анҷумат-таворих” ба қалами писари ҳукмдори охирини Хӯқанд Ибни Яминбек валади Худоёрхон писари Шералихон тааллуқ дошта, дар аввали асри ХХ дар Тошканд навишта шудааст. Он яке аз сарчашмаҳои нодири таърихӣ ба ҳисоби рафта, ба қалами муаррихи номии ҳавзаи таърихнигории Қӯқанд мансуб аст. Ин асари хеле муҳташам фарогирии маълумотҳои нодири таърихӣ, адабӣ, ҷуғрофӣ, этнографӣ буда хислати энсиклопедӣ дорад.

“Анҷум-ат-таворих”- и Худоёрхонзода таърихи хонигарии Хуқандро аз ибтидои асри XVIII то интиҳои асри XIX, яъне ҳамаи давраҳои маҷудияти хонигариро инъикос намудааст. Ҳудуди ҷуғрофии сарчашмаи мазкур ҳамаи минтақаҳои водии Фағона; мулкҳои Тошкент, Ҷиззак, Самарқанд; Қазоқистони ҷанубӣ; Тоҷикистон; Қирғизистон; Туркистони Шарқӣ; чанд мулкҳои Шарқи Миёна, инчунин Афғонистони шимолиро дарбар мегирад [3, 54].

Худоёрхонзода ин таърихро ба ду дафтар мунқасим намудааст. Дафтари аввал зикри ансоб, аҷдод, амҷоди хавонини Фарғона ва Мовароуннаҳр, то замони Худоёрхони фирдавсмакон. ва дафтари сонӣ аз ҷулуси мушорун илайҳ ило явмино 1318, дар бораи ҳодисоти ҳаёти халқҳои Туркистон аз соли ба сари тахт омадани Худоёрхон то соли 1318/1900-1901 саргузашту ёддоштҳоро дар китобаш ба риштаи тасвир кашидааст. қисмати дуюми асар ёфт нашудааст. Дар қисмати аввал таърихи ҳукмронии Заҳирриддин Муҳаммад Бобур ва насли ӯ дар Ҳиндустон, султон Илик Тангриёр ба лақаби Олтин Бешик. фосилаи вақт қайд нашудааст барои он, ки варақҳо холӣ мондааанд. Нақлҳои минбаъда аз ҳодисаҳои ҳукмронии Ашурмуҳаммадхон-падари Шоҳруххон сар мешавад.

Насаби хавонин ва подшоҳони ин мамоликро арбоби таворих чунин навиштаанд, ки абул-Музаффар Худоёрхон ибни Шералихон ибни Ҳоҷибек ибни Абдураҳмонхон ибни Абдулкаримхон ибни Шоҳруххони сонӣ ибни Ашурмуҳаммадхон ибни Рустамхонҳоҷиал-ҳарамайн ибни Шоҳруххони аввал ибни Шоҳмастхон, ки туркони ин билод ӯро Чамашбек мехонданд, Шоҳмасти мазкур ибни Убайдуллохон, ки туркон ӯро «Султони асил» лақаб дода, Султони асили мазкур ибни Абулқосим мулаққаб ба «Султони кӯчак» ибни Муҳаммадаминхони аввал ибни Султон Худоёрхони аввал ва дар баъзе таърих Тангриёрхон марқум гардида, Султон Худоёри мазкур ибни Султон Илик ибн мулаққаб ба «Олтун Бешик» ибни Заҳириддин Муҳаммад Бобурхон [1, 17].

Муаллифи ин ёддоштҳо дар баробари рисолаҳои таърихӣ як қатор санадҳои вақфӣ ва номаҳо, асноди тархонӣ, фармону дастурҳои бо мӯҳрҳои махсуси шоҳӣ, ки дар дасти афроди гуногун, китобхонаҳои хону халқҳо нигоҳ дошта мешаванд, мутолиа ва омӯхтааст. Онхоро бодиққат санчида, омӯхта баъд аз таҳқиқу тафтиш, ба ин китоб сабт кардааст. Худоёрхонзода барои пайдо кардани онхо кӯшиш зиёде кардааст ва асоси ин китобро бар асоси қоида ва қонунхои ин рисолахо сохтааст ва аз ин рӯ, ҳамаи маълумотхое ки баён гардидааст, дар ҷои худ қарор доранд. Муаллиф ҳангоми навиштани асараш аз сарчашмаҳои таърихию адабӣ, нақлу ривоятҳо, дидаву шунидаҳои худро фаровон истифода бурдааст. Ӯ донандаи моҳири адабиёти классики форсу тоҷик, ҳавзаи адабию таърихии Қӯқанд, шахси донишманд, мушоҳидакор ва нуктасанҷ буд, ки инро аз мазмуни китобаш ба сарохат дидан мумкин аст. Асар бо сабку услуб ва завқи хеле баланд, забони шевои тоҷикӣ навишта шуда, дар он порчаҳо аз назму насри адабиёти классикӣ фаровон истифода шудааст. Чи тавре, ки қайд гардид “Анҷуман-ат-таворих” фарогири маълумоти хеле нодири таърихӣ, адабӣ, ҷуғрофию этнографӣ буда, хусусияти энсиклопедӣ дорад ва аз ин рӯ, таваҷҷӯҳи мутахассисони гуногунро ба худ ҷалб кардааст. Маълумоти Худоёрхонзодаро муаррихон, адабиётшиносон, ҷуғрофишиносон ва дигар муҳаққикон дар тадқиқоти худ васеъ истифода мебаранд [4, 57].

Асар бо гузориши ниҳоят васеъ оғоз мешавад. Ин ҷо муаллиф дар он бора, ки асарашро “Ситораҳои таърих” номгузорӣ кардааст, хабар медиҳад. Боби якуми қисмати таърихӣ сар мешавад, бо номи “Таърихи хонҳои Фарғона ва Мовароуннаҳр ва зикри аз насли онҳо”. Баъд бобҳои “Нақл дар бораи забт кардани Самарқанд аз тарафи Муҳаммад Бобурхон”, “Нақл дар бораи Заҳириддин Муҳаммад-подшоҳ” ,“Таърихи ҳукмронии султон Иликхон бо лақаби Тангриёрхон”. Дар қисми хотимавии ин боб холигие дида мешавад:

Худи муаллиф, ки аз қабилаи минг буд, мебоист, ки барои мушоҳидаи таърихи насли шаҷараи худ, аз чингизиён ва амир Темур шавқманд бошад, вале ӯ кӯшиш ба харҷ додаст, то насли худро аз Бобур оғоз кунад. Вале дар сохтори пайдарҳамии насл ӯ ба нофаҳмиҳо ва ноаниқиҳо ҷой додааст. Дар таърихи Худоёрхонзода намояндагони сулолаи мингҳо ба Бобур бо чунин пайдарҳамӣ: Олтин Бешик писари Муҳаммадмуқим писари Муҳаммадҳаким писари Ҳумоюнподшоҳ писари Бобур писари Умаршайх. Модари Олтин Бешик Шарафнисобегим духтари Валӣ Муҳаммадхон. Вақте Муҳаммадмуқим зери фишори Имомқулихон ақибнишинӣ мекард, ба мавзеъи Тарғова омада, ин ҷо ба аҳолии маҳаллӣ писари навзоди худро, ки пас аз зода шудан аз модар ҷудо шуда буд, мегузорад. Ин ҳодиса гӯё соли 1020/1511-1512 рух дода бошад. Худи Муҳаммадмуқим низ дар шаҳри Ош аз ҷароҳати дар задухӯрд бардоштааш ҳалок мешавад. Олтин Бешик калон шуда Қутлуқнигорхонимро ба занӣ мегирад, ки аз қабилаи минг буд. Аз онҳо Тангриёр ё ин, ки Худоёрхон таваллуд мешавад. Баъд Тангриёрхон духтари Имомқулихон Фотимасултонро ба занӣ мегирад. Аз ин никоҳ писарон: Султон Илик ва Муҳаммадамин ба дунё меоянд. Муҳаммадамин бо ёрии бобои худ Имомқулихон Хоразмро забт менамоянд ва пас аз ду соли ҳукмронӣ вафот мекунад. Аз ӯ дар Фарғона як писар бо номи Абулқосим мемонад. Вақте, ки Олтин Бешик соли 1066/1655-1656 дар синни 46 солагӣ вафот мекунад, ба сари тахт Султон Илик меояд.

Баъд боби дигар дар бораи “Ашурмуҳаммадхон ва писари ӯ Шоҳрухбек”, “Таърих ва ҳолати давлати Абдураҳимхон, “Таърихи ҳукмронии хушбахтонаи Абулкаримхон писари Шоҳруххон”, “Нақл дар бораи ҳукмронии Абулқаюмхон писари Абдулраҳимхон, ки чун Эрдонахон машҳур аст”, “Нақл дар бораи Сулаймонхон писари Шодихон”, “Нақл дар бораи Абдулҳамидбек писари Абдураҳмонбек, писари Абдулкаримхон бо лақаби Нарботур”, “Нақл дар бораи ҳукмронии Олимхон писари Абдулҳамидхон”, “Нақл дар бораи ҳукмронии Умархон писари Абдулҳамидхон”, “Нақл дар бораи Муҳаммадалихон писари Умархони ҷаннатмакон” [5, 173; 6, 176].

Аз мазмуни асар маълум, ки он бо фоҷиаи ҳодисоти 1842 дар хонигарии Фарғона анҷом меёбад. Ин забти пойтахти хонигарии Фарғона шаҳри Қуқанд соли 1842 аз тарафи амир Насруллоҳ, қатли оилаи хони пешина (Муҳаммадалихон бо писараш Муҳаммадаминхон, бародари хурдиаш Султон Маҳмудхон, модараш Моҳларойим-шоира Нодира вадигарон) бо фармони амир, ҳамроҳкунии хонигарии Фарғона ба ҳайати аморат, шӯриши қӯқандиён ба муқобили салтанати манғитиҳо, ба сари ҳокимият омадани Шералихон бо ёрии қабилаҳои қирғизу қипчоқ. Ин ҳодисаҳоро анҷомёбии мантиқии қисмати якуми асар шуморидан мумкин аст. Чи хеле, ки маълум аст Шералихон бо фармони Муродхон рӯзи дуюми моҳи Шаъбон соли 1260 кушта шуда буд (16.08.1844). Вай 55 сола буд, 12 солу 2 моҳу 25 рӯз ҳукмронӣ намуд. Худи Муродхон баъди 9 рӯзи ҳукмронӣ рӯзи 3-юми моҳи Шаъбони соли 1260 (23.08.1884) аз дасти қипчоқҳо бо сарварии Мусулмонқул ва Муҳаммадназарбек кушта шуд. Падари муаллифи рисолаи мазкур Худоёрхон ба сари тахт 24-уми август нишастааст. Вақти ҳукмронии ӯ таърих аз ҳодисоти гуногун бой буд. Нақли ҳамин қисмати таърихи хонигарии Фарғона бо намояндаи ҳамин сулола аз нуқтаи назари таърихшиносӣ диққатҷалбкунанда аст. Чи тавре, ки дар боло қайд кардем писари Худоёрхон Ибни Яминбек байни зиёиёни маҳаллӣ бо ёддоштҳои худ, ки дар саҳифаҳои “Рузномаҳои диёри Туркистон (1893-№№ 22-28) дарҷ мегашт, соҳиби ҳурмату эҳтиром гашт. Дуртар ёддоштҳои ӯ ба забони русӣ низ чоп шуданд [2, 37].

Мазмуни “Ситораҳои таърих”-ро дар асоси хулосаҳо чунин шарҳ додан мумкин аст: Асари мазкурро шахсан яке аз намояндагони бонуфузи водии Фарғона ва хонигарии Қуқанд аз сулолаи мингҳо офаридааст; Асар маводи ниҳоят қиммати марҳилаи мушкили таърихи хонигарии Қӯқанд таърихи ташаккулёбӣ, ривоҷ ва таназзули он давлатро дорост. асарро шахсан худи ҳамин писари Худоёрхон навиштааст шахсе мебошад, ки дорои санъати таърихнигорӣ ва донишу таҷрибаи кофӣ аз илми таърих дорад. Дар асар маълумот дар бораи мансабу вазифаҳое, ки дар хонигарӣ вуҷуд доштанд, вазифа ва ӯҳдадориҳои дорандаҳои ин мансабу вазифаҳо дар бораи тартиботу дараҷаҳои мансабҳои ҷамъиятӣ, тарзи ҳаёти аҳолии кӯчманчиву муқимӣ, доду гирифти онҳо шарҳ дода шудааст; Муаллиф ба фаъолияти насли худ дар соҳаи тараққиёти меъморӣ, ободонии диёр, обёрии заминҳои лалмӣ, ки масъалаҳои ҳалталабу муҳими ин халқу минтақа буд, диққати махсус додааст; рисолаи таърихии писари Худоёрхон, Ибни Яминбек сарчашмаи муҳими таърих ва маданияти хонигарии Қуқанд, аморати Бухоро ва Туркистони Шарқиву Қазоқистон ҳисобидан мумкин аст.

Список литературы

  1. Бaбaбeкoв X.Н. Истoричeскaя литeрaтурa 60-70-x гг. Aфтoрeф. дисс. … кaнд. ист. нaук . Ташкент, 1977. 20 с.
  2. Вoҳидoв Ш. XIX-XX aср бoшлaридa Кукoн хoнлигидa тaрихнaвисликнинг ривoжлaниши. Тoшкeнт. 1998. 137-142 бeт.
  3. Муxтoрoв A.A. Из истoрии нaрoдныx движeний в Срeднeй Aзии. Душaнбe: Ирфoн, 1988. 56 с.
  4. Нaбиeв Р.Н. Из истoрии Кoкaндскoгo xaнствa. Фeoдaльнoe xoзяйство Xудaярxaнa. Тaшкeнт: Фaн, 1973. – 388 с.
  5. Худаярханзаде. Анджум ат-таворих. – Ташкент, 2011. 320 с.
  6. Худоёрхонзоде. Анжумат-таворих. – Тошкент, 2012. 450 с.

Поделиться

515

Буховадинов С. М. “Анҷум-ат-таворих” и Худоёрхонзода ҳамчун сарчашмаи хонигарии Қӯқанд // Новая парадигма научного знания в цифровую эпоху : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 15 мая 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 35-38. URL: https://apni.ru/article/6167-anum-at-tavorikh-i-khudoyorkhonzoda-amchun-sa

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

Остался последний день

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января