Главная
АИ #21 (151)
Статьи журнала АИ #21 (151)
Characteristics of the distribution of assimilates during cotton growth

Characteristics of the distribution of assimilates during cotton growth

Рубрика

Биология

Ключевые слова

сельское хозяйство
основные и важные культуры
хлопчатник

Аннотация статьи

В статье раскрывается концепция диагностики закономерностей формирования урожая хлопчатника, изучение важных особенностей распределения и использования производных фотосинтеза в растении.

Текст статьи

Инсон барои эҳтиёҷоти худ миқдори азими неъматҳои моддӣ, майдони калони замин, миқдори зиёди об, ҳаво, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табииро истифода мебарад. Пахта растании бисёрсола буда, дар зироаткорӣ ҳамчун растании яксола парвариш карда мешавад. Дар растании пахта ду намуди шохаҳо, яъне шохаҳои сабзишӣ ва меваовар инкишоф меёбанд. Дар шароити бағоят мусоид пахта хеле хуб инкишоф ёфта метавонад. Солҳои охир ҳангоми ташхиси қонуниятҳои ташаккулёбии ҳосил дар растании пахта, ба омӯзиши хусусиятҳои муҳими таксимшавӣ ва истифодабарии ҳосилаи фотосинтез дар растанӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ташхиси ҷамъшавӣ ва тақсимшавии биомасса дар узвҳои растанӣ имконияти гирифтани маълумотҳои гуногунро доир ба физиологияи ҳосилнокии генотип ва навъҳои омӯхташаванда медихад. Хусусиятҳои баъзе тарафи фаъолияти фотосинтетикии растанӣ, муносибати донору аксепториии байни узвҳои ассимилятсиякунанда ва истеъмолкунандаи ҳосилаи фотосинтез, ҳосилнокии потенсиал ва хусусиятҳои истеъмолкунии узвҳои ҳосилбандӣ ба ташаккулёбии ҳосилнокии хоҷагии зироатҳо зич вобаста мебошад. Ғайр аз ин хусусиятҳои тақсимшавии ассимилятҳо яке аз сабабҳои асосии фарқият дар ҳаҷми ҳосилнокии биологӣ ва хоҷагӣ дар навъҳои гуногуни растании пахта мегардад.

Роҳҳои истифодабарии ассимилятҳоро дар растанӣ дида мебароем. Дар давраи онтогенез рушду нумӯи растаниҳо, дар аввали марҳилаи инкишоф, вакте ки асосан реша ташаккул меёбад ва дигар нуктаи қабулкунандаи ассимилятҳо мавчуд нест, маводҳои фотосинтез ба реша меравад. Дар он растаниҳое, ки қисми асосии ассимилятҳо барвақт барои расиш ва инкишофи узвҳои фотосинтезнакунанда, яъне шохронӣ равона карда шавад ва онҳо одатан хусусиятҳои баланди ассимилятсиякунӣ надоранд, ташаккулёбии барг дар ин растаниҳо кам буда, ҳосилнокии ҳочагӣ низ хело паст мебошад.

Нақшаи боз хам мураккабшудаи рохҳои истифодабарии ассимилятҳо дар синтези “донори - аксепторӣ” дар намуди диаграммаи Форрестер дар корҳои илмии Б.И. Гуляев (1983) ҷой гирифтааст, ки дар он чунин факторҳои ҳосилнокӣ ба эътибор гирифта шудааст: чӣ гуна дуоксиди карбон ба растанӣ дохил мешавад, муҳтоҷнокӣ ба шиддатнокии рӯшноӣ ва муқобилияти диффузияи СО2 ба барг, кам шудани дуококсиди карбон дар раванди нафаскашии торикӣ, ки аз нафасканшии қадкашӣ ва нафаскашии ёрдамчӣ иборат мебошад, манбаи ассимилятҳое, ки ҳангоми раванди фотосинтез ҷамъ мешаванд ва онҳо барои тарақкиёт, рушду нумӯи растаниҳо истифода бурда мешавад, ҷараёни як қисми карбон, ки ба компонентҳои узвҳои вегетативию генеративӣ равона карда мешавад, роҳҳои ба вуҷуд омадани барномаҳои генетикию эпигенезии узвҳои алоҳидаи растанӣ, алокаи баргардандагӣ доштани вақти биологӣ, суръати пиршавии қисмҳои алоҳидаи узвҳои вегетативӣ, баргардандагии ҷараёни қисми карбон ба манбаи ассимилятҳо, ки ба таксимшавии моддаҳои захирагӣ муҳтоҷ аст, таъсири ҳарорат, дар таркиби растанӣ мавҷуд будани нитроген ва нарасидани об ва муҳтоҷӣ ба он дар раванди ҳосилбандӣ омӯхта шудааст.

Роҳҳои истифодабарии ассимилятҳоро дар растанӣ дида мебароем. Дар давраи онтогенез растаниҳо, дар аввали мархилаи инкишофёбӣ, вакте ки асосан реша ташкил меёбад ва дигар нуқтаи қабулкунанда нест, таксимшавӣ дар растанӣ аз рӯи нақша А (Расми 1) меравад. Аз аввали ташкил ва инкишофи сатҳи барг, истифодабарии ассимилятҳо ба тарафи барг равона карда мешавад, Б (Расми 1) Вобаста ба меъёри пиршавии растаниҳо истифодаи ассимилятҳо дар узвҳои растанӣ, ки дорои хусусияти фотосинтезкунанда надоранд, бисёртар равона карда мешаванд. В (Расми 1) Дар растаниҳои гуногун дар давоми давраи ташкил ва инкишофи онҳо афзалиятнокиашон ба ин ё он роҳҳои истифодабарии ассимилятҳо равона мешавад.

Растаниҳо ҳамон вақт дорои ҳосилнокии баланд мегарданд, агар қисми зиёди маҳсули фотосинтез барон ташкил ва инкишофи баргҳои нав равона карда шавад.

Тақсимшавии ассимилятор дар растаниҳои мазкур аз руи нақшаи Б (Расми 1) баргузор мегардад.

Расми 1. Нақшаи роҳҳои истифодабарии ассимилиятҳо (А-Б-В) дар давоми нашъунамои (вегетатсия) растаниҳо. (Багаутдинова М.Р.)

Ф - узвҳое, ки хусусияти фотосинтезкунанда доранд.

Г - узвҳое, ки хусусияти фотосинтезкунанда надоранд.

ОБ - вазни умумӣ.

Дар он растаниҳое, ки қисми асосии ассимилятҳо барвақт барои расиш ва инкишофи узвҳои фотосинтезкунанда равона шавад, одатан дорои хусусиятҳои баланди ассимилятсиякунӣ доранд, аммо ташаккулёбии барг дар ин растаниҳо кам буда, ҳосилнокии биологиашон низ хеле паст мебошад.

Дар баъзе намуди тақрибаҳо ташхиси ҳодисаҳои таксимшавӣ ва аз нав тақсимшавии ассимилятҳо аз руи системаи мураккаби ташхис бо ёрии ҳисобкунии математикӣ ва баъзе таҷрибаҳо бо хисоб намудани вазни узвҳои растанӣ дар давраи онтогенези онҳо ҷамъбаст карда шуданд. Ин намуди таҷрибаҳои тадқикотӣ дар зироатҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ гузаронида шудааст: дар мисоли растаниҳои лубёгиҳо, картошка, гандуми баҳорӣ, ҷав ва ғайра гузаронида шудаанд.

Аз руи натиҷаҳои тадқиқотҳои зерин муайян карда шуд, ки ба ҳосилнокии баланди растанӣ роҳи дурусти хусусияти тақсимшавии ассимилятҳо вазифаи муҳимро ичро менамояд. Дар тачрибаҳои тадқикотии Х.Х.Каримова ва Р.И.Чернер (1971) нишон дода шудааст, ки ҳосилнокии растаниҳои дар ҳарорати хунук нашъунамокунандаи Осиёи Миёна ба тақсимшавии ассимилятҳо дар узвҳои растаниҳо вобастагӣ дорад. Ҳангоми саршавии фазаи гулкунӣ - шонабандӣ истифодабарии қисми зиёди маҳсули фотосинтез барои тараққиёти баргу поя аз 40 то 20% кам мешавад ва қисми зиёди ассимилятҳо дар ҳамин давра барои ташкил ва рушду расиши узвҳои репродуктивӣ сарф мешавад. Дар марҳилаҳои ояндаи тараққиёти растании пахта мушоҳида кардан мумкин аст, ки камшавии қисми ассимилятҳо дар фитомассаи барг (аз 32 то 21%) ва тана (аз 30 то 16%) ва зиёдшавии ассимилятҳо дар узвҳо мевабандӣ (аз 40 то 80 %) ба назар мерасад.

Дар охир ҳаминро бояд қайд намуд, ки нашъунамо ва инкишофи пахта, пеш аз ҳама, ба дараҷаи бо моддаҳои ғизоии зарурӣ таъмин будани он вобаста аст. Омӯхтани моддахои ғизоӣ дар хоки пахта қисми таркибии тадқиқоти вобаста ба истифодаи нуриҳои минералӣ ва зичии гуногуни растанихо мебошад.

Список литературы

  1. Абдуллаев Х.А. Физиологическая генетика фотосинтеза и продуктивность растений. - Душанбе, 1990. - 53с.
  2. Абдуллаев Х.А., Каримов Х.Х., Бурнашев Ш.Т. «Оценка эффективности ассимиляционной работы листьев как физиологический тест - признак в селекции хлопчатника» / Физиологические тесты в селекции растений. - Душанбе: Дониш, 1994. - C.24-33.
  3. Абдуллаев Х.А., Каримов Х.Х. М.Д.Бободжонова Морфобиологические особенности растений хлопчатника при частичном удалении плодовых органов.- Актуальные проблемы и перспективы. - Душанбе, 2004. – C.49-50.
  4. Асроров К.А. Сравнительное изучения фотосинтетической деятельности и продуктивности хлопчатника, кукурузы, сорго: Автореф. канд. биол. наук. - Душанбе, 1974. - 29 с.
  5. Кумаков В.А., Коррелятивные отношения между органами растения в процессе формирования урожая. Физиология растений. 1980 т 27, №5 C. 75-84.
  6. Мокроносов А.Т. Фотосинтетическая функция и целостность растительного организма: - М.: Наука, 1983. 64 с.

Поделиться

595

Хакимова П. Ш., Ашурова Д.., Ибрагимова М. Н., Эргашева Э. А. Characteristics of the distribution of assimilates during cotton growth // Актуальные исследования. 2023. №21 (151). Ч.I.С. 18-21. URL: https://apni.ru/article/6323-characteristics-of-the-distribution-of-assimi

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января