Главная
АИ #21 (151)
Статьи журнала АИ #21 (151)
Diagnostics of morphobiological signs and ways to increase cotton productivity

Diagnostics of morphobiological signs and ways to increase cotton productivity

Рубрика

Биология

Ключевые слова

сельское хозяйство
основные и важные культуры
хлопчатник

Аннотация статьи

В статье рассматриваются важные пути повышения активности фотосинтеза растений, его эффективности, установление связи между фотосинтезом и продуктивностью, использование правильной технологии разведение и выращивание большого урожая растений хлопчатника.

Текст статьи

Барои ҳалли ин масъала бояд пеш аз ҳама муносибатҳои байниҳамдигарии органҳои растании пахтаро дар натиҷаи омӯхтани хусусиятҳои физиологӣ ва биохимиявӣ муайян кардан лозим аст. Пас, аз муайян кардани тақсимшавии ассимилятҳо дар узвҳои растанӣ, ҳосили органҳои вегетативӣ, ҳаҷми органҳои вегетативӣ, ҳаҷми органҳои тақсимшудани ассимилятҳоро дар узвҳои растании пахта ба назар гирифта, бо роҳи селексия навъҳои нави пахтаи серҳосилро баровардан лозим аст. Кишоварзӣ - ин фалсафаи пайдоиш, пойдоршавӣ ва инкишофи ҷомеаи инсонӣ мебошад. Зеро, кишоварзӣ яке аз қадимтарин ва асоситарин сарчашмаи ҳаёти инсон буда, ҷомеаро ҳамеша бо неъматҳои моддӣ ва мардумро бо хӯроку пӯшок таъмин менамуд ва менамояд.

Замин манбаи ҳамаи неъматҳои моддии инсон аст. Пайдоиш ва ривоҷу равнақи саноат низ ба кишоварзӣ вобаста аст. Барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни ҷомеа бо маводи кишоварзӣ мо бояд роҳҳои нав ба нави самаранок гардонидани соҳаҳои онро ҷустуҷӯ намоем. Аз он даме, ки инсон худро бишнохт, дар баробари офтоб ва обу ҳаво замин як чизи муқаддас ва омили беҳамтои зист пазируфта шуд, он манбаи кишту кор ва зироат буд. Имкониятҳои кишоварзии Тоҷикистон ба комёбиҳои бемислу монанде соҳиб гардида буданд. Табиат ба мо сарвати зиёде муҳайё намудааст. Қариб 300 рӯзи офтобӣ, боду ҳавои муътадил, дарёҳои сершумору пуроб, заминҳои ҳосилхези водиҳои беканору доманакуҳҳо омили фаровонӣ ва некӯаҳволии мардуми мо мебошанд.

Мувофиқи қонуни бақои энергия ва модда агар аз хок моддаҳои ғизогӣ тавассути нашъунамо ва сабзиши зироатҳо гирифта шаванду он моддаҳо бозгардонида нашаванд, он гох ҳосилхезии замин паст мешавад. Таркиби асосии замини зархез ин гумус - моддаи органикии хок мебошад. Гумус заррачаҳои хокро бо хам пайваст намуда, қобилиятҳои нигоҳдории моддаҳои ғизоӣ - нитроген, фосфор, калий ва дигар унсурҳои кимиёвӣ, инчунин обро дар хок пайдо мегардонад. Пахтакорони забардаст комёбиҳои илмро дар амал татбиқ намуда, ҳосили “тиллои сафед”-ро аз ҳар гектар то 50 сентнер расонидаанд. Дар солҳои охир бо сабаби тағйир ёфтани системаи хоҷагидорӣ ва пешрафти интенсивнокии хоҷагии кишоварзӣ зарурият пайдо шуд, ки навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ихтироъ карда шаванд. Дар Тоҷикистони шимолӣ яке аз зироатҳои асосӣ ва ахамиятнок, ки баланд бардоштани некӯахволии халкамонро таъмин мекунад, ин зироати пахта аст. Аз ин лиҳоз, баровардани навъҳои пахтаи серҳосил ва тезпазак барои кишоварзии Тоҷикистони шимолӣ ниҳоят зарур мебошад.

Пахтакорӣ дар Тоҷикистони шимолӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба хисоб меравад. Пахта, барги он, поя ва дигар қисмҳои ин зироат ба ҳамаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халк маводи зарурӣ буда, барои талаботи инсонро конеъ гардонидан истифода бурда мешавад. Пахта нафақат талаботи инсонро қонеъ мегардонад, балки барои беҳтар кардани шароити иқтисодии давлат сабаб мегардад. Бинобар ин зироати пахтаро аз давраҳои қадим инсон кишт мекунад ва онро дар ихтиёри худ истифода мекунад. Табиати моро иҳотакарда хеле мураккаб аст, ки ҳамаи узвҳои он дар инкишофи пай дар пай буда, онҳо бо ҳам алоқаманд ташаккул меёбанд. Инсон, ки худ маҳсули табиат мебошад ва дар байни қабати биотикии бошуури худ аз дигар организмҳои зинда фарқ мекунад, бо табиат муносибати наздик дошта ганҷинаҳои онро чун манбаи зиндагӣ истифода мекунад. Ҳоло инсон барои эҳтиёҷоти худ микдори азими неъматҳои моддӣ, майдони калони замин, миқдори зиёди об, ҳаво, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табииро истифода мебарад.

Барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни ҷомеа бо маводи кишоварзӣ, мо бояд роҳҳои нав ба нави самаранок гардонидани соҳаҳои онро ҷустуҷӯ намоем. Дар ояндаи наздик маҳсулнокии кишоварзӣ ду -се маротиба афзун хоҳад гардид. Имкониятҳои кишоварзии Тоҷикистон ба комёбиҳои бемислу монанде соҳиб гардида истодаанд. Табиати он ба мо сарвати зиёда муҳайё намудааст. Дар замони ҳозира бисёр зарур аст, ки барои боло бардоштани соҳаи кишоварзӣ навъҳои пахтаҳои тезпазаки бисёрҳосилдиҳандаро кишт кунанд. Тамоми энергияе, ки ба сайёраи мо аз Офтоб меояд, биосфера онро бо воситаи ҷараёни ниҳоят нодир - фотосинтез (фото- рӯшноӣ, синтез-ҳосил намудан) қабул менамояд.Фотосинтез муҳимтарин ҷараёнест, ки дар натиҷаи он растаниҳои сабз микроорганизмҳои фотосинтезкунанда ва пайвастҳои ғайриорганикӣ (гази карбонат ва об) бо таъсири рӯшноӣ пайвастҳои мураккаби органикии барои ҳаёти мавҷудоти зинда зарурро ба вуҷуд меоранд. Ҳангоми фотосинтез растаниҳо ба атмосфера оксиген ҷудо карда, энергияи офтобро дар шакли энергияи бандҳои химиявӣ захира менамоянд. Дар натиҷаи фурӯбарии рӯшноии Офтоб растаниҳои сабз аз моддаҳои ғайриузвӣ (СО2 ва Н2О) маводи узвӣ (қанд) ҳосил менамоянд ва дар натиҷа энергияи рӯшноӣ ба энергияи кимиёвӣ табдил ёфта, оксиген хориҷ мегардад. Ҳар сол дар кураи Замин растаниҳо зиёда аз 150 млн. тонна қанд ҳосил менамоянд. Доир ба фотосинтез мутафаккирони бузург Арасту ва Абӯали ибни Сино фикрҳои худро доир ба ин масъала дар асарҳояшон қайд намуда буданд. Дар омӯзиши фотосинтез саҳми олими бузурги рус К.А.Тимирязев, ки аввалин шуда аҳамияти хлорофиллро дар фотосинтез муайян намуд, калон аст. Ӯ оид ба ин масъала тадқиқотҳои васеи илмӣ гузаронид ва бори дигар тасдиқ намуд, ки бе фотосинтез мувофиқи қонуни бақои энергия ҳаёт дар рӯи Замин вуҷуд надорад. Фотосинтез бо кӯмак ва иштироки ферментҳои гуногун гузашта, реаксияҳои пайдарпаи зиёдеро дар бар мегирад. Фотосинтез ягона ҷараёни биологиест, ки бо афзоиши энергияи озод мегузарад ва тамоми мавҷудоти зиндаи рӯи заминро бо энергияи химиявӣ таъмин мекунад. Нигоҳ доштан, афзудан ва самаранок истифода бурдани самарабахшии фотосинтези растанӣ масъалаи асосии табиатшиносии муосир ва инсоният аст. Зиёд намудани фаъолияти фотосинтези растанӣ яке аз роҳҳои муҳими самарабахшии он аст.

Ҳангоми ташхиси қонуниятҳои ташкилёбии ҳосилнокӣ дар растании пахта солҳои охир ба омӯзиши хусусиятҳои муҳими тақсимшавӣ ва истифодабарии ҳосили фотосинтез дар растанӣ аҳамияти ҷиддӣ дода истодаанд. Ташхиси ҷамъшавӣ ва тақсимшавии биомасса дар узвҳои растанӣ имконияти гирифтани маълумотҳои гуногун доир ба физиологияи генотип дар навъҳои омӯхташавандаро нишон медиҳад. Барои баровардани навъҳои умедбахши пурмаҳсул бояд хусусиятҳои физиологии ин навъҳоро, хусусан тезпазӣ, устуворӣ ба сармо ва ба хушкиро донистан зарур аст. Омӯзиши ҳосилнокии тозаи фотосинтез, баҳодиҳии самаранокии кори ассимилясионии баргҳо ва тақсимшавии биомассаи хушкӣ дар растаниҳои пахта, ки нишондиҳандаи асосӣ мебошад, дар навъҳои пахтаи Флора, Кармен ва Қиргиз - 5 омӯхта мешавад. Дар вақти ташхиси қонуниятҳои ташкилёбии ҳосилнокӣ дар растании пахта солҳои охир ба омӯзиши хусусиятҳои муҳити тақсимшавӣ ва истифодабарии ҳосили фотосинтез дар растанӣ аҳамияти зиёд дода истодаанд. Ба кор бурдани тадбирҳои гуногуни агротехникӣ ба инкишофи системаи реша, қисми рӯи заминии ниҳол ва инчунин ба ҳосили пахта таъсир мекунад. Бинобар ин, омӯхтани инкишоф ва сохти системаи реша барои ба кор бурдани технологияи дурусти парвариши растании пахта ва рӯёнидани ҳосили зиёди пахта аҳамияти калон дорад.

Дар охир ҳаминро бояд қайд намудан лозим аст, ки ҳосилнокии биологии ниҳоли пахта аз нишондиҳандаҳои вазни кисмҳои вегетативию узвҳои он ва вазни нахи пахта иборат мебошад. Растании пахта дорои хусусиятҳои баланди маҳсулнокии биологӣ мебошад. Ташхиси нишондодҳое, ки дар адабиёти имрӯза гирд оварда шудааст, онро нишон медиҳад, ки омӯзиши физиологии асосҳои ҳосилнокии баланди биологии пахта, тадқиқотҳои махсус ниҳоят хело кам бахшида шудааст, ки ин масъала ҳанӯз то охир аниқ карда нашудааст ва тадқиқотҳои таҷрибавии махсусро талаб мекунад.

Список литературы

  1. Абдуллаев Х.А. Физиологическая генетика фотосинтеза и продуктивность растений. - Душанбе, 1990. - 53с.
  2. Абдуллаев Х.А., Каримов Х.Х., Бурнашев Ш.Т. «Оценка эффективности ассимиляционной работы листьев как физиологический тест - признак в селекции хлопчатника»/ Физиологические тесты в селекции растений. - Душанбе: Дониш, 1994. - C.24-33.
  3. Абдуллаев Х.А., Каримов Х.Х. М.Д.Бободжонова Морфобиологические особенности растений хлопчатника при частичном удалении плодовых органов.- Актуальные проблемы и перспективы. - Душанбе, 2004. – C.49-50.
  4. Асроров К.А. Сравнительное изучения фотосинтетической деятельности и продуктивности хлопчатника, кукурузы, сорго: Автореф. канд. биол. наук. - Душанбе, 1974. - 29 с.
  5. Кумаков В.А., Коррелятивные отношения между органами растения в процессе формирования урожая. Физиология растений. 1980 т 27, №5 C. 75-84.
  6. Мокроносов А.Т. Фотосинтетическая функция и целостность растительного организма: - М.: Наука, 1983. 64 с.

Поделиться

598

Хакимова П. Ш., Ашурова Д.., Ибрагимова М. Н., Эргашева Э. А. Diagnostics of morphobiological signs and ways to increase cotton productivity // Актуальные исследования. 2023. №21 (151). Ч.I.С. 15-17. URL: https://apni.ru/article/6324-diagnostics-of-morphobiological-signs-and-way

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#50 (232)

Прием материалов

7 декабря - 13 декабря

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

18 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

31 декабря