Главная
АИ #22 (152)
Статьи журнала АИ #22 (152)
Распространение персидской культуры в Китае

Распространение персидской культуры в Китае

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

культура
персидская культура
Китай
распространение

Аннотация статьи

Статья посвящена проблеме распространения персидской культуры в Китае. Отмечается, что исследуемая тема играет ключевую роль в развитии персидской культуры в Китае.

Текст статьи

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар аз аҳамиятизабон ва луғатдонӣёдоваршуда,изҳорнамудабуд: “Забон яке аз унсурҳои мунтазами фарҳанг буда, калимаҳо ва шаклҳои грамматикии он давоми садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо устувор боқӣ мемонад. Луғат ифодагари ғановатизабонаст” [4, 2].

Маҳз забону адабиёт аст, ки як халқро бо халқҳои дигар ва як фарҳангро бо фарҳангҳои дигар пайваста, риштаҳоиҳамкоривудӯстиробаторупудидӯстӣ табдил медиҳад. Адабиёти оламшумули мамолики машриқзамин дар вусъати мавҷудияти таърихии хеш бомавҷудияти афкори хоси инсонпарварона шохаи бузурги адабиёти ҷаҳониро ба вуҷуд оварда, шарқуғарбротасхирнамудааст. Муносибатҳои адабӣ пеш аз ҳама, байни халқҳои ҳамсоя ва халқҳое, ки аз ҷиҳати забон, оину эътиқод ва анъанаҳо бо ҳам наздиканд, зуҳур ёфта, вобаста ба шароитҳои таърихию иҷтимоӣ ва фаъолияти тарафайн инкишоф ва ё таназзул меёфт. Ин раванд ба адабиёт ҳам таъсир расонида, вобаста ба ҳолати замон ва қудрату маҳорати суханварон дар адабиёт инъикос ёфтааст.

Интишор, таъсир ва ҳувийяти адабиёти форсӣ дар ҷаҳон бебаҳс аст. Дар тасдиқу таъкиди ин ақида на фақат муҳаққиқони форсизабон, балки эроншиносону мусташриқони дунё афкори ҷолибу мудаллал пешниҳод кардаанд. Бино ба ақидаи олимони ин соҳа “Зарурати омӯзиш ва ба муомилоти илмиву адабӣ ворид намудани ёдгориҳои мавҷуда хеле муҳим аст. Бе ин сарчашмаҳо (фақатдастхатҳои асримиёнагии арабиву форсӣтақрибан 800 ҳазоранд) дониши мо оиди маданияту фарҳангиинсоҳа ва дарку фаҳми дурусти онҳо нопурра мемонад” [1, 51].

Таи даҳсолаҳои охир домани таҳқиқи ин мавзуъ фаротар рафта, донишмандон боз ҳам маводи ҷолиберо мавриди таҳқиқ ва мутолиа қарор медиҳанд, ки боиси густариши шинохти манзалати адабиёти форсӣ дар офоқаст.

Халқи тоҷик аз замонҳои қадим бо халқҳои ҳинду чин, қафқозу араб ва махсусан, форсу афғон муносибатҳои наздики таърихӣ, иқтисодӣ ва маданӣ дошта, табиист, ки иртиботи маънавӣ дар давру замонҳои мухталиф бо шаклҳои гуногун рух дода, боиси тавлиди равияҳои тозаи адабӣ, сабку услуб ва жанрҳои гуногуни бадеӣ гардидааст.

Муаррифии сарчашмаҳои адабиёти уйғур, дарёфти манҳаҷу марҷаимайли суханварони Туркистони Шарқӣ ба адабиёти форсизабон, муайян кардани сабабҳои убур ва интишори адабиёти форсу тоҷик дар сарзамини Кошғар, анъанаҳо ва муштаракоти адабӣ, бақои забон ва адабиёти форсӣ дар адабиёти уйғур аз масоили доманадор буда, дар давру замони гуногун диққати олимону муҳаққиқонробахудкашидабудааст.

Юсуф Хос Ҳоҷиб дар муқаддимаи китоб ҳам ин матлабро чунин манзум намудааст:

Арабча, тоҷикча китоблар ӯқуш

Бизнинг тилимизга бу юмғиӯқуш.

Мазмуни ин байт ба он далолат мекунад, ки мутолиаи китобҳои арабию тоҷикӣ дар забони туркӣ бидояти дониш ба ҳисоб меоянд [2, 143].

Аз дебочаи манзум, ки аз ҷониби котиб бар асар мулҳақ шудааст, метавон шуҳрати «Қутадғубилик»-ро дар он замон пай бурд. Чунон чи омадааст: «Чиниҳо онро «Адаб-ул-мулк» хонанд, мочиниҳо «Оин-ул-мамлакат», аҳли машриқ «Зайн-ул-умаро» ва эрониҳо «Шоҳномаи туркӣ» гӯянд, бархе онро «Пандномаи мулук» низ шинохтаанд» [2, 144-145].

Аз ин пешгуфтор як нуктаи ҷолибе марбут ба адабиёти мо мушоҳида мешавад, ки он ҳам «Шоҳномаи туркӣ» ном гирифтани ин асари бузургҳаҷм аст. Шиносоӣ бо ин мероси хаттӣ маълум мекунад, ки Юсуф Хос Ҳоҷиб достонҳои тамсиливу таърихиро бо пайравӣ ба ҳамосаи Фирдавсӣ дар маснавии хеш ҷой додаааст. Е.Э. Бертелс дар тадқиқоти худ боби 21-уми ин маснавии чиниро таҳлил намуда, шабоҳати зиёди шикоят аз пирии Юсуф Хос Ҳоҷибро бо қасидаҳои Рудакӣ ва Кисоии Марвазӣ пайдо мекунад. Ҳақ ба ҷониби ӯст, ки дар сабку шеваи мураттаб кардани асар муаллиф аз руҳияи маърифати замони Сомониён хеле мутаассир будааст. Ин мусташриқи номвар муҳаққиқонро ба омӯзиши маъхазҳои наву нодир ва муайян кардани таъсири пурнуфузи адабиёти форсу тоҷик дар олам ва бахусус ба адабиёти Чини қадим даъват мекунад. Дар тақвияти андешаи мазкур метавон гуфт, ки бо вуҷуди виқори миллӣ аз забони хеш ва қатъи назар аз ҳолоти сиёсӣ-иҷтимоӣ, ки Қарахониён доштанд, лаҳни дарӣ ва гуфтори форсӣ дар қаламрави Чини асри ХI интишор ёфт ва ба идомаю рушди адаби форсу тоҷик мусоидат намуд.

Чунин хулоса дар заминаи ёдоварӣ аз нуфузу нубуғи суханварон дар муқоиса бо даргоҳи Қарахониён ва доираи адабии Мовароуннаҳр бо Хуросон дар асрҳои XI-XII низ ба даст меояд. Ҳол он ки ҳар ду давлат – Fазнавиён ва Қарахониён дар як замон, аммо дар шароиту муҳити мутафовит аз ҳам зуҳур карданд ва маълум мешавад, ки пешрафту таназзули онҳо ба равобити сиёсию фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамҷавор, хосса бо фарҳанги эрониён иртибот доштааст. Дар ин масъала муаррихи форсизабон Р. Шаъбонӣ гӯяд: «Бо он ки ин давраро асри ғалабаи туркон ва муғулон ном мегузоранд, вале ба далели таваттуни онон дар маҳди фарҳанг ва тамаддуни фарҳанги исломӣ, ҳамагон ба мурур хӯи эронӣ гирифтанд ва дар ҷомеаи бузурги эрониён мустаҳил шуданд. Насли дувуми онҳо на танҳо дини исломро қабул карданд…, балки тамоми одобу русуми эрониро пазируфтанд ва ҷомаҳои эронӣ бар тан карданд». Дар сарчашмаҳо теъдоди муайяни суханварони мовароуннаҳрӣ, ки ғолибан аз Самарқанду Бухоро буданд, вале дар мулки Қарахониён эҷоду зиндагӣ доштанд, зикр ёфтаанд. Чунончи: Алии Шатранҷии Самарқандӣ, Амъақи Бухороӣ, Рашиди Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Заҳири Самарқандӣ, Ҷавҳарии Бухороӣ, Луълуӣ, Гулобӣ ва дигарон аз ҳамин тоифа ҳастанд.

Яке аз омилҳои муҳими тақвият ёфтани равобити шуарову донишмандон сафари онҳо ба билоди мухталифи исломӣ арзёбӣ мегардад. Яъне, пас аз ҳамлаи муғул, баъдан дар замони Темуриҳо, сипас дар даврони салтанати Саидия дар Ёрканд ин кор идома пазируфт. Ба анъанаи зайл туҷҷору сайёҳон низ бо мароқи том иқтидо мекарданд ва ин одати марсум байни шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ ва хоса Чин дар асрҳои минбаъда рӯ ба афзунӣ ниҳод. Сарчашмаҳо баъзан адибонеро, ки аз манотиқи дигар кӯч баста, дар воҳаҳои Фарғона маскан гирифта буданд ва як зумра фозилонеро, ки аз Мовароуннаҳру Хуросон дар қаламрави Туркистони Шарқӣ мутаваттин шуданд, зикр мекунанд. Ҳаким Саноӣ ҳанӯз дар асри ХII бар ин ҳолат ишора карда, дар яке аз тавҳидоти хеш ҳиҷрати суханваронро ҷиҳати беҳбудии рӯзгор ба Балосоғун, ки ба қаламрави Қарахониҳо мутааллиқ буд, ёд меоварад. Чунончи, мисраи ӯ: «Якеро аз пайи ноне давонад то Балосоғун» фикри мазкурро собит менамояд.

Сафари аҳли адаб ба кишварҳои мухталиф дар рушди муносиботи фарҳангии байналхалқӣ ва интиқоли урфу одот ва анъанаҳои маданӣ ва таъсири мутақобилаи ҳавзаҳои илмӣ-адабӣ бешак, нақши ногусастанӣ мегузошт. Муҳоҷирати суханварон риштаи махсусеро дар адабиётшиносӣ ташкил кард, ки метавон онро ба унвони адабиёти муҳоҷират ёд кард.

Список литературы

  1. Введение в востоковедение: Обший курс. – СПб: КАРО, 2011. – 584 с.
  2. Муродӣ Н. Адабиёти форсизабони Чин. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 232 с.
  3. Муродӣ Н. Залилӣ ва «Девон»-и ӯ // Номаи донишгоҳ. – Хуҷанд: Ношир, 2011. – С. 27-34.
  4. Раҳмон Э. Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат. http://president.tj/node/304
  5. Ҷомӣ, Мавлоно Нуриддин АбдурраҳмониҶомӣ. Нафаҳот-ул-унсминҳазарот-ил-қудс. –Душанбе: Пайванд, 2013. – 872 с.

Поделиться

543

Курбонов С.., Касимова М. Д. Распространение персидской культуры в Китае // Актуальные исследования. 2023. №22 (152). Ч.II.С. 11-13. URL: https://apni.ru/article/6420-rasprostranenie-persidskoj-kulturi-v-kitae

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января