Таджикский (персидский) арабский словарь и лексикография

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

таджикский (персидский) арабский словарь
лексикография
развитие лексикографических исследований

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос изучения таджикского (персидского)-арабского словаря и лексикографии. Отмечается, что такая область науки занимает основное место в развитии наших лексикографических исследований.

Текст статьи

Илми луғат ва луғатнигорӣ як қисми муҳими забоншиносӣ ба шумор меравад ва ин қисми забоншиносиро лексикография меноманд. Лексикография (аз калимаи юнонӣ Lexiko – калима, луғат ва grapho – менависам аст) дар хусуси назария ва амалияи луғатнигорӣ маълумот медиҳад, яъне дар хусуси тартиб додану таҳия намудани луғатҳо (қомус, фарҳанг, луғатҳои муҳовара) ва масъалаҳои назариявии сохтани луғатҳо: ҳаҷм, усулҳои ҷобачогузории калимахои луғат баҳс мекунад. Фарҳангнигорӣ ҳамчун як қисмати вожашиносӣ (лексикология) бо сохаҳои гуногуни он алоқаи наздик дорад.

Дар забоншиносии муосир луғатнигории назарияви ва амалиро фарқ мекунанд. Луғатнигории назарияви қонуну қоидаҳои муҳими луғатсозиро таъин намуда, дар хусуси усули тартиб додани луғатҳои типологӣ ва луғатхои навин, қолаби ягонаи луғатҳо меъёри хатмй муайян мекунад. Ин қисмати луғатнигорӣ талаб мекунад, ки маводи луғат маъноҳо, тарзи шархдиҳӣ, низоми аломатҳои луғат, ки ба сохту навъи луғатхо вобастагӣ дорад, хусусияти ягонаву якхела дошта бошад. Мақсади асосии луғатнигории амалӣ қонеъ намудани зарурату эҳтиёҷи рӯзмарраи ҷомеа мебошад. Вай ба ҳар як фард барои дарк намудани нозукиҳои забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои дигар ёрии амалӣ мерасонад. Луғатнигории амалии тоҷик таърихи бой дорад ва дар тӯли асрхо ташаккул ва инкишоф ёфтааст. Луғатхо ба хонанда имконият медиҳад, ки дар муддати кутоҳе аз хусуси ин ё он маънои калима ва ҷихатҳои дигари он маълумот пайдо кунад. Калимаву воҳидҳои луғавии забон аз рӯи талаботи қонунияти лексикографияи имрӯза гирд оварда шуда, вобаста ба навъи луғат калимаҳо аз ин ё он ҷиҳат шарҳ дода мешавад. Чунин ҷихати шархдиҳии калимаҳоро дар луғатхо ба инобат шрифта, онҳоро ба ду гурӯхи калон чудо мекунанд: 1) Луғатҳои энсиклопедӣ (қомусҳо); 2) Луғатҳои филологӣ.

Энсиклопедия – қомус маҷмуи маълумоти мухтасари ба тартиб андохташудаи ҳамаи соҳаҳо ва ё яке аз соҳаҳои дониши инсонӣ дар давраи муайяни таърихӣ мебошад. Калимаи «энсиклопедия» юнонӣ буда, маънои маълумоти мухтасар аз боби ҳар илмро дорад. Луғатҳои энсиклопедй-қомусҳо умумӣ ва соҳавӣ мешаванд, ки ба тартиби алифбоӣ мураттаб ёфта, вобаста ба адади ҷилдҳо калон (даҳҳо ҷилд), хурд (4-8 ҷилд) ва мухтасар (1 -2 ҷилд) игуда метавонанд. Масалан, энсиклопедияи тоҷик, ки солҳои 1978-1988 нашр шудааст, тахминан 35 ҳазор мақолаи илмиро дар бар шрифта, бо тартиби алифбоӣ мураттаб шудааст. Албатта, ин энсиклопедия куҳна шудааст, чунки баъд аз тартиб ёфтани он дар мамлакати собиқ иттиҳоди шуравй дигаргуниҳои куллии сиёсӣ-ичтимоӣ ба амал омад, ки он дар энсиклопедия акс наёфтааст. Дар луғатҳои энсиклопедӣ оид ба ҳодисаю воқеаҳои муҳим, мафҳумҳо, ашхоси машҳури таърихӣ, ноҳия, вилояту шахр, давлат ва ҳоказоҳо сабт мегарданд.

Дар асрҳои XVI-XIX як қатор энсиклопедияҳои мухталифҳаҷм танзим шудаанд, ки асоситарини онҳо "Матлаъ-ул-улум ва манмаъ-ул-фунун"-и Вочид Алихон, "Махзан-ул-улум"-и Брач Муҳин (дар Ҳиндустан таълиф шудааст), //Риёз-ул-фирдавс"-и Муҳаммад Ҳасанхон ва ғайра мебошад. Дар асри XIX ва аввали асри XX муносибатҳои илмй-мадании байни Ҳиндустон ва Афганистану Осиёи Марказӣ боз ривоҷ меёбад ва як катор энсиклопедияхо ба забони урду тарҷума карда мешаванд. "Аҷоиб-ул-махлуқот"-и Закариё ибни Муҳаммад Қазвинй ба забони урду тарҷума мешавад. Дар соҳаи таърихи дин ва мазҳабҳои Шарқ асархои зиёде навишта шуда буданд. Аз машҳуртарин китобхои ин соҳа "Ал-милал ва ниҳал"-и Муҳаммади Шахристонй ва "Ғунят-ул-толибин"-и Абдулқодири Челонй, ки ба забони арабй таълиф ёфта буданд, ба забони форсй-тоҷикй тарчума карда мешавад. Асари калони форсй-тоҷикй "Дабистони мазохиб" таълифи Муҳсини Фони, ки оид ба дину мазҳабхои халқҳои Шарқ маълумоти муфиде ҷамъоварй нгудаанд, ба майдон меоянд. Китоби калонҳаҷми форсй-точикй "Акбарнома" иборат аз 'Таърихи Акбар", "Ойини Акбарй" таълифи Абулфазл ибни Муборак (1551-1602) барои омӯхтани таърихи Ҳинд, ҷуғрофия, иқтисодиёт, ҳаёти сиёсй, адабй ва илмии он давр маълумоти пурқимматро дороет. Аз асарҳои ҷомеи энсиклопедияи соҳавй "Таърихи Табарй" ва "Равзат-ус-Сафо" барои омӯхтани таърихи мамлакатҳои Шарқ ва махсусан Осиёи Марказй, Афғонистон ва Эрон сарчашмаҳои гаронбаҳо ба шумор мераванд [4, c.135].

Дар таърихи энсиклопедиянигори баъд аз фалсафаю дин ва ҷуғрофияю таърих ҷои намоёнро энсиклопедияҳои тиббй ишғол мекунанд. Дар асрҳои IX-X олими бузурги соҳаи тиб Абубакр Муҳаммад Ибни Закариёи Розй асарҳои зиёди тиббиро ба 11 забони арабӣ таълиф кард, ки он барои инкишофи тибби форсизабонон таъсири калон расонд. Асарҳои машҳури "Ал-қонун фи-т-тибб", "Захираи Хоразмшоҳӣ,,/ "Дастур-ул-илоҷ", "Махзан-ул-адвия", "Қарободини кабир", "Муҳити Аъзам", "Иксири Аъзам" ва ғайра энсиклопедияҳои соҳавй буда, дар онҳо тамоми касалиҳо ва муолиҷаи онҳо сабт ёфтаанд.

Яке аз соҳаҳои бисер инкишофёфта илми адаб буд. "Ал-муъчам"-и Шамси Қайси Розӣ (ибтидои асри ХШ) ва "Тарчумон-ул-балоғат"-и Муҳаммад ибни Умари Родуёнй (асри Х1)-ро ба гурӯҳи энсиклопедияҳои адабиёт ва санъати сухан дохил намудан мумкин аст. Аз энсиклопедияҳои оид ба шархи номи ашхоси машхур ва номҳои чуғрофй "Китоб-ул-ансоб"-и Абусаъд Абулкарим ибни Муҳаммади Самъонӣ (1113-1167), "Мӯъчам-ул-булдон"-и Ёқути ҳамавӣ (асри ХШ) "Луғатнома"-и Алиакбари Деҳхудо (1878-1956) ва ғайраро зикр намудан мумкин аст. Аз ҷиҳати хусусияти энсиклопедй доштан дар таърихи фарҳангаигории тоҷик "Ғиёс-ул-луғот"-и Муҳаммад Ғиёсиддин, "Фарҳанги Онандроҷ"-и Муҳаммад Подшоҳ, "Фаҳанги Низом"-и Мухаммад Доиулислом, ки дар ҳаҷми панҷ ҷилд дар Ҳиндустон (Ҳайдарободи Дакан) солҳои 1928-1939 нашр гардидааст, мавқеи муҳим дорад.

Дар аксари луғатҳои тафсирӣ, ки асосан лексикаи умумихалқиро дар бар мегиранд, баъзе хусусиятҳои луғатҳои энсиклопедиро низ мушоҳида кардан мумкин аст. Нисбати интихоби истилоҳот ва шарху эзоҳи он ҳамаи фарҳангҳо як хел нестанд. Дар фарҳангхои пешинаи тоҷик, масалан, "Фарҳанги Ҷаҳонгирй", "Фарҳанги Рашидӣ", "Бурҳони қотеъ" баъзе ҷузъҳои тарзи тафсири энсиклопедиро мушоҳида кардан мумкин аст. Бо вуҷуди он ин фарҳангҳо дар таърихи лексикографияи тоҷик ҳамчун фарҳангҳои филологи (лингвистӣ) шинохта шудаанд, дар онҳо калимаву ибораҳо ба таври мухтасар, фаҳмо ва вобаста ба маънои дар адабиёти бадеӣ доштаашон шарху эзоҳ ёфтаанд. Чӣ навъе ки луғатдону луғатшиноси шинохтаи тоҷик шодравон

Лугатҳои филологӣ аз ҷиҳати ҳаҷм ва сохаи дарбаргирии таркиби луғавии забон ба хелҳо ҷудо мешаванд, ки асоситаринашон аз луғатҳои зерин иборатанд: 1. Луғати тафсирӣ; 2. Луғати таърихӣ; 3. Луғати этимологӣ; 4. Луғати тарҷумавӣ; 5. Луғати синонимҳо; 6. Луғати омонимҳо; 7. Луғати антонимҳо; 8. Луғати чаппа; 9. Луғати басомад; 10. Фарҳанги иборахои рехта (фразеологӣ); 11. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳо; 12. Луғати шева; 13. Луғати истилоҳотӣ (терминологӣ); 14. Луғати орфографӣ (имлоӣ) ва орфоэпикӣ. Дар луғати тафсирӣ асосан лексикаи архаистӣ ва умумихалқӣ сабт ёфта, онҳо шарҳу эзоҳ дода мешаванд ва маъноҳои аслию маҷозии калимаю таркибҳо бо мисолхо аз осори адабиёти бадеӣ таъйид меёбанд. Ба ғайр аз ин як қисми истилоҳоте, ки дар забони умумихалқӣ ба воситаи асарҳои бадеӣ, матбуоти даврӣ ва нутқи гуфтугуӣ дохил шудаанд, ба луғатхои тафсирӣ дохил карда, ба тарзи илмӣ мухтасаран шарҳ меёбанд.

Ҳамин тариқ, тарзи тафсири маънои калимахо дар луғатҳои филологӣ ва энсиклопедй вазифаи муайян доранд, яке ба ҷиҳати маъноии калимаю ибораҳои умумиистеъмолй ва архаистй, дигаре бо худи ашёҳо ва хусусияти истилоҳии онҳо сару кор дорад. Дар илми луғатнигории имрӯза ба принсипҳои тафсири ин ду навъи луғатҳо ҳадди муайян ва аниқ мавчуд аст, хар кадом характер ва принсипи структуравии ба худ хос дорад. Доираи лугати энсиклопедй нихоят васеъ буда дар таҳияи он мутахассисони гуногуни илму фан иштирок мекунанд.

Список литературы

  1. Баевский С.И. Описание персидских и таджикских рукописей. – М.: Главная редакция восточной литературы, 1968.
  2. Ғиёсов Н. Эҳёгари Суннатҳои фарҳангнигории тоҷикӣ. 2017.
  3. Капранов В.А. Фарсиязычная (таджикско-персидская) лексикография в Индии XVI вв (Основные толковые словари). – Душанбе,
  4. Белкин В.М. Арабская лексикология. - М.: Издательство МГУ, 1975.
  5. Касарес Х. Введение в современную лексикографию. – М.: Изд-во иностранной литературы, 1958.
  6. Вохидов А. Аз таърихи лугатнависии точику форс. – Самарканд, 1980.
  7. Муллочон Фозилов – Фарханги иборахои рехта дар зери тахрири Рахим Хошим, - Душанбе, 1963-1964.
  8. Ашрапов Б.П. Уровень употребления суффикса -гоҳ в «Тарджумай Тарихи Ямини» Джурфодикони [Электронный ресурс] // Studia Humanitatis. 2023. № 1. URL: https://st-hum.ru/node/1205 (дата обращения: 25.04.2023).
  9. Ашрапов Б.П. Морфологические особенности и уровень употребления нумеративов и счётных слов в таджикском литературном языке XVIII века (на примере исторического произведения «Тухфат-уль-хони») // Вестник Таджикского национального университета. Серия филологических наук. 2023. № 3. С. 60-65.
  10. Giyasov N.I., Ashrapov B.P. Morphological Peculiarities and Level of Usage of Composite Adverbs in Tajik Literary Language Referring to the 18th Century (on the example of the historical writing entitled as “Tuhfat-ul-khoni” by Muhammadvafo Karminagi). // Stephanos. – 2023. – No. 3(59). – P. 69-80.

Поделиться

691

Ёкубзода Ф.. Таджикский (персидский) арабский словарь и лексикография // Актуальные тренды и перспективы социально-экономических, общественных и гуманитарных наук : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 июня 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 4-7. URL: https://apni.ru/article/6626-tadzhikskij-persidskij-arabskij-slovar-i-leks

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января