Персидско-таджикские слова на других языках

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

таджикско-персидские слова
заимствованные слова
словарь и лексикография
развитие лексикографических исследований

Аннотация статьи

В статье рассматривается вопрос изучения персидско-таджикских слов в других языках. Отмечается, что эта область науки занимает важное место в развитии наших лексикографических исследований.

Текст статьи

Дар давоми таърихи фарҳангӣ ва маърифати башарӣ забони форсӣ таъсири амиқе гузоштааст. Забони форсӣ бо низоми печидае аз назму насри нотакрор ва дилнишини худ, саршор аз қудрати тасвирсозӣ, тавонистааст бо офаридаҳои адабии паёпайе, ки тӯли қарнҳо дароз дар домани таърих ва ҷаҳон паҳн гардадаву нақши беназире гузорад. Яке аз қадимтарин ва пурғановаттарин забон дар ҷаҳон мебошад. Мардумони дариву тоҷикӣ ва форсигуён аз зумраи порсигӯёни ҷаҳон маълум ва машҳур аст, ки бешак зиёда аз 120 миллион мардуми курраи замин бо ин забон сухан гӯянд ҳам, лек се давлати мустақил яке аз шохаҳои забони порсиро Эрон – форсӣ, Афғонистон – дарӣ ва Тоҷикистон – тоҷикиро ҳамчун забони расмии давлатӣ қабул кардаанд. Гарчанде вожаҳои забони форсӣ дар бисёри давлатҳо маъмул истифода мешаванд ва бархе калимаҳо он интернатсионалӣ ҳам гаштаанд. Нақшу нишонаҳои калимаҳои забони форсӣ дар забонҳо ва гуфтори дигар миллату қавмҳо бо мероси пурганҷаш паҳно гуштааст. Паҳн шудани забони форсӣ дар даврони қадим боиси вом шудани вожаҳои форсӣ ба забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, туркӣ, юнонӣ шуд. Тавассути тиҷорат низ бо Форс вожаҳои форсӣ ба забонҳои итолиёвӣ, испанӣ, португалӣ ва фаронсавӣ ворид шуданд. Аз ин ҳама забонҳо вожаҳои форсӣ дар замонҳои муносиби таърих ба забони англисӣ, олмонӣ, љопонӣ ва амрикоӣ низроҳ ёфтаанд. Вомҳои мустақим аз забони форсӣ дар замони нав, яъне аз охири асри XV то имрӯз мансуб аст, ба забони англисӣ ворид мешавад. Дар давраи қадимтар бошад ба забони англисӣ вожаҳои забони форсӣ ба воситаи забонҳои юнонӣ ва лотинӣ ворид шудааст. Ба забони англисии асри миёна, вожаҳо тавассути Фаронса мерафтанд. Аввалин вомҳо вожаҳоеро, ки аз забони порсии бостон, ки юнонӣ гирифтаанд ва аз он ба забони англисӣ ворид шудаанд: satrap, tiard. Kалимаҳoи scarlet – арғувон, tiger, azure, arsenic, salamander ворид шудааст [1; 2; 3; 4].

Ҳамчунин баъди равнақ ёфтани тиҷорат дар Англия тавассути роҳи баҳрӣ ба Ҳиндустон, англисҳо бо халқҳои форсизабон алоқаи бевосита пайдо карданд. Инро низ бояд ба назар гирифт, ки забони аслии худи Ҳинд, яъне ҳиндӣ теъдоди хеле зиёди вожаҳои форсиро дар бар мегирад ва аз ин рӯ вожаҳои форсиро англисҳо дар Ҳинд низ вом гирифтаанд. Натичаи ошноии бевосита бо Форс ва Ҳиндустон ба вом гирифта шудани вожаҳои тавсифкунандаи вазъияти маҳаллӣ: шоҳ, дарвиш, туман, девон, корвон, бозор, корвонсарой, падшоҳ, динор, шал ба миён омад. Дар забони олмонӣ низ теъдоди зиёде вожаҳое вомехӯранд, ки решаҳояшон аз забони форсӣ гирифта шудаанд. Ба монанди das schach - шоҳ, khaki – хокӣ , der dschungel – ҷангал , der derwisch – дарвеш, die pistazie – писта, die orange – норанҷ, норинҷ,der pfirsich-себи форсӣ, ки аз забонӣ юнонӣ ба олмонӣ ворид шуда, сирф форсӣ мебошад, der zucker – шакар, der schal – шал, der pyjama – поҷома, die karawane – корвон, der moschus – мушк, der jasmine – ёсамин. Ин калимаҳо дар забони русӣ, амрикоӣ, фаронсавӣ ва англисӣ низ истифода мешаванд. Дар асрҳои чорум-панҷуми мелодӣ, ҷопониҳо пеш аз он ки хатҳои ҳиҷонигори худро барои нивиштани забони ҷопонӣ оғоз кунанд, ба омӯзиши забони чинӣ рӯй оварданд. Дар ин даврон ва баъдан ҳазорон вожаи чинӣ вориди забони ҷопонӣ шуд. Дар миёни ин вомвожаҳои чинӣ вожаҳое буданд, ки аз форсӣ ва соири забонҳои эронӣ вориди чинӣ шуда буданд. Бино бар ин, шакли овоии вожаҳои хориҷӣ дар забони чинӣ чунон дигаргун шудаанд, ки гоҳе фақат шабоҳати ночизе ба шакли овоии вожаҳо дар забони аслӣ доранд. Масалан, вожаи “Эрон”-ро чиниҳо имрӯз “yilang” талаффуз мекунанд [6; 7; 8].

Дар чинӣ қадим ва миёна вожаҳои бумии чинӣ бештар таҳиҷоӣ буданд ва вожаҳое метавонистанд дуҳиҷоӣ бошанд) ба сохтҳои қобили қабули чинӣ табдил шудаанд. Бад-ин тартиб, масалан вожаи “барбат”-и форсӣ бо вуруд ба забони чинӣ ба “biba” ё “pipa” (琵琶) табдил шудааст. Ҳамин вожаҳо пас аз ворид ба забони ҷопонӣ дубора дигаргун шудаанд ва шакли тозае ёфтаанд: “biba” (琵琶) бо вуруд ба ҷопонӣ ба шакли “biwa” даромадааст. Биво номи яке аз созҳои суннатии Ҷопон аст, ки дар асл шакли дигаргуншудаи сози эронии барбат буда, ки аз масири Роҳи абрешим ва аз роҳи Чин вориди Ҷопон шудааст. Аз миёни вожаҳои ҷопонӣ, ки решаи форсӣ доранд: (無花果) – ichijiku – анҷир (獅子) – shishi – шер, гуроз, бурҷи асад, (葡萄) – budou – ангур, бо вожа “бода”-и форсии имрӯз ҳамреша аст, (巴旦杏) – hatankyou – бодом, (密陀僧) – mitsutasou – оксиди сурб [5].

Гурӯҳи дуюм ба тариқи забонҳои аврупоӣ, ба воситаи забони англисӣ вориди забони ҷопонӣ шудаанд. Бархе аз ин вожаҳо дар даврони шукуфоии фарҳанги исломӣ қисман ё аз роҳи забони арабӣ вориди забонҳои аврупоӣ шудаанд, бархе дигар аз туркӣ ба ин забонҳо роҳ ёфтаанд ва бархе дигар дар замони ишғоли шибҳи қораи Ҳинд тавассути Британия аз забони ҳиндӣ ба англисӣ роҳ ёфтаанд ва аз ин забон ба соири забонҳои Аврупо паҳн шудаанд. Алоқаи бисёре аз туркҳо ба адабиёти форсӣ ва арабӣ яке аз далели вориди забони форсӣ ба Туркия буд ва таъсири бисёре бар ин сарзамин гузошт. Туркия кишвари мусалмон, ки ҳаст, дин боиси вориди забони арабӣ ба Туркия шуд, аммо дар муқоиса бо забони форсӣ таъсири забони арабӣ маҳдуд аст. Бисёре аз вожаҳое, ки дар нивиштани шеър ва насри туркӣ ба кор бурда мешаванд, аз форсӣ гирифта шудаанд. Он ҳам шояд ба далели осонии забони форсӣ бошад. Арабиро фақат аз ҷанбаи динии он гирифта шудааст, форсиро ҳам аз ҷиҳати адабиёти ин забон. Насли қадим бештар ба адабиёт алоқа дошт. Онҳо ҳангоми нивиштан аз авзони арӯзӣ истифода мекарданд ва ба ҳамин сабаб, дар адабиёти туркӣ калимоти форсӣ зиёд аст. Бисёре аз вожаҳо ҳам бино ба шароит эҷод ва халқ мешаванд. Сабки мардумони Туркия баъд аз Усмонӣ тағйироти зиёде доштааст. Онҳо ҳатто забони шеърияшонро ҳам иваз карданд. Гуфтанд, ки чаро забони туркӣ ба кор набарем. Тамоюл ба калимоти туркӣ зиёд шуд ва албатта таҳсилоти қадимӣ ҳам таъсири зиёде дошт. Дар он замон мадрасаҳо таҳти ҳукумати Усмонӣ буд ва шеваи дарсии худашонро доштанд. Кам-кам калимоти форсӣ ва арабӣ дар забони туркӣ камранг шуд. Вале ба рағми ин камӣ ҳанӯз бисёре аз калимоти форсӣ дар забони туркӣ вуҷуд дорад: lale – лола, cüce – кӯчак, pilav –биринҷ, günah – гуноҳ, şehir – шаҳр, kahraman – қаҳрамон, badem – бодом, kükürt – гӯгирд, çorba –шӯрбо, leş – кор, şehınsah – шоҳаншоҳ, taç- тоҷ.

Боз яке аз маъмултарин воридшавии вожаҳои забони форсӣ дар забони ҳинду хеле амиқ ба назар мерасад. Ва ин масоил низ таърихи куҳан дорад, зеро дар даврони қадим забони расмии қисми мардумони Ҳиндустон форсӣ буд. Забони форсиро ба Ҳиндустон сулолаҳои гуногунӣ турку афғон, султонони Деҳлӣ ва Моғул овардаанд. Паҳншавии забони форсӣ бо афзоиши сиёсӣ ва мазҳабиидини ислом робитаи зич дорад. Аммо вожаҳои форсӣ дар забони ҳиндӣ ҳоло ҳам дар истифода аст. Овои забони форсӣ айнанистифода мешавад. बालाघाट,- балоғатbālā «боло» + ҳиндӣ gaht «гузариш», बाज़ीगर- бозингарचिनार- чинор, कारकुन- коркунदस्तूर – дастур, कारखा- чарха गज- ганҷ (ганг), दफ्तर - дафтар सब्ज़- сабз, पायिक – пайкसुर्ख- сурх.

Вожаҳои бисёре аз забони порсӣ ба забони арабӣ роҳ ёфтааст.Ҳарчанде дар забони форсӣ низ калимаҳои забони арабӣ зиёд ворид шудааст. Дар саддаи охир зиёде аз вожаҳои забони арабӣ аз забонҳои қадимаи Миёнрудон ва забонҳои эронӣ ва ҳамчун порсӣ гирифта шуда ва сипас бо забони арабӣ омехта, тағйир ёфтааст, дигаргуниҳои талаффузу овоӣ ворид шуда, аз он вожаҳои дигар сохта шудааст. Забони “савоҳилӣ”, фарогиртарин забони мардумони Африқост, ки хеле ба арабӣ наздикӣ дорад. Ин забон вожаҳои бисёре ҳам аз забонҳое чун порсӣ, арабӣ, партугалӣ ва англисӣ дида мешавад. Афзун бар вожаҳои порсӣ, бисёре аз вожаҳои арабӣ ё арабишуда, ки дар забони порсӣ равоӣ доранд, дар забони своҳилӣ ёфт мешаванд, ки метавон гуфт дар бисёре аз онҳо аз роҳи забони порсӣ ба он забон роҳ ёфтаанд, монанди Истилоҳӣ – истилоҳ, нарм Қаламу – қалам, Тасвирӣ – тасвир, акс, нигора Қомусӣ – фарҳанг (kamusi) Ҷума – (ҷумъа), ҳафтаДараҷа Машриқӣ – Машриқ, Ховар, Дунё Нисфу – нисф, ним Рафиқӣ – рафиқ, дӯст, ёрКитобу – китоб Зиёдӣ-зиёд Ададӣ – адад, шмора Шуғлӣ, шуғл, кор, Сура – сурат (sura), Табиъа – табиъат (tabia), Мағрибӣ – мағриб, бохтарзаман. Забони форсӣ дар ҳудуди Осиёи Ҷанубӣ ҳадди ақал ҳашт то нуҳ аср инҷониб арзи ҳастӣ дорад. Дар Покистон, ки ҳам дар аҳди густариши тамаддуни васеъи исломӣ ба вуҷуд омад, то қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ, забони форсӣ ба муддати ҳафт қарн дар расмияти илмӣ, адабӣ ва сиёсӣ будааст. Албатта пиромуни ин мавзуъ метавон бисёр суханҳо гуфт, аммо як нуқта қобили қайд аст, ки забони форсӣхеле нуфузи афзун дорад дар тамоми ҷаҳон зеро ашъорҳои назму насре, ки бо ин забон эҷод шудаанд, онробузургдошти ҷовид гардондааст.

Список литературы

  1. Молодой учёный, ежемесячный научный журнал № 8 (43)/2012.
  2. Мохамади Мухаммад Реза. Барари Рахеле, Сопостовление определительных отношений в русском и персидском языках, “Молодой ученый” ежемесячный научный журнал № 8 (43)/2012. С. 195-197.
  3. Рубинчик Ю.А. Грамматика современного персидского языка. – М. издательская фирма “Восточная литература”, 2001.
  4. Самаий М. Грамматика персидского языка. Тегеран, 1999.
  5. Абдусамадов Ф.А., Ашрапов Б.П. Сравнительный анализ оригинальных прилагательных в таджикском, арабском и английском языках. // Актуальные исследования. 2022. № 51-2(130). С. 7-9.
  6. Ашрапов Б.П. Употребление производных арабских наречий в таджикском литературном языке XVIII-го века. // Заметки ученого. 2022. № 2. С. 42-45.
  7. Ашрапов Б.П. Уровень употребления суффикса -гоҳ в «Тарджумай Тарихи Ямини» Джурфодикони. // Studia Humanitatis. – 2023. – № 1.
  8. Ashrapov B.P. Morphological and Semantical Peculiarities and Level of Usage of Su x -гоҳ/goh in “Tarjumai Ta᾿rikhi Yamini” by Jurfodiqoni. // Stephanos. – 2022. No. 6(56). P. 52-58.

Поделиться

623

Шамсиддинова М. Д. Персидско-таджикские слова на других языках // Актуальные тренды и перспективы социально-экономических, общественных и гуманитарных наук : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 июня 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 8-11. URL: https://apni.ru/article/6652-persidsko-tadzhikskie-slova-na-drugikh-yazika

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января