Главная
Конференции
Современные социально-гуманитарные исследования: теоретические и прикладные аспекты
Лучший образец таджикской прозы (персидский, дари) в медицинской науке «Хидаят-у...

Лучший образец таджикской прозы (персидский, дари) в медицинской науке «Хидаят-уль-мутааллимин фи-т-тиб(б)» Абу Бакра Раби ибн Ахмада Ахавайни

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

медицинская наука
«Хидаят-уль-муталлимин фи-т-тиб(б)» Абу Бакра Рабе ибн Ахмада Ахавайни
таджикская проза
естественные науки
математика

Аннотация статьи

Статья посвящена вопросам изучения лучшего образца таджикской прозы (персидского, дари) в медицинской науке «Хидаят-уль-мутааллимин фи-т-тиб(б)» Абу Бакра Раби ибн Ахмада Ахавайни. В этой связи следует подчеркнуть, что основатель национального мира и единства, Лидер нации, Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в своей мудрой политике сделал сферу образования и науки одной из важных стратегическых направления государства и нации.

Текст статьи

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас дар Тоҷикистон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ дар Маҷлиси Олӣ иброз доштанд. Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додаанд [1].

Инчунин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ин бистсола изҳор намуданд, ки бояд назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намуда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.

Чигунае, ки Пешвои муаззами миллат иброз доштаанд: “Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо рози эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунад, то ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд [2]. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд. Таърихи миллати куҳанбунёди мо гувоҳ аст, ки ганҷинаи хиради ниёгон, саҳифаҳои муборизаи қаҳрамонона ва талошҳои фидокоронаи гузаштагони сарбаландамон дар роҳи ҳифзи асолати миллӣ, забонӣ ва фарҳангии худ, инчунин кашфиёту шоҳкориҳои беназири илму фарҳанг аз як насл ба насли дигар маҳз тавассути китоб гузашта, то замони мо расидаанд. Дар воқеъ китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад”.

Дар илми педагогикаи ватанӣ ва дар таҳқиқоти педагогии олимони хориҷӣ доир ба арзишҳои педагогӣ ва дидактикӣ дар асрҳои форсӣ-тоҷикӣ доир ба фанҳои дақиқ мавриди пажӯҳиши комили илмӣ қарор нагирифтааст. Дар асрҳои X-XV бисёр китобҳои дарсӣ доир ба математика, геометрия, география, астрономия, маъданшиносӣ ва амсоли инҳо таълиф гашта буданд, ки доир ба ҳамаи онҳо маълумоти муфассали илмӣ ва таснифоти мукаммали педагогӣ мавҷуд нестанд. Инчунин китобҳои таълимии зиёд доир ба илми ҳисоб, нуҷум, риёзиёт, ҳандаса ва амсоли инҳо таълиф гаштаанд, ки онҳо асоси китобҳои дарсии мактабҳо ва мадрасаҳоро ташкил медоданд [3, 4].

Абӯбакр Аҳмади Ахавайнии Бухороӣ барои навомӯзони илми тиб китоби маъруфи “Ҳидоят-ул-мутааллимин фӣ-т-тиб”-ро ба забони тоҷикӣ таълиф кард, ки ин китоб дар байни мардум, ба хусус омӯзандагони илми тиб шӯҳрати зиёд дошт. Абӯбакри Рабеъ аз аҳли Бухоро буда, ифтихор аз он дошт, ки устодаш Абулқосими Мақонаӣ шогирди Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ будааст. Забони ин асар басе содаю мӯҷаз аст.Инчунин Ҳаким Майсарӣ “Донишнома”-и манзуми худро дар илми тиб ба забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) таълиф намуд, ки гувоҳи равшани расидани забони мо ба дараҷаи ифодаи шеърӣ дар илми тиб мебошад.

В-агар тозӣ кунам, некӯ набошад,

Ки ҳар касро аз ӯ нерӯ набошад.

Дарӣ гӯям-ш, то ҳар кас бидонад,

Ва ҳар кас бар забонаш бар бихонад.

Аксари истилоҳоти тиббии тоҷикие, ки дар ин асар омадаанд, ҷолиб ва қобили таваҷҷӯҳанд: буновар-думмал, варзиш, дамо, дардманд, беҳбуд, гармгавҳар, шикастаустухон, тибнома, пурдард, шабгир, шабкӯрӣ, сурхраг, нохуна, раги ҷунбанда ва ғайра. Асари “Ҳидоят-ул-мутааллимин фӣ-т-тиб(б)” аз қадимтарин навиштаҳои тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар илми тиб аст. Ин китоб, ки асари ҷомеи тиббист, дар заминаи омӯзиши осори пешиниёни илми тиб (Буқрот, Ҷолинус, Ҳусайн ибни Исҳоқ, Исо ибни Сиҳорбухт, Собит ибни Қурра, Ибни Саробиюн, Муҳаммад ибни Закариё,...) ва дар маҳаки амалу таҷриба санҷидани андешаву ақидаҳои онҳо дар давраи тӯлонии таҷрибаи сисолаи табобати беморон таълиф карда, ба ин маънӣ дар китобаш чунин ишора дорад: “ ... ва ҳар-ч ин ҷо ёд мекунам, он аст, ки озмудаи ман аст. Ва аммо он-ч маро бар вай таҷрубат нест, ёд накунам”. “Ҳидояи-ул-мутааллимин фи-т-тиб” аз ҷумлаи нахустин осори илмии форсӣ – тоҷикӣ буда, ба ақидаи донишманди эронӣ Алии Кофӣ муаллифи ин асар аз қабили аввалин муаллифоне буд, ки ба кори вожагузинӣ ва муодилёбӣ барои калимоти арабӣ пардохта буданд [5, 6].

Бояд зикр кард, ки дар бораи асари мазкур ва муаллифи он ба ҷуз чанд ишорае дар “Чаҳор мақола” ва “Мӯъҷази камӣ” маълумоти дигаре дастрас нест ва ба таъкиди Ҷалоли матнӣ ба ҷуз маъхази мазкур дар китоби дигаре аз китоби “Ҳидоят” зикр нашудааст. “Ҳидоят-ул-мутааллимин фит-тиб” асари тиббист, ки бахшҳои гуногуни тиб, аз ҷумла сохтмони бадан, таснифи фаслҳои тиб, сабабу пайдоиш ва пешгириву муолиҷаи амроз, гиёҳшифоҳӣ ва ғайраро фаро гирифта, бо рафиши тоза таълиф шудааст ва муаллифони баъдӣ, мисли Ҳаким Майсарӣ, Муваффақи Ҳиравӣ, ибни Синову Ҷузҷонӣ онро идома доданд. Муаллифи китоб Абубакри Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнӣ аз аҳли Бухоро буда, ин асарро ба манзури ёдгорӣ ба фарзанд ва манфиат ба мардум таълиф кардааст: “Чун ковокии даҳон ба охир расад, ба ду қисм шавад, яке аз пеши гулӯ ва ӯро ба тозӣ ҳулқум ” хонанд ва яке дигар аз пас (ба сӯйи) қафо ва онро ба тозӣ мариъ хонанд ва ба порсӣ сурха ...”, “ яке гиё(ҳ) бувад, ӯро ба тозӣ икриш гӯянд ва ба юнонӣ ақта ва ба порсӣ шӯркума”, “ димоғ, ки варо мағзи сар гӯянд ҷисмест мураккаб”, “... яке рӯдагонӣ ояд номи вай исноашарӣ, яъне дувоздаҳангуштӣ. Ва аз баҳри он бад-ин ном хонандаш, ки дарозии ин рӯдагонӣ дувоздаҳ ангушт аст”. Асари мазкур беҳтарин намунаи насри тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар илми тиб аст, ки ба таълифи осори тиббии баъдӣ, чун “Захираи Хоразмшоҳӣ” ва дигарон замина гузоштааст.

Дар рушду нумӯи илм, истилоҳоти илмӣ ва нигоришоти илмии тоҷикӣ низ, ба андешаи аксари муҳаққиқон, ду омил доранд: Омили аввали ташаккули истилоҳоти илмӣ ва таълифи нахустин осори илмии тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), бешубҳа, эҳтиёҷу ниёзмандии худи мардум аст. Омили дигари ташаккули забони илм ва таълифу тадвини осори илмии забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), ташвиқу ҳидоят ва сиёсати фарҳангпарваронаи амирону ҳокимони он аҳд буд. Сабаби таълифи «Донишнома»-и Абӯалӣ ибни Синоро яке аз муосиронаш Шоҳмардон ибни Абулхайр дар «Нузҳатномаи Алоӣ»-и худ чунин овардааст: «Ва шунидам, ки худованди мозӣ Алоуддавла… Хоҷаи раис Бӯалӣ Синоро гуфт: «Агар улуми авоил ба иборати порсӣ будӣ, ман тавонистаме донистан». Ва бад-ин сабаб ба ҳукми фармон «Донишномаи Алоӣ» сохт».

Миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми махсус дошт ва дар тӯли таърихи хеш фарзандонеро ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд. Ин нуқтаро Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии худ бо зиёиён қайд карданд, ки “Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён баробари адабиёту ҳунар илмҳои табиатшиносӣ низ инкишоф ёфтаанд ва осори олимони барҷастаи тоҷик дар асрҳои баъдӣ низ шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд”.

Мо бояд донем, ки гузаштагони мо кистанд, ба мо чиро мерос гузоштаанд ва мо меросбарони онҳо кистему ба ояндагон чиро мегузорем.

Имрӯз он нерӯи зеҳнӣ ва тафаккури илми насли навраси замони истиқлолият ҳарчи бештар рӯ ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ оваранд то ки он донишмандон ва мутафаккирони форсу – тоҷик, ки мероси гаронбаҳое аз худ ба ҷоҳониён боқӣ мондаанд, бори дигар чунин нобиғаҳо муаррифгари миллат ва давлати нави тоҷикон бошанд.

Список литературы

  1. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 26.12.2019.
  2. Абӯмансури Ҳиравӣ. ал-Абния ан ҳақоиқи-л-адвия…Ба тасҳеҳи шодравон Аҳмади Баҳманёр. Ба кӯшиши Ҳусайни Маҳбубии Ардаконӣ.-Теҳрон, 1371//1993. 550 с.
  3. Аҳмади Ахавайнии Бухороӣ. Ҳидоят-ул-мутааллимин. Бо эҳтимоми дуктур Ҷамоли Матинӣ. Машҳад, 1344// 1966. 700 с.
  4. Мирзо Ҳасани Султон. Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ. -Душанбе, 2008. 250 с.
  5. Иқтибос аз вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, 18.03.2020.
  6. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форси миёна. – Душанбе, 2001. – 300с.

Поделиться

498

Кенджаева Н. С. Лучший образец таджикской прозы (персидский, дари) в медицинской науке «Хидаят-уль-мутааллимин фи-т-тиб(б)» Абу Бакра Раби ибн Ахмада Ахавайни // Современные социально-гуманитарные исследования: теоретические и прикладные аспекты : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 27 сентября 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 12-15. URL: https://apni.ru/article/7029-luchshij-obrazets-tadzhikskoj-prozi-persidski

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января