Главная
Конференции
Современные социально-гуманитарные исследования: теоретические и прикладные аспекты
О педагогических особенностях произведения по астрономии “Гайхоншинох” Ахмада Аб...

О педагогических особенностях произведения по астрономии “Гайхоншинох” Ахмада Абуали Каттана Марвази

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

астрономия
астролябия
астрология
письмо
команды
роботы

Аннотация статьи

В статье говорится о педагогических особенностях произведения «Гайханшинохт» Ахмада Абуали Каттана Марвази. «Гайханшинохт» является учебным трудом по астрономии, имеет три полных раздела, в первом разделе обсуждаются вопросы, связанные с планетами и звездами, которые называют первобытным миром. Во втором разделе он рассказывает о характеристиках земли и возделывания земли, которую называет разделом мира земледелия. Третья часть книги посвящена времени и ежедневным расчетам.

Текст статьи

Дар Тоҷикистон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гаштааст, ки ҳадаф аз он густариш додани омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мебошад. Ба гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона гардидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин бистсола изҳор намуданд, ки “бояд назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд” [1].

Миллати тоҷик дар гузашта, ба хусус дар асрҳои миёна барои омӯзиши илмҳои дақиқ пешсаф буд, ки дар натиҷа олимони машҳури илмҳои дақиқ ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Хоразмӣ, Берунӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва даҳҳо нафари дигар ба камол расида буданд. Дастоварду кашфиёти илмии олимони тоҷику форс дар қарнҳои VIII - XV яке аз саҳифаҳои муҳимтарини илму фарҳанги умумибашариро дар бар мегирад. Дар асрҳои 10-15 китобҳои таълимии зиёд доир ба илми ҳисоб, нуҷум, риёзиёт, ҳандаса ва амсоли инҳо таълиф гаштанд, ки онҳо асоси китобҳои дарсии мактабҳо ва мадрасаҳоро ташкил медоданд. Китобҳои дарсӣ, ки имрӯзҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳу донишкадаҳо ва донишгоҳҳо истифода мегарданд, дар заминаи холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Китобҳои дарсӣ таърихи пайдоиши худро доранд ва марҳилаҳои таҳаввулу таҷаддудро аз сар гузаронидаанд. Китобҳои дарсӣ доир ба фанҳои дақиқ марҳилаи тӯлонии инкишоф ва рушдро аз сар гузаронидаанд. Дар кишварҳои Шарқ ба монанди Ҳиндустон, Чин, Эрон, дар мамлакатҳои Миср ва Байнаннаҳрайн ва Юнони Қадим нахустин китобҳои дарсӣ ва ё адабиёти таълимӣ доир ба илмҳои дақиқ арзи ҳастӣ карда буданд.

Дар замони Сосониён таъсис ёфтани академияи «Гунди Шопур», ки маркази илму дониш ба шумор мерафт ва дар он ҷо олимони машҳури олам ҷамъ гашта буданд, барои таълифи китобҳо ва дастурҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда буданд. Дар он замон инчунин осори зиёди илмӣ ва таълимӣ рӯи кор омада буданд ва баъди ҳамлаи арабҳо аксарияти онҳо нобуд карда шуданд [8].

Дар асри Х бо баробари ба сари қудрат омадани сулолаи Сомониён дар таълифи китобҳои дарсӣ доир ба илмҳои дақиқ ҷаҳиши ҷиддӣ ба амал омад. Дар баробари илм адабиёт ва фарҳанги милллӣ ҳам рушду тараққӣ кард. Дар давраи Сомониён барои тараққӣ кардани илмҳои гунонун шароити мусоид фароҳам омад ва ин амр боис гардид, ки дар қаламрави Сомониён китобҳои дарсӣ, дастурҳо доир ба илмҳои дақиқ ба вуҷуд омаданд. Дар ин давра ҷараёни таълифи китобҳои таълимӣ оғоз гашт ва он пойдевори таълифи асарҳои таълимиро дар асрҳои минбаъда гузошт. Муҳаммадризо Ноҷӣ доир ба вуҷуд доштани мактабу дабистонҳо дар замони Сомониён сухан ронда, қайд мекунад, ки барои омӯзиши илм дар ин давра на танҳо мадрасаҳо, балки дигар муассисаҳо низ амал мекарданд. «Ба ҷуз мадрасаҳо, ки ба унвони ниҳодҳои мустақил ва созмонёфтаи илмӣ барои нахустин бор дар Бухоро ва Нишопур ва дигар шаҳрҳои Сомониён шакл гирифт, масоҷиди ҷомеъ, хона ва дӯкони олимон ва амокини умумӣ, монанди тимҳо ва работҳо, хонақоҳҳо ва китобхонаҳо маҳалли иҷтимои талабаи илм буд. Таълим ва тааллум одоби хосе дошт, ки аз сӯи устод ва толибилм муроот мешуд» - навиштааст ӯ. Барои таълими хат устоде ба кӯдакон масъул буд, ки ӯро «муктиб» меномиданд. Муктибҳо одатан аз байни ашхоси хушхату хушнавис интихоб мегардиданд.

Муаллифи номбурда инчунин таъкид мекунад, ки дар замони Сомониён муаллимон, мурабббиён ва муаддибон барои таълим ва тарбияи насли наврас машғул мешудаанд. Маъмулан, муаддибон ба тарбияи фарзандони амирон ва ашрофон машғул мешудаанд. Доир ба истифодаи барномаи таълимӣ ӯ чизеро зикр накардааст ва ба истинод ба асари Байҳақӣ таъкид кардааст, ки дар мадрасаҳо реҷаи муайян барои аз худ кардани фанҳои муайян ҷой доштааст. Дар замони Сомониён илмҳои ақлӣ ва нақлӣ аз ҳам ҷудо карда мешуданд. Дар доираи улуми ақлӣ илмҳои дақиқ фаҳмида мешуданд. Ҳамаи илмҳои дақиқ аз донистани ҳисоб ва шумор карда тавонистан маншаъ мегирад. Дар гузашта доир ба донистани илми ҳисоб асарҳои фаровон таълиф гашта буданд.

Дар ин давра китобҳои таълимӣ арзи ҳастӣ карданд, ки бо забони тоҷикӣ таълиф шуда буданд. Яке аз китобҳои марбут ба астрономия китоби «Гайҳоншинохт»-и Айнуззамон Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммат ибни Иброҳим ибни Аҳмад Абӯалӣ Қаттони Марвазӣ аст. Қаттони Марвазӣ бо лақаби ифтихории Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан ибни Муҳаммади Бухории Марвазӣ ва ё Қаттони Табиб низ маъруф аст. Ба хотири он ӯро Бухорӣ номидаанд, ки бобояш дар шаҳри Бухоро мезистааст. Гузаштагони Қаттони Табиб аз Бухоро будаанд ва худи ӯ соли 465 ҳиҷрӣ/ дар шаҳри Марв ба дунё омадааст. Гуфта мешавад, ки ӯ тамоми умри худро дар шаҳри Марв сипарӣ кардааст. Дар ибтидои ҷавонӣ ӯ ба омӯзиши илмҳои динӣ ва фиқҳ шурӯъ мекунад ва дере нагузашта ба риштаи дигари илм мегузарад. Дар давраи калонсолияш боз ба илмҳои шаръӣ ва самоъ рӯй овардааст. Зиндагияшро аз касби доруфурӯшӣ ва табобат мегузаронид.

Вафоти Қаттони Марвазӣ соли 548/ рӯй додааст. Он сол туркон ғуз – ғузон шаҳри Марвро забт мекунанд ва худи ӯро ба асирӣ мегиранд. Ҳангоми асирӣ ӯ душманонро дашном медиҳад, барои ин кораш аввал даҳонашро бо хок пур мекунанд ва сипас ӯро ба қатл мерасонанд. Асари таълимии ӯ «Гайҳоншинохт» ном дорад, ки бинобар таҳқиқи олимон соли 496 ҳ. онро оғоз карда, соли 500 ҳ./ба итмом расонидааст. «Гайҳоншинохт» асари таълимии илми нуҷум буда, дар он се фасли мукаммал мавҷуд аст, ки дар фасли якум масъалаҳои марбут ба сайёрагону ситораҳо баҳс мекунад, ки онро олами улвӣ номидааст. Дар фасли дувум доир ба хусусиятҳои замину киштукор сухан мекунад, ки онро фасли олами суфлӣ номидааст. Фасли сеюми китоб бошад, доир ба вақт ва ҳисоби шабонарӯзӣ марбут мебошад.

Бархе аз масоили астрономия, ки дар осори Марвазӣ дар бораи коркарди ҷадвали астрономӣ “Синдҳинду” баррасӣ шудаанд, аз тафсири Марвазӣ, Иброҳими Фазарӣ ва Муҳаммад ал-Хоразмӣ тафовут доранд. Дар китобҳои Берунӣ «Ёдгориҳои қадимии ҳифзшуда» ва «Геодезия» сабти асарҳо ва ақидаҳои Марвазӣ мавҷуд буда, баъдтар онҳоро ситорашиносон бо эҳтиром ва таваҷҷӯҳ омӯхтанд.

Китоби сеюм «Ҷадвалҳои астрономӣ» дар замони худ шӯҳрати калон пайдо кардааст. Дар он тамоми дастовардҳои астрономӣ ва донишҳои дар он замон ба даст овардашуда, инчунин сарчашмаҳои асримиёнагӣ, ки Яҳё ибни Мансур ва Аҳмад Марвазӣ ва дигар ситорашиносон навиштаанд, дар бар мегирад. Рӯйхати тақрибан 20 асари таълифкардаи Марвазӣ маълум аст, ки дар он ӯ истифодаи чунин асбобҳои ченкунии астрономӣ, аз қабили аструлаб, соати офтобӣ ва ғайраро зикр кардааст. Мутаассифона, аксари онҳо то замони мо нарасидаанд. Ибни Надим дар китоби «ал-Фихрист» боз ду далели муҳимро аз ҳаёти Марвазӣ баён мекунад. Аввал ин ки Абӯҷаъфар ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Ҳабаш писари Марвазӣ буда, дар мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳои астрономӣ низ ширкат карда, муаллифи китоби «Китоб ал-аструлаб ал-мусатта» мебошад. Далели дуввум ин буд, ки яке аз мунаҷҷимони машҳури асри 9 Муҳаммад ибни Базияр шогирди Марвазӣ буд. Яъне Аҳмад ал-Марвазӣ на танҳо олими барҷаста, балки омӯзгори хубе буд, ки шогирдони баркамолро ба воя расонидааст.

Аз лиҳози истифодабарии истилоҳоти илми астрономия аҳамияти китоб дар он аст, ки ба мисли китобҳои дигар комилан аз истилоҳоти илмии тоҷикӣ истифода кардааст. Дар таърихи тамаддуни тоҷику форс бисёр асарҳои таълимӣ ва дарсӣ таълиф гаштаанд, ки ба насли наврас доир ба ин ё он илм маълумот додааст.

Список литературы

  1. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019.
  2. Джалалов С.С. Особенности учебной книги как дидактического средства инициации смыслооброзования обучающихся – Новочеркасск, 2014.
  3. Депман И.Я. История арифметики. – М.: Просвещение, 1959. – 412 с.
  4. Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001. – 339 с.
  5. Фронденталь Г. Логика. / Математика. Хрестоматия по истории, методологии, дидактике. – М.: УРАО, 2001. С. 73
  6. Фарханг ва тамаддуни исломӣ дар каламрави Сомониён, 780 с.
  7. Виленкин Н. Основные этапы развития математики / Математика. Хрестоматия по истории, методологии, дидактике М., 2001. – 21 c.

Поделиться

539

Кенджаева Н. С. О педагогических особенностях произведения по астрономии “Гайхоншинох” Ахмада Абуали Каттана Марвази // Современные социально-гуманитарные исследования: теоретические и прикладные аспекты : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 27 сентября 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 16-19. URL: https://apni.ru/article/7030-o-pedagogicheskikh-osobennostyakh-proizvedeni

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января