Главная
Конференции
Технологии, образование, наука: современные теории и прикладные исследования
Формирование познавательного интереса младших школьников в ходе внеклассной обра...

Формирование познавательного интереса младших школьников в ходе внеклассной образовательной деятельности

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

формирование познавательного интереса
эффективность педагогического процесса
учебная деятельность

Аннотация статьи

В статье раскрывается понятие познавательного интереса и его развитие в образовательном процессе. Предмет научной статьи ориентирован на формирование познавательного интереса – одной из важнейших социальных черт у младших школьников в образовательном процессе.

Текст статьи

Дар ҷараёни таълиму тарбия ва дар рафти аз худ намудани асосҳои илм ва дар баробари бой гардонидану васеъ шудани ҷаҳонбинӣ шавқу ҳаваси мактаббачагон, пеш аз ҳама ба соҳаи гуногуни илм, техника ва санъат ташаккул меёбад. Ҳисси кунҷкобӣ, донишомӯзӣ ҳаваси бештар дониста гирифтани олами иҳотакарда, ки ба хонандагон хос аст, баъзан боиси бемақсадона, пароканда ва ноустувории шавқу ҳаваси онҳоро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷаи ба якчанд фаъолият ҳавас пайдо кардани хонандагон фаъолиятҳо чуқур, шуурона ва ҷиддӣ аз худ карда намешаванд ва боиси рӯякӣ азхудкунии онҳо мегардад, ё ба ягон фаъолият ҳавас пайдо карда, ҷиҳатҳои аз ҳама муҳим ва зарури он фаъолиятҳо аз маркази диққаташон дур мешавад. Масалан, ба расмкашӣ мароқ зоҳир карда нисбати дигар фанҳо: риёзӣ, физика ва ё адабиёт беэътиборӣ зоҳир мекунанд.

Яке аз воситаҳои ташаккули шавқу ҳаваси мактаббачагон ба тартиб додан ва ба нақша даровардани ҳаёти ояндаи худ мебошад, ки ба ин синнусол хос аст. Сабаби ба миён омадани нақшаи хонандагон ба оянда дар он аст, ки онҳо барои ягон соҳаи илм бештар дониш гирифтан мекӯшанд, ки он донишҳо аз барномаи таълимии мактабӣ берун бошад. Бо ин мақсад онҳо ба кофтану хондани адабиётҳои лозимӣ, аз шахсони ба ин фаъолият машғул буда маслиҳатҳо мегиранд ва роҳу воситаҳои аз худ кардани онро меҷӯянд. Барои сохтани қолабҳои ягон хели техника, кашидани расмҳои гуногун, кандакорию наққошӣ ба музей, намоишгоҳҳо рафта илҳом мегиранд ва бештари вақти холигии худро ба он сарф мекунанд.

Таълиму тарбия – ин додани донишҳо дар бораи олами иҳотакарда ва муносибат нисбати ин олам – ин ду асоси ба вуҷуд овардани шахсият дар раванди бутуни педагогӣ мебошад.

Тарбияи ҳаматарафаи шахсият бе ташакулдиҳии шавқи маърифатӣ буда наметавонад, дониш – ин шавқу завқ ва ҳаракт намудан ба маърифатӣ мебошад. Шавқи азхудкунӣ ин предмети тарбия мебошад, ки чунин сифатҳои шахсиятро инкишоф медиҳад, ба монандӣ: талаботҳо, дониш, маҳорат, малакаҳо, ҳиссиёт ва иродаи шахсият.

Коркарди муаммои шавқу завқи маърифатӣ дар илми педагогика, яке аз роҳҳои илмии муҳимтарини ҷустуҷӯи назария ва амалияи таълиму тарбия ба шумор меравад. Ба инкишофи фикрӣ, ахлоқӣ, ҳиссиёт, ҷисмонии хонандагон мусоидат намуда, шавқу ҳавас яке аз мафҳумҳои муҳими педагогӣ, қувваи асосии пешбарандаи педагогика ба ҳисоб меравад. Шахсияти озод, эҷодкор, масъулиятшинос, маҳорати ҳаёти худро сохта метавонистагиро мо бояд дида тавонем. Дар ҷараёни таълиму тарбия намуди махсуси шавқу завқ - ин маърифатӣ ё дарккунӣ мебошад, ки он дар рафти омӯзиш ва корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда мешавад. Педагогикаи муосир “шавқу ҳаваси донистагириро” на танҳо ҳамчун шавқи хонанда ба фанҳои таълимӣ дида мебарояд, балки онро: ҳамчун шавқ ба ҳаёту зиндагӣ, ба таърих, ба маданият, ба дигар инсон ва ғайра мефаҳмад. Дар замони муосир мафҳуми шавқи донистагириро на танҳо соҳаи дидактика меомӯзад, балки он предмети муҳими тадқиқотии назарияи тарбия низ гардидааст.

Корҳои беруназсинфӣ – қисми таркибии раванди таълимию тарбиявӣ дар мактаб, яке аз шаклҳои ташкили фаъолиятҳо дар вақтҳои холигии хонандагон мебошад. Корҳои тарбиявӣ то инқилоби октябр низ дар мактабҳо дар намуди бо эҷодкорӣ машғул шудан, ташкили шабнишиниҳои саволу ҷавобҳо гузаронида мешуданд. Баъди инқилоби октябр дар мактабҳо маҳфилҳои гуногун, коллективҳои худфаъолиятӣ ташкил карда шуданд.

Педагогони бузург А.С.Макаренко, С.Т. Шатский ва дигарон корҳои беруназсинфиро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи тарбияи шахсият, ки дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, фаъолиятнокӣ ва мустақилиятнокӣ ба роҳ монда шудаанд, меҳисобиданд. Корҳои беруназсинфӣ бештар аз тарафи коллективи педагогӣ бо хонандагон таҳти роҳбарии ташкилотчиёни корҳои тарбиявии беруназсинфӣ гузаронида мешуданд. Тарбияи дурустро аз меҳнат берун тасаввур кардан мумкин нест. “Дар корҳои тарбиявӣ меҳнат бояд аз унсурҳои аз ҳама асосӣ бошад”. А.С.Макаренко чунин мешуморад, ки меҳнатдӯстӣ ва қобилият ба меҳнат дар бача аз табиат дода нашудааст, балки ин хислат дар ӯ тадриҷан тарбия карда мешавад. Меҳнат бояд хусусияти эҷодкорона, хурсандиовар, бошуурона дошта, шакли асосии зуҳурёбии шахсият ва имкониятҳои дар ӯ мавҷудбуда гардад.

Маҳорати ташкил ва гузаронидани кори таълиму тарбияи мактаббачагони хурдсол дар радифи шавқу завқи маърифатӣ - асоси муҳимтарини таҷрибаи Ш.А.Амонашвили мебошад. “Хурсандӣ ва ҳиссиётҳое, ки фаъолияти маърифатӣ онҳоро барои хонанда ба мақсади ҳаёт табдил меёбанд” – нишод додааст педагог ва ӯ чунин меҳисобад, ки “Беҳтар он аст, ки хонанда барои баҳо нахонад, ӯ барои дониш гирифтан ва дар рафти азхудкунии донишҳо ба комёбиҳо ноил гаштан хонад.

Вазифаи ташаккули шавқи маърифатӣ бо баҳисобгирии хусусиятҳои мундариҷаи тарбия – омили муҳими ташкили фаъолияти педагогӣ дар радифи муаммои тадқиқшаванда ба шумор меравад. Масъалаҳои асосии мундариҷа ва методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ, вазифаҳо ва принсипҳои ташкили корҳои тарбиявӣ дар корҳои педагогон нишон дода шудаанд.

Дар байни шаклҳои фаъолияти донистагирии беруназсинфӣ ҷои асосиро кори маҳфилҳо, инчунин озмунҳо, мусобиқаҳо, сӯҳбатҳо, нақл дар бораи илм ва техника, бозиҳо, хондан ва муҳокмиаи китобҳо бо хонандагон ва ғайра дар бар мегиранд. Вазифаҳои асосии корҳои тарбиявӣ ташкил намудани шароитҳои хуб барои муайян намудани қобилиятҳои эҷодӣ мебошад. Роҳҳо, шаклҳо ва методҳои корҳои тарбиявӣ бо корҳои беруназмактабӣ мувофиқат мекунанд. Дар мактабҳо корҳои эҷодию бадеӣ ва техникии хонандагон, худфаъолиятӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар рафти корҳои беруназдарсӣ худидоракунии хонандагон аҳамияти калон дорад, ки он ба хонандагони зиёд имконияти иштирок дар фаъолияти ташкилотчигӣ муҳайё месозад ва шахсияти шаҳрвандии онҳоро ташаккул медиҳад. Муваффақияти корҳои тарбиявӣ на танҳо аз фаъолнокии хонандагон, балки таъсироти педагогӣ, маҳорати шавқманд намудани шогирдон аз тарафи омӯзгор вобаста аст.

Фаъолияти беруназсинфии мактабӣ ба инкишофи ҳаматарафаи хонандагон равона карда мешавад. Хонандагон ҳамон вақт ҳаматарафа ташаккул меёбанд, ки корҳои тарбиявӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Ҳангоми хуб ба роҳ мондани методикаи корҳои тарбиявӣ барои бачагон дар худташаккулдиҳии онҳо шароит муҳайё мегардад. Корҳои беруназсинфӣ дар мустаҳкам ва зиёд шудани дониш, дар тарбияи интизомнокӣ, ташаббускорӣ, эҷодкорӣ, худфаъолиятӣ аҳамияти калон доранд. Корҳои беруназсинфӣ бо корҳои таълимию тарбиявии дар ҷараёни дарсҳо бурдашаванда пайваста ташкил карда мешаванд. Корҳои беруназсинфӣ алоқаи мактабро бо ҳаёт устувор месозанд. Дар ҷараёни корҳои беруназсинфӣ дониши хонандагон дар амал татбиқ карда мешаванд.

Мақсади тадқиқоти мо асоснок намудани роҳҳои педагогӣ ва шароитҳои ташаккули шавқу завқи донистагирии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҷараёни корҳои тарбиявии беруназсинфӣ бо онҳо ба шумор меравад. Барои ба мақсади гузошташуда расидан таҳлили адабиётҳои педагогӣ ва методиро гузаронида, мафҳумҳои “шавқи дарккунӣ” ва “кори коллективонаи тарбиявӣ” муайян карда шуданд. Нақши асосиро дар тарбияи шавқу завқ воситаҳои ташкили фаъолияти хонандагон,, ки онро омӯзгор ташкил намудааст, мебозанд. Ташаккули шавқи хондан дар хонандагон аз ташкил намудани фаъолияти азхудкунӣ вобаста аст. Шартҳои бедор намудан ва инкишоф додани шавқи маърифатӣ ҳамон вақт пайдо мешаванд, ки омӯзгор маводро дар шакли тайёр пешниҳод накарда, фаъолияти мустақилонаи хонандагонро ташкил менамояд.

Хулоса ҳамаи кӯдакони синни хурди мактабӣ шавқу ҳаваси беҳад зиёд, аз ҷумла шақу ҳаваси маърифатҷӯӣ доранд. Аз тарафи дигар азбаски шавқу ҳаваси хонанда асоси муваффақиятҳои ояндаи ӯро дар роҳи аз худ кардани системаи донишҳо дар мактаб ташкил медиҳанд, калонсолон бояд шавқу ҳаваси донишҷӯии онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, чунки шавқу ҳаваси маърифатҷӯии мактаббачагони хурдсол дар оянда, ҳамчун заминаи боэътимоди ташаккулёбии ҷаҳонбинии мақсадноки онҳо хизмати босазо хоҳад кард.

Список литературы

  1. Активизация познавательной деятельности младших школьников: Минск: 1987. - 111 с.
  2. Амонашвили Ш.А. Развитие познавательной активности в начальной школе. - 1984 - №5. - С. 36-41.
  3. Богданова О.С., Петрова В.И. Методикаи корњои тарбиявӣ дар синфњои ибтидої. Душанбе. Маориф. 1977. 224 с.
  4. Володина Л. Формирование познавательных интересов у детей // Начальная школа. - 1987.- №5. - С.61-64.
  5. Коваленко Ю.И. Воспитание учащихся в школе. М.: Педагогика,1975. -128 с.
  6. Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон.тањти №94 аз 03.03.2006.
  7.  Рахимов Б., Макаренко А.С. Дар бораи таълиму тарбия. – Душанбе, 1991, 248 с.

Поделиться

589

Махмадшоева Т. М. Формирование познавательного интереса младших школьников в ходе внеклассной образовательной деятельности // Технологии, образование, наука: современные теории и прикладные исследования : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 ноября 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 72-75. URL: https://apni.ru/article/7391-formirovanie-poznavatelnogo-interesa-mladshik

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января