Главная
АИ #46 (176)
Статьи журнала АИ #46 (176)
Морфологические особенности арабских форм множественного числа в таджикском лите...

Морфологические особенности арабских форм множественного числа в таджикском литературном языке XIX-XX вв.

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

существительное множественного числа
арабские формы множественного числа
XIX-XX вв.
морфологические особенности

Аннотация статьи

Статья посвящена изучению сопоставительного анализа морфологических особенностей арабских форм множественного числа в таджикском литературном языке XIX-XX вв. Доказано, что уровень употребления арабских форм множественного числа в языке исторических произведений сравнительных периодов очень богат и они неодинаковы по употреблению.

Текст статьи

Пайдост, ки категорияи шумора яке аз аломатҳои барҷастаи грамматикии исм буда, исм бо он аз ҳиссаҳои дигари нутқ фарқ мекунад. Ин категорияи исм дар забони адабии муосири тоҷикӣ ба монанди забонҳои дигари гурӯҳи эронӣ ҳамчун универсалия (муштаракот)-и муҳимми грамматикӣ ба шумор рафта, солҳост диққати муҳаққиқони забоншиноси тоҷику форсро ба худ ҷалб намуда ва дар ин самт як қатор пажӯҳишҳое аз ҷониби забоншиносон анҷом дода шудааст. Омӯзиши таърихи забони адабӣ ва муайян намудани давраҳои инкишофи он ба таҳлилу тадқиқи мероси хаттии даврони гузашта вобаста аст, зеро “тадқиқу таҳлил ва омӯзиши забони адабӣ дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ барои муайян намудани хусусиятҳои луғавӣ, грамматикӣ ва услубии забони адабии асрҳои гуногун ёрии калон мерасонад” [3; 2, с.53-59]. Тарзи морфологии ҷамъбандии исмҳо дар забонҳои тоҷикиву форсӣ маҳсули давраи нави инкишофи ин забонҳо набуда, балки таърихи дуру дарозе дорад. Ин тарзи ҷамъбандии исмҳоро метавон аз осори боқимондаи забони форсии қадим пайдо намуд. Барои ифодаи шакли ҷамъи исмҳо асосан пасвандҳои -ҳо ва -он (-гон, -ён, -вон) истифода мешаванд. Забоншинос Шарифов Б. зимни таҳқиқоти хусусиятҳои морфологии “Бадоеъ-ул-вақоеъ” доираи маҳдуди истеъмоли пасванди -ҳоро нисбат ба -он зикр намудааст [3, c.41]. Шояд сабаби камистеъмолии пасванди -ҳо дар он бошад, ки дар замони таълифи асар ҷамъбандии арабӣ (ҷамъбандии солиму шикаста) нисбат ба ҷамъбандии тоҷикӣ бартарият дошт. Ин далел бар он аст, ки пасванди -ҳо дар асрҳои XIII - XIV танҳо барои ифодаи шумораи ҷамъи исмҳои беҷон истифода шудааст.

Одатан вазъи умумии забони адабии давраро наср, асарҳои насрии дар ҳамон давраи таърихӣ офаридашуда муайян менамояд, зеро ки наср соҳаи ниҳоят васеъ аст ва ҳамаи хусусиятҳои забониро дар ҳолати табиӣ инъикос менамояд. Вай барои пурра нишон додани манзараи умумии забони адабӣ нисбат ба назм озодтар ва фарохмайдонтар аст [4, c.30; 5, с.50-57; 6, с.172-177]. Аз ин рӯ, аз омузишу баррасии осори насрии давраи муосир ва далелҳои дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” овардашуда маълум гардид, ки исмҳои ҷомеи туркию муғулӣ дар давоми асрҳои XV-XIX асосан дар манбаъҳои таърихӣ дучор мешаванд. Вале бештари онҳо ба тезӣ аз истеъмол баромада, дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ қариб корбурд нашудаанд.

Аслан, ҳангоми иқтибоси исм аз як забон ба забони дигар исм дар шумораи танҳо иқтибос карда мешавад, то дар забони иқтибоскунанда ба чаҳорчӯбаи грамматикӣ ворид шудаву ба қоидаҳои маъмули он забон ҷамъбандӣ гардад. Вале муносибати иқтибосгузинии забони тоҷикӣ аз арабӣ фаротар аз ин аст, ба ин маъно, ки калимаҳои иқтибосии арабӣ дар категория шумора низ таъсири худро дар забони тоҷикӣ гузоштаанд. Аз ҷумла шакли солими ҷамъи арабӣ, ки ба забони тоҷикӣ дохил шудааст, ба воситаи суффиксҳои -от ва -ин ва шакли ҷамъи шикаста бо ёрии флексияи дохилӣ ба амал меояд.

Шаклҳои ҷамъи арабӣ дар бисёр мавридҳо лексиконида шудаанд ва аз парадигмаи худ ҷудо гардидаанд, вале дараҷаи лексиконидани онҳо гуногун буда, ин ҷараён пурра анҷом наёфтааст ва шаклҳои ҷамъи арабӣ барои ифодаи маънои грамматикии ҷамъ дар услубҳои гуногун ҳоло ҳам истифода мешаванд: асрор (сирҳо), ашхос (шахсҳо), атроф (тарафҳо), афкор (фикрҳо), ашъор (шеърҳо), афлок (фалакҳо) ва ғайра” [1, c.101].

Дар забони даврони омӯзиш ба ҷуз роҳу воситаҳои ҷамъбандии тоҷикӣ, ҳамчунин, тарзҳои ҷамъбандии арабӣ низ мавқеи калидӣ доранд. Ҳамаи вожаҳое, ки дар осори қиёсшаванда бо тарзи ҷамъбандии арабӣ шакли ҷамъ гирифтаанд, асосан бо ду роҳи ҷамъбандии арабӣ:

  1. Ҷамъбандии дуруст ё “ҷамъбандии солим”.
  2. Ҷамъбандии нодуруст ё “ҷамъбандии шикаста”, сохта шудаанд.

Пасванди арабии -ин дар “Зафарномаи Хусравӣ” (то он ҷое, ки мо аз назар гузаронидем) ба чашм нарасид, вақте ба ҳолати имрӯзаи истеъмоли ин пасванд назар кардем маълум гашт, ки доираи истеъмолаш маҳдуд аст. Лек, дар забони асари таърихииустод С.Айнӣ “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” унсури номбурда хеле маъмул ва сермаҳсул ба назар расид, ки ин падида яке аз хасоиси боризи мавзӯи мавриди қиёс ҳисобида мешавад. Бояд қайд намуд, ки устод С.Айнӣ пасванди -ун боре ҳам мавриди истифода қарор надодааст, ки дар забони “Зафарномаи Хусравӣ” низ дида нашуд: оризин [7, с.120], ҳозирин [7, c.104, 183, 186, 191, 217, 217, 218, 225, 227, 230]: ....хоҳиш дорем, ки умуми миллати сокинини пойтахт аз байни худҳо ашхосони соҳибмашварат... [7, c.185]; Регистон барои ибрати нозирин кушта шавӣ, зотан ҳукми қатли ту аз тарафи ҷаноби олӣ мӯҳр шудааст [7, c.207]; ...атфоли маъсумини ҳаштсола ва даҳсоларо «кофирбачча» [7, с.67]; бародарони муслимини худ [7, c.96]; Агар расоили адабӣ ва давовини шуарои мутақаддимини форсиро, танқидоти уламои беамалу машоихи беилмро дар он порчаҳои адабии ширин мутолиа менамуданд [7, c.96]; ....аз рӯи дунё тамом барҳам нахӯрдани расми инсониятро ва дар байни мазлумини гирифтор ҳанӯз пойдор будани сифати шафакатро дида [7, c.213].

Нишона ё худ аломатҳои ифодаи ҷамъи дугона, ки забонҳои қадим аз қабили форсии бостон, санскрит авесто, дар худ доштанд, дар забони тоҷикӣ боқӣ намондааст. Масалан, калимаи “гӯш” дар форсии бостон gausa-ду гӯш, яъне шумораи дугона, дар санскрит ghos [8, c.4]. “Шумораи дугона дар забони қадим дар қатори ду шумораи номбаршуда, мисли забонҳои ҳозираи семитӣ, аз ҷумла мисли забони арабӣ низ, мавҷуд буд” [9, c.34]. Гарчанде дар забони адабии муосири тоҷикӣ воситаҳои сарфи (морфологи) –и ифодаи шакли ҷамъи дугона аз байн рафтаанд, бо вуҷуди он дар вай шумораи дугонаи исмҳое ҷой доранд, ки онҳо табиатан ҷуфтанд: чашм, гӯш, по, даст, лаб, мӯза, маҳсӣ.

Дар давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ шумораи дугона асосан дар калимаҳои арабӣ боқӣ мондааст, ки он бо -айн ифода мешавад. Нишондиҳандаҳои грамматикӣ дар забони адабии муосир барои ифодаи шумораи дугона ин шумораи ду ва пасвандҳои ҷамъбандӣ ба ҳисоб мераванд, “шакли зулфҳо, зулфон, қафсҳо, наҳрҳо, тарафҳо маънии шаклҳои ҷуфти арабии зулфайн, қавсайн, наҳрайн, тарафайнро ифода мекунад” [1, c.101].

Муҳаққиқон дар забони форсии нав мавҷуд набудани аломати хоссе барои ифодаи шумораи дугонаро ба инобат гирифта, ба хулосае омадаанд, ки шумораи дугона ва ҷамъ муштараканд. Дар рафти гирдоварии мавод калимаҳои заренро тарафайн, ҷонибайн ва шаррайнро пайдо намудем, ки бо роҳи ҷамъбандии дугонаи арабӣ ҷамъ баста шудаанд: тарафайн [10, c.33, 57, 67, 90, 103, 123, 156]: Ва дар сояи давлати абадмуддати тарафайн ҷумҳури халоиқ, ки бадойеи вадойеи ҳазрати холиқанд, ба рафоҳияти ҳол ва ба фароғи бол ба лавозимоти бандагӣ иштиғол тавонанд намуд. Ва оби Ому, ки маъҳудгоҳи муайян аст, аз қадимулайём подшоҳони мозӣ ба тақсим аз он мавзеъ розӣ шуда гузаштаанд, андарин ҳангоми фаррухинтизом ва дар айёми ду давлати некӯанҷом, тарафайн низ ба ҳамон насақ ба дастури мосабақ иқдом намуда, ба давлати худодода қонеъ ва шокир бошем [10, с.67]; Дар воқеъ бад-ин қонун муддате тарафайн бар сари аҳд устувор ва бар қавли қарори элчӣ вафодор буданд [10, с.90]; Алқисса, бад-ин дастур ва насақ то ба як соли комил тарафайн ба тозу боз рӯзгор гузаронида ва ба тохту тороҷ умр ба сар мебурданд. Дар ин муддат дар назди султон Маҳмудхон миқдори ҳазор марди ҷаррори ханҷаргузор аз ахёру ашрор аз ҳар диёр ҷамъ гардида буд [10, с.123]; ...бо тартиби ӯнгу сӯл аз паи сипаҳсолорони лашкари эровул пай дар пай расида, бар фарози пушта баромада дид, ки тамомии лашкари ҷонибайн дар таҳти назари ӯ намоён буд [10, c.194]; ...маъмурони элчихонаи Рус, ки ба ихтиёри аҳвану шаррайни мактабҳои нимислоҳёфтаи... [7, c.135]; падари худ ба зиёрати Ҳарамайни Шарифайн мушарраф шуда [7, c.129].

Дар мисоли охир пасванди -айн дар ташаккули исми хос иштирок намудааст, ки устод С.Айнӣ ҳамагӣ як даъфа ба кор бурдаанд.

Ҳини қиёс ва омӯзиш аён гашт, ки дар забони адабии тоҷикии қарни XX аллакай ин унсури сафрӣ аз нуқтаи назари корбурд ба гурӯҳи пасванди каммаҳсул дохил мешудааст, ки гуфтаҳои боло дол бар ин аст. Дар забони тоҷикӣ боз ба дигар калимаҳои аз забони арабӣ иқтибосшуда дучор шудан мумкин аст, ки анҷомаҳои эъробӣ дар онҳо ифо-дакунандаи категорияи шумораи исмҳо ба шумор мераванд.

Аз ҷумла, баъзе аз исмҳои дугона, ки ба забони тоҷикӣ аз забони арабӣ дохил шудаанд ва шакли дугонаи онҳо бо ёрии пасванди дугонасози арабӣ -айн ифода ёфтааст, дар забони тоҷикӣ ҳам ба ҳамон ҷамъбандии дутогии арабӣ: қавсайн, наҳрайн, зулфайн, тарафайн ва ҳам ба воситаи суффиксҳои тоҷикӣ: қавсҳо, наҳрҳо, зулфҳо (зулфон) ва тарафҳо ҷамъ баста мешаванд. Аммо калимаҳои Зулқарнайн-лақаби Искандари Мақдунӣ (душохдор), Зуннурайн-лақаби Ус-мон ибни Аффон (соҳиби ду нур), зулисонайн-дузабона, Ҳарамайн-Макка ва Мадина ба ҳамин шакли арабиашон дар забони арабӣ бе ягон дигаргунӣ истифода мешавад. Дар забони арабӣ пасванди -айн дар баробари ифода намудани шумораи дутогии исм боз ба ҳолати эъробии насбию ҷаррии он ишора месозад ва дар ин маврид ҳамчун ҷойгузини фатҳаву касра дониста мешавад. Масалан, калимаи тарафайн дар забони арабӣ аз рӯйи ифодаи шумо-раи исм ба ду тарафи ба ҳам созишкунанда ишора мекунад, дар ҳоле ки аз нигоҳи таҳлили синтаксисии забони арабӣ калимаи мазкур бо гирифтани суффикси -айн ё дар ҳолати насб қарор дорад, ё дар ҳолати маҷрурӣ.

Список литературы

  1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 1. Фонетика ва морфология. Душанбе: Дониш, 1985. 356 с.
  2. Мирмухамедов О.Т., Ашрапов Б.П. Ҷамъбандии арабӣ дар забони адабии тоҷикии қарнҳои XVIII ва XX (дар мисоли усули ҷамъбандии солими арабӣ). // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. 2021. №6. С. 53-59.
  3. Шарифов Б. Хусусиятҳои морфологии «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ. Душанбе: Дониш, 1985. 232 с.
  4. Маъсумӣ, Н. Забон ва услуби Аҳмади Дониш. Душанбе: Дониш, 1976. 76 с.
  5. Ashrapov B.P. Comparative Analysis of Morphological Peculiarities and Level of Usage of the Suffix -oн/on in the Tajik Literary Language Referring to the XVIII-the - the and XX-th Centuries. // Stephanos. 2022. № 3(53). P.50-57. – DOI 10.24249/2309-9917-2022-53-3-50-57.
  6. Ashrapov B.P. The level of usage of the suffix -он/-s/-es in the Tajik literary language referring to the XIX-th century. // Оригинальные исследования. 2022. Vol.12. №4. P. 172-177.
  7. Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. Куллиёт. Ҷ.14. / Тартибдињанда К.С. Айнӣ. Душанбе: Матбуот, 2005. 270 с.
  8. Муҳаммад М. Муфрад ва ҷамъ. Теҳрон, 1337/1958. 309 с.
  9. Сиёев Б. Аз таърихи ҷамъбандии исмҳо дар забони тоҷикӣ. // Масъалаҳои забоншиносии тоҷик. Душанбе: Дониш, 1976. 170 с.
  10. Сутуда Манучеҳр. Зафарномаи Хусравӣ. / Чопи аввал. Оинаи Мерос‚ 1999. 316 с.

Поделиться

646

Буховаддинов О. И. Морфологические особенности арабских форм множественного числа в таджикском литературном языке XIX-XX вв. // Актуальные исследования. 2023. №46 (176). Ч.I.С. 92-94. URL: https://apni.ru/article/7465-morfologicheskie-osobennosti-arabskikh-form

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января