Исследовательская работа Гора Оусли и ее научная ценность

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

исследовательская работа Гора Оусли
научная ценность
уникальные стихотворения
наука

Аннотация статьи

В статье рассматривается вопрос изучения исследовательской деятельности Гора Оусли и ее научной ценности. Отмечается, что для того, чтобы распознать такого рода литераторов и их уникальные стихотворения, необходима наука, которую еще называют источниковедением.

Текст статьи

Ҳангомаи шеъру адаби форсӣ дар асрҳои IX–XVIII ба дараҷае гарм буд, ки садҳо нафар аҳли илму адаб дар офаридани осори гаронмоя маҳорати фавқулода нишон дода, тавонистаанд, ки аз худ шоҳкориҳои азими адабиву фарҳангиро ба ёдгор гузоранд. Барои шинохти ин гуна удабо ва ашъори нотакрори онҳо илме лозим аст, ки ин ҳам бошад, сарчашмашиносӣ ном дорад. Сарчашмашиносӣ яке аз бахшҳои илмҳои ёвари адабиётшиносӣ буда, барои таҳқиқи дақиқ ва амалӣ шудани вазифаҳои асосии адабиёт ёрӣ мерасонад. Яке аз маъхазҳои муътамади сарчашмашиносӣ оид ба таърихи фарҳанг ва адабиёти тоҷик тазкираҳо ба ҳисоб мераванд. Тазкира яке аз жанри асримиёнагии адабиётшиносӣ буда, дар луғат ба маънии “ёдоварӣ, ёдгор, ёддошт ва гузарнома” [10, 1057] омадааст ва дар истилоҳ китобе мебошад, ки дар он шарҳи аҳволу зиндагиномаи машоҳир аз амирон, вазирон, уламо, фуқаҳо, андешамандон, удабову шоирон ва муаррифии осори манзуми онҳо мухтасар оварда мешавад. Тазкираҳо аслан аз муқаддима, қисмати асосӣ, ки муаллиф шарҳи ҳол ва намунаи ашъори шоиронро меорад ва хотима иборат мебошанд. Тазкиранигорӣ дар адабиёти форс-тоҷик таърихи дуру дарозе дорад. “Тазкират-ул-авлиё”–и Аттори Нишопурӣ нахустин китобе аст, ки бо забони форсӣ ба унвони тазкира ва дар маънои мусталаҳи он навишта шудааст ва ҳовии шарҳу ҳоли 97 тан аз бузургони ирфон аст [11, 94]. Тазкиранависӣ асосан дар Ҳинд дар ҳавзаи густариши забони форсу тоҷик ривоҷу равнақ ёфтааст, зеро Ҳиндустон аз оғози қарни XIII ба сурати муҳимтарин марказҳои забон ва адаби форсу тоҷик ба ҳисоб мерафт. Дар ин бора Муҳаммадтақии Баҳор менависад: “Дар давраи Темуриёни Ҳинд ривоҷи забон ва адабиёти форсӣ дар дарбори Деҳлӣ зиёд аз дарбори Исфаҳон будааст” [11, 104]. Кӯҳантарин тазкираи мавҷуд ба шеъри форсӣ “Лубоб-ул-албоб”-и Муҳаммад Афии Бухороӣ дар соли 618 қамарӣ дар Ҳинд навиштааст [11, 93]. Дар замони мо низ анъанаи тазкиранигорӣ то ба ҳол идома дорад. Aввалин тазкира дар адабиёти советии тоҷик «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Cадриддин Айнӣ аст.

Аз ин рӯ, моро мебояд тазкираҳоро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор диҳем ва онҳоро ҳамчун сарчашмаи муътамади осори ниёгон дар замони муосир эътироф намоем. Метавон қарнҳои XVI-XIX-и мелодиро аз қарнҳои тиллоӣ ва саҳифаҳои дурахшони тазкиранависии форсу тоҷик номид. Зеро дар ин давра бисёре аз адибону аҳли фазл ба таълифу танзими ҳаёту ашъори шоирону орифон ва донишмандон пардохтаанд, аз он ҷумла “Равзат-ус-салотин” ва “Ҷавҳар-ул-аҷоиб”-и Фахрии Ҳиравӣ, “Каламот-уш-шуаро”-и Муҳаммадафзари Сархуш, “Мирот-ул-хаёл”-и Шералихон Лудӣ, “Базморо”-и Сайидалии Ҳусайнӣ, “Ҳафт иқлим”-и Амин Аҳмади Розӣ, “Хазинаи Омира”-и Мир Ғуломалии Озоди Билгиромӣ ва ғайраҳо дар шумори тазкираҳои машҳури ин аҳд мебошанд. Ҳамчунин дар ин давра тазкиранависони мағрибзамин низ ба нақди шуарову удабои форсу тоҷик даст задаанд, ки яке аз онҳо ховаршиноси машҳури англис Гор Оусли мебошад. Ӯ дар асри XVIII дар қаламрави Англия мутаваллид шуда, аз худ асаре бо номи "Biographical Notices of Persian Poets with critical and explanatory remarks" (Ёддоштҳои зиндагиномаи шоирони форсизабон бо нишондодҳои нақдию тавзеҳӣ)” ба мерос мондааст, ки дар соли 1846 дар Лондон пас аз маргаш аз тарафи Oriental Translation Committee (Кумитаи Тарҷумаҳои Шарқӣ) ба табъ расида, оиди шарҳу ҳол, касбу шуғл, воқеоти аҷиб, соли тавлиду фавт, порчаҳо аз осору эҷодиёти 31 шуарои форсизабони асрҳои X–XVIII маълумоти мухтасару муфассал медиҳад. Китоби мазкур ба тазкира монанд мебошад, ки аз 632 саҳифа иборат буда, аз он 387 саҳифааш пурра ба тадқиқоти Гор Оусли тааллуқ дорад .Забони китоб каме душвор мебошад, зеро аз калимаҳои иқтибосии итолиёвӣ ва лотинӣ ба монанди ditto [15, 3], motto [15, 60], mors, lupi, vita [15, VII], cum [15, XI] ва ғайраҳо зиёд истифода гардидааст. Асари мазкур аз ёддоштҳои Гор Оусли, яъне аз ҳаёту фаъолият, сафарҳо, касбу кори шарқшинос, ки ба қалами нависандаи амрикоӣ бо номи Ҷеймс Рейнолдз [James Reynolds] маъруф буда, номи аслиаш Ҳаролд Уонер Рейнолд [Harold Woner Reynolds] ё бо лақаби Ҷимми [Jimmy] машҳур аст тааллуқ дорад, оғоз мегардад ва ин қисмати китоб бо рақамгузории римӣ саҳифабандӣ шудааст. Пас аз он пажӯҳишҳои худи Гор Оусли оғоз мегардад, ки китоб аз нав бо рақамҳои натуралӣ саҳифабандӣ шуда, оиди шоирону адибони форсзабон ва асарҳои онҳо маълумоти назаррас медиҳад. Дар қисмати хотиротии шарқшиноси барҷаста мактубҳое ки ба номи падар, бародар ва дӯстонаш омадаанд низ ҷой дорад ва онҳо рафти таҳсилу омӯзиши Гор Оуслиро қисман нишон медиҳанд. Ин асарро метавон тазкираи ғарйиасил гуфт, зеро Оусли барои собит намудани баъзе масъалаҳо аз тазкираҳои форсзабонон аз қабили “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ [7], “Ҳафт иқлим”-и Амин Аҳмади Розӣ [2; 3], “Мирот-ул-хаёл”-и Шералихон Лудӣ [14], “Хазинаи Омира”-и Мир Ғуломалии Озоди Билгиромӣ [17], “Маҷолис-ул-ушшоқ”-и Султон Ҳусайни Бойқаро [22], “Оташкада”-и Ҳоҷӣ Лутф Алӣ [31], “Ҳабиб-ус-сияр”-и Ғиёсуддин ибни Хондамир [29; 30], “Баҳористон”-и Ҷомӣ [11; 12] ва ғайраҳо иқтибосҳо овардааст, ки ин аз шарқшиноси нуқтасанҷ будани ӯ шаҳодат медиҳад. “Biographical Notices of Persian Poets with critical and explanatory remarks” (Ёддоштҳои зиндагиномаи шоирони форсизабон бо нишондодҳои нақдию тавзеҳӣ)-ро ҳамчунин аз манзари нақди адабӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дод, чунки ин китоб аз лиҳози нақди адабӣ ҷузви беҳтарин тазкираҳои мавҷудаи забони форсӣ аст. Гор Оусли тартиби овардани шоиронро дар бахши ибтидоии китоб бар асоси феҳрасти дар маҷмӯаи дасхатҳои хеш буда овардааст ва дар китоб ҳеҷ як тартиби хронологӣ риоя накардааст, ки аз рӯи тартиби зерин аст: 1. The entire Works of Sheikh Saadi of Shirāz – “Куллиёт”-и Шайх Саъдии Шерозӣ; 2. The Diwán of Khájah Háfiz of Shirāz – “Девон”-и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ; 3.The Khemseh or “Five Poems” of Sheikh Nizāmi of Ganjah – Хамса ё «Асари панҷгона»-и Шайх Низомии Ганҷавӣ; 4. The Great Rampart of Alexander, by Amír Alishír –“Садди Искандарӣ”-и Амир Алишер; 5. Shāh Nāmeh, or Book of Kings, by Ferdúsi of Tús -«Шоҳнома» ё “Китоби подшоҳон”-и Фирдавсии Тӯсӣ; 137. Ditto, a second copy - Ба ҳамин монанд, Нашри дуюм; 105. Ditto, a third copy - Ба ҳамин монанд, Нашри сеюм; 235. The Diwān of Kásim Al Anwār. Bound up with No. 2 – “Девон”-и Қосими Анвар, бастабандӣ шуда бо рақами 2; 236. The Diwān of Meghrebi, ditto – “Девона”-и Мағрибӣ ба ҳамин монанд; 6. The Diwán of Abdul Wäsaa Jebeli – “Девон”-и Абдулвасeъи Ҷабалӣ; 7. The Methnavi, by Jeláluddin Rúmi – “Маснавӣ”-и Ҷалолиддини Румӣ; 8. The Works of Selmán of Sáva - Асарҳои Салмони Сова; 9. The Beháristán of Abdurrahman Jámi – “Баҳористон”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ; 13. The Diwán of Sháhi - Девони Шоҳӣ.

14. Heft Menzer, or the “Seven Faces,” by Hatefi – “Ҳафт Манзар”, ё “Ҳафт пайкар”-и Ҳотифӣ; 16. Khemseh, or “The Five Poems,” by Amír Khūsrú of Dehli - Хамса, ё “Панҷ шеър”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ; 19. The Diwán of Zehiruddin of Fariáb – “Девон”и Заҳируддини Форёбӣ; 20. The Works of Khákáni – Осори Ҳоқонӣ; 35. The Diwán of Noui – “Девон”-и Навоӣ.

Феҳрасти таркиботи форсӣ

37. “The Taper and the Moth,” by Navāb Aakil Khán – “Шамъу парвона”и Наввоб Акилхон; 38. The Diwān of Sheikh Feizi – “Девон”-и Шайх Файзӣ; 43The Diwán of Tālib of Amal – “Девон”-и Толиби Амал (Омулӣ); 50. “A Collection of Exquisite Things,” Memoirs, by Sirâjuddín Ali – “Маҷмӯае аз ёддоштҳои хуб”-и Сироҷиддин Алӣ; 64. Hedſkeh, “An enclosed Garden,” a moral poem, by Sheikh Senái - “Ҳадиқат-ул-ҳақиқат”, маснавии ирфонии Шайх Саноӣ; 90. The Poetical Works of Shemsuddín Kátebi – Осори поэтикии Шамсуддини Котибӣ; 146. The Diwān of Sheikh Kamál of Khejend–“Девон”и Шайх Камоли Хуҷандӣ; 151. The entire Works of Sheikh Emád – “Куллиёт”- и Шайх Умед; 152. The Romance of Meher and Müshteri, by Muhammed Assár – Романи “Меҳр ва Муштарӣ”-и Муҳаммад Осор; 153. The Diwán of Mirza Muhammed Ali Sáib – “Девон ”-и Мирзо Муҳаммад Алӣ Соиб; 234. A. History of Persia, by Abdulla Wasáf – “Таърихи Эрон” таълифи Абдуллоҳи Васоф.

Порчаҳо

The Seven Faces – “Ҳафт Чеҳра”; The Banquet of Behram Gur – “Зиёфати Баҳроми Гӯр”; The King and his Vizir – “Шоҳ ва вазираш”.

Маълум гашт, Гор Оусли 31 нафар шоирони давраҳои мухталифро яъне аз намояндаи асри X Абулқосим Фирдавсӣ сар карда то намояндаи асри XVIII Сироҷуддин Алиро дар тазкирааш ҷой додааст. Бояд қайд кард, ки дар китоби мазкур ҳамчунин бо хати форсӣ барои исботи фикр порчаҳо аз эҷодиёти шоирон зикр гардидаанд. Илова бар ин дар китоби мазкур “Қиссаи саёҳатҳои Ҳоҷӣ Муҳаммади Ҳусейнхон, (шоҳзодаи Марв)” [14, 332-351], андешаҳо оиди маҷмӯаҳои дастхатҳо ва тарҷумаи “Гулистон”-и Саъдӣ [14, 352-364], порчае аз шунидаҳо дар бораи Низомӣ ва анъанаҳои ниёгони яҳудиёну юнониён [14, 365-374], қитъаи (соннети) форсӣ аз “Девон”-и Ҷомӣ [14, 375] ҷой дода шудаанд. Китоб бо гуфтор, абёт ва рубоиҳои форсии аз ашъори шоирони гуногуни форсзабонро, ки донишманди мавриди тадқиқи мо ҷамоварӣ ва бо забони англисӣ тарҷума кардааст, ки аниқтараш шумораи онҳо даҳто мебошанд, хотима меёбад. Аҳамияти тазкираи Оусли бағоят калон буда, дар зинда нигоҳ доштани шоирон ва ашъори онон нақши назаррасро ифо менамояд. Дар шарҳу ҳоли шуарои зикршуда гӯшае аз одобу русуми рӯзгорашон мушоҳида мешавад, ки баъзе нуктаҳои муҳими иҷтимоиву сиёсии он давраҳоро равшан месозад. Ҳамин тавр умуре, ки номи Гор Оуслиро ба унвони як шарқшиноси барҷаста ва пажӯҳишгар дар таърихи адабиёти форсу тоҷик муаррифӣ мекунад, ин тазкираи маъруфи ӯ “Biographical Notices of Persian Poets with critical and explanatory remarks” (Ёддоштҳои зиндагиномаи шоирони форсизабон бо нишондодҳои нақдию тавзеҳӣ) аст, ки илова бар арзиши фарҳангӣ ва таърихӣ арзиши адабии волое дорад ва намунаи беҳтарини назму насри форсии асрҳои X-XVIII ба шумор меравад.

Список литературы

  1. Амин Аҳмади Розӣ. Тазкираи “Ҳафт иқлим”, ҷилди аввал.–Теҳрон: «Суруш», 1378 ҳ. - 515 с.
  2. Амин Аҳмади Розӣ. Тазкираи “Ҳафт иқлим”, ҷилди дуввум.–Теҳрон: «Суруш», 1378 ҳ. - 1443 саҳ.
  3. Амин Аҳмади Розӣ. Тазкираи “Ҳафт иқлим”, ҷилди саввум.–Теҳрон: «Суруш», 1378 ҳ. - 1729 саҳ.
  4. Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Таҳиягари матн, муаллифи сарсухану тавзеҳот ва шореҳи луғот Аълохон Афсаҳзод, Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008. - 139 саҳ.
  5. Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон, бо тасҳеҳи Исмоили Ҳокимӣ, чопи аввал.– Теҳрон: «Иттилоот», 1367 ҳ.
  6. Гёте. И.В. Девони Ғарбӣ – Шарқӣ. – Душанбе: «Адиб», 2011. -384 саҳ.
  7. Давлатшоҳи Самарқандӣ. “Тазкират-уш-шуаро”.– Лондон. 1901.-621 саҳ.
  8. Мир Ғуломалии Озоди Билгиромӣ. “Хизонаи Омира”. – Бомбей. 1271 ҳ.-254 с.
  9. Муҳаммад Муин.Фарҳанги Муин, дар 6 ҷилд. –Теҳрон, 1963-1973.
  10. Муҳаммадтақии Баҳор. Сабкшиносӣ ё торихи татавури насри форсӣ, ҷилди 2. – Теҳрон. 1373 ҳ. - 207 саҳ.
  11. Хондамир. Торихи “Ҳабиб-ус-сияр”, ҷилди аввал.–Теҳрон: «Хайём», 1380 ҳ. - 670 саҳ.
  12. Хондамир. Торихи “Ҳабиб-ус-сияр”, ҷилди дуввум.–Теҳрон: «Хайём», 1380 ҳ. - 827 саҳ.
  13. Ҳоҷӣ Лутфалибеки Озар. “Оташкада”, нусхаи қаламии китобхонаи давлатии Берлин, шумораи 607.
  14. Sir Gore Ouseley. Biographical Notices of Persian Poets with Critical and Explanatory Remarks, with a Memoir of the late Right Hon. Sir Gore Ouseley baronet, be James Reynolds. – London. 1846.

Поделиться

564

Турдиева Н. Х., Шамсиддинова Н. Р. Исследовательская работа Гора Оусли и ее научная ценность // Динамика гуманитарных и социально-экономических наук в условиях цифровой трансформации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 30 ноября 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 15-18. URL: https://apni.ru/article/7520-issledovatelskaya-rabota-gora-ousli-i-ee-nauc

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января