О некоторых особенностях компетентности учащихся в процессе обучения

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

учебная деятельность
учебно-воспитательная работа
готовность и подготовленность
формирование умения и навыков

Аннотация статьи

В статье раскрывается содержание работы по формирование компетентности школьников в процессе учебной деятельности как важная проблема педагогики, рассматриваются особенности процесса развития компетентности.

Текст статьи

Инсони солимфикр аз модар бо муғчаҳои қобилияти зиёди бунёдкорӣ (баъзеҳо бо аломатҳои махсуси ирсӣ) тавлид меёбад. Ҳар кас дар сатҳи қобилияти умумиаш метавонад якчанд забонро ёд гирад, ҳунарҳои зиёдро аз бар намояд, вале на ҳама дар зиндагӣ қобилиятҳоро пурра зоҳир менамоянд. Баъзеҳо аз боиси беморию танқисии иқтисодӣ ва бархе аз боиси таъсири манфии берунаву коҳилӣ он қобилияти доштаи худро ошкор карда наметавонанд, муғчаи тавоногӣ нашукуфта мемонад. Ҷаҳонбинии илмӣ дар асоси донишҳои мушаххаси илмӣ ва тафаккури солими инсонӣ ҳосил мегардад. Дар мактаб ҷаҳонбинии шахсиятро худомӯзӣ, мушоҳида ва таҷрибакуниҳо пойдор мегардонад.

Салоҳиятнокӣ – ин алоқамандии яклухти системаи фаъолияти омӯзгор ва хонандагон мебошад. Нақши салоҳиятнокии мактаббачагон бо баробари тағйирёбии мақсади таълим, дар ташаккул додани маҳорат ва малакаҳо, фаъолияти эҷодӣ баланд мегардад. Фанни таълимӣ китоби дарсӣ ва китобҳои ёрирасон дорад, ки онҳо барои мактаббачагон манбаи муҳити сабақомӯзӣ, машқу мустаҳкамкунии дониш ба шумор мераванд. Кор бо китоб яке аз фаъолиятҳои асосии ташаккули қобилияти фикрии хонандагон мебошад. Мавриди мутолиаи китоб усулҳои зайл пешниҳод мешаванд:

  • оқилона истифода бурдани мундариҷа, мавриди мутолиа моҳияти маводро муайян карда, аз ҳама муҳимашро ҷудо карда тавонистан;
  • фикрҳои асосии қисмҳои алоҳидаи матн, мантиқан пайвастагии фикрҳо, муносибати донишҳои нав бо кӯҳна, ҷудо кардани ҷойҳои нофаҳмо дар матн, гузориши саволҳо ба матн ва ҷавоб ба онҳо, ҳар ҷумларо фаҳмида хондан;
  • мавриди мутолиа ҷойҳои муҳимро дар дафтари корӣ навишта гирифтан, аз худ мисолҳо овардан ва ғайра.

Бо мақсади бо китоб кор карда тавонистанро ёд додан ба муаллим лозим меояд, ки ин методро аввалан чун як усули таълими салоҳиятнок дар дохили методҳои дигар истифода барад. Суҳбатеро ташкил карда истода муаллим саволеро ба мобайн мегузораду ба хонандагон таклиф мекунад, ки ҷавоби онро аз китоб ёбанд. Вазифа медиҳад, ки барои тасдиқи ин ё он фикр аз китоб иқтибосҳои лозимаро пайдо кунанд. Муаллим дар лаҳзаи машғулиятҳо вазифадор аст, ки дар мавридҳои мушаххас тарзи аз китоб истифодабариро донад, талабагонро ба он ҳавасманд гардонад ва аз нафаҳмида хондан онҳоро худорӣ намояд. Дар мутолиаи китоб ба принсипи пайдарпай, яъне мантиқан зина ба зина фаҳмида хондан риоя бояд кард.

Хонанда дар раванди дарс инкишоф меёбад, олами атрофро маърифат мекунад, яъне дониста мегирад. Маълум мешавад, ки хониш як намуди фаъолияти маърифаткунӣ аз тарафи талаба мебошад. Барои муаллим ҳам чунин аст. Вай донишҳояшро дар вақти дарсдиҳӣ ва тайёрӣ ба он чуқуру васеътар мекунад, чунки мазмуну услубҳои навро ҷустуҷӯ менамояд, савияи маънавиёт, майлу ҳавас, талабот ва имкониятҳои шогирдонро бештар дониста мегирад.

Хусусиятҳои салоҳиятнокии хонандагон дар раванди омӯзиш инҳоянд:

  • маҳорати бомақсадона ва аз рӯи нақша кор кардан;
  • интихоб намудани воситаҳои дастраси меҳнати таълимӣ;
  • қувваи худро дуруст истифода бурдан ва ба назар гирифтани натиҷаҳои фаъолияти худ.

Олимони соҳаи дидактика ва методистон дар назарияи таълим талаботҳои асосиро оиди салоҳиятнокии хонандагон пешниҳод намудаанд:

  • мувофиқати мундариҷаи корҳо бо талаботҳои барномаи таълимӣ;
  • пайдарҳамии корҳои салоҳиятнокӣ барои хонандагон;
  • риояи принсипи шууронагӣ ҳангоми иҷрои онҳо;
  • ташкили корҳои салоҳиятнокӣ аз рӯи системаи муайян;
  • омода намудани хонандагон барои иҷрои салоҳиятнокӣ – аниқ ва кӯтоҳ шинос намудани хонандагон бо мақсад ва вазифаҳои кор;
  • мусаллаҳ намудани онҳо бо малакаҳои техникӣ ва ташкилӣ барои иҷрои онҳо;
  • дар назди хонандагон гузоштани мақсадҳо;
  • риояи вақт, ки барои иҷрои супоришҳо ҷудо карда шудааст;
  • мушоҳидаи бевоситаи омӯзгор оиди иҷрои корҳо аз тарафи хонандагон ва барои бартараф намудани душвориҳо ба онҳо ёрӣ расонидан;
  • санҷиши ҳатмии корҳои иҷронамудаи хонандагон.

Ҳамаи намудҳои фаъолиятҳо самаранок гузаронида шуда натиҷаҳои сифатнокро медиҳанд, агар шахс барои иҷрои мақсади дар назди худ гузоштааш саъй кунад.

Дар замони муосир дар системаи маълумот талабот ба ташкили раванди таълимӣ – тарбиявӣ дар мактаб ба вуҷуд омад, ки ҳар як хонанда фаъолиятнокӣ, мустақилиятнокӣ, эҷодкории худро дар рафти омӯзиш барои инкишоф додани фаъолияти таълимии худ нишон дода тавонад. Дар шахсият бояд чунин сифатҳо ба монанди талабот ба азхуд намудани донишҳои нав, маҳорати бароҳмонии салоҳиятнокӣ, азбар намудани воситаҳои фаъолияти донистагирӣ инкишоф ёбанд.

Шахсияти бачагон – ин системаи яклухти мураккаб мебошад. Дар раванди маълумоти мактабӣ хонандагон бояд қисматҳои раванди донистагириро аз худ намоянд:

  1. дар амал татбиқ намудани нақшаи корҳои худ;
  2. ҷустуҷӯи ҷавобҳо ба ҳамаи ин чизҳои нофаҳмо ва номаълум;
  3. ташкили ҷои кории худ, таъмини шароити лозимӣ барои меҳнати фикрии самарабахш;
  4. дарёфти маводҳо барои исботи ҳолатҳои муайян.

Муаллимон ҳангоми кору мушоҳида бо талабагон ақлу заковат ва майлу ҳаваси фавқулоддаи шогирдонро ба ҳисоб мегиранд, ба тарбияву инкишофи онҳо ғамхориҳо мекунанд. Вазифа гузошта мешавад, ки ба хонандагон шароит фароҳам оварда, ҳифзи саломатӣ ва инкишофи ақлию ҷисмонӣ таъмин шавад, шавқу ҳавасашон ба дониш бедор гардад ва одоби муомилаю ҳамкориро бо ҳамсолон донанд. Мазмуни маълумот бояд ба имкониятҳои синнусолии талабагон мувофиқат кунад. Дар акси ҳол аз сабаби ба ҳисоб нагирифтани имконияти талабагон ва зиёд будани маводи таълимӣ сифати таълим паст мегардад.

Раванди таълим имрӯз вазифа мегузорад, ки хусусиятҳо ва майлу ҳаваси ҳар як хонанда ба назар гирифта, дар рафти омӯзиш ба онҳо муносибати махсуси аз дигарон фарқкунанда дастгирӣ гардад.

Салоҳиятнокии шахсият бо кори фаъоли фикрӣ, ҳиссиёт ва ирода алоқаманд аст:

  1. ташаккули раванди фикрронӣ ва ҳисси – иродавӣ;
  2. мустаҳкам намудан ва ташаккул додани қобилият, саъйи иҷрои амалҳои бошуурона.

Ташаккули салоҳиятнокӣ – яке аз масъалаҳои мубрами маълумот ба шумор меравад. Системаи ташаккули салоҳиятнокии мактаббачагон дар рафти дарсҳо дар худ алоқамандии қисматҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. дар хонандагон таъмин намудан шавқу завқ нисбати фаъолияти таълимӣ – ҷустуҷӯӣ;
  2. мундариҷаи фаъолияти таълимӣ – ҷустуҷӯӣ;
  3. ташкили фаъолияти таълимӣ – ҷустуҷӯӣ.

Супоришҳо дар дарсҳо бояд махсусияти вазифаҳоро дар бар гиранд, аз рӯи мазмун ва ташкил бояд фаъолияти таълимӣ – ҷустуҷӯӣ ба ташаккули салоҳиятнокӣ нигаронида шаванд.

Дар ташкили фаъолити таълимӣ – донистагирӣ нақши пешбарандаро омӯзгор мебозад, худбаҳодии хонандаро ба эътибор мегирад, маводи шавқоварро дастрас менамояд, шаклҳои гуногуни фаъолияти коллективонаи хонандагон истифода бурда мешаванд.

Дар охир ҳаминро бояд қайд намудан лозим аст, салоҳиятнокӣ – методи фаъоли таълим мебошад. Барои баъзеҳо – ин шакл ва методи ташкили омӯзиш, барои дигарон – супоришҳои махсус барои иҷрои корҳои мустақилона, барои сеюмӣ – фаъолияти хонандагон, ки бевосита бо иштироки омӯзгор гузаронида мешавад. Ҳамчун методи омӯзиш салоҳиятнокиро бештар бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳо ва ташаккули маҳорат истифода бурда мешавад.

Список литературы

  1. Арзёбӣ дар низоми таълими салоҳиятнокӣ (Дастур барои омӯзгор). Модули 1. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н., Иргашева М., Зиёев Қ. – Душанбе, 2016.
  2. Андреев В.И. Педагогика творческого саморазвития. Инновационный курс. Книга I. – Казань: Изд-во Казанского университета. 1998. 320 с.
  3. Байденко А. Компетенции в профессиональном образовании // Высшее образование в России. – 2004. – № 11.
  4. Банақшагирии дарс дар асоси стандартҳо, китоби дарсӣ ва замимаҳо (Дастур барои омӯзгор). Модули 2. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н., Иргашева М., Зиёев Қ. – Душанбе, 2016.
  5. Зиёев М., Мирзоматов Н., Олимова Ф., Тошбоева З. Усули ҳамкорӣ дар таълими забон ва адабиёти тоҷик. Раҳнамои таълим. Душанбе. – 2010, – 134 с.
  6. Тошева Х.Б. Характеристика особенностей студенческого возраста в психолого-педагогических исследованиях // Вестник Таджикского национального университета. – 2016. – Т. 2, № 3-2. – С. 198-204.

Поделиться

672

Тошева Х. Б. О некоторых особенностях компетентности учащихся в процессе обучения // Динамика гуманитарных и социально-экономических наук в условиях цифровой трансформации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 30 ноября 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 129-131. URL: https://apni.ru/article/7587-o-nekotorikh-osobennostyakh-kompetentnosti

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января