Главная
Конференции
Динамика гуманитарных и социально-экономических наук в условиях цифровой трансформации
Требования к навыкам разговорной и письменной речи на английском языке в школах

Требования к навыкам разговорной и письменной речи на английском языке в школах

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

методика обучения
коммуникативная деятельность
требования к навыкам говорения и письма на английском языке
школы

Аннотация статьи

В статье рассмотрен вопрос изучения требований к навыкам разговорной и письменной речи на английском языке в школах. Отмечается, что письменная речь является одним из 4 столпов коммуникативной деятельности.

Текст статьи

Маълум аст, ки китобат яке аз 4 рукни фаъолияти муоширатӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи талаботи барномаи таълими забони англисӣ хат ва нутқи хаттӣ асосан чун воситаи азбаркунии маводи забони ва инкишофи нутқи шифоҳи бояд омӯзонида шавад. Мутаассифона, имрӯзҳо мушоҳида карда мешавад, ки аксарияти омӯзгорони мо бо хонандагон диктанти имловӣ мегузаронанд ё малакаи нутқи хаттиро объекти назорат қарор медиҳанд, ки ин мухолифи талаботи барномаи таълими забони англисӣ дар мактаби миёна аст. Ба назари мо, корҳои хаттӣ на чун мақсади таълим, балки чун воситаи ташаккул ва мустаҳкам намудани техникаи китобат ва инкишофи малакаҳои муошират бояд гузаронида шавад. Китобат - ин ҷузви нутқи репродуктивӣ буда, чун воситаи хаттӣ ифода кардани фикри инсон хизмат мекунад. Аз сабаби кам будани миқдори соатҳои таълими забони англисӣ ва мураккаб будани қоидаҳои имлои ин забон ба дараҷаи зарурӣ ҳосил намудани малакаи китобат аз имкон берун аст. Бинобар он ташаккули малакаи китобат бо забони англисӣ, билхосса дар шакли нақлӣ-хаттӣ, иншо, реферат, аннотатсия, тақриз ва щайра ба мундариҷаи таълими ин фан дохил намешавад. Китобат мисли ҳарфзани 3 ҷанба дорад: а) барангезандагиву мотиватсионӣ (ваҷҳӣ); б) аналитикиву синтетикӣ; в) амалиёт.

Ҷанбаи барангезандагиву мотиватсионии китобат он аст, ки кас навиштаҷотеро мехонад, ки он ваҷҳи ангезиши фикри ӯ мегардад ва ин ангезиш асоси ҳарфзании минбаъдаи ӯ мешавад. Ҷанбаи аналитикиву синтетикии китобат ҳаминро дар назар дорад, ки барои изҳори фикри ҳосилшуда нотиқ аломатҳои заруриро ҷустуҷӯ ва интихоб намуда, онҳоро ба танзим медарорад ва ба навиштан тайёр мешавад. Ҷанбаи амалиётии китобат - ҷараёни рӯи қощаз овардани фикри ҳосилшударо дар назар дорад, яъне гӯянда образҳои аккустикиро тавассути ҳарфҳо менависад.

Дар илми методикаи таълими забони щайр 2 хосияти китобатро ҷудо мекунанд: Аз лиҳози лингвистӣ навиштаҷот - ин системаи воҳидҳои графикӣ буда, чун воситаи нишонагузорӣ ба образҳои аккустикӣ хизмат мекунад. Тавассути он фикр рӯи қоғаз ё дигар предметҳои навишт сабт мегардад. Нутқи хаттӣ - ин ифодагари фикру андешаҳои шахс дар шакли графики мебошад.

Аз нуқтаи назари методикаи таълим китобат - ин объекти азбаркунии системаи графикӣ ва орфографии забони хориҷӣ буда, барои беҳтару мустаҳкамтар омӯхтани маводи забонӣ хизмат мекунад. Сарчашмаи нутқи хаттиро нутқи шифоҳӣ ташкил мекунад, зеро мавриди чи шифоҳан ва чи хаттӣ ифода кардани фикр механизми тавлиди нутқ як хел аст, ба истиснои он ки дар як ҳолат фикр дар шакли китобат зуҳур мекунад ва дар ҳолати дигар он зуҳуроти аккустикӣ дорад. Китобат бо хониш низ алоқаи зич дорад, чунки дар ҳар ду ҳолат хонанда бо графемаҳо, шакли калимаву ҷумлаҳо сарукор дорад. Ҳангоми қироат хонанда тавассути анализаторҳои биноӣ ва моторӣ графемаҳоро садо мебахшад ё он садоҳоро аз дил мегузаронад.

Дар ҷараёни таълими забони англисӣ китобат нақши калон дорад. Дар ибтидои таҳсил хонандагон ба техникаи навишт ва имлои морфемаю вожаҳо ошно мегарданд ва тавассути машқҳо ба малакаи китобат соҳиб мегарданд. Минбаъд хат барои омӯзиши забони англисӣ чун воситаи муҳими азбаркунии маводи лексики ва грамматикӣ хизмат мекунад. Дар адабиёти илмию методӣ қайд карда мешавад, ки мундариҷаи таълими китобат 2 самтро фаро мегирад. Самти аввал ҷанбаи лингвистии китобат аст, ки он тарзи навишт ва имлои вожаҳову ибораҳоро дар назар дорад. Самти - дуюм - ин ба таври хаттӣ дуруст ифода кардани фикр аст. Ҳамин тавр, мундариҷаи таълими хат аз техникаи китобат ва малакаи хаттӣ ифода кардани фикр иборат аст.

Кулли ақалияи лексикии забони англисиро, ки барои мактаби таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шудааст, аз лиҳози таълими имлояшон ба 5 гурӯҳ, тақсим кардан мумкин аст: Калимаҳое, ки имлояшон ба принсипи фонетики асос ёфтаанд: bed, sit, test, ten. not, pit, pen sell, let, nest, pin, pill, lip, let.

Ба гурӯҳи дуюм вожаҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо ҳарфе мавжуд аст, вале он хонда намешаванд. Мисол: like {laik}, bridge {brid}, when {wen}.

Ба гурӯҳи сеюм вожаҳое мансубанд, ки дар онҳо ду ё се ҳарф як овозро ифода мекунад: car {ka:}, shot {ot}, night {nait}

Ба гурӯҳи чорум калимаҳое дохил мешаванд, ки дар таркибашон якҷоягии 2 садонок ё ҳамсадою садонок як овозро ифода мскунад: ее, еа, оо, ou, оу, ay, ei, ai, oi, wh, wr, aw, au, ew.

Ба гурӯҳи панҷум калимаҳое дохил мешаванд, ки имлои онҳо ба принсипи таърихӣ такя мекунад ва ин боиси мушкилоти зиёди хониш мегардад: one, two, daughter, busy, school.

Ташаккули малакаи китобати дурусти чунин калимаҳо тавассути анализаторҳои биноӣ ва муҳаррикӣ танҳо дар асоси бисёркаратӣ навиштани онҳо ба даст меояд (13, 124).

Бояд баъзе масъалаҳои психологияи азбаркунии забони хориҷиро баррасӣ кард, зеро бе дониши устувор аз психологияи таълими забони хориҷӣ ба даст овардани малака ва маҳорати истифодаи забони хориҷӣ имконнопазир аст. Азбаски фанни методикаи таълими забони хорижиро бо фанҳои забоншиносӣ, психология алоқаи зич доранд, баррасии масоили лингвистӣ ва психологии таълими забони хориҷӣ басо муҳим мебошад. Механизмҳои лингвофизиологии фаъолияти муошират ва робитаи мутақобилаи жанбаҳои гуногуни он шарҳу таъбир мехоҳад. Фаъолияти муоширатӣ аз ду амалиёти мухтор иборат аст. 1) Идрок, 2) Изҳор. Идрок дар ду шакл зуҳур мекунад: шунида дарк кардан ва хонда дарк карданд.

Изҳор низ ду хел ранг мегирад: даҳонӣ ва хаттӣ. Мутаносибан метавон дарк шунавоӣ (шунидор), дарки биноӣ (хондор), гуфтор ва навишторро чун чор рукни робитаманди фаъолияти муоширати зикр кард, ки дар адбиёти русизабон онҳоро «аудирование, говорение, чтение, писҳмо» номгирӣ мекунанд. Ҳар яке аз он чор рукн дорои ҷанбаи физикӣ ва маъновӣ мебошад. Жанбаи физикиро тарафи моддии воҳидҳои забон ташкил мекунад. Масалан, шунидани забон узви шунавоӣ вуқӯъ мепазирад, ё гуфтор бо туфайли узвҳои нутқ амалӣ. Хониш бошад, бо воситаи дидагон рӯи кор меояд.

 Аз ин хулоса мебарояд, ки ҳангоми муошират анализаторҳои гуногун амал мекунанд, ки онҳо чунинанд: анализаторҳои изҳоротӣ ё гуфторӣ, шунида фаҳманда, биноӣ ва муҳарракӣ (ба ҳаракат оваранда). Дар синфҳои ибтидоӣ малакаи китобати бещалати графемаҳо бояд ҳосил карда шавад, ки он тавассути машқҳои гуногун ба даст меояд. Дар марҳилаи дуюм хонандагон бештар ба омӯзиши имлои калимаҳою ҷумлаҳо бояд машщул шаванд.

Список литературы

  1. Рахмонов Э. Маориф – Омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи кишвар, Душанбе, 22 декабри соли 2005.
  2. Раҳмон Э. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси олӣ ва ба маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 26 апрели 2013.
  3. Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ахбори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Шарқи озод. 2003.
  4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014». Асноди меъёрӣ ва ҳуқуқии соҳаи маориф. Душанбе. 2003, №3.
  5. Барномаи омҳзиши забони англисӣ. Мураттибон П.Н. Сатская ва П.Ж. Ҷамшедов. Душанбе. Сарпараст, 2003.
  6. Бим И.Л. Методика обучения иностранным языкам как наука и проблемы школьного учебника. М., 1977. – 200 с.
  7. Выготский Л.С. Избранные психологические произведения. М.,Изд-во 1956. – 234 с.
  8. Гез Н.И. и др. Методика обучения иностранным языкам в средней школе. М.: Высшая школа. 1982. – 373 с.
  9. Грузинская И.А. Методика преподования английского языка. М., 1938. – 120 с.
  10. Пассов Е.И. Коммуникативный метод обучения иноязычному говореную. М.: Просвещение 1991. – 223 с.
  11. Рубинштейн С.Л. Основы общей психологии. М., 1946. – 87 с.
  12. Тсетлин В.С. Неуспеваемость школьников и ее предупреждение. М., Педагогика, 1977. – 221 с.
  13. Усмонов К, Бойматов А. Методикаи таълими забони англисӣ. Душанбе, 2009. – 220 с.

Поделиться

612

Валиева М.., Рашидова Д. А. Требования к навыкам разговорной и письменной речи на английском языке в школах // Динамика гуманитарных и социально-экономических наук в условиях цифровой трансформации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 30 ноября 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 77-79. URL: https://apni.ru/article/7602-trebovaniya-k-navikam-razgovornoj-i-pismennoj

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января