Стилистико-художественные особенности стиля Джерома К. Джерома

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

стилистико-художественные особенности
стиль Джерома К. Джерома
сравнительная литература

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы стилистически-художественных особенностей. Стиль Джерома К. Джерома. Отмечается, что исследуемая тема считается одной из актуальных в сравнительной литературе.

Текст статьи

Муқаддима

Услубшиносии лингвистӣ – қисми нисбатан нави забоншиносӣ мебошад, ки моҳияти онро таҳқиқи услубҳои нутқ, воситаҳои услубӣ ва воситаҳои баёнии забон нисбати муҳтавои ифодагардида ташкил медиҳад. Барои таҳлили воситаҳои забонӣ, бахусус дар услуби нутқи бадеӣ, ҷалби мундариҷа зарур меояд. Маҳз дар ин ҳолат, печдарпечшавии таҳлили лингвистӣ ва адабиётшиносӣ ногузир аст. Хусусияти асосии услуби нутқи бадеӣ дар насри англисзабон образнокӣ ба шумор меравад. Образ, ки тавассути воситаҳои забонии гуногун офарида мешавад, дарки эҳсосии ҳақиқатро ба вуҷуд меорад ва ба ин васила барои офаридани таъсири дилхоҳ ва таассур ба сухани гуфташуда мусоидат мекунад. Ҷером К. Ҷером (1859-1927) – нависандаи англис, муаллифи романҳо, песаҳо, ҳикояҳо, ки дар онҳо бо зарофати ҳалиму аксар вақт риққатовар оиди одамони бетолеъ нақл мекунад. Асарҳои Ҷером К. Ҷером саршор аз зарофати зиндадилона мебошад. Нависанда аз тарзи зисти косибон, хизматчиёни қаторӣ хуб воқиф буд. Образи дӯстдоштаи ӯ – намояндаи буржуазия, шахсе мебошад, ки умеди бозпас гардонидани амволи аз даст додааш, сарватманд шуданшро дар дил мепарварад. Ӯ боварии комил дорад, ки дер ё зуд барои азобу машаққатҳо ва некӯкориҳояш ӯро подош интизор аст. Лекин асари машҳуртарини нависанда “Се мард дар заврақ” маҳсуб меёбад.

Қисми асосии мақола

Аввалин маротиба он соли 1889 нашр шуда, аз ҳамон вақт, қариб ҳар сол аз нав бо теъдоди зиёд дар Англия ва Амрико чоп мегардад. Дар муқаддимаи ҳазломез ба нашри соли 1909 муаллиф мегӯяд, ки худи ӯ дар асараш он афзалиятҳо ва ҷиҳатҳоеро, ки сирри мақбули ом шудану муваффақияти беназирро ба даст овардани онро шарҳ медода бошад, пайдо карда наметавонад. Ӯ менависад: “Ман китобҳоеро, ки ба назари банда пурмазмунтар буданд, ва китобҳоеро, ки ба назари банда хандаовартар буданд ба табъ расонидаам. Аммо хонандагон исроркорона маро ҳамчун муаллифи повести “Се мард дар заврақ” донистанро афзал медонанд” [2, с.114]. Ташбеҳ –ин санъати образноки лексикӣ дар асраҳои Ҷером К. Ҷером яке аз воситаҳои тасвири серистифодтарин мебошад, ки онро муаллиф ҳамчун воситаи барҷастаи таъсирбахш ба кор мебарад. Ташбеҳ ин муқоисаи як ашё бо ашёи дигар бо мақсади тасвири бадеии аввала мебошад. Мисолҳоро дида мебароем: You stand in the centre of the deck, and, as the ship heaves and pitches, you move your body about, so as to keep it always straight; Fears lest he is too good for this world, fears subsequently dismissed as groundless; I used to sit down and look at him, as he sat on the rug and looked up at me.

Дигар воситаи лексикии образнок, ки аз тарафи муаллиф бисёр мавриди истифода қарор гирифтааст перифраз мебошд, ки ҳамчун воҳиди нутқии таркибӣ ба фразеология моил аст. Перифраз (аз periphrasis – нақлкунӣ ) ин ибораи (ё ҷумлаи) тасвирие мебошад, ки ба ҷои ягон калима ё ибора истифода мешавад. Перифразҳо дар асар вазифаи эстетикиро иҷро карда, дар онҳо аксар вақт истиора, тавсиф, лексикаи баҳодиҳанда кор фармуда мешавад. Онҳо ба нутқи бадеӣ тобишҳои гуногуни экспрессивӣ (таъсирбахш) мебахшанд: He opened his mouth to ask someone to help him, and a warm, red river began to gush out and flow into the melting snow. Дар асарҳои Ҷером К. Ҷером тавсиф – ин калима ё ифодаи томе мебошад, ки ба туфайли сохтор ва вазифаи махсуси худ дар матн, маъно ё тобиши маъногии наве касб карда ба калима (ифода) фасоҳат ва пурмазмунӣ мебахшад. Дар мисолҳои зерин дида мебароем: There is a sort of Oh-what-a-wicked-world-this-is-and-how-I-wish-I-could-do-something-to-make-it-better-and-nobler expression about Montmorency that has been known to bring the tears into the eyes of pious old ladies and gentlemen; He was a tall, ascetically thin man with scholarly features, a high forehead and a perpetually sardonic mouth [4, c.101].

Такрор ҳамчун воситаи услубӣ ҷамъбасткунии типикунонидашудаи воситаи ифодаи ҳолати ҳаяҷон мебошад. Мусаллам аст, ки ин ҳолат дар нутқ тариқи воситаҳои гуногун, ки онҳо аз дараҷа ва характери ҳаяҷон вобастаанд, ифода меёбад: Oil and water. And the Stanhopes are the oil; The employees were beginning to speak a little faster, move a little quicker.

Кинояро муаллиф бо мақсади офариниши тобишҳои нафису моҳиронаи модалият, яъне барои зоҳир кардани муносибати муаллиф нисбати фактҳои ҳақиқат истифода мебарад. Дар аксари ҳолатҳо киноя муносибати маънои контестуалии (матнии) калимаро ба маънои мавзӯӣ-мантиқӣ ошкоро аён намекунад: The two men looked completely different and yet, as far as she was concerned, they could have been identical.

Оксюморон – воситаи услубӣ ё ғалати услубӣ – тавъам омадани калимаҳое, ки маънои муқобил доранд. Ба оксюморон истифодаи барқасдонаи мухолифот барои офариниши таъсирбахшӣ, шиддатнокии гуфтор хос мебошад: Tracy got out of the cab and stood at the curb, suitcase in hand, and the next moment she was swept up in the screaming, dancing crowd. It was obscene, a black witches' sabbath, a million Furies celebrating the death of her mother.

Инверсияро муаллиф аксаран ҳамчун як намуди таҳвили барқасдона барои ноил шудан ба таъсирбахшии бадеӣ истифода мебарад: On the floor was an exquisitely patterned area rug, and in a corner was a comfortable damask-covered contour couch.

Бо мақсади таъсири эҳсосотӣ-бадеӣ ба хонанда муаллиф воситаи болоравиро ба кор мебарад, ки моҳияташ аз он иборат аст, ки ҳар гуфтори навбатӣ аз қаблӣ (аз ҷиҳати таъсирбахшӣ) қавитар, муҳимтар, (аз ҷиҳати мантиқӣ) асоситар, (аз ҷиҳати миқдор) зиёдтар мебошад: She would have done anything for him. She would have slept with him, killed for him...

Яке аз санъатҳои серистеъмол – истиора (“маҷоз”, “маънои маҷозӣ”) – дар луғат ба маънии ба орият гирифтани чизе меояд, вале дар адабиёт як намуди маҷоз буда, ба ҷои як калима истифода шудани калимаи дигар мебошад. Дар истиора дар асоси монандии ду ҳодиса, калимае ба худ маънои маҷозӣ мегирад. Бархе аз адабиётшиносон истиораро навъе аз ташбеҳ донистаанд, ки дар он ташбеҳшаванда зикр намеёбад [4, c.25]. Истиора дар матни таҳқиқшаванда аксаран мақсади эстетикӣ дошта, то дараҷаи муайян маънои аввалаи калимаро аз миён мебарад: Her voice was cool and impersonal.

Эвфемизмҳо дар матнҳои мазкур барои ивази калимаҳое, ки дағал ё беадабона маҳсуб меёбанд, ё ба ҷои ҳақорати қабеҳ истифода шудаанд. Баъзан калимаҳои “ғайриадабӣ”, ки нисбат ба дашном, ибораҳои забони халқӣ, жаргонӣ мазмуни манфии камтарро дороянд, ба сифати эвфемизмҳо истифода мешаванд [1, c.48]. Ин имконият медиҳад, то таъсири манфии дашному суханҳои қабеҳ ба матн камтар карда шавад, ҳарчанд дар ағлаби мавридҳо ё аз рӯи эвфемизм ё аз маънои матн, кадом калимаро иваз кардани онро муайян кардан мумкин аст: Homicide? A muscle in his arm twitched involuntarily. He had killed someone. He had broken his promise to her and gone back to the gang.

Дар мақола танҳо якчанд намунаҳои барҷастаи воситаҳои лексикӣ таҳлил гашта, ки дар онҳо муаллиф қаҳрамонҳои асосӣ ва ҳодисаҳои муҳимро тавсиф мекунад. Дар ҷадвали зерин аён мешавад, ки Ҷером К. Ҷером аксар вақт аз санъати ташбеҳ, истиора, такрор ва тавсиф истифода бурда, эҷодиёти хешро пуробуранг сохтааст:

Санъат

Вазифа

Миқдори мисолҳо

Ташбеҳ

Офаридани таъсирбахшии нутқии возеҳ

38

Перифраз

Таъсири эстетикӣ

5

Тавсиф

Ба калима (ифода) бахшидани фасоҳат ва пурмазмунӣ

20

Такрор

Ифодаи ҳолати ҳаяҷон

14

Киноя

Офаридани тобишҳои нафису моҳиронаи модалият

10

Оксюморон

Барои офаридани таъсирбахшӣ, шиддатнокии гуфтор

5

Инверсия

Ноил шудан ба таъсирнокии бадеӣ

5

Болоравӣ

Офаридани шиддатнокӣ дар ҳикоя

8

Истиора

Хусуситяи як ашё ё падидаро ба ашёи дигар аз рӯи принсипи шабоҳат гузаронидан

32

Эвфемизм

Кам кардани таъсири манфии дашному ҳақорат ба матн

6

Муболиға

Тақвият бахшидан ба ифоданокии гуфтор

3

Ҳамагӣ:

 

146

Хулоса

Ҳамин тавр дар мақола таҳлили услуби бадеӣ дар забони англисии муосир дар мисоли асари Ҷером К. Ҷером омӯхта шуда, кӯшиш шудааст, ки хусусиятҳои сабки ин нависандаи тавоно мавриди баррасӣ қарор гирад.

Список литературы

  1. Ахманова О.С., Идзелис Р.Ф. Курс практической стилистики английского языка М.: Просвещение, 1978. 200 с.
  2. Гальперин И.Р. Речевые стили и стилистические средства языка // Вопросы языкознания. 1954. №4. С. 26-28.
  3. Гальперин И.Р. Перевод и стилистика. Сб. Теория и методика учебного перевода. – М.: изд. АПН, 1950. 312 с.
  4. Jerome K.J. Three Men in a Boat (To Say Nothing of the Dog). Moscow: Higher School, 1976. 159 p.

Поделиться

533

Солибоева Ф.., Рашидова Д. А. Стилистико-художественные особенности стиля Джерома К. Джерома // Проблемы и вызовы научно-технологического развития в глобализирующемся мире : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 13 декабря 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 21-24. URL: https://apni.ru/article/7816-stilistiko-khudozhestvennie-osobennosti-stily

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января