Главная
Конференции
Проблемы и вызовы научно-технологического развития в глобализирующемся мире
К вопросу о грамматических единицах эквивалентности и безэквивалентности английс...

К вопросу о грамматических единицах эквивалентности и безэквивалентности английского и таджикского языков

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

сопоставительный анализ
грамматические единицы эквивалентности и безэквивалентности

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы эквивалентности и безэквивалентности грамматических единиц английского и таджикского языков. Отмечается, что исследуемая тема считается одной из актуальных в сравнительной литературе.

Текст статьи

Ҳадафи навиштани мақолаи мазкур доир ба муаммои воҳидҳои грамматикии эквиволентӣ ва ғайриэквивалентии забонҳои англисӣ ва тољикӣ ва таҳлили лакунаҳои маъноии забони англисӣ дар муқоиса ба забони тоҷикӣ дар љанбаи грамматикии он бахшида шудааст. Вобаст ба ин аз намудҳои зиёди номувофиқатии байнизабонии воҳидҳо ба мисли фарқияти услубӣ, ҳиссаи нутқӣ, дохили забонӣ, мутлақ, нисбӣ, грамматикӣ ва ғайра мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифтанд, ки дар мисоли забон англисӣ ва тоҷикӣ таҳлили мегарданд. Ин ҳам бесабаб нест, зеро лакунаҳои маъноӣ дар гурӯҳи умумии вожаҳои бемуодил мавқеи хос ва ҷудогонаро ишғол мекунанд [1]. Дар забоншиносии муосир омӯзиши воҳидҳои эквивалентӣ ва ғайриэквивалернтию лакуна ҳамчун мушкилоти забонӣ аҳамияти хоса ва фарогиреро касб кардааст. Дар асарҳои назариявӣ ақидаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки ҷанбаҳои воҳидҳои эквивалентӣ ва ғайриэквивалентӣ, ба мисли лакуна ва моҳияти воҳидҳои забонро вобаста ба мушкилоти мувофиқати байнизабонӣ фаро мегиранд [7, 4].

Дар ҳақиқат, ҳувияти забон маҳз дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як миллат ашё ва зуҳуроти оламро ба таври хос ном мегирад ва аз тарзу воситаҳои мардуми дигар фарқ дорад. Маҳз "ба таври хос" инъикос гардидани воқеият ба воситаи забон аст, ки воҳидҳои луғавии муайянкунандаи фарқияти забонҳоро тавлид мекунад ва истилоҳҳои мухталиф ба миён мегузорад, ба монанди вожаҳои беэквивалент, холигоҳҳои лағавӣ, "ҷойҳои торик", ки равонии раванди муоширатро халалдор мекунанд [8, с.34]. Барои ишора кардани чунин номувофиқатиҳои забонӣ дар адабиёти илмии англисӣ истилоҳи "gap" (холигӣ) амал мекунад. Вале дар забоншиносӣ ва тарҷумашиносии рус бештар истифодаи истилоҳи "лакуна" ба мушоҳида мерасад [5, с.98]. Вожаи “лакуна” аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои луғавии он “амиқсозӣ” мебошад ва ҳамчун истилоҳ ба “холигӣ, фосила ва набудани ин ё он воҳиди луғавии як забон дар забони дигар ишора мекунад” [7, с. 242]. Аз нигоҳи тарҷумашиносӣ воҳидҳои эквивалентӣ ва ғайриэквивалернтӣ ба монандӣ лакунаҳои маъноӣ гуфта, “мавҷуд набудани мафҳуми мушаххасеро дар забони тарҷума меноманд, ки бо вожа ё ибора ифода меёбад” [2, с.96].

Маводи лакунаҳои маъноии ҷамъоваринамудаи моро аз рӯи мансубияти онҳо ба ҳиссаҳои нутқ баррасӣ кардан ба мақсад мувофиқ аст. Яке аз гуруҳҳои сершумортарини лакунаҳои маъноӣ ба исмҳо ва ибораҳои исмӣ рост меоянд. Қисми зиёди исмҳои содаи бемуодили забони англисӣ дар забони тоҷикӣ бо ду ва ё зиёда калимаҳои маънидод карда мешаванд: promotion – пешрафт дар хизмат, advocacy – фаъолияти ташвиқотию тарғиботӣ, teens – синну соли аз 13 то 19 сола, stupe – компресси (обӣ) гарм, billow – мавҷи бузурги об ва ғайраҳоро доро мебошад. Ҳарчанд миқдоран камтар аз исмҳо, вале лакунаҳои маъноии сифатиро низ мушоҳида кардан мумкин аст: statutory – аз тарафи қонун муайяншуда, alternate як дар миён ивазшаванда ва ғайраҳост.

Мисолҳои калимаҳои содда мавҷуданд, ки на танҳо бо ду ва ё зиёда калимаҳои маънидод карда мешаванд, балки, чунон ки аз маводи фарҳангҳои луғот бармеояд, шарҳи комили мазмунро тақозо мекунанд: debris – харобаҳо, вайронаҳо (он чӣ ки пас аз харобии сохтмон боқӣ мемонад), obituary – 1) рӯйхати фавтидагон, рӯйхати кушташудагон; 2) эълони фавт (дар рӯзномаҳо ва маъмулан бо шарҳи мухтасари зиндагӣ), bizzare – аҷиб, аҷоиб, ғалатӣ, аҷибу ғариб, шигифтовар (аз назари рафтор ё шаклу қиёфа), suffragette – тарафдори ҳаққи раъй барои занон (ҳаракати занон барои гирифитани ҳуқуқи раъйдиҳӣ). Ба ҳайси лакунаҳои маъноӣ ҳамнишинии калимаҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба истилоҳ “лакунаҳои ассотсиативӣ” ё алоқамандӣ ном доранд: breaking news – хабарҳои тозатарин, brain drain – фирори мағзҳо аз кишвар (ба ИМА ва дигар кишварҳо кӯчидани олимон, духтурон ва дигар мутахассисон барои дарёфти шароити кори беҳтар ва музди меҳнати баландтар), gas burner – даҳонае, ки аз он шӯълаи газ хориҷ мешавад, last but not least – охир аз ҳама, аммо на беаҳамияттарин; исман дар охир зикр мешавад, вале аз дигарон камтар нест, silver wedding – ҷашни биступанҷумин солгарди арӯсӣ ва ғайраҳо.

Ҳарчанд исмҳо ва сифатҳо дар нақши лакунаҳои маъноӣ зиёд ба назар мерасанд, вале дар миёни мисолҳои мо воҳидҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба феъл мансубанд. Маънои ин гурӯҳи вожаҳоро низ бо як калима ифода кардан ғайриимкон аст, чунонучи: bleach – ранги чизеро бурдан/паррондан (бо нури офтоб ё моддаи кимиёвӣ), stunt – ҷилваи рушд/пешрафти чизеро гирифтан, боздоштан (аз афзоиш ва ғ.), nibble – газида ҷудо кардан, газида гирифтан, бо дандон пора кардан, flush – ба парвоз даровардан, турондан (дар шикор паррандагонро аз ниҳоногоҳи худ), dandle – ҷунбондан (тифлро рӯи зону ё дар бағал), decant – рехтан (оҳиста, ба ба тавре рехтан, ки таҳнишини шароб ё сирко ва ғ. такон наёбад).

Корбурди вожаи “challenge” дар забони англисӣ аз ин лиҳоз хеле ҷолиб ва назаррас аст, ки ҳамзамон, вобаста ба хусусияти матн ё лаҳзаи гуфтор, ҳам дар шакли исм ва ҳам дар шакли феъл корбаст мешавад. Ин вожа хеле сермаъно аст ва аксарияти маъноҳои он дар забони тоҷикӣ “холигоҳ” доранд: 1) ба мубориза даъват кардан, ситезаҷӯӣ кардан; 2) зери шубҳа гузоштан, мавриди пурсиш қарор додан, мухолифат кардан; 3) рад кардан, қабул накардан (номзадро); 4) талаб кардан (диққат ва ғ.). Чӣ тавре ки мебинем, дар ҳеҷ яке аз ҳолатҳо дар забони тоҷикӣ як феъли якмаъное пешниҳод нашудааст, ки вожаи англисиро иваз намояд. Аз ин лиҳоз, вобаста ба хусусияти контекст ин вожа ба забони тоҷикӣ тарҷумаҳои гуногун дошта метавонад, ки дар аксарияти мавридҳо серкалима хоҳад буд ва берун аз доираи маънидоди фарҳангҳои луғот берун хоҳад рафт. Дар ҳар сурат ин яке аз намунаҳои ғайриодии ҳалли масъалаи тарҷума ба шумор меравад. Гурӯҳи махсуси феълҳои забони англисиии бемуодилро нисбат ба забони тоҷикӣ метавонанд таркибҳои феълӣ ташкил диҳанд, зеро ин навъ феълҳои аз лиҳози дастури забон дар забони тоҷикӣ вуҷуд надоранд ва дар аксарияти мавридҳо барои онҳо аз рӯи таносуби “феъл бо феъл” мувофиқат пайдо кардан ғайриимкон аст: pindown – касеро ба қавл додан водор кардан, perkup – 1) сари худро баланд кардан, гӯшҳои худро тез/сих кардан; 2) маҷ. фукро ба осмон бардоштан, аз худ рафтан, breakin/into – зер карда даромадан, break off – ногаҳон қатъ гардондан/шудан. Чунон ки дар боло зикр гардид, дар аксарияти мавридҳо масъалаи тарҷумаи лакунаҳои маъноӣ бо тарҷумаи тасвирӣ ҳалли худро меёбад. Бо вуҷуди ин, гуруҳи калимаҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки бинобар доштани “холигоҳҳои маъноӣ”, яъне ба гуруҳи вожаҳои бемуодил дохил шудан, ё ба воситаи транскрипсия/транслитератсия тарҷума мешаванд ё айнан ба забони тарҷума мегузаранд. Дар натиҷа ба ҳайси вожаҳои иқтибосӣ амал карда, гуруҳи неологизмҳои забони тоҷикиро то муддате ташкил медиҳанд ва бо мурури замон дар захираи луғавии забон мвқеи худро пайдо мекунанд, масалан: monitoring – мониторинг; team – тим, advocacy – адвокасӣ, scenario – сенария, shortlist – шорт лист, facilitator – фасилитатор, clipboard – клип борд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳангоми истифодаи ин гурӯҳи вожаҳои забони англисӣ дар забони тоҷикӣ ва ҳини луғатнигорӣ кӯшиши иваз кардани онҳо бо ягон вожаи наздикмаънои тоҷикӣ иваз карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир ҳаҷми маводи матнии иттилоотӣ бо забони англисӣ мунтазам меафзояд, ки мо ногузир ба зарурати тарҷумаи мувофиқи он ба забони тоҷикӣ дучор мешавем. Ҳангоми тарҷумаи вожаҳои эквивалентӣ дар раванди тарҷума мушкилие эҷод намешавад, вале душвориҳои асосӣ аз ҳисоби вожаҳои ғайриэквивалентии забон ба миён меоянд, ки лакунаҳои маъноӣ яке аз онҳо мебошанд. Ҳамин тариқ, мавҷудияти шумораи зиёди лакунаҳои маъноии забони англисӣ нисбат ба забони тоҷикӣ собит мегардад, зеро забони англисӣ забони маъмултарин дар ҷаҳон аст ва аз имконоти бештари ифодаи маъноҳои гуногун бархурдор аст, ки дар ҳар ҳолати мушаххас вобаста ба вазъи гуфтор ва хусусияти матн онҳоро бо роҳҳои ғайримуқаррарӣ ва махсуси забони тоҷикӣ ифода кардан мумкин аст.

Список литературы

  1. Быкова В.Г. Лакунарность как категория лексической системологии. Благовещенск, 2003. 364 с.
  2. Иванов А.О. Безэквивалентная лексика: перевод, язык, культура: учеб. пособие. СПб.: Филол. фак. С.-Петерб. гос. ун-та, 2006. 192 с.
  3. Козлова Н.В. Беликова Е.А. Типологически обусловленные лакуны в изучении немецкого и английского языков русскоязычными студентами // Вестник НГУ. Серия: Лингвистика и межкультурная коммуникация. 2010. Том 8. Вып.1. С. 34-44.
  4. Лакунарность в языке, картине мира, словаре и тексте // Межвузовский сборник научных трудов. Новосибирск: Изд-во НГПУ, 2009. 262 с.
  5. Нечаева Е.А. К вопросу о лакунах, безэквивалентных единицах и национальных концептах, экзистенционирующих в терминологии предметной области «Связи с общественностью» // Вестник Балтийского федерального университета им. И. Канта. 2011. – Вып. 2. С. 98-104.
  6. Попова З.Д. Очерки по когнитивной лингвистике. Воронеж, 2001. 189 с.
  7. Сименюк А.А. Лексические трудности русского языка. М., 1999. 242 с.
  8. Сорокин Ю.А. Теория лакун и оптимизация межкультурного общения // Семантика и прагматика текста. Барнаул, 1998. С. 32-37.

Поделиться

527

Махмудова Д. Э., Содикова Р. А. К вопросу о грамматических единицах эквивалентности и безэквивалентности английского и таджикского языков // Проблемы и вызовы научно-технологического развития в глобализирующемся мире : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 13 декабря 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 18-21. URL: https://apni.ru/article/7817-k-voprosu-o-grammaticheskikh-edinitsakh

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января