Главная
Конференции
Проблемы и вызовы научно-технологического развития в глобализирующемся мире
Научные и литературные произведения Насриддина Ходжи Убайдуллы Ахрори Вали

Научные и литературные произведения Насриддина Ходжи Убайдуллы Ахрори Вали

Секция

Исторические науки

Ключевые слова

Факарот
Валадия
Ракаат
Хурайя
Малфузот

Аннотация статьи

Статья посвящена научному и литературному творчеству Ходжи Ахрора Вали в истории духовной культуры Таджикистана. В результате анализа авторы пришли к выводу, что научные и литературные произведения Насриддина Ходжи Убайдуллы оставили очень ценную роль как в Таджикистане, так и в Узбекистане.

Текст статьи

Яке аз бузургтарин мутафафаккири барҷастаи садаи 15-ум олими нуктасанҷ шӯҳратёри ҷаҳон фарзанди фарзонаи Самарқанди фирдавсмакон муршиди сулуки нақшбандия Убайдуллоҳ Хоҷа Аҳрори Валӣ моҳи марти соли 1440 дар Боғистон таваллуд шудааст. Аз сарчашмаҳо пайдост, ки Ҳазрати Эшон дар мактабу мадраса чандон таҳсил накарда ё ба таъбири дигар аз улуми расмӣ кам огаҳӣ доштанд, ба қавли худи Хоҷа Аҳрор «Маҷмўи таҳсили мо аз мисбоҳи наҳв як ду варақ беш нест». Шайхӣ намекард, аммо муридони зиёде дошт. Соҳиби ҳукумат ҳам набуд, вале подшоҳон ва ҳокимони вақт аз ҳайбат ва салобати ў «арақ аз ҷабин мерехтанд ва мутеи фармони ў буданд».

Оиди рӯзгор, осор, сират ва сурати ҳазрати Хоҷа манбаъҳои бонуфуз, ёддошт ва мақомоти пурқимат, гузоришоти пурарзиш фаровон буда, аксари онҳо то замони мо омада расидаанд. Роҷеъ ба шахсияти Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ҳам соҳибони кутуби адабӣ, ирфонӣ тазкираҳо ва ҳам сарчашмаҳои таърихӣ иттилоъ додаанд. Аҳли сўфия ва ҳамзамонон низ дар маноқиб ва хавориқи одоти Хоҷа Аҳрор бо камоли муҳаббат сухан гуфтаанд. Аслан корномаи ҳаёти Хоҷа Убайдуллоҳ шоистаи пайравӣ ва арҷгузорист.

Дар корҳои давлатдорӣ подшоҳону амирзодагонро ба адлу инсоф ва худотарсӣ даъват ба амал овард. Ин ҷанбаи фаъолият Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрорро ҳамчун шахсияти маъруфи сиёсии замони худ муаррифӣ мекард. Аз мўҳтавои ағлаби маноқиб ва хавориқи одот симои маънавии Ҳазрати Эшон пеши назар меояд. Яъне, ин ҷо Хоҷа Аҳрор ҳамчун ориф ва пешвои тариқати бузург шинохта шудааст. Маноқиби Хоҷа Аҳрор аз забони урафои маъруф чунин садо додааст, Хоҷа Алоуддини Ғиждувонӣ гўяд: «Ин на Хоҷа Убайдуллоҳ аст, балки ин Хоҷа Баҳоуддин аст, ки бори дигар ба дунё омада, ба ҳазор камоли зиёда»

Осори Хоҷа Аҳрор ба 3 бахш тақсим шудааст:

  1. Осоре, ки ба таҳқиқ аз Аҳрор аст: Фақарот, Валадия, Рақаъот, Ҳуроия, Малфузот, Расоили мутафарриқи беном.
  2. Осоре, ки ба Аҳрор мансуб шудаааст, аммо ба таҳқиқ нанавишта, ки аз ӯст: Анис-ус-сокин, Тӯҳфатул-Аҳрор, Рисолаи куллиёт.
  3. Осоре, ки ба Аҳрор мансуб шудааст, аммо пас аз баррасӣ, маълум шуд, ки аз ӯ нест: Анфоси Нафиса, Тазкираи Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор, Зуққиёт, Шарҳи ашъори Фусул ҳаким, Садои дил, Нури ваҳдат.

Фақарот: баррасии матн ва мӯҳтавиёт: муаллиф ҳеҷ номе ба он надодааст, аммо чун матолиби пароканда он ба унвони “фақра” аз якдигар мумтоз шудаанд, мутаххирин онро ба унвонҳои Фақароти шариф ва фақароти орифи, хондаанд. Дар ҷое номи он Иршод-ус-соликин низ омадааст.

Агарчӣ муаллиф таърихи нигориш зикр накардааст, аммо қатъан онро пас аз 890-ҳиҷрӣ нигоштааст. Дар он аз маҷлисе ёд мекунанд,ки ба рӯзи ҷумъаи 28-и ҷимодуссонӣ бар лаби ҷӯи аббос мунъақид намудааст. Китоб бо муноҷоти баланд шурӯъ мешавад. Иттилооти иҷтимоӣ ва аҳволи шахсии муаллиф дар китоб камтар дида мешавад. Дар фақрае сухане роҷеъ ба сафари Аҳрор ба Бухоро ва расидани ӯ ба хидмати Мавлоно Ҳисомуддини Шошӣ ба миён омадааст. Ин китоб чӣ аз лиҳози матолиб ва чӣ аз наҳваи баёни бештар равиши иршод талқин дорад. Аҳрор ин рисоларо барои муридон ва шогирдони худ фиристода буд. Бархе аз матолиб ба равиши “агар пурсанд” ва “бигӯ” таҳрир шуда, дар баъзе фақарот хитоб ба “ту” омадааст.

Ҳуроия-осори Ҳуроияи Хоҷа Аҳрор танҳо асаре аст, ки номи нигоранда дар он ба сароҳат омадааст. Ба таваҷҷӯҳ ба таърихи китобат маҷмӯаи расоили ҳамидияи сулаймония, ки нусхаи Ҳуроия дар он қарор дорад ва пас аз ин муаррифӣ хоҳад шуд. Ин рисола қабл аз 878-ҳиҷрӣ 1673-милодӣ таълиф шудааст.

Мусалмонон мусалмонон турке аст яғмойи,

Ки ӯ сафҳои шеронро бидаронад ба танҳоӣ.

Ба пеши халқ номаш ишқ ва пеши ман балои ҷон,

Бало ва меҳнати ширин ки ҷуз бо ӯ наёсоӣ.

Даҳони ишқ механдад, ду чашми ақл мегиряд,

Ки ҳалво сӯхт ширин аст ва нопайдост ҳалвое.

Рисола бо дебочаи кӯтоҳи арабӣ дар ҳамди Худо ва наъти расул (с) шурӯъ мешавад, сипас муаллиф дар сабаби таълиф мегӯяд, ки ӯро ба донистани маонии рубоӣ Абӯсаид бисёр шавқманд буд. Аммо ба воситаи ашғоли куния аз тафаккур ва истикшофи маънии он зуҳулӣ шуда буд. Дар ин ҳангом Амирулумаро Ҷалолиддин Боязид аз баъзе орифони таҳқиқ маънии ин рубоиро хост ва эшон онро нақл карданд. Аммо Хоҷа Аҳрор аз он шарҳҳо мутмаин набуд, ба назари ӯ дур аз фаҳм будааст. Ба ақидаи Хоҷа Аҳрор маънии ин рубоӣ тааллуқ ба руҳ дорад ва ба ҳамин хотир ӯ қабл аз пардохтан ба шарҳи рубоӣ баҳст муфассал роҷеъ ба ғараз ва ғоят тахлиқи арвоҳи инсонӣ мекунад.

Ҳуро ба назораи нигорам саф зад,

Ризвон ба аҷаб монад ва каф бар каф зад.

Як холи сияҳ бар он рахон матраф зад.

Абдол за бим чанг бар мусҳаф зад.

Рақаъот-номаҳо. Мактубҳои ба ашхоси гуногун навиштаи Ҳазрати Хоҷа Аҳрор то ба мо омада расидаанд. Қисме аз онҳо, ки ба унвони Алишери Навоӣ навишта шуда буданд, аз тарафи Навоӣ бо эҳтироми бузург дар маҷмӯаъи мураққаот-мактубот, ки ҳоло бо унвони “Албоми Навоӣ” машҳур буда, дар ганҷинаи донишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст, ҷамъ оварда шудааст. Дар мактубҳои ба номи Алишери Навоии фиристода дар ҳалли ҳама гуна масъала ва илтимосҳо ҳамеша аз нуқтаи назари “фақиреро боре наҷот бояд ва фараҳе ба дили ӯ расад”. Ба ғайр аз ин ба дигар масъалаҳои муҳим низ дахл карда мешавад. Аз ҷумла ғамхорӣ оиди фарзандони дар Ҳирот буда Алии-қушчи ва ғайра.

Хоҷа Аҳрор дар нигориши шарҳ аз оёт ва аҳодиси ақвол ва ашъори бузургон истифода кардааст. Агарчи ин рисола аз дидгоҳи аломатпардозӣ дар ирфон аст, аммо дар он нуктаи забонӣ дида шуд, ки тазаккури он бефоида нест. Муаллиф дар ҷумлаи феъл мутаадди “дононидон” – ро ба маънӣ аз пеш огоҳ кардан ба кор бурдааст. Имрӯз ин гуна корбурди феъли мутааддӣ фаромӯш ва тарк карда шудааст.

Аз пайи ин айшу ишрат сохтан,

Сад ҳазорон ҷон бибояд бохтан.

***

Ҳар лаҳза ба сурате рухи дӯст бубин,

Дар оинаи рӯи ту ҳамон рӯст, бубин.

Ту дида надорӣ, ки ту набинӣ ӯро,

Вар не, зи сарат то қадамат ӯст бубин.

Ҳамин тариқ аз осор ва гуфтор маълум мегардад, ки Ҳазрати Хоҷа Аҳрор на танҳо дар соҳаи сулуки нақшбандия, балки вобаста ба маҷрои пандомӯзии он маълумоти шоиста дошта, онҳоро барои тарбияи зоҳир ва ботини инсон масруф кардааст. Ӯ дар осори таълимоти Баҳоваддини Нақшбандия, Хоҷа Маҳмуди Порсо, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Саъдуддини Кошғарӣ ва дигарҳоро давом дода, оиди масъалаи “Зикри дил” мулоҳизаҳо рондааст. Дар ҳаёти иҷтимоӣ бошад, манфиатҳои аҳли ҳунар, зироат ва тиҷоратро дастгирӣ намуда, баҳри ин бо салоти ва умаро наздик шуда, онҳоро ба адлу осоишу андешанок будан, тарғиб кардааст. Аз ин ҷост, ки дар осори аксар мӯътақидони шӯҳратманди ӯ ин равия устувор аст. Абдураҳмони Ҷомӣ дар бисёр асарҳои худ ҳазрати Хоҷаи Аҳрорро ном бурда, ҳатто достони “Тӯҳфат-ул-аҳрор” – ро ба ӯ бахшидааст.

Список литературы

  1. Аҳвол ва суханони Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор / Ба тасҳеҳ ва бо муқаддимаву таълиқоти Орифи Навшоҳӣ. – Теҳрон, 1380. – 746 с.
  2. А. Қурбонов. Адабиёти тасаввуф Душанбе, 2011 – 345 с.
  3. Валихоҷа, Ботурхон. Хоҷа Аҳрори Валӣ -Самарқанд: Суғдиён, 1992. – 61 с.
  4. Джамал-ал Карши Ал-Мулхакат би-с-Сурах Введение, перевод с арабского и персидского, текст, факсимиле и комментарии и указатели Ш. Вахидова, Б. Аминова. Алматы: Дайк-Пресс. 2005. – 410 с.
  5. Набиев А. Адабиёт ва нақди адабӣ. Валихоҷаев Б. Рашҳаи қалам. – Душанбе. Адиб, 1993.
  6. Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш зери назари Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев. – Душанбе: Империал групп, 2004. – 594 с.

Поделиться

428

Буховадинова Т. И., Исомитдинов Ҷ. Б. Научные и литературные произведения Насриддина Ходжи Убайдуллы Ахрори Вали // Проблемы и вызовы научно-технологического развития в глобализирующемся мире : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 13 декабря 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 28-31. URL: https://apni.ru/article/7821-nauchnie-i-literaturnie-proizvedeniya

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января