Главная
Конференции
Проблемы и вызовы научно-технологического развития в глобализирующемся мире
Место Ходжи Ахрора Вали в истории духовной культуры Таджикистана

Место Ходжи Ахрора Вали в истории духовной культуры Таджикистана

Секция

Исторические науки

Ключевые слова

Насриддин Убайдулла Ходжа Ахрори Вали
нравственно-просветительское мнение
нравственное воспитание

Аннотация статьи

Статья посвящена рассмотрению места Ходжи Ахрора Вали в истории духовной культуры таджиков. В результате анализа авторы пришли к выводу, что Ходжа Ахрор оставил очень ценную роль как в Таджикистане, так и в Узбекистане.

Текст статьи

Дар таърихи тамаддун ва тафаккури Мовароуннаҳр шахсони бузург ва шӯҳратманд зиёд буданд, вале рӯзгор, осор, сурат ва сирати на ҳамаи онҳо ба тарзи бояду шояд омӯхта шудаасту осорашон интишор гардидааст. Зеро то ин дам аз хазинаи бои тамаддун ва тафаккур танҳо он ҷавоҳиротро гирифтем, ки онҳо ба қолаби ғоявии омӯхтани мероси ниёгон мувофиқ ва муносиб дониста шудаанд.

Самарқанди фирдавсмонанд на танҳо бо осори меъморӣ ва ҳунарии аҳамияти таърихӣ, балки инчунин бо ҳунармандони гулдаст, олим ва шоирони нозукбаён, фозилон ва мутафаккирони забардаст, фуқаҳо ва уламои адолатнишон низ шӯҳрати ҷаҳонӣ ва мартабаи азим дорад. Самарқанди куҳан ва бошандагони арҷмандаш онҳоро ҳамеша эҳтиром ва бо сарбаландӣ пос медорад. Дар ҳамин қатор чанд ҷойҳо ҳастанд, ки ба номи Хоҷаи Аҳрор ёдовар шуда ва ё ба ӯ нисбат дошта, ҳоло низ ҳамин тарз вирди забонҳост, масалан, дарвозаи Хоҷа Аҳрор, деҳаи Хоҷа Аҳрор, масҷиди Хоҷа Аҳрор, мадрасаи Хоҷа Аҳрор ва амсоли инҳо [1, c.14].

Дурри рахшони таърихи тафаккур ва шахсони маъруфи дорои шӯҳрати ҷаҳонӣ ва файласуфи садаи IX ҳиҷрӣ муршиди сулуки нақшбандия Убайдуллоҳ Хоҷа Аҳрори Валӣ буд, ки оиди ин шахси мӯътабар ақида ва сухан ронем. Баъзеҳо чунин ақида доштанд, ки гӯё фоҷиаи марги олими бузурги садаи XV Мирзо Улуғбек бо фатвои бевоситаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ба амал омаддаст ва боиси хароб гардидани расадхонаи Мирзо Улуғбек низ Хоҷа Ахрори Валӣ аст. Илова бар он ин гуна шахсон таъкид мекарданд, ки Хоҷа Аҳрори Валӣ мол ва боигарии бисёреро ҷамъ намуда, ба истисмори аҳли меҳнат сахт камар бастааст ва ғайра. Гурӯҳи дигар ба тарафдории фаъолияти Хоҷа Аҳрори Валӣ ва хизматҳои барҷастаи ӯ дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии садаи XV мебаромад. Вале ин гуна фикрҳо ба эътибор гирифта намешуд ва ё баён кардани онҳоро раво намедонистанд. Ҳамин тариқ дар садаи XX ҳам дар баҳо додан ба мавқеи нақшбандия ва мақоми намояндагони забардасти он Хоҷаи Аҳрор ду равия яке, холисона дар асоси манбаъҳои мӯътамад ва дигаре ғаразона дар асоси ақидаҳои замонасозонаи ғайриилмӣ мавҷуд буд. Ниҳоят аз солҳои 80-уми асри ҷорӣ равияи холисона баҳо додан ба мавқеи нақшбандия ва намояндагони он пурқувват гардид ва ҳоло ин равия бо роҳи ҳақиқат идома дорад [3, с.45].

Суол ба миён меояд, ки дар асл Хоҷа Аҳрори Валӣ кӣ буд? Чаро аз замони ҳаёт то ин дам, яъне зиёда аз 500 сол номи эшон бо эҳтиром вирди забонҳост? Чаро нобиғаҳои аср Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, Низомиддин Мир Алишер Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Ҳазрати Хоҷаи Қосонӣ-Махдуми Аъзам ва авлоди ӯ худро мӯътақид ва иродатмандони эшон мешумориданд? Чаро олими намоён, устоди донишгоҳи Санкт-Петербург Александр Николаевич Болдирев муште аз хоки мақбараи Хоҷа Аҳрори Валиро табаррукан ба зодгоҳаш бурд? [3,49].

Ҳангоми мулоҳиза рондан нисбати Хоҷа Аҳрори Валӣ ингуна суолҳо посухҳои худро металабанд. Оё оиди рӯзгор, сурат ва сират, осор ва фаъолияти ҳазрати Хоҷа Аҳрори Валӣ бурҳони қотеъ, манбаъҳои боэътимод дорем ё не?

Бале,оиди рӯзгор,осор,сират ва сурати ҳазрати Хоҷа манбаъҳои бонуфуз, ёддошт ва мақомоти пурқимат, гузоришоти пурарзиш фаровон буда, аксари онҳо то замони мо омада расидаанд. Роҷеъ ба шахсияти Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ҳам соҳибони кутуби адабӣ, ирфонӣ тазкираҳо ва ҳам сарчашмаҳои таърихӣ иттилоъ додаанд. Аҳли сўфия ва ҳамзамонон низ дар маноқиб ва хавориқи одоти Хоҷа Аҳрор бо камоли муҳаббат сухан гуфтаанд. Аслан корномаи ҳаёти Хоҷа Убайдуллоҳ шоистаи пайравӣ ва арҷгузорист. Аз сарчашмаҳо пайдост, ки Ҳазрати Эшон дар мактабу мадраса чандон таҳсил накарда ё ба таъбири дигар аз улуми расмӣ кам огаҳӣ доштанд, ба қавли худи Хоҷа Аҳрор «Маҷмўи таҳсили мо аз мисбоҳи наҳв як ду варақ беш нест». Шайхӣ намекард, аммо муридони зиёде дошт. Соҳиби ҳукумат ҳам набуд, вале подшоҳон ва ҳокимони вақт аз ҳайбат ва салобати ў «арақ аз ҷабин мерехтанд ва мутеи фармони ў буданд» [4, с.56].

Насриддини Убайдуллоҳ, маъруф ба "Хоҷаи Аҳрор" аз бузургони маъруф, муҳим ва бонуфузи усули нақшбандия дар Мовароуннаҳр (Марказӣ) аст. Агарчи дар тасаввуф назарияи наве пешниҳод накардааст ва бештар зери таъсири ақидаҳои Ибни Арабӣ қарор гирифта буд, вале таъсири иҷтимоӣ ва сиёсии ў боиси густариши равияи накшбандия дар Осиёи Миёна ва сарзаминҳои ҳамсоя гардид. Хоҷаи Аҳрор дар моҳи Рамазони соли 806 ҳиҷрии қамарӣ тибқи моҳи марти соли 1440 дар Боғистон таваллуд шудааст, Падаронаш ҳама аҳли илму дониш буданд ва ҳамнишини аҳли адаб буданд.

Ривоят мекунанд, ки Хоҷа Аҳрор дар замони ҳукмронии домоди Мирзо Улуғбек мирзо Абдулло бо кадом масъалае ба Самарқанд меояд ва дарбориён ба вохӯрдани ӯ бо мирзо Абдулло роҳ намедиҳанд. Хоҷа Аҳрор ноумед ба Шош баргаштааст. Бинобар оиди ин ки Хоҷа Убайдуллоҳ боиси фоҷеаи Мирзо Улуғбек гаштааст, ҳуҷҷати боэътимод дар даст надорем аз тарафи дигар Хоҷа Аҳрорро чун харобгари расадхонаи Мирзо Улуғбек донистан асоси таърихӣ надорад. Зеро расадхона дар солҳои 1465-1469, ки Низомиддин Мир Алишер Навоӣ дар Самарқанд буд, дар солҳои 1497-1501, ки Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар Самарқанд буд мавҷуд буд ва дар “Бобурнома”-и Бобур Мирзо тавсифи ин расадхонаи олӣ басо хуб тасвир ёфтааст. Пас суоле ба миён меояд, ки агар Хоҷаи мо ӯро хароб карда бошад, Алишери Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур чаро дар осори худ ӯро ба хубӣ васф кардаанд. Магар онҳо фарқи расадхонаро аз дигар иморатҳо намедонистанд? Магар чунин гуфтаҳои Мир Алишер Навоӣ “Расад ким боғламиш зеби ҷаҳондур” [4, с.23]. (Расад, ки сохтааст зеби ҷаҳон аст). далели кофии мавҷудияти ин зеби ҷаҳон нест? Мувофиқи гузоришоти олимон, аз ҷумла Асомиддин Ӯрунбоев шогирд ва дӯсти Мирзо Улуғбек то соли 1470 дар Самарқанд дар ҳавлие,ки дар нади мадрасаи сафеди Хоҷа Аҳрор буд зиндагӣ кардааст. Агар Хоҷа харобгари расадхона мебуд, барои зиндагии Алӣ Қӯшчӣ муқобилият намекард? Ҳамин тариқ, Хоҷа Аҳрор дар ақидаи мо ба фоҷиаи Мирзо Улуғбек ва хароб шудани расадхонаи ӯ дахле надорад [4, с.56].

Чихеле, дар боло зикр гардид, нисбати ҳазрати Хоҷа Аҳрор боз чораҳои дигар низ андешидаанд, яъне барои бадном ва беобруй сохтани ӯ воизон ва дарвешонро ба кор андохтаанд, кӯшишот бе натиҷа монд ва бар акси он эътибор ва мақоми ҳазрати Хоҷа Аҳрор бенихоят афзуд дар садаҳои баъдина оиди рӯзгор, сират ва сурати хазрати Хоҷа ақидаҳои мусбат бештар пахш гардиданд. Аммо аз ибтидои садаи ХХ сар карда нисбати фаъолият ва макоми ҳазрати Хоҷа нуқтаи назари танқидӣ боз оғоз меёбад [6, с.100].

Яке аз ҳассостарин дар сайри воқеии зиндагонии Убайдуллоҳи Валӣ доштани амлок ва амволи бе ҳадду ҳисоби ӯст. Кошифӣ дар бораи амлоки Аҳрор менависад: “Мол ва манол амлоки ҳазрати эшон аз ҳадди андоза афзун ва аз доираи ҳисоб аз шумор берун” [6,110]. Хоҷа Аҳрор ба далели мавқеият ва маҳбубияти иҷтимою маънавии худ мавриди ҳасад ва иноди бархе муосирон қарор гирифт. Пас аз қатли султон Абӯсаид, ки пуштибони Аҳрор буд, иддае ба мухолифати Аҳрор бапохостанд. Ин мухолифат то ҳадди орзуи марги Аҳрор ва сӯи қасд ба ҷони ӯ қарор гирифт. Мухолифони ӯ мухолифати худро бо фарзандон ва пайвандони Аҳрор ҳам идома доданд. Султон Маҳмудмирзо писари Абӯсаид вақте ба муҳосираи Самарқанд рафт, Аҳрор ба ӯ нома навишт ва ӯро аз ин кор боздошт намуд. Мухолифи сарсахти Аҳрор дар Самарқаанд шахсе бо номи Хоҷа Мавлоно буд [5, с.26]. Аммо ин шахс қабл аз иқдом дастгир шуд ва эътироф кард,ки “се навбат ҳазрати эшон Аҳрор танҳо маро пеш омаданд, ҳарчанд саъй карданд, ки даст ба камон ва тир ва шамшер бурда ба касди эшон бикунанд, натановистам”. Хоҷа Мавлоно то охирин нафас аз мухолифати Аҳрор даст барнадошт ва фақат дар ҳолати эҳтизор ба воситаи Мавлоно Муҳаммад муаммое аз Аҳрор узри кӯтоҳе хост ва гуфт: “ҳарчи кардам ба муқтазои нафас кардам”. Аҳрор ҳам аз тақсироти ӯ гузашт. Яке аз шайхи Тошканд ҳам бо Аҳрор мухолифат дошт [5, с.34].

Ҳамин тавр Насриддин Убайдуллоҳи Валӣ ба вақти намози хуфтан рӯзи ҷумъа 29-рабиулаввал 895-ҳиҷрӣ/19 феврали 1490-мелодӣ дар яке аз деҳаи Самарқанд ки дар доманакӯҳи ҷанубии Самарқанд воқеъ аст, даргузашт. Аҳмад Мирзо подшоҳи Самарқанд, наъши ӯро дар рӯзи шанбе дар маҳфа ниҳода ба шаҳри Самарқанд интиқол доданд. Ҳамон рӯз ба ҳузури осу хос дар маҳутаи Молаён намози майит хонда шуд. Убайдуллоҳро дар қарияи Хоҷа Кафшери Самарқанд дафн карданд.

Список литературы

  1. Аҳвол ва суханони Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор / Ба тасҳеҳ ва бо муқаддимаву таълиқоти Орифи Навшоҳӣ. – Теҳрон, 1380. – 746 с.
  2. А. Қурбонов. Адабиёти тасаввуф Душанбе, 2011 – 345 с.
  3. Валихоҷа, Ботурхон. Хоҷа Аҳрори Валӣ -Самарқанд: Суғдиён, 1992. – 61 с.
  4. Джамал- ал Карши Ал-Мулхакат би-с-Сурах Введение, перевод с арабского и персидского, текст, факсимиле и комментарии и указатели Ш. Вахидова, Б. Аминова. Алматы: Дайк-Пресс. 2005. – 410 с.
  5. Набиев А. Адабиёт ва нақди адабӣ. Валихоҷаев Б. Рашҳаи қалам. – Душанбе. Адиб, 1993.
  6.  Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш зери назари Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев. – Душанбе: Империал групп, 2004. – 594 с.

Поделиться

597

Буховадинова Т. И., Исомитдинов Ҷ. Б. Место Ходжи Ахрора Вали в истории духовной культуры Таджикистана // Проблемы и вызовы научно-технологического развития в глобализирующемся мире : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 13 декабря 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 25-28. URL: https://apni.ru/article/7822-mesto-khodzhi-akhrora-vali-v-istorii-dukhov

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января