Главная
Конференции
Развитие социально-гуманитарного знания: новые направления и перспективы
Некоторые теоретические взгляды на методику обучения иностранным языкам

Некоторые теоретические взгляды на методику обучения иностранным языкам

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

концепция чтения
самостоятельная работа учащихся
учебный процесс
урок
мультимедийные средства

Аннотация статьи

В данной статье речь идет о развитии у учащихся навыков посредством использования современных методов обучения. Приводя результаты анализа по исследуемой теме, авторы статьи приходят к выводу, что такие способы и методы помогают учащимся быстрее и лучше понимать текст, а также обогащают словарный запас.

Текст статьи

Муқаддима

Забони англисӣ яке аз забонҳои пешрафтаи ҷаҳон ва байналхалқӣ буда, ҳоло дар тамоми мактабҳои ҷумҳуриамон ҳамчун воситаи муошират омӯзонида шуда истодааст. Муоширати шифоҳӣ – шунидан ва суханронӣ кардан ва муоширати хаттӣ бошад, хондану навиштанро дар бар мегирад. Ташаккули малакаҳои нутқӣ дар дарси забонӣ англисӣ бо ёрии воситаҳои гуногун амалӣ мешавад. Таълими хониш яке аз унсурҳои муҳимтарини забони англисӣ дар мактаби миёна ба шумор меравад [1].

Дар ҷомеаи иттилоотии доимо инкишофёбанда бошад, нисбат ба дарк ва коркарди ахборот, ки ҷараёни он аз ибтидои асри XXI ба таври назаррас афзоиш ёфта истодааст, талаботи баланд гузошта мешавад. Дар ин ҷода хониш, муҳимтарин ва дастрастарин роҳи ба даст овардани маълумот, новобаста аз синну сол ва дониш ба ҳисоб меравад.

Ба ҳамагон равшан аст, ки хониш дар ташаккули шахсият аҳамияти калон дорад. Хондани китоб инчунин фаъолияти майнаи сарро беҳтар мегардонад. Дар вақти хониш (нимаи тарафи чапи мағзи сар кор мекунад) инсон ҳодиса ва образҳои гуногуни матнро тасаввур мекунад (ин ҳангом нимаи тарафи рости мағзи сар кор мекунад). Инсон дар баробари завқ бурдан аз раванди хониш ичунин метавонад, қобилияти фаъолияти майнаи сарро инкишоф диҳад. Дар натиҷаи хониш малакаҳои грамматикӣ ташаккул ёфта, захираи луғавии фаъол ва пассивӣ хонандагон бой мегардад.

Дар ҷараёни омӯзонидани забони англисӣ дар мактаби миёна, раванди хонишро дар навбати аввал талабагон ҳамчун манбаи иттилоот ва дуввум барои хубтар дарк намудани нутқ ва маводи забон онро азхуд кунанд. Истифодабарии матн ҳамчун манбаи иттилоот барои бедор намудани шавқу завқ нисбати забони омӯхташаванда шароити зарурӣ фароҳам меорад, ки онро мустақилона амалӣ кардан мумкин аст, чун барои хониш танҳо китоб ё дастгоҳи электронӣ лозим меояд, на ин ки ҳамсӯҳбат ё шунаванда. Дорои маҳорати хонда тавонистан бо забони англисӣ расидан ба мақсадҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва инкишофро воқеӣ ва имконпазир мегардонад. Инчунин ин ба омӯзгор имкон медиҳад, ки дар ташаккули шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфта ва фаъоли ҷомеъа саҳмгузор бошад [5, c.122].

Муҳимтарин параметри таълим, методика- маҷмуи равиш ва усулҳои фаъолияти педагогӣ мебошад ки дар раванди таълим истифода мешаванд. Ҳар як усул афзалиятҳои худро дорад ва то андозаи гуногун ба ин ё он ҷанбаи забон мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, интихоби усули истифодашаванда аз як қатор омилҳо вобастагӣ дорад.

Вобаста ба мақсади омӯзиш, хусусияти таълим, шахсияти хонанда ва ва дигар омилҳо метавонем барои таълими забони хориҷӣ усулҳои зеринро истифода барем:

  • Усули коммуникативӣ – барои таълими нутқи шифоҳӣ натиҷаи баланд медиҳад;
  • Сугестопедӣ – барои бартараф кардани монеаи гуфтугӯии забонӣ мусоидат мекунад;
  • Анъанавӣ – ҳангоми омӯзиши луғат ва грамматика самараи хуб медиҳад;
  • Интенсивӣ – барои ҳарчи зудтар азхуд кардани забон пешбинӣ шудааст.

Усули сугестопедӣ

Усули сугестопедӣ, усули пешинаи таълими коммуникативӣ мебошад. Он дар раванди омӯзиши гурӯҳӣ истифода мешавад ва аз нуқтаи назари ҳамкории коллективӣ асос ёфтааст. Принсипи психологии усули таълими сугестопедӣ принсипи хушҳолӣ ва дар муҳити озод гузаронидани дарс мебошад, ки дар маҷмӯи он ҳазлу шӯхиҳои зиёд, сурудҳо, рубоиҳо ва ғайраҳо дохил карда шудаанд. Дар раванди дарс нутқи забони англисӣ бисёр истифода шуда, тамоми дарс танҳо бо забони номбурда гузаронида мешавад. Ин усул бештар барои рушди қобилияти шунида фаҳмидан ва рафъи монеаи гуфтугӯии забонӣ мусоидат мекунад.

Ҳангоми таълим бо усули сугестопедӣ, ҳар як хонанда ҳамчун вакили Конгресси байналмилалӣ баромад мекунад ва ба худ ном, насаб, миллат ва касби бофта гирифта, дар чорчӯбаи ин саҳна то тамом шудани дарс амал мекунад. Дар раванди дарс иштироккунандагони «Конгресс» мушкилиҳои гуногунро муҳокима мекунанд, ба сайру саёҳат мебароянд, «ҷашнҳоро» қайд мекунанд, харид мекунанд ва дигар корҳои гуногунро ба анҷом мерасонанд.

Усули коммуникативӣ

Усули коммуникативӣ охирин дастоварди бузург дар илми методикӣ ба ҳисоб рафта, таълими забонро ҳамчун воситаи муошират дар раванди муошират фаро мегирад. Усули коммуникативӣ аз чаҳор принсип асос ёфтааст:

  • маълумот;
  • ҳавасмандгардонӣ;
  • ҳамкорӣ;
  • таваҷҷуҳ.

Бо назардошти ин принсипҳо, машғулиятҳое ки бо ин усул гузаронида мешаванд, бо гуногунрангӣ ва фаъолияти нутқӣ фарқ мекунанд. Асоси таълими коммуникативиро корҳои ҷуфтӣ ва гурӯҳӣ ташкил медиҳанд, ҳангоми машғулияти инфиродӣ бошад, кори ҷуфтӣ бо омӯзгор.Агар мақсади омӯзиши Шумо – нутқи шифоҳӣ бошад, усули номбурда интихоби беҳтарин мебошад.

Намунаҳои машқҳои коммуникативӣ:

  • Аз ҳамсуҳбати худ бо забони англисӣ пурсед, ки таътили охиронашро чи гуна гузаронидааст.
  • Ба ҷумлаи зерин розӣ шавед ё онро рад кунед ва фикри худро оид ба ин масъала баён намоед.

Таҳсил дар донишгоҳ дар синни 30 солагӣ дер нест.

  • Се умумиятро дар хислат ва тарзи зиндагии худ ва ҳамсӯҳбататон ёбед.

Методисти англис Майкл Свон, муаллифи китоби машҳури «Курси Кембриҷ» чунин мисол меорад: аз дӯсти худ ном, синнусол ва касбашро пурсед.

Оё ин машқ ба методи коммуникативӣ тааллуқ дорад?

Ба назар чунин менамояд, ки бале, ин машқ коммуникативӣ аст, зеро ин машқ таҷриба кардани савол- ҷавобро дар бар мегирад. Аммо дар асл ин гуна машқ коммуникативӣ нест, чунки дар бораи дӯсти шумо ба шумо хама чиз маълум аст ва бинобар ин дар чунин муколама. Барои шумо маълумот ва таваҷҷӯҳи нав пайдо намешавад.

Усули анъанавӣ

Усули анъанавӣ то пайдоиши усулҳои сугестопедӣ ва коммуникативӣ маъмултарин усули омӯзиши забони хориҷӣ ба ҳисоб мерафт. Омӯзиш бо истифода аз ин усул тавассути фаъолияти мунтазами сохтори грамматикӣ ва лексикии забон амалӣ карда мешавад, ки он аз омӯзиши мунтазами грамматика ва ҳамзамон машқ кардани малакаҳои хониш ва тарҷума иборат аст. Усули анъанавӣ хондан, тарҷума ва такрори матн, саволу ҷавоб, иҷрои машқҳои лексикӣ ва грамматикӣ, баёни мавзӯи муайянро дар бар мегирад. Таълими анъанавӣ таълими экстенсивӣ- яъне аз рӯи вақт тақсим кардашуда мебошад. Ин усул дар таълими грамматика, луғат, хониш ва навиштан натиҷаи баланд медиҳад.

Намунаи машқҳо аз рӯи усули анъанавӣ:

  1. Ҷумлаи зеринро ба шакли ҷумлаи саволӣ табдил диҳед.
  2. Ба саволҳои додашуда ҷавобҳои кӯтоҳ диҳед.
  3. Аз рӯи намунаи зерин ҷумла тартиб диҳед.

Чунин қоидаи универсалӣ мавҷуд аст, ки азхудкунии ягон маълумот танҳо дар ҷараёни фаъолияти муайян имконпазир мебошад. Дар робита бо омӯзиши забони англисӣ, ин маънои онро дорад, ки агар шумо матнҳоро хонед ва тарҷума кунед ё машқҳои сершумор анҷом диҳед, шумо забони гуфтугӯиро азхуд карда наметавонед. Шумо танҳо бо забон муошират кунед, захираи луғавӣ ва грамматикаи дуруст дар шумо пайдо намешавад. Аз ин рӯ, нуқтаи назари татбиқи амалии омезиши усулҳои анъанавӣ ва коммуникативӣ мувофиқ мебошад.

Список литературы

  1. Барномаи омӯзиши забони англисӣ (Барои синфҳои III-XI мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ), Душанбе: Сарпараст, 2003. 250 c.
  2. Бим И.Л. Методика обучения иностранным языкам как наука и проблемы школьного учебника. М., 1977. 300 c.
  3. Гез Н.И. и др. Методика обучения иностранным языкам в средней школе. М., 1982. 450 c.
  4. Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2003.
  5. Усмонов К., Бойматов А. Методикаи таълими забони англисӣ Хуҷанд: Нуъри маърифат, 2009. 250 c.
  6. Шатилов С.Ф. Методика обучения немецкому языку в средней школе. М., 1986. 350 c.

Поделиться

636

Каримова Ш. А., Шамсиддинова Н. Р. Некоторые теоретические взгляды на методику обучения иностранным языкам // Развитие социально-гуманитарного знания: новые направления и перспективы : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 декабря 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 100-103. URL: https://apni.ru/article/7854-nekotorie-teoreticheskie-vzglyadi-na-metodiku

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#50 (232)

Прием материалов

7 декабря - 13 декабря

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

18 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

31 декабря