Главная
АИ #51 (181)
Статьи журнала АИ #51 (181)
Развитие литературы и явления мастерства поэтов Кокандского литературного круга

Развитие литературы и явления мастерства поэтов Кокандского литературного круга

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

Кокандское литературное круг
поэты того периода
литературные жанры
литературные связи

Аннотация статьи

В данной статье исследуются история литературных связей таджикских и узбекских поэтов, влияние узбекской литературы на персидскую литературу, причины развития литературы на двух языках – таджикском и узбекском – в Кокандском литературном круге.

Текст статьи

Роҷеъ ба таъсирпазирии адабиёти ӯзбек аз адабиёти форсӣ адабиётшиносони ватаниву хориҷӣ андешаҳои судманде баён доштаанд, ки барои муайян намудани ташаккул ва таҳаввули равобити адабӣ ва иҷтимоиву сиёсии ин ду халқи ба ҳам дӯст дар мароҳили гуногуни таърихӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд [1-3]. Ба вижа, шарқшиносони маъруф Е. Э. Бертелс ва И. С. Брагинский дуруст таъкид медоранд, ки тадқиқи адибони муштараки мардуми тоҷику ӯзбек муҳим аст, то бисёре аз арзишҳо ва равандҳои адабӣ таҳлилу баррасӣ ва муайян гардад [4, 5]. Равобити шуарои тоҷику ӯзбек низ дар таърихи адабиёти дузабона анъанаи роиҷ буда, дар густариши афкори адабии ин ду қавм нақши муассире гузоштааст.

Ёдоварии ин нукта аз он ҷиҳат муҳим аст, ки Амир Умархон дар нимаи дувуми асри ХVIII ва аввали асри ХIХ маҳз бо пайравӣ ба ҳамин ҳавзаи адабии Ҳирот, ки сарвари ин ҳавзаи адабӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ буданд, ҳавзаи адабии Хӯқандро бунёд гузошт. Маълум аст, ки дар ҳавзаи адабии Ҳирот на танҳо шеъри форсӣ рушд кард, балки таҳаввули шеъри туркӣ низ ба вуқӯъ пайваста буд. Дар ҳавзаи адабии Хӯқанд шоирони зуллисонайн бештар фаъолият доштаанд. Шоир ва тазкиранигори маъруфи дарбори Амир Умархон Фазлии Намангонӣ дар тазкираи “Маҷмӯат-уш-шуаро”-и худ (1822) роҷеъ ба 88 нафар шоири дузабона маълумот дода, татаббӯъ ва ҷавобияи шоиронро ҳамчун намуна меорад. Аз ин гуна ашъори шоирон робитаи адабии байни онҳо маълум мешавад, ки баҳсе роҷеъ ба он дар рисолаи “Маҷмӯат-уш-шуаро”-и Фазлии Намангонӣ ва “Анъанаи тазкиранигорӣ дар адабиёти асри ХIХ ва аввали асри ХХ” ҷараён гирифтааст [11, с.87]. Дар аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ шуаро иртиботи қавии адабӣ дошта, самараи ин ҳамкориҳои адабии онон дар осори мухталифи адабиву таърихӣ ба хубӣ инъикос шудаанд. Дар ин бора тазкираҳои Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Афзалмахдуми Пирмастӣ, Мирсиддиқхони Ҳашмат, Неъматуллоҳи Муҳтарам, Абдуллохоҷаи Абдӣ, Садри Зиё маълумоти арзишмандеро дар бар гирифтаанд.

Дар маҷмуъ, таърихи равобити адабии шуарои тоҷику ӯзбек собиқаи тӯлонӣ дошта, дар таҳаввули ҳар ду адабиёт нақши муассире гузоштааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз масъалаҳои муҳиме низ ҳастанд, ки ба таҳқику баррасии илмӣ ниёз доранд. Ба вижа, адабиёти асрҳои ХVIII ва ХIХ тоҷику ӯзбек, ки дар ҳавзаи адабии Хӯқанд баробар марҳилаи рушдро паси сар карданд, ба таври густарда омӯхта нашудааст. Яке аз сабабҳои бо ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ рушд кардани адабиёт дар ҳавзаи адабии Хӯқанд, пеш аз ҳама ӯзбек будани Амир Умархон мебошад. Мавсуф азбаски забони модарияш ӯзбекӣ буд, дар эҷоди ашъор ба ин забон низ маҳорати хешро таҷриба намудааст. Аз ин рӯ, аксари шуарои зуллисонайн маҳз барои ба эҳтироми Амир сазовор гардидан ашъори туркӣ эҷод кардаанд. Дуввум, омили табиии дигаре, ки ба эҷоди ашъори ӯзбекӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намудани шоиронро ифода менамояд, табиати қаламрави Хӯқанд мебошад. Маълум аст, ки дар ин қаламрав мардуми тоҷик ва ӯзбек сукунат доштанд. Ин мушахассот дар офаридани ашъори тоҷикиву ӯзбекӣ ва ба истилоҳ “адабиёти дузабона” ниҳоят муассир буд. Саввум, омили таваҷҷӯҳи шуаро ба сурудани ашъор бо ду забон нишонаи камолоти шоирӣ маҳсуб мешуд. Шоироне, ки зуллисонайн буданд, эҳтироми хосе дар дарбори Амир Умархон доштаанд. Аз ин рӯ, бо баробари воқеаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ба ду забон эҷод кардани асари бадеӣ дар баробари шоирони ӯзбек дар миёни суханварони тоҷик низ ривоҷ пайдо кард. Аз ҳамин лиҳоз, адабиётшиноси тоҷик Носирҷон Маъсумӣ дуруст таъкид медорад, ки “Ҳамаи ин доираи адабӣ (доираи адабии Хӯқанд - Н. О.) зуллисонайн буданд ва дар ин ҷо адабиёти тоҷику ӯзбек баробар инкишоф меёфт. Аз ин рӯ, адибони ин доираи адабӣ ҳамчун намояндагони адабиёти ду халқи дӯсту бародар – тоҷикон ва ӯзбекон ба ҳисоб гирифта мешаванд” [8, с.97]. Тавре таъкид гардид, дар таҷассуми адабиёти дузабона тазкираи Фазлии Намангонӣ иттилооти фаровонеро дорост. Аз маводи тазкираи мазкур низ бармеояд, ки рушди адабиёти дузабона дар ҳавзаи адабии Хӯқанд, пеш аз ҳама ба фаъолияти Амир Умархон вобастагӣ дорад. Аз мутолиаи ашъори туркии шуарои ҳавзаи Хӯқанд метавон ба ин натиҷа расид, ки мазмуну мундариҷа ва шаклу сохтори шеърҳои шуаро бо ашъори тоҷикияшон умумият дошта, тафовути аслӣ танҳо дар забон мебошад. Барои тасдиқи ин матлаб метавон аз ашъори туркии Ғозӣ мисолҳо овард. Чунончӣ:

Соқиё, паймонаи даврон ғаниматдир бугун,
Дафтари умримда йӯқдур ҳеч тасвири бақо.
Масжиду майхонадин мақсад муяссар бӯлмади,
Равнақи девон қилдим ишқ дарсин ибтидо [
10, с.123].

Ҳатто аз назари сохтори шеър ҳам равшан аст, ки қисмате аз он ба сурати тоҷикӣ баён гардидааст. Дар мисраи аввал танҳо калимаи охирин ва пасванди вожаи қаблӣ бо забони ӯзбекӣ ифода шуда, бахши асосии он сурати комили тоҷикӣ дорад. Ба ибораи дигар, аз рӯи танзими вожагон дар сохтори шеър ҳатто барои хонандаи тоҷик фаҳму маърифати матлаб душвор нест. Дар бораи ин шоир ҳам Фазлӣ ва ҳам тазкиранигорони баъд аз ӯ маълумоти тавсифӣ додаанд. Агар ба мазмун ва мундариҷаи ашъори форсӣ ва туркии мавсуф мурур намоем, маълум мешавад, ки ҳамон матлабҳое, ки дар шеъри форсӣ баён намудааст, дар шеъри туркияш низ ифода ёфтаанд: Чунончӣ:

Қон ютар гулшанда гул рухсори тобонинг кӯриб,
Ғунча жайбин чок эдар гул барги хандонинг кӯриб.
Кокилингдин чӯх урарди зулфи мушк дашти Хутан,
Жам қилди хотирин зулфи паришонинг кӯриб,
Вомиқу Фарҳод ошиқликда таҳсин қилдилар,
Ғозийи мажнуни бепарвову ҳайронинг кӯриб [10, с.312].

Ё:

Олам аҳли айшу ишрат бирла шоду бир нафас,
Мен нечук бахти қародурменки беғам бӯлмадим [
7, с.18].

Ва ё:

Ҳамроҳ менга дарду аламу ситам ӯлмиш,
Ғам маҳраму мунис менга ранжу алам ӯлмиш [
7, с.19].

Ин байтҳо низ дар асл ҳамон ашъори тоҷикии шоир ба шумор мераванд, ки бо андак тағйир барои ифодаи дарду ғами зиндагии шахсӣ баён доштааст. Чунончӣ, дар мақтаи яке аз ғазалҳояш чунин байт ба назар мерасад:

Ғозиё, чист гуноҳам, ки ба ҷуз меҳнату ғам,
Нест кас шому саҳар мӯнису ғамхор маро [
10, с.312].

Дар мавриди шоирони дигари ин ҳавза низ метавон гуфт, ки шеърҳои бо забони туркӣ гуфтаи эшон аксари вақт тарҷумаи ашъори тоҷикии эшон ба шумор мераванд. Ин нуктаро метавон бо назардошти маводи тазкираи Фазлӣ ва дигар тазкираҳои баъдӣ собит намуд. Дар ин тазкира овардани намуна аз ашъори тоҷикӣ ва туркии шуаро чунин ҷараён гирифтааст, ки ифодаи туркии афкори шуарои ҳавзаи Хӯқандро ба намоиш меоварад. Маълум мешавад, ки аз нуқтаи назари афкору андеша ва тасвиру тавсиф шеъри шуарои тоҷикзабон ва ӯзбекзабони ҳавзаи адабии Хӯқанд умумият дошта, танҳо аз назари забон тафовут доранд. Албатта, чунин ҷараён гирифтани равобити адабӣ миёни шуарои тоҷику ӯзбек дар инкишофи баробари шеъри тоҷикиву туркӣ дар ҳавзаи адабии Хӯқанд ва пешрафти ин ду адабиёт нақши муассир гузоштааст.

Маъдан низ аз шуарои бузурги қаламрави Фарғона буд, ки муаллифи “Маҷмӯат-уш-шуаро” дар ҳаққи ин шоири ҳунарманд чунин гуфта буд: “Бувад Маъдан он кони ганҷи сухан”. Эътирофи ҳунари шоирӣ ва суханварии мавсуф аз ҷониби Фазлии Намангонӣ ифодагари мақоми баланди шоирии ӯ дар ҳавзаи адабии Хӯқанд мебошад. Маълум аст, ки мазмун ва мундариҷаи ашъори форсии Маъданро пеш аз ҳама ишқу муҳаббат, васфи рухсори маҳбуба, дарди ҷудоӣ, андӯҳи фироқ, мазаммати нобаробариҳои замон, танқиди шадиди иҷтимоӣ, норизоӣ аз шароити номусоид, танқиди масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ғайра иборат мебошад. Ҳамин мавзӯъҳо дар қолаби ашъори туркии мавсуф низ ифода гардидаанд. Чунончӣ:

Фалак паймонасидин бир зарра лаззат кӯрмаган жоним,
Хароботи карамдиқ томи давлат кӯрмаган жоним,
Кезиб юзминг чаман рангин латофат кӯрмаган жоним,
Ниҳоли ошнолиғдан назокат кӯрмаган жоним,
Жафо чеккан, алам, тортган, ҳаловат кӯрмаган жоним [
10, с.314].

Шоир шиква менамояд, ки он ҷоне, ки аз паймонаи фалак як заррае лаззат надидаст, ҷони ман аст. Ва аз ин дунё ҷоне, ки як мушт давлат надидааст, ин ҳам ҷони ман аст. Ва дар маҷмӯъ ҷоне, ки на ранги латофат аз чамани дунё дидаасту на назокати ниҳоли ошноӣ, танҳо ҷафо кашидаасту заррае ҳаловат надидааст. Метавон таъкид дошт, ки ҳамин гуна бечоранолиҳои шоир, пеш аз ҳама дар ашъори форсии ӯ ҳунармандона ва шоирона ба риштаи тасвир кашида шудааст.

Равшан мегардад, ки дар ҳавзаи адабии Хӯқанд анъанаи зуллисонайнӣ барои ифодаи орзуву ормонҳои ду халқи аз ҷиҳати урфу одат, расму оин муштарак ва аммо аз назари забон гуногун нақши муассир гузоштааст. Амир Умархон ба унвони як меросбари содиқи ду халқи ба ҳам дӯсту бародар барои густариши адабиёти дузабона хидмати мондагоре кардааст. Аз ин рӯ, метавон чунин натиҷа гирифт, ки адабиёти дузабонаи ҳавзаи адабии Хӯқанд идомаи анъанаҳои адабиёти тоҷику ӯзбек аст, ки саромади он дар ин давра Амир Умархон будааст. Дар баробари ин бо ривоҷи суннатҳои хоси шеъри дузабона суханварони ин ҳавза муваффақ бар он шудаанд, ки аз назари сохторшиносӣ ва поэтикӣ бо истифода аз вожагону таркибҳои тоҷикиву ӯзбекӣ як шеваи ҷаззоби суханвариро тарҳ ниҳоданд, ки дарку маърифати матлаб бар асоси он ҳам ба хонандаи тоҷик ва ҳам ӯзбек саҳл гардидааст.

Список литературы

  1. Бабаджанов Б. М. Власть и религия в кокандском ханстве (по сочинениям местных историков). – Автореферат дис. на соискание ученой степени док. ист. наук. – Тошкент, 2011. – 40 с.
  2. Бартольд В. В. История культурной жизни Туркестана / В. В. Бартольд. – Ташкент, 1923.
  3. Бертельс Е. Э. История персидско-таджикской литературы Избранные труды / Е. Э. Бертельс. – Москва: Восточная литература, 1960. – 555 с.
  4. Бертельс Е. Э. Литература на персидском языке ва Средней Азии. Избранные труды: История литературы и культуры Ирана. – Москва: Наука, ГРВЛ, 1988.
  5. Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литературы / И. С. Брагинский. – Москва: Наука, 1972. – 524 с.
  6. Каримов У. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри ХVIII ва аввали асри ХIХ: китоби дарсӣ / Усмон Каримов. – Душанбе: Дониш, 1974. – 187 с.
  7. Қобилова З. Б. Амирӣ ва фаъолияти адабии ӯ. Автореферат барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ. – Тошкент, 2007. – 24 с.
  8. Маъсумӣ, Носирҷон. Адабиёти тоҷик дар асри ХVIII ва аввали асри ХIХ: китоби дарсӣ / Носирҷон Маъсумӣ. – Душанбе, 1962. – 368 с.
  9. Маъсумӣ, Носирҷон. Асарҳои мунтахаб / Носирҷон Маъсумӣ. – Душанбе, 1980. – 320 с. – Ҷ. 2.
  10. Намангонӣ, Фазлӣ. Маҷмӯат-уш-шуаро / Фазлии Намангонӣ. –Тошканд, 1900. – 502 с.
  11. Раджабов Э. И. «Маджмуат-уш-шуаро» Фазли Намангони и традиции составления тазкире в таджикской литературе ХIХ – начала ХХ вв. Автореферат канд. дисс. – Душанбе, 2013. – 25 с.

Поделиться

574

Охунджонова Н. Р. Развитие литературы и явления мастерства поэтов Кокандского литературного круга // Актуальные исследования. 2023. №51 (181). Ч.II.С. 68-71. URL: https://apni.ru/article/7941-razvitie-literaturi-i-yavleniya-masterstva

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января