Главная
АИ #51 (181)
Статьи журнала АИ #51 (181)
Стиль и язык творчества Амири

Стиль и язык творчества Амири

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

поэзия Амира Умар-хана
Кокандское литературное круг
изобразительное искусство
двуязычная литература

Аннотация статьи

В статье обсуждаются стиль и использование слов, новые интерпретации, художественное искусство, создание содержания и смысла, а также поэтическое искусство и новшества Амира Умар-хана.

Текст статьи

Ашъори бузургон, намояндагони адабиёти классикӣ дар баробари он ки маъниҳои баланд ва мазмунҳои бикрро ифода мекунанд, бо пирояи бадеият ҳусну таровати тоза пайдо карда, ба завқу дониши хонанда таъсири бузург мерасонанд. Аз ин ҷост, ки мазмуну шакли бадеӣ дар якҷоягӣ метавонад адабиёти комилро биофарад. Гузашта аз ин, сухан ба тариқе бояд эҷод шавад, ки таъсири худро ба инсон гузошта бошад. Дар ин маврид ба ашъори Амир Умархон назар намоем, санъатҳои бадеӣ фаровон истифода бурда шудааст, ки санъати талмеҳ, ташбеҳ, истиора, суолу ҷавоб, таҷнис, муболиға, тавсиф, сифатчинӣ, ташхис ва ғайра осори ӯро ҳамчун намунаи осори пурғановат муаррифӣ мекунад. Таносуби калом. Меҳвари адабиёти классикии тоҷикро санъати таносуби калом ташкил мекунад. Суханвар дар як байт вожаву иборатеро зикр менамояд, ки онҳо ба ҳамдигар аз назари маънӣ иртиботи қавӣ доранд. Ин пайвастагӣ гоҳо дар зоҳири калимаҳо низ ифода меёбанд.

Амирӣ низ ҳамчун идомадиҳандаи анъанаҳои суханофарии ниёгон кӯшиш мекард, ки ашъораш ҷавобгӯи меъёрҳои адабӣ бошад ва таносуби калом ҷавҳари ҳусну латофат ва назокати шеъри шоирро ифода мекунанд. Истифодаи ин санъатро дар ашъори Амирӣ метавон ба тариқи зайл тасниф кард: Таносуби зоҳирии калимаҳо. Дар ин маврид шоир мутобиқату мувофиқат ва таносуби зоҳирии предмету ашёро риоя мекунад, вале ҳамоно он ба ифодаи маънии тоза ва мазмуни дилнишин мусоидат менамояд. Чунончи дар мисраъҳои зерин Амирӣ вожаҳоеро истифода мебарад, ки ҳамагӣ ба Наврӯз, хушиҳои оғози баҳор марбут аст. «Наврӯз», «тамошо», «гули раъно», «хилъати зебо», «мавсими гул», «бодаи рангин», «соғари зар», «саҳбо».

Наврӯз шуд омад ба тамошо гули раъно,
Пӯшида ба бар хилъати зебо гули раъно [3, c.16].

Амирӣ махсусан ҳини тасвири табиат, ҳолатҳои марбут ба бардошт аз табиат ба корбурди истилоҳот ё таъбироти вобаста ба мавзӯъ ба таносуби калом эътибори ҷиддӣ додааст:

Ниҳоли қоматаш дар боғи даҳр озод мебошад,
Ғуломи қадду рухсораш гули шамшод мебошад [3, с.55].

Вожаҳои байти боло ба ҳамдигар вобастагии зоҳирӣ доранд: Ниҳол ба қомат ва боғ. Ҳамзамон ин вожаҳо бо «қаду рухсор» ва «гули шамшод» рабти бевосита дорад. Вожаи «озод» аз лиҳози муқобилмаънои ба воҷаи «ғулом» таносуб дорад. Ҳатто вожаи «шамшод», ки дар фарҳангҳо ба се маънӣ омадааст: дарахти ҳамешасабз, ки баргҳои хурду анбуҳ дорад; киноя аз қомати мавзун; навъе аз райҳон. Дар байти болоӣ бо шарҳи ҳар се маънӣ таносуби каломро на танҳо тағйир намедиҳад, балки тақвияти маънӣ мебахшад. Дар маънии аввал «шамшод» ба боғ ва ниҳол, дар маънии дувум – ба ниҳоли қомат, боғ, қад, дар маънии сеюм низ ба ниҳол ва рухсор рабти комил пайдо кардааст. Яъне шоир мехоҳад гӯяд, ки қомати боло ва зебои ёр росту баланд, яъне аз ҳама зебост ва қадду рухсори ӯро шамшод ғулом мебошад. Ба иборати дигар, маъшуқа аз ҳамаи мавҷудоти дигар зебову дилкаш аст.

Таносуби каломи шоир дар осораш аз лиҳози мафҳум ва маънии вожаҳо сурат мегирад. Зоҳиран вожаҳо ба ҳамдигар гӯё иртибот надоранд, вале зимнан мафҳумоти таъбирҳову иборот бо ҳам пайвастагии том дорад. Чунончи ба абёти зерин таваҷҷуҳ мекунем:

Шудам бемор баҳри пурсиши ман ёр меояд,
Масеҳо бар сари болини ин бемор меояд.
Камоли ишқи ошиқ мекунад маъшуқро ошиқ,
Ба завқи Кӯҳкан Ширин дар ин кӯҳсор меояд [3, с.59].

Дар байти якум вожаҳои меҳварии «бемор», «ёр» ва «Масеҳо» ҳаст, ки онҳо калимаҳои сарсилсилавӣ маҳсуб шуда, дигар калимаҳо марбут ба ин се истилоҳ мебошад. Ҳарчанд «бемор» ва «болин» таносуби зебои вожаҳоро бар маънии дилнишин ифода мекунад, вале иртиботи батнии «бемор» бо «Масеҳо» пурқувваттар мебошад. Ин қаробати ду калима аз қисса ва муъҷизаи Исои Масеҳ сар мезанад, ки нафаси ҷонбахши ин пайғамбари Худо мурдаро зинда мекунад. Ин иртибот низ аз қиссаи лирикии «Фарҳоду Ширин» сарчашма мегирад ва вожаҳо бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Аз ин рӯ, метавон иртиботи мантиқии онҳоро ба монанди кӯҳкан – Фарҳод, ошиқ – маъшуқ, камол – завқ, мекунад – меояд, кӯҳсор – кӯҳкан (ин ҷо ба маънии канандаи кӯҳ) баён кард. Ҳамин тариқ, ашъори Амирӣ саропо аз назари мантиқ, мазмуну мундариҷа, аносири шаклӣ ба меъёрҳои суннатии қолаби назми тоҷик, ҷавобгӯ буда, махсусан таносуби калом дар ҳамаи ашъораш дар сатҳи бояду шояд риоя гардидааст.

Асмои таърихӣ дар ашъори АмирӣДар ашъори Амирӣ номҳои диниву таърихӣ ва асотирӣ аз қабили Одам, Мӯсо, Исо, Юсуф, Яъқуб, Сулаймон, Хизр, Иброҳим бо истифода аз санъати талмеҳ барои мақсаду мароми ирфонӣ корбурд шудаанд. Ишораҳои Амир Умархон ба номҳои паямбарон ва ашхоси марбут ба таърихи дин барои ифодаи маъниҳои бикр ва мазмунҳои тоза корбурд шудааст. Чунончи дар байти зерин шоир ҳусни маъшуқаро ба ҳусни Юсуф тарҷеҳ медиҳад ва ӯро Юсуфи сонӣ мехонад ва ишорати ӯ ба фурухтани Юсуф алайҳиссалом ва барпо шудани шӯру ғалаён дар бозор аст:

Туйӣ имрӯз дар Мисри муҳаббат Юсуфи сонӣ,
Зи дунё то ба уқбо шӯри бозор аст аз дастат [3, с.40].

Номҳои таърихӣ дар ашъори Амир Умархон бо назардошти таърих ва мазмунҳои қиссавии худ барои мазмунсозиву маъниофарии шоир нақши муассир дошт.

Санъати муболиға. Санъати муболиға дар адабиёти мо ҳамчун меҳвари санъатҳо дар ифодаи фикр, тасвиру тавсиф ва монанди инҳо арзиши баланди бадеиро дорост. Амир Умархон дар яке аз ғазалҳояш бо истифода аз санъати муболиға дар радифи «шиканад» шеъре эҷод кардааст, ки он ифодагари андеша ва тахайюлоти шоиронаи ӯст. Чунончӣ, дар байти зерин:

Қадди мавзунат агар ҷилва кунад дар бӯстон,
Сарв афтад ба замин, қадди санавбар шиканад.
Аҷабе нест гар аз фазли Худованд, Амир
Ба сарангушти хирад қалъаи Хайбар шиканад [3, с.52].

Муболиғаҳои Амир Умархон дар партав ва таъсири сабки ҳиндӣ мазмунҳои тоза ва маъниҳои латифро бозгӯ мекунанд.

Санъати суолу ҷавоб. Дар эҷодиёти Амир Умархон санъати суолу ҷавоб низ ба назар мерасад. Санъати мазкур барои ифодаи эҳсосоти ботинии шоир воситаи хубе ба шумор рафта, дар сурати ба мантиқ нозук ва нуктасанҷона истифода бурдани он вазифаи худро хуб адо мекунад. Санъати суолу ҷавоб дар ашъори Амир Умархон ба ду тариқ мавриди истифода қарор гирифтааст. Якум-дар дохили ғазалҳо шоир дар баъзе аз байтҳо тавассути ин санъат ибрози назар мекунад. Ин ҳолатҳо дар як байт ё се-чаҳор байт ба назар мерасанд. Чунончӣ, дар ғазали бо матлаи «Бурд дил аз дасти ман он санами дилфиреб» танҳо дар мисраи дувум санъати суолу ҷавоб истифода шуда, тавассути он андешаву афкори минбаъдаи шоир иникшоф ёфтааст:

Гуфтамаш: Аз ҳаҷри ту сӯхтам, эй дилрабо,
Гуфт: Туро васли ман шод кунад анқариб [3, с.28].

Ғазали пуррае, ки саропо аз санъати суолу ҷавоб иборат аст, дар пайравии ғазали маъруфи Камоли Хуҷандӣ навишта шуда, шоир дар он обу ранги тозаи бадеиро ҷилва додааст:

Гуфт ёр: Аз ғайри ман пӯшон назар. Гуфтам: Ба чашм,
Баъд аз ин бе парда бар рӯям нигар. Гуфтам: Ба чашм [3, с.181].

Баъзе аз ғазалҳои Амирӣ ниҳоят соддаву равон буда, як андоза оддӣ метобанд. Чунин ба назар мерасад, ки шоир ин гуна ашъорро ба қавле бо шитобзадагӣ ва ба хотири қофиябозӣ эҷод кардааст. Дар муқоиса бо намунаҳои дигари осори Амирӣ ин гуна нигоштаҳо дар сатҳи мутавассит қарор доранд.

Санъати таҷнисДар ашъори Амир Умархон яке аз санъатҳои маъмули адабиёт- таҷнис низ ба чашм мерасад. Чунончӣ, дар ғазали зерин аз таҷниси лафзӣ истифода кардааст. Воқеан, ин навъи санъати бадеӣ дар ашъори Амирӣ таъсирпазирӣ аз табъу истеъдоди Шайх Камоли Хуҷандӣ мебошад. Чунончи дар байти зерин калимаи «хумор» ва «хум ор» дар навишти арабиасос якхела, вале тариқи суханбозии шоир ба маънои мухталиф ифода ёфтааст:

Набвад дигарам тоқати хамёза кашидан,
Хум ор, ки бетобиям аз дарди хумор аст [3, с.43].

Санъати ташбеҳДар адабиёти классикии мо баъди санъати ташбеҳ санъати истиора мақоми бештаре дорад. Зеро маҳз тавассути ҳамин санъат суханварон ҳунари баланди худро ифода карда метавонанд. Дар адабиёт истиора як намуди маҷоз буда, ба ҷои як калима калимаи дигар истифода мешавад. Масалан, аз девони Амирӣ метавон фаровон мисолҳоеро овард, ки он дар заминаи санъати истиора рӯи кор омадааст. Чунончӣ, дар байти зерин «чашм»-ро шоир ба наргиси маст монанд мекунад:

Бо шаҳидон теғи абрӯи ту шодоб дар ситам,
Бо асирон наргиси масти ту саршори ҷафо [3, с.14].

Санъати тазод ва муқобалаДигар аз санъатҳои бадеие, ки дар ашъори Амирӣ бештар ба назар мерасад, тазод ва муқобала мебошад. Ин санъатҳо аз пуртаъсиртарин воситаҳои тасвироти бадеӣ ба ҳисоб рафта, дар он ду фикр муқобили ҳам гузошта мешавад ё ба таъбири дигар сифату хислатҳои ду кас ва ё ду чиз ба таври муқоиса ба ҳам муқобил гузошта мешавад. Чунончӣ, барои ифодаи фикр дар дохили як мисраъ ё як байт ду калимаи ба ҳамдигар зидро истифода мекунад. Чунончӣ, дар байти зерин вожаҳои «гиребон» ва «доман» муқобили ҳам истифода шуда, як маънии латифро рӯи кор овардааст:

Ту бо тавқи вафо нозиву ман бо дидаи гирён,
Туро гул дар гиребону маро дар доман, эй қумрӣ [3, с.237].

Баъзе аз муқобилгузориҳои Амирӣ аз рӯи мазмун ва мундариҷа буда, зимнан хонанда бо дарку маърифати таърихи ин ё он воқеа метавонад онро эҳсос кунад.

Ҳамин тавр, Амир Умархон санъатҳои мухталифро, амсоли тазоду муқобила, таҷнис, ташбеҳ, истиора, маҷоз, такрор, суолу ҷавоб, муболиға ва ғайра ба кор гирифта, ба ин роҳ бадеияти асари хешро тақвият бахшидааст. Бешак, корбурди саноеи бадеӣ ба рифъати ҷанбаи ҳунарии он тавъам омада, сухани шоирро муассир ва мақбул гардонидаанд.

Список литературы

  1. Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Аз хати форсӣ таҳия ва тасҳеҳи Мубашшири Акбарзод. – Душанбе, Адиб, 2010. – 438 с.
  2. Амирӣ. Девон / Амирӣ. – Таҳиягар Маҳбуба Қодирова. - Тошканд: Фан, 1972. – 359 с.
  3. Амирӣ. Девон. Нусхаи хаттии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи 11/92.
  4. Каримов У. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри ХVIII ва аввали асри ХIХ: китоби дарсӣ / Усмон Каримов. – Душанбе: Дониш, 1974. – 187 с.
  5. Қобилова З. Б. Амирӣ ва фаъолияти адабии ӯ. Автореферат барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ. – Тошкент, 2007. – 24 с.
  6. Маъсумӣ, Носирҷон. Адабиёти тоҷик дар асри ХVIII ва аввали асри ХIХ: китоби дарсӣ / Носирҷон Маъсумӣ. – Душанбе, 1962. – 368 с.
  7. Маъсумӣ, Носирҷон. Асарҳои мунтахаб / Носирҷон Маъсумӣ. – Душанбе, 1980. – 320 с. – Ҷ. 2.
  8. Намангонӣ, Фазлӣ. Маҷмӯат-уш-шуаро. – Тошканд, 1900. – 502 с.
  9. Охунҷонова Н.Р. Поэтикаи ашъори шоирони ҳавзаи адабии Хӯқанд (дар мисоли осори амир умархон ва шоирони муҳити адабии ӯ).- Автореф. барои дарёфти дараҷаи илмии номз.и.фил. – Хуҷанд, 2019. – 25 с.
  10. Охунҷонова Н.Р. Роҷеъ ба девон ва ашъори Амир Умархон [мақола] / Охунҷонова Н.Р. // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ). Бахши филологӣ. – Душанбе: Сино, 2016. – №4/3 (203). – С. 244-249.

Поделиться

620

Охунджонова Н. Р. Стиль и язык творчества Амири // Актуальные исследования. 2023. №51 (181). Ч.II.С. 72-75. URL: https://apni.ru/article/7942-stil-i-yazik-tvorchestva-amiri

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января