Главная
АИ #51 (181)
Статьи журнала АИ #51 (181)
Использование коммуникативного метода в обучении грамматике английского языка

Использование коммуникативного метода в обучении грамматике английского языка

Рубрика

Педагогика

Ключевые слова

методика обучения
английская грамматика
коммуникативный метод
учитель

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос использования коммуникативного метода в обучении грамматике английского языка. Отмечается, что исследуемая тема играет ключевую роль в обучении грамматике английского языка.

Текст статьи

Талаботи объективии ҷомеаи муосир дар ҷустуҷӯи роҳу усулҳои беҳтарини ташкили раванди таълим ва вариантҳои бо ҳам алоқаманди мундариҷаи таълим ва сохтори он таҷассум меёбад. Мувофиқи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нақшаи таълимӣ яке аз масъалаҳои муҳими таълими забонҳои хориҷӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои олӣ ташаккули салоҳияти забонии хонандагон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи салоҳияти коммуникатсионии забони хориҷӣ мебошад. Салоҳияти забонӣ маҷмӯи донишҳоро дар бораи қоидаҳои фаъолияти воситаҳои забонӣ дар нутқ, инчунин доштани малакаи истифодаи онҳоро дар мақсадҳои коммуникативӣ пешбинӣ менамояд. Ҷузъи ҷудонопазири салоҳияти забон маҳорат ва тавоноии грамматикӣ мебошад.

Грамматика ҳамон соҳаи забон аст, ки танҳо дар сурати балад будан дар он суханро дуруст ҳисобида мешаваду халос. Мубрамияти омӯзиши грамматикаи коммуникативӣ ба зарурати татбиқи омодагии донишҷӯён ба муоширати байнифарҳангӣ асоснок карда шудааст. Ба ибораи дигар, зарурати зиёд намудани ҳавасмандкунии омӯзиши грамматикаи забони хориҷӣ мавҷуд аст. Ташаккули аз ҷиҳати грамматикӣ дурусти нутқ асосан муваффақияти муоширати байнифарҳангӣ ва ноил гардидан ба ҳамдигарфаҳмии муошираткунанданонро муайян месозад. Грамматикаи коммуникатсионӣ ин танҳо маҷмӯи қоидаву меъёрҳо набуда, балки як низоми мукаммали фаъолият оид ба ташаккул ва рушди малакаҳоест, ки бевосита барои муошират кардан бо забони хориҷӣ мусоидат мекунанд. Дар ташкили методи таълими коммуникативии ба нутқи забони хориҷӣ нигаронидашуда таҷрибаи хеле бой мавҷуд аст (Беляев Б.В. Бим И.П., Зимняя И.А., Леонтьев А.А., Пасов Е.И., Скалкин В.П., Царкова Б. Усмонов К.У., Бойматов А., Алиев С.Н., Абдуллоева М. А.).

Омӯзиши моҳияти грамматикаи коммуникативӣ имкон медиҳад, ки на танҳо таъсири мутақобилаи воҳидҳои забонии сатҳҳои гуногун нишон дода шавад, балки ҳамчунин қоидаҳои интихоби ин воҳидҳо барои ниёзҳои муоширати забонӣ омӯзонида шавад. Масалан, системаи ифодаи водоркунии иҷрои амалро дониста, вобаста ба шароити муошират интихоб кардан мумкин аст. Намояндаи маъруфи методи коммуникативии таълим Е.И. Пасов чун ин меҳисобад, ки муошират аз он иборат аст, ки таълими мо бояд тавре ташкил карда шавад, ки аз рўи сифатҳо ва хусусиятҳои асосии худ ба раванди муошират шабеҳ бошад [4, с.36].

Ҳамчунин устодони ватанӣ аз қабили Усмонов К. ва Бойматов А. дар асари методии худ овардаанд, ки мақсади асосии таълими маводи грамматикии фаъол – ин ташаккул додани чунин малакаи грамматикист, ки он дар нутқи шифоҳии хонандагон таҷассум меёбад [3, с.58]. Дар раванди таълим додани грамматикаи забони хориҷӣ бо усули коммуникативӣ чанд принсипҳои асосии зерин, ки барои сохтани мундариҷаи таълими он кӯмак мерасонад, мавҷуданд:

  1. Ба назар гирифтани шахсияти ҳар як дошнишҷӯ. Яъне, ҳар як шахс аз ҳамдигар бо қобилиятҳои табиии худ, маҳорати ба вуҷуд овардани фаъолияти таълимию нутқӣ ва бо хислатҳои худ, ҳамчун малакаҳои шахсӣ, маҷмӯи фаъолиятҳои кории худ, ки ӯ бо он машғул аст ва асоси робитаи байниҳамдигарӣ бо одамон маҳсуб меёбад, маҷмӯи муайяни шавқу завқ ва эҳсосот инчунин мавқеи муайяни худ дар ҷамъият фарқ мекунад. Таълими усули коммуникативӣ ба инобат гирифтани ҳамаи ин хислатҳои шахсиро дар бар мегирад, зеро танҳо бо ҳамин роҳ шароит барои муошират фароҳам оварда мешавад.
  2. Хусусияти нутқии раванди таълим. Ин принсип дар он таҷассум меёбад, ки роҳи амалии малакаи ҳарфзанӣ ҳамчун воситаи муошират тавассути истифодабарии амалии худи забон анҷом меёбад. Чӣ қадаре ки машқҳо ба муоширати воқеӣ монанд бошад, ҳамон қадар манфиатдор аст. Дар машқҳои нутқӣ маҷмӯаи миқдори зиёди лексика ва грамматика бо роҳҳои мунтазам, оқилона ва бо суръат амалӣ карда мешавад. Ягон иборае нест, ки истифодабарии он дар муоширати воқеӣ маҳдуд бошад [5, с.68].
  3. Функсионалии таълим. Ин принсип пешниҳод мекунад, ки ҳам калимаҳо ва ҳам шаклҳои грамматикӣ дар ҳоли истифодабарии амалӣ зуд аз худ карда мешавад. Масалан: донишҷӯён ягон машғулияти нутқиро иҷро мекунанд, фикрҳоро тасдиқ мекунанд, ба шунидаашон тардид мекунанд, дар бораи чизе мепурсанд, ҳамсӯҳбати худро ба амал водор мекунанд ва дар раванди ин корҳо шаклҳои зарурии грамматикиро аз худ мекунанд. Пас маълум мешавад, ки функсионалӣ маҳз объекти азхудкунии на худи воситаҳои нутқ, балки вазифаҳое мебошанд, ки бо ин воситаҳо иҷро карда мешаванд. Интихоб ва ташкили мавод вобаста ба зарурати ифодаи вазифаҳои муайяни нутқи донишҷӯён сурат мегирад.
  4. Вазъиятнокӣ (ташкили нақши раванди таълим). Аз рӯи принсип яке аз нишондодҳои муҳими вазъиятнокӣ ин интихоб ва ташкили маводи таълим дар асоси вазъият ва масъалаҳои муошират, ки хонандагони ҳар як синну солро ба шавқ меорад ба ҳисоб меравад. Вазъиятнокӣ ин мувофиқати ҳама гуна ибораҳо бо муоширати байниҳамдигарии донишандӯзон бо матни фаъолияти онҳо мебошад. Барои аз худ кардани забон на худи забон, балки олами иҳотакунандаро бо воситаи он забон омӯхтан лозим аст. Вазъият ҳамчун системаи интерактивии серамали иҷтимоӣ буда мақом, нақш, фаъолият ва муносибатҳои ахлоқии субъектҳои муоширатро инъикос менамояд. Он шакли ҳаматарафаи баамалдарорандаи раванди таълим буда, барои таълими стратегия ва тактикаи муошират ҳамчун тарзи ташкили воситаҳо, тарзи пешниҳоди онҳо, тарзи ҳавасмандгардонии фаъолияти нутқ, шарти асосии ташаккули маҳорат ва рушди малакаҳои нутқ, ба ҳайси шарти ҳатмӣ хизмат мекунад [4, с.56]. Хоҳиши суханронӣ дар донишҷӯ танҳо дар ҳолати воқеии таъсиррасонанда ба малакаҳои шахсии гӯянда пайдо мешавад. Мо дар раванди дарсҳои худ метавонем вазъиятҳоеро эҷод кунем, ки дар он хонандагон ҷуфт-ҷуфт ё дар гурӯҳ бо ҳамдигар муошират кунанд. Ин дарсро бештар гуногунранг менамояд.

Яке аз зинаҳои ташаккули малакаи грамматикӣ ин тавассути иҷрои машқҳои созмоние, ки раванди муоширатӣ доранд, амалӣ мегардад. Аслан мақсади асосии ин гуна машқҳо омӯзонидани ҷанбаи созмонии маводи грамматикӣ мебошад, ки он низ бояд хосияти муоширатӣ дошта бошад. Мундариҷаи чунин машқҳо бояд бо назардошти шароити маишиву оилавии ҳар як хонандаи синф тартиб дода шавад [3, с.60]. Чунин намунаи машқҳои механикиеро, ки раванди коммуникативӣ дорад, мисол овардан мумкин аст:

Омӯзгор: Бачаҳо, ҳоло ман ба англисӣ мегӯям, ки чиҳо дорам. Касе, ки чунин чизҳоро дошта бошад, ӯ ҳам бояд ба шарикдарсонаш бо англисӣ мисли ман дар ин бора гуфта диҳад:

Teacher: I have a book in my bag.

Student: I have a book in my bag too.

Teacher: I have a cat in my house.

Student: I have a cat in my house too.

Teacher: I have a table in my study.

Student: I have a table in my study too.

Teacher: I have some money in my pocket.

Student: I have some money in my pocket too.

Бо мақсади ба донишҷӯён омӯзонидани шаклҳои инкорӣ ва саволии қолаби зикршудаи гуфтор мо метавонем машқҳои табодулиро низ гузаронем. Мо пеш аз иҷрои ин навъи машқ ба онҳо чанд ҷумлаҳои инкориро дар қиёс бо ҷумлаҳои хабарӣ меоварем:

Ман ба рӯи миз якчанд предметҳоро мегузорам ва мегӯям:

I have an English book but I have no Tajik book.

I have pen but I have no color pencils.

I have some pens but I have no pencils

I have a penknife but I have no an eraser.

Сониян мо ба иҷрои машқи зерин оғоз менамоем:

Ман акнун ҷумлаҳое мегӯям, ки хато доранд. Шумо бояд онҳоро ислоҳ кунед.

Омӯзгор: I have a handkerchief in my pocket.

Донишҷӯ: No, you have no handkerchief.

Омӯзгор: I have a red pen in my hand.

Донишҷӯ: No. You have no red pen in your hand. You have pencil in your hand.

Бо ҳамин қолаб (I have) аз дигар хонандагон низ талаб менамоем, ки дар хусуси чизҳои бо худ доштаашон нақл кунанд [3, с.62]. Дар ин ҳолат мо одатан нақши дастурдиҳандаро иҷро карда, толибилмонро ба фаъолияти шавқовари муоширатӣ ҳидоят менамоем. Ин фаъолияти шогирдон характери муколамаи воқеиро бояд доро бошад. Чунин машқҳои грамматикии муоширатӣ хеле бисёр ҳастанд ва аз ҷумлаи ин гуна машқҳову бозиҳо китоби нодири профессор Абдуллоева М.А. «Коммуникативные упражнения и игры на английском языке» мебошад, ки мо метавонем онро ҳамчун адабиёти иловагӣ дар давоми дарсҳои худ бевосита истифода намоем. Алъон бошад мехостам чанде аз намунаҳои ин китобро оварда бошам.

Масалан машқи муоширатии муколамавӣ.

Imagine that you are at your friend’s place.

Complete your dialogue

A: There ____ a light switch here. There ____ a telephone here.

B: ____ there a bathroom upstairs?

A: ____ Yes, there ____.

B: ____ there a TV set upstairs?

A: No, there ____ ____. But there ____ a TV set in the living room.

B: ____ there TV programmes for children todey?

A: Yes, there ____ programmes for children every day.

B: ____ there a study upstairs?

A: No, there ____ ____ [1, с. 23].

Хулоса. Дар таълими грамматикаи забони хориҷӣ бояд на танҳо қоидаҳои грамматикӣ, балки машқҳо ва бозиҳо низ иҷро карда шаванд. Ҳар қадаре ки машқҳо ва бозиҳои грамматикии муоширатӣ зиёд иҷро гардад, он бештар малакаи муоширатиро ташаккул медиҳад. Ҳамчунин маводҳои таълимӣ ва машқҳо ба вазияти ва синну соли толибилмон мувофиқат дошта бошад. Бо ҳамин восита донишҷӯён дар рафти дарсҳо ҳавасмандона илм омӯхта, метавонанд дар шароитҳои гуногун фикру андешаҳои худро бо воситаи забони омӯхтаистода бе ягон муаммо ва иштибоҳоти грамматикӣ иброз дошта бошанд.

Список литературы

  1. Абдуллоева М.А. Коммуникативные упражнения и игры на английском языке. – Худжанд: Нури маърифат. 2003 – 84 c.
  2. Звегинцев А.В. Предложение и его отношение к языку и речи. – М., 1976.
  3. Номаи донишгоҳ, илмҳои ҷомеашиносӣ. 3(19) 2009, Усмонов К., Бойматов А. Таълими маводи грамматикии забони англисӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии тоҷикӣ.
  4. Пассов Е.И., Кузовлев В.П. и др. Мастерство и личность учителя (на примере деятельности учителя иностранного языка). – М., 2001.
  5. Упражнения как средства обучения. Часть I-II:учебное пособие / Под редакцией Е.И. Пассова, Е.С.Кузнецовой. – Воронеж, НОУ «Интерлингва». 2002. (Серия «Методика обучения иностранным языкам, №5-6).

Поделиться

544

Гаффорова У. А., Аюбова М. З. Использование коммуникативного метода в обучении грамматике английского языка // Актуальные исследования. 2023. №51 (181). Ч.IV.С. 27-29. URL: https://apni.ru/article/7948-ispolzovanie-kommunikativnogo-metoda

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#41 (223)

Прием материалов

5 октября - 11 октября

осталось 5 дней

Размещение PDF-версии журнала

16 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

29 октября