Главная
АИ #51 (181)
Статьи журнала АИ #51 (181)
Использование активного метода обучения как процесса формирования мышления учащи...

Использование активного метода обучения как процесса формирования мышления учащихся

Рубрика

Педагогика

Ключевые слова

методика обучения
мышление
коммуникативный метод
учитель

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос использования активного метода обучения как процесса формирования мышления учащихся.

Текст статьи

Солҳои охир шароити имрӯзаи ҷомеаи мо, ки дар марҳилаи рушди босуръати илму техника ва ба ҷараёни таълим ворид гардидани технологияҳои инноватсионӣ қарор дорад, аз омӯзгорон ва педагогон такмил ва дарёфти роҳу воситаҳои нави таълиму тарбияро дар ҷодаи рушду инкишофи маънавии шахсияти инсон тақозо мекунад. Бо дар назардошти дигаргун ва пешрафта гардидани чомеаи имрӯза, методистонро зарурият пеш омадааст,ки усулҳои муосири раванди таълимро барои ташаккул ва инкишоф додани фардият ва шахсият ва фароҳам овардани шароите, ки барои инкишофи қобилияти ҳар як хонанда мусоидат мекунад, ба ҳисоб гиранд. Дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти ҷамъият нақши забони хориҷӣ ҳамчун фан, ки ба инкишофи шахсият хизмат мекунад, бузург аст. Омӯзгоронро мебояд ҳангоми таълими фанҳои муосири забони хориҷӣ натанҳо таъмини азхудкунии дониш, маҳорат ва малака (салоҳиятнокӣ) балки ташаккули тафаккури инсон ва инкишофи фаъолияти ӯро низ ба назар гиранд. Ҳангоми таълими фанни забони хориҷӣ ба донишҷӯён истифодаи усулҳои фаъоли таълим: шавқу ҳавси онҳоро нисбати дарс бедор мекунад; ҷаҳонбинӣ ва мустақилияти онҳоро васеъ мекунад; ба андешаронӣ ва озодфикронии онҳо таъсири хуб мерасонад.

Усули фаъоли таълим – усуле мебошад, ки ҳамкорӣ байни омӯзгор ва донишҷӯ ё худ якҷоя амал кардани устоду шогирд аст. Худи УФТ (усули фаъоли таълим) ба забони англисӣ “The interactive method” буда, калимаи “inter”-якҷоя ва “active”-амалкардан мебошад. УФТ(усули фаъоли таълим) аз омӯзгор эҷодкорӣ ва фаъолияти баландро талаб мекунад.Дар раванди таълим УФТ якчанд меъёрҳои асосӣ дида мешавад, ки инҳоанд: муҳокимаронӣ; фаъолияти фардӣ; фаъолияти ҷуфтӣ, гурӯҳӣ; ташаббуси донишҷӯ; истифодаи суруд, бозц, чистон, тезгӯяк ва ғайра; машқҳои лексикӣ, грамматикӣ; саҳна ва иҷрои нақш; ҳалли проблемаи гузошташуда; баҳс; саёҳати ғоибона; саволу ҷавоб; мушоҳидакунӣ.

Усули «Кластер» – барои ёфтан, ташаккул додани ақидаҳо, ҷойгир намудани он ба як тартиби муайян кӯмак мерасонад. Донишҷӯён андешаҳои худро доир ба мавзуъ баён карда, оньоро бо ҳам алоқаманд мекунад. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён ҳамаи андешаҳои баёншударо дар як ҷо гирд оварда, дар баробари шудани онҳо боз аёнӣ бо онҳо шинос гарданд. Маънои кластер «хӯша, шохча аст». Он ба тадқиқи зеҳнӣ асос ёфтааст. Ин усули педагогиест, ки тарафҳои гуногуни тафаккур, алоқа, муносибат, ҳодисаи омӯхташуда ҳал мешаванд. Хелҳои кластер: содда ва мураккаб мебошанд. Усули кластерро чӣ гуна истифода бурдан мумкин аст.

Мақсадҳо: гирдоварии андешаҳои донишҷӯён; бунёди вазъияти ҷустуҷӯ; инкишофи малакаҳои баёни мухтасари фикр; омӯзиши роҳҳои гуногуни гирдоварии андешаҳо. Қадамҳо: Дар маркази тахтаи синф давра кашида мешавад; дар дохили давра мавзуи асосиро менависанд; оид ба мавзуъ савол дода мешавад; аз донишҷуён хоҳиш карда мешавад, ки андешаҳои худро дар атрофи мавзуъ нависанд; донишҷуён байни андешаҳо алоқаи мувофиқро барқарор намуда, онро ишора мекунанд (ин қадам барои кластери мураккаб).

Усули «Чархи ақидаҳо»

Барои гирдоварии миқдори муайяни андешаҳо доир ба мавзуъ дар шакли шохаҳои гирдгардон аст. Омӯзгор ин усулро дар мавридҳое истифода мебарад, ки агар масъалаи ҷудо кардани чизҳои нисбатан муҳим ба миён ояд.

Мақсадҳо:

  1. Ҷудо карда тавонистани чизҳои муҳим
  2. Инкишофи малакаьои таҳлил ва хулосабарорӣ
  3. Ташаккул додани малакаҳои фикрронӣ

Қадамҳо:

  1. Дар маркази наҷша мавзуи асосиро менависанд
  2. Аз донишҷуён хоҳиш мекунанд, ки мулоҳизаҳои асосии худро вобаста ба шохаҳои чарх ҷамъ намоянд
  3. Донишҷӯён мулоҳизаро аз руйи пайдарҳамӣ дар шохаҳои чарх менависанд.

Усули «Диаграмаи Венн»

Ин усул барои ёфтани умумият ва фарқияти мавзуҳо ва муқоисаи онҳо истифода бурда мешавад.

Мақсадҳо:

  1. Таҳлил ва муқоиса карда тавонистани ду ва ё зиёда мавзу.
  2. Инкишофи малакаҳои баҳо додан ба мавзуҳо.

Қадамҳо:

  1. Донишҷӯён дар тахтаи синф ё дафтари худ 2 давраи ба ҳам пайваст мекашанд.
  2. Ба донишҷӯён мавзуҳо пешниҳод карда мешавад.
  3. Донишҷӯён фарқият ва умумиятҳои мавзуҳоро муайян менамоянд.
  4. Онҳо дар қисматҳои чапу рости давра фарқиятҳо ва дар мобайни он умумияти мавзуҳоро қайд мекунанд.

Усули «Синквейн»

Синквейн калимаи франсавӣ буда, панҷ мисраъ бе қофия ба таҳлил ва хулоса намудани маълумот ёрӣ мерасонад:

Мисраи 1: Мавзуъ бояд як калима иншо шавад (исм)

Мисраи 2: Тавсифи мавзуъ бо 2 калима (2 сифат)

Мисраи 3: Тавсифи амал дар асоси мавзуъ (3 феъл ё феъли ҳол)

Мисраи 4: Муносибат ба мавзуъ (ҳиссиёт, ҳаяҷон, ибораҳо аз 4 калима)

Мисраи 5: Такрори мазмуни мавзуъ (муродифи мавзуъ)

1. College

2. Sun

3. Disciplinary and big

4. Shining, brightly

5. Learning, working and giving knowledge

6. Warm, grows, light

7. Responsible, love, to be active and kind

8. Happy, circle, round, bright

9. Knowledge

10. Life

Vocabulary game – Бозӣ бо луғат

Driver – a person who can give people

Doctor – a person who treat people

Surgeon – a person who does operation

Pharmacist – a person who can make different medicines

Typist – a person who types the letters and texts

Nation – is a large group of people living together, having the same history, customs, traditions, language.

Список литературы

  1. Сабуров Х.М. Таҳсилоти ибтидоӣ: моҳият,вазифаҳо талаботи ҷомеа. – Хуҷанд 2014. – 258 с.
  2. Раҳмонова Д.З., Мухторова М. Асосҳои педагогии фаъолияти равоншинос дар мактаб. – Хуҷанд 2018. – 253 с.
  3. Парпиев Н. Мантиқ ва тарбияи тафаккури талаба. – Душанбе 1966. – 201 с.

Поделиться

914

Эргашева Р. А., Хасанова М. Н. Использование активного метода обучения как процесса формирования мышления учащихся // Актуальные исследования. 2023. №51 (181). Ч.IV.С. 76-79. URL: https://apni.ru/article/7949-ispolzovanie-aktivnogo-metoda-obucheniya

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января