Главная
Конференции
Развитие социально-гуманитарного знания: новые направления и перспективы
Сравнительный анализ грамматических особенностей сочинительных союзов в английск...

Сравнительный анализ грамматических особенностей сочинительных союзов в английском и таджикском языках

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

сопоставительный анализ
грамматические особенности
сочинительные союзы
английский и таджикский языки

Аннотация статьи

В статье рассматриваются вопросы сопоставительного анализа грамматических особенностей сочинительных союзов в английском и таджикском языках. Отмечается, что исследуемая тема считается одной из актуальных в сравнительной языкознание.

Текст статьи

Муносибат ва алоқаи маъноию грамматикӣ байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби пайваст бо ёрии пайвандакҳои пайвасткунанда, интонатсия, мутобиқати шаклҳои ифодакунандаи замон ва воситаҳои гуногуни лексикӣ ба амал меояд. Пайвандакҳо воситаи асосии ташаккули ҷумлаи мураккаби пайваст ва нишондиҳандаи муносибатҳои синтаксисии ҷумлаҳои сода ва таркиби он ба шумор мераванд. Пайвандакҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ якчанд намуд мешаванд, ки дар мақола навъҳои онро мавриди баррасӣ ва муқоиса қарор медиҳем. Пайвандакҳои пайвасткунанда калимаҳо, таркибҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳои соддаи мустақилро бо ҳам мепайванданд: китоб ва рӯзнома - a book and a newspaper; бе китоб, вале бо рӯзнома - with a book, but without a newspaper; китоби шавқовар ё рузномаи имрӯза - an interesting book or today’s newspaper; мо омадем ва онҳо рафтанд - we came and they left.

Пайвандакҳои пайвасткунанда ба чор гурӯҳ ҷудо мешаванд [4, c.175]: Гурӯҳи аввал пайвандакҳои паиҳам мебошанд, ки ба ин гурӯҳ пайвандакҳои забони англисӣ «and, nor, neither … nor, as well as, both… and, not only… but also» ва дар забони тоҷикӣ пайвандакҳои «ва, -у, на, ҳам, на…на, чи…чи, балки» дохил мешаванд. Дар доираи гуфтугӯӣ истеъмоли пайвандаки «-у» нисбат ба «ва» серистеъмолтар аст. Пайвандакҳои «ва, у» дар таркиби ҷумлаҳои содда ва мураккаб сараъзоҳо ва аъзоҳои пайрави чидаи ҷумларо ба ҳам мепайванданд. Чунончи: 1) мубтадои чида - дар ин гуна ҷумлаҳо мубтадо бо категорияи гуногуни калимаҳо ба воситаи пайвандакҳои ва, у (ю) ба ҳам алоқаманд мешаванд: Коргарон ва коргарзанон дар вагонҳо ҷой гирифтанд [1, c.65]. - Workers and female workers took place in the passenger coach (тарҷумаи хабаррасон).

Мубтадои чида гуногун мешаванд, баъзан аз ду калима ва ё зиёда таркиб меёбанд. Ин гуна мубтадоҳо ба воситаи оҳанг ва бо пайвандаки «ва» алоқаманд шуда метавонанд. Дар ҷумлаҳои мураккаб, ки бо ҳамон як пайвандак пайваст шудаанд оҳанги мувофиқи мазмуни аъзоҳои он тағйир меёбад. Ин нуқтаи назарро дар асоси маводҳои англисӣ олим О.В.Каменская дар кори илмии худ «Интонация сложносочиненных предложений с союзом and в современном английском языке в сопоставлении с интонацией аналогичных предложений в русском языке» қайд кардааст [6, с.16]. Ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони англисӣ пайвандакҳои «ва, у,» ва «and» баробарҳуқуқии аъзоҳои ҷумлаҳои соддаро дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб таъмин менамоянд. Онҳо низ муносибати якшавӣ, номбаркунӣ ва иловашавиро ифода месозанд.

Дар забони тоҷикӣ боз як пайвандаки пайвасткунандаи «на фақат (танҳо) … балки» мавҷуд аст. Пайвандаки «балки» чи дар дохили ҷумлаи сода ва чи дар ҷумлаҳои мураккаб ду вазифаро ба ҷо меоварад. Вай, аз як тараф, чун пайвандаки паиҳам тобиши иловашавӣ, ҳамроҳикуниро ифода кунад, аз тарафи дигар, таъинкунандаи алоқаи муқобилгузорӣ ва хилофӣ буда, ба қатори пайвандакҳои хилофӣ мансуб мешавад. Дар ҳар ду ҳолат хабари якум дар шакли инкор меояд. Он дар вазифаи хилофӣ барои муқобилгузории аъзоҳои чидаи ҷумла меояд: Муҳаббат ханда накард, балки рӯймолашро гирифта, ба чашмаш гузошту гиря кард [5, c.204]. - Muhabbat did not laugh, but took her handkerchief and cried (тарҷумаи хабаррасон).

Дар ин ҷумла қисми дуюми он ба қисми аввала муқобил гузошта шудааст, яъне бар акси ҳол Муҳаббат ба гиря шурӯъ кард, ки ин ғайри чашмдор буд. Пайвандаки «балки» боз метавонад бо ҳиссачаҳои на (не), на ин ки, на танҳо, на фақат омада, пайвандаки ҷуфтро ташкил диҳад. Пайвандаки ҷуфти на - балки, на ин ки - балки тобиши хилофӣ, на танҳо - балки, на фақат - балки маънои пайдарҳамии аъзоҳои ҷумла ва ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккабро барҷастатар ва пурқувваттар ифода мекунад. Дар бобати ҳиссачаҳои «на» ва «не» ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки «на» аз балки дур рафта метавонад, аммо «не» дар паҳлӯи балки ҷой мегирад: Ин кӯрпаҳоро на барои дар хона мондан, балки барои фурӯш тайёр кардаанд [1, с.34].

Дар забони англисӣ бошад, муродифи ин пайвандаки тоҷикӣ «not only…but» мебошад, ки аз ҳиссачаи not, зарфи only ва пайвандаки хилофии but таркиб меёбад. Он дар биёр ҳолатҳо барои пайваст кардани қисматҳои ҷумлаи содда хизмат мекунад: It would bring the world’s news not only to their eyes but to their ears [13, с.145].

Пайвандаки таркибии «not only…but» боз барои барқарор кардани алоқа байни компонентҳои таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст хизмат мекунад. Аммо баъзан дар ҷумла мо метавонем «not… but» ва ё « not only…but also» -ро вохӯрем: There was a date at one end of the line and at the other a sum of money, as in common accountbooks, but instead of explanatory writing, only a vaying number of crosses between the two [12, с.49]; Аммо лойгарӣ, ки шуд, фақат кафшу маҳсӣ не, балки ҷомаҳои мардум ҳам аз доман то ба миён аз чарахсаҳои лой нақшин мешуд [5, с.144].

Дар ҷумлаи якум қисми якуми чумлаи мураккаб - ин ҷумлаи мустақил мебошад ва ду қисми дигараш аъзои пайрави он мебошанд, ки бо воситаи пайвандаки but пайваст шудаанд. Дар байни компонентҳои but ва only алоқаи мутаносибӣ мавҷуд аст. Алоқаи мазкур ин аъзоҳои пайравро ба як ҷумлаи мураккаб табдил медиҳад.

Пайвандаки not only…but - на фақат (танҳо) … балки ба ҷумла маънои махсусе, зоҳир менамояд, ки он дар мазмуни ҷумлаи мураккаб дида мешавад. Қисмати якуми ин пайванкҳо «not only» ва муодили он «на танҳо» баъд аз худ истифода шудани гурӯҳи предикативиро пешбинӣ мекунад, қисмати дуюм (but - балки) номбар кардани амалу ҳодисаи субъектро талаб мекунад. Мақсади ҷумлаи мазкур ба ду ҳодисаҳои оварда шуда, ишора кардан аст. Вазифаи not only…but аз пайваст кардани ин ҳодисаҳо иборат мебошад.

Дар бораи ин гуна муносибатҳо бори дигар дар луғати тафсирии Оксфорд, ки ба ин пайвандак саҳифаи махсус дода шудааст, оварда шудааст. Дар он ҷо оварда шудааст, ки ин пайвандак як чизро бо дигаре пайваст мекунад. Бояд қайд кард, ки дар байни гурӯҳҳои предикативӣ, ки ду аз ду ҷумлаҳои пайрав иборатанд, муносибати муттаҳидкунӣ доранд.

Дар ҳар ду забон пайвандакҳои ҷудоӣ мавҷуданд. Дар забони тоҷикӣ ба ин гурӯҳ вожаҳои зерин дохил мешаванд: хоҳ…хоҳ, ё, ё…ё. Дар забони англисӣ “or” ва “either…or” пайвандакҳои ҷудоӣ мебошанд: Is it green or blue? [11, c.21]. - Он сабз аст ё кабуд? (тарҷумаи хабаррасон).

Аён мегардад, ки пайвандаки «ё» муодили пайвандаки “or” будааст. Пайвандаки “either…or” ба забони тоҷикӣ тавассути пайвандаки «ё…ё» ифода карда мешавад: You can either write or phone to request a copy [11]. - Барои дархости нусха метавони ё мактуб нависӣ ё занг занӣ (тарҷумаи хабаррасон).

Муодили пайвандаки пайвасткунандаи «хоҳ…хоҳ» - и забони тоҷикӣ боз ҳамон пайвандаки “either…or” мебошад: Хоҳ хоҳарам, хоҳ бародарам метавонанд хонаҳоро гарм кунанд [5, с.231]. - Either my sister or my brother can heat the rooms (тарҷумаи хабаррасон).

Ба қатори пайвандакҳои пайвасткунанда инчунин пайвандакҳои хилофӣ дохил мешаванд. Пайвандакҳои хилофии забони тоҷикӣ аммо, лекин, вале, балки, вагарна, бошад, набошад, ҳол он ки, ва ҳол он ки мебошанд ва муродифони онҳо дар забони англисӣ инҳоанд - but, while, whereas, а также союзные слова still, yet, however, otherwise, nevertheless ва ғайра мебошанд.

Список литературы

  1. Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қисми 3. / C. Айнӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1955. – 470 с.
  2. Гаврилова Г.Ф., Жукова Е.А., Гаврилова Г.Ф., Жукова Е.А. Сложносочиненные предложения в текстах ранних рассказов М. Шолохова. М., 1995. – 6 с.
  3. Грамматикаи забони хозираи адабии тоҷик. қ. I. Фонетика ва морфология – Душанбе: Дониш, 1985. – 355 с.
  4. Забони адабии ҳозираи тоҷик, қ. I. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 452 с.
  5. Икромӣ Ҷ. Асарҳои мунтахаб. Ҷилди 4. / Ҷ. Икромӣ. – Душанбе, 1973. – 330 с.
  6. Каминская О.В. Интонация сложносочиненных предложений с союзом «and» в современном английском языке в сопоставлении с интонацией аналогичных предложений в русском языке. Автореф. дис … канд. филол. наук. М., 1956. – С. 23.
  7. Ниёзӣ Ф. Вафо. / Ф. Ниёзӣ. – Душанбе Ирфон, 1966. – 391 с.
  8. Холодов Н.Н. Проблемы исследования сложносочиненных предложений в современном русском языке. Автореф. дис … докт. филол. наук. М., 1977. – 23 с.
  9. Эшонҷонов А. Ҷумлаҳои мураккаби тобею пайваст ва баъзе тофовутҳои онҳо аз ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиба. //Мактаби Советӣ. – 1974, № 2. – С. 40-44.
  10. Curme G. O. A Grammar of the English Language, vol. III. Syntax. London, 1931. – 616 p.
  11. Hornby A.S. Oxford Advanced Learner’s Dictionary. Oxford University Press, 1989. – 5098 p.
  12. Ilyish B.A. The Structure of Modern English. M.: Prosveshcheniye, 1965. – 363 p.
  13. Galsworthy J. A Modern Comedy. Book 3, /J. Galsworthy. – M.: Progress publishers, 1976. – 304 c.

Поделиться

623

Рахмонова М. К., Рашидова Д. А. Сравнительный анализ грамматических особенностей сочинительных союзов в английском и таджикском языках // Развитие социально-гуманитарного знания: новые направления и перспективы : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 декабря 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 33-36. URL: https://apni.ru/article/7959-sravnitelnij-analiz-grammaticheskikh-osobenn

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января