Главная
Конференции
Развитие социально-гуманитарного знания: новые направления и перспективы
Семантические особенности существительных префиксов в английском и таджикском яз...

Семантические особенности существительных префиксов в английском и таджикском языках

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

лингвистические исследования
именные приставки
сопоставительный анализ
таджикско-английские языки

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются семантические особенности существительных префиксов в английском и таджикском языках.

Текст статьи

Воситаи асосии бойшавии таркиби луғавии ин ё он забон калимасозӣ мебошад. Бо ин роҳ таркиби луғавии забон бо калимаҳои нав пур карда мешавад. Бисёр калимаҳои наве, ки дар натиҷаи дигаргуниҳои иҷтимоӣ, хоҷагӣ, илму фарҳанг ва ғайра пайдо шудаанд, бо роҳи калимасозӣ ба вуҷуд омадаанд ва бо сохти грамматикӣ ва қонунҳои дохилии забон пурра мувофиқат мекунанд. Тарзҳои калимасозӣ низ гуногун буда, доимо дар инкишоф мебошад. Ҳар як намуди калимасозӣ дар навбати худ барои бою пурра гардидани таркиби луғавии забон нақши муҳим мебозад [1, с.54].

Яке аз роҳҳои маъмултарини калимасозӣ ин аффиксатсия мебошад, ки ин - бо воситаи префиксҳо ва суффиксҳо сохта шудани калимаҳо ба ҳисоб меравад.

Пешвандҳо ҳамчун воситаи таъсисдиҳандаи калимаҳои нав дар ҳамаи давраҳои таърихи забони англисӣ ва ҳам тоҷикӣ вуҷуд дошта, маҳсулнокии худро дар ин ду забон то имрӯз нигоҳ медоранд, ки калимаҳои зиёди мавриди истифода қароргирифта аз он шаҳодат медиҳад.

Аз сабаби он, ки таркиби забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ гуногун аст, сохтани ифодаҳои инкорӣ дар ин забонҳо фарқиятҳои зиёд дорад. Имконияти истифодаи якчанд намуд воситаҳо барои ифодаи инкор дар як ҷумла ба забони тоҷикӣ хос мебошад. Ин вазъият барои додани гунонгунрангии тобишҳои семантикии ифодакунандаи ҳамун маънои инкор дар забони англисӣ мушкилӣ меорад.

Муқоиса унсури муҳими илмӣ буда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба таври васеъ истифода мешавад. К.Д. Ушинский менависад: «Дар раванди омӯзиш ва фаҳмиш муқоиса нақши бузург дорад… Асоси ҳамаи идрок ва тафаккурро қиёс ташкил медиҳад. Ҳама чизро дар дунё мо на бидуни қиёс меомӯзем» [10, с.110].

Аффиксатсия ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам англисӣ васеъ истифода бурда мешавад, он нақши махсусро дар калимасозии баъзе гуруҳҳои ҳиссаҳои нутк, асосан сифатҳои нисбӣ мебозад. Аффиксатсия дар забонҳои муқоисашаванда ду намуд дорад: 1. Префиксу ҳиссачаҳое, ки ба аввали асоси истеҳсолкунанда ҳамроҳ мешавад; 2. Суффиксҳо ва ҳиссачаҳое, ки ба охири асоси истеҳсолкунанда ҳамроҳ мешавад.

Сохти калимасозии ҳар як забон аз роҳу усулҳои ба худ хоси калимасозӣ иборатанд, ки онҳо бо сохти семантикии ҳар як асос, яъне маънои луғавии худ зич алоқаманданд. Исм дар забонҳои муқоисашаванда аз ҷиҳати калимасозӣ - бойтарин ҳиссаи нутқ ба шумор меравад. Сохтани калима бо роҳи ҳамроҳ кардани суффикс имкон медиҳад, ки аз бисёр ҳиссаҳои нутқ исм созем. Дар забони англисӣ ва ҳам тоҷикӣ аз дигар ҳиссаи нутқ исм месозем. Дар забони англисӣ исмҳо назар ба ҳиссаҳои нутқ аз ҷиҳати суффиксҳо бойтар мебошанд.

Префикс он ҳиссаи калимаест, ки дар ҷараёни тараққиёти худ мафҳуми абстрактиро соҳиб шуда, пеш аз асос меояд ва маънои онро тағйир медиҳад (dislike, unlike). Оиди хусусияти калимасозии префикс ду намуди ақидаҳои забоншиносон мавҷуд аст. Гуруҳи аввал префиксатсияро яке аз роҳи синтаксисии калимасозӣ, яъне калимабандӣ меҳисобанд, гурӯҳи дигар бошанд, онро ба дериватсия, яке аз намудҳои калимасозии аффиксӣ мансуб медонанд.

Префиксҳо маънои луғавии асосро муайян мекунад, калимаи бо ёрии префикс сохта шуда ба ҳамон як ҳиссаи нутқ тааллуқ дорад: like (v) - (v) dislikekind (adj) - unkind (adj): Схемаҳои префиксалӣ дар забонҳои муқоисашаванда: забони тоҷикӣ: Pref + N+N ҳамсарPref + N+N ҳамроҳ: забони анлисӣ: Pref + N +N: co- cowokerex- exchampionanti- antifacist; arch- archliardis- discomfortfor- forarmhemi- hemispherenon- nonsensepost- postgraduateover- overmansuper- supermanunder- underwork.

Калимасозии исмҳо бо ёрии префиксҳо ба таври мухтасар дар ин ҷо таҳлил карда мешавад. Ин намуди калимасозӣ, яъне бо ёрии префиксҳо на дар забони англисӣ ва на дар забони тоҷикӣ ба таври васеъ истифода намешавад. Танҳо қайд кардан лозим аст, ки префиксҳои дар ҳар ду забон мавҷуд буда метавонанд инкор, бартарӣ, мухолифат, беандозагӣ, мувофиқат ва ғайраҳоро ифода намояд. Дар охир илова кардан лозим аст, ки префикси забони англисии «со-» дар маънои мувофиқат таносуби префикси забони тоҷикии «ҳам-» шуда метавонанд:coexistence- ҳамзистӣcowoker- ҳамкор

 Префиксҳо ҳам воситаи сермаҳсултарини калимасозӣ дар забони англисӣ ба шумор меравад, лекин нақши онҳо дар сохтани сифат на он қадар назаррас аст. Вақте сухан дар бораи префиксҳо меравад, забоншиноси англис Марчанд [5] қайд мекунад, ки префикс чунин морфемае мебошад, ки ба калима - “to full words”, ба асоси озоди истеҳсолкунанда илова мешавад.

Инак, префиксҳои de-, dis-, mis-, un- воситаи фаъол дар калимасозии забони муосири англисӣ мебошанд. Ин морфемаҳо натанҳо аз нуқтаи назари як вазифае, ки онҳо дар калимасозӣ иҷро мекунанд, ҷолиби диққати ҳастанд, балки аз он сабаб, ки бо худ системаи аффиксҳоро, ки бо семантикаи инкорӣ муттаҳид мегарданд ва қобилияти иштирок дар сохтани антонимҳои аффиксалиро доранд. Аффиксҳои инкорӣ аз инкор бо як қатор нишонаҳо фарқ мекунанд: 1) фонетикӣ, 2) графикӣ, 3) семантикӣ, 4) грамматикӣ.

  1. Ҳиссачаи инкории not бо зада талаффуз карда мешавад. Зада дар калимаҳои бо префиксҳои инкорӣ ип-, dis-, de-, coxтa шуда меафтад, яъне префиксҳои инкорӣ дар чунин калимаҳо бо задаи дуюмдараҷа талаффуз карда мешаванд.
  2. Он доимо аз калимаҳое, ки ба он тааллуқ доранд, ҷудо навишта мешавад. Аффиксҳои инкорӣ бо асосҳои калимаҳое, ки онҳо месозанд, якҷоя навишта мешаванд. Якчанд ҳолатҳо бидуни он мебошанд, мисол: префиксҳои mis-, de- дар калимаҳои de-tail, mis-taught аз acoc бо дефис ҷудо карда мешаванд. Аз рӯи маълумоти луғати Уэбстер префикси mis- пеш аз ҳарфҳои с, h, s бо дефис навишта мешавад: mis-hold, mis-send. Аффиксҳои инкорӣ назар ба ҳиссачаи инкории not, бо додани як қатор тобишҳои инкорӣ калимаҳоро месозанд, ки сифатан тағйир меёбанд. Ҳамин тавр, дар контекстҳои гуног sappear метавонад маъноҳои зеринро диҳад: a) to go out, b) to be seen no more, c) to be lost, d) to vanish. Аффиксҳои инкорӣ дорои қобилияти гзуронидани асосҳоро аз як ҳиссаи нутқ ба дигар ҳиссаи нутқ мебошад.

Ҳамин тариқ, роҳу воситаҳои калимасозӣ дар забон хеле зиёданд ва нақши онҳо дар бою ғанӣ гардондани фонди луғавии забон хеле назаррас мебошад. Новобаста аз он ки забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ аз лиҳозӣ мавқеи ҷуғрофӣ дуранду шакли баён ва тарзи навишташон (хаташон) гуногунанд, пешвандҳои инкорӣ чӣ бо сифату зарф омада бошанд ва чӣ бо асосҳои гуногуни феълӣ вазифаи якхеларо иҷро менамояд.

Список литературы

  1. Антрушина Г.Б., Афанасьева О.В., Морозова Н.Н. Лексикология английского языка. English lexicology Москва, 2004. С. 60-73.
  2. Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков. – М.: Просвещение, 1989. – 254 с.
  3. Арбекова Т. И. Лексикология английского языка. М.: Высшая школа, 1977. – 240 с.
  4. Беляева Т.М. Словообразовательная валентность глагольных основ в английском языке. М.: Высш. шк., 1979.
  5. Бодуэн де Куртенэ И.А. «Избранные труды по общему языкознанию», т.1, М., 1963. – 371 с.
  6. Виноградов В.В. «Словообразование в его отношении к грамматике. Маъсумӣ Н. Асарҳои мунтахаб, ҷ.2. – Душанбе, 1980. – 350 с.
  7. Ниёзмухаммедов Б. «Забони адабии хозираи точик» кисми 1. Душанбе. 1973.
  8. Степанова М.Д., Фляйшер В. Теоретические основы словообразования в немецком языке. М.: Высш. шк., 1984.
  9. Ушинский К.Д. Избр. соч., т. II, М., 1939. – 436 с.
  10. Шахобова М.Б. Опыт сопоставительного исследования строя таджикского и английских языков. Душанбе, 1985.
  11. Marchand H. The Categories and Types of Present-Day English Word-Formation: A Synchronic-Diachronic Approach. Wiesbaden: O. Harrassowitz, 1960.

Поделиться

601

Каландарова Х. И., Рашидова Д. А. Семантические особенности существительных префиксов в английском и таджикском языках // Развитие социально-гуманитарного знания: новые направления и перспективы : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 декабря 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 30-33. URL: https://apni.ru/article/7960-semanticheskie-osobennosti-sushchestvitelnikh

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января